ҚУРЪОН ВА ЗАРБУЛМАСАЛҲО

   Об ободонӣ меорад.

وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاء كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ

 Ва ҳар чизи зиндаеро аз об қарор додаем.[1] 

 Вақте ошпаз дуто шуд ош ё шӯр мешавад ё бенамак.

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

Агар дар осмон ва замин ғайр аз Худо маъбудони дигаре буд

 (осмон ва замин) фосид мешуданд ва  низоми ҷаҳон барҳам мехурд.[2]                                                                                                 

Аз ту ҳаракат аз Худо баракат.

وَمَن يُهَاجِرْ فِي سَبِيلِ اللّهِ يَجِدْ فِي الأَرْضِ مُرَاغَمًا كَثِيرًا وَسَعَةً

Касе, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад ҷойҳои амни фаровон

 ва густардае дар замин меёбад.[3] 

 Моро ба хайру шуморо ба саломат.

لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ

Дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам.[4] 

 Як даст садо надорад.

وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ

Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед.[5]

Маҷаллаи Башорат шумораи 55. Таҳияи Исмоил Муҳйиддин 

 



[1] . Анбиё,30.

[2] . Анбиё ,22.

[3] . Нисо, 100.

[4] . Кофирун, 7.

[5] . Оли  Имрон,103.

 

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *