Қуръони Карим муъҷизаи ҷовидон

Қуръони Карим муъҷизаи ҷовидон

Паёмбарон дар замонҳои мухталиф, муъҷизоти гуногуне мутаносиб бо сатҳи андеша ва камолоти инсонҳои замони худ ироа мекарданд. Ҳарчи бар огогҳии мардум афзуда мешуд ва сатҳи тамаддуни онҳо болотар мерафт, муъҷизаи паёмбарон низ тараққӣ пайдо мекард ва дақиқтар ва латифтар мегашт. Қуръон, охирин муъҷизаи паёмбарон (муъҷизаи Паёмбари Ислом) дақиқтарин, зарифтарин ва латифтарин муъҷиза нисбат ба муъҷизаҳои дигари анбиё аст.

Қуръон бо шевотарин сабк, расотарин баён ва устувортарин муҳтаво, бар араби он замон, ки ягона маҳорати онҳо забон ва баён буд, арза шуд ва лизо ба хуби ташхис доданд, сухане, ки ин гуна онҳоро аз ҳамовардӣ нотавон созад, наметавонад сохтаи дасти башар бошад.[1]    

Валид бини Муғйираи Махзумӣ, ки суханвари нерӯманд ва аз сарони баландпоя ва саршиноси араб ба шумор мерафт, дар бораи Қуръон чунин мегӯяд: “Ончи Ибни Абикабаша[2] месароид, ба Худо савганд на шеър аст, на сеҳр ва на газофагӯии бехирадон; бегумон гуфтаи ӯ сухани Худост…”.

Ҳам ӯ, вақте ки аз канори Паёмбар (с) мегузашт ва оёте чанд аз сураи Мӯъминро ки Паёмбар дар намоз тиловат менамуданд шунид, гуфт: “Ба Худо савганд чанде пеш аз Муҳаммад (с) сухане шунидам, ки на ба сухани одамиён монанд аст ва на ба сухани париён. Ба Худо савганд сухани ӯ ширинӣ ва зебоии вижае дорад; ҳамчун дарахти баруманд ва сарбарафрошта, ки баландии он пурсамар ва асарбахш ва пояи он устувор аст ва решаи мустаҳкам ва густарда дорад. Ҳамоно бар дигар суханон бартарӣ хоҳад ёфт ва сухани дигар бар он бартар нахоҳад шуд”.[3]                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                

Ин баландои шеваи қуръонӣ (чи аз лиҳози назм ва чи аз лиҳози муҳтаво) ҳамчунон побарҷост ва то абад ҳам побарҷо хоҳад монд, зеро дар балоғат, фасоҳат, устувории гуфтор, расо будани баён, навовариҳои фаровон дар заминаи маориф ва аҳком ва дигар вижагиҳо, он андоза авҷ гирифт, ки башарият ҳар чи пешрафт кунад ва дар роҳи расидан ба он кушиш кунад, наметавонад ба тамоми ҳақоиқи Қуръон дастрасӣ пайдо кунад. Бадин сабаб Қуръонро “муъҷизаи ҷовид” гӯянд ва ин ҳолат барои Қуръон, ҳамешагӣ ва собит аст ва ба унвони санади шариати ҷовиди исломӣ боқӣ хоҳад монд.

Мафҳуми эъҷоз

Эъҷоз дар луғат ба маънои нотавониӣ ва оҷиз кардани дигарӣ мебошад.[4] Нотавон сохтани дигарон, гоҳ бо зур ва салб кардани қудрат аз ӯ анҷом мегирад ва гоҳ коре анҷом мегирад, ки дигарон аз анҷоми он оҷиз ва нотавон бошанд. Манзур аз эъҷози паёмбарон ҳолати дуввум аст, яъне паёмбарон барои исботи набуввати хеш кореро ба унвони шоҳиди сидқи иддиои худ ироа медиҳанд, ки хориқи одат ва қавонини табиат бошад ва ғайри ӯ аз анҷом додани мисли он кор нотавон бошад.

Пас муъҷиза худоӣ будани паёмбаронро собит мекунад ва бар чаҳор унсур: нотавонии дигарон аз овардани мисли он; хориқулодат будан; маҳоли ақлӣ набудан; бо ҳадафи исботи набувват анҷом пазируфтан, устувор буда тавассути анбиёи илоҳӣ ва бо изн ва қудрати Худованди мутаол сурат мегирад.

Зарурати муъҷиза

Худованд мефармояд:

﴿كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَىٰ صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ﴾[5]

“(Ин) Китобест, ки онро ба сӯи ту нозил кардем, то мардумро ба хости Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи нур берун оварӣ; ба сӯи роҳ(-и Худо)-и пирӯзмани сутуда.”

Бар асоси ин оят ва оёти мушобеҳи он, китобҳои осмонӣва Қуръони карим барои ҳидояти мардум нозил шуда ва ниёз ба мубаллиғ ва мубайин дорад, то ин паёми илоҳиро ба мардум бирасонад, ки ин масъулият ба уҳдаи паёмбарони илоҳӣ гузошта шудааст. Паёмбарони илоҳӣ барои исботи иддиои худ ниёз ба ироаи далеле доранд, ки мардум намояндаи Худо будани онҳоро бипазиранд, зеро бо зуру икроҳ наметавон мардумро ба амре муътақид ё аз амре мунсариф намуд. Худованд барои итмоми ҳуҷҷат ва задудани баҳонаҳо ва итминони қалбии мардум ва ташхиси сафирони илоҳӣ аз муддаиёни дуруғин, ба ҳар паёмбаре муъҷиза ё муъҷизоте мутаносиб бо сатҳ ва зарфияти мухотабин иноят менамуд. Дар асри зуҳури Паёмбари хотам (с) фунуни адабӣ, шеър ва сухандонӣ бо фасоҳат ва балоғати воло шуҳрат дошт. Ҳар сол ба муносибате дар бозорҳои муайян ва маҳфилҳои умумӣ барои арзаи ашъори нағз ва хитобаҳои зебои адибон ва хатибони номдори худ гирд омада аз беҳтаринҳо тақдир мекарданд. Дар остонаи беъсати Расули хотам (с) ҳафт қасида аз беҳтарин ашъори адибони худро бо оби тилло навишта бар хонаи Каъба овезон намуданд. Паёмбари аъзам (с) бо силоҳе қадам дар ин майдон мегузорад, ки ҳамаи арбоби суханро ба ҳайрат во медорад; оре ӯ дар канори дигар муъҷизоташ, азимтарин ва ҷовидонатрин муъҷизаро дар ҳамон ҳайат, қолиб ва забони ройиҷи мардум бо ҳадафи ҳидояти башарият ироа мекунад, ки аз назари лафз ва маъно дар чунон баландое қарор дорад, ки барои ҳамеша инсу ҷин аз ҳамоварди бо он эҳсоси аҷз мекунанд:

﴿قُل لَّئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنسُ وَالْجِنُّ عَلَىٰ أَن يَأْتُوا بِمِثْلِ هَٰذَا الْقُرْآنِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا﴾[6]

Бигӯ: “Агар инсу ҷин ҷамъ шаванд, бар ин ки монанди ин Қуръонро биёваранд, монанди онро нахоҳанд овард ва агар чи баъзе аз онҳо пуштибони баъзе (дигар) бошанд”.

 


[1] . Паёмбарон муъҷизоте анҷом медоданд, ки аз тавони моҳиртарин коршиносони он давра берун буд ва ба ин васила нишон медоданд, ки ончи ироа медиҳанд берун аз тавони башарият буда аз ҷониби Худованди мутаол мебошад.

[2] . Мушрикон, Паёмбари Акрам (с)-ро бо ин унвон ёд мекарданд ва Ӯро ба “Абукабаша” нисбат медоданд. Ӯ марде аз қабилаи “Хазоа” буд, ки дар диёнат бо Қурайш мухолифат варзид. Гӯянд ӯ ҷадди модарии паёмбар буд, ки ӯро ба вай нисбат медоданд.

[3] . Ҷомеул баён фи тафсирил Қуръон, ҷ.29, с.98. “Монанди ин гувоҳӣ аз бузургон ва сухандонони араб дар бораи Қуръон бисёр аст. Барои иттилои бештар р.к: Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.4.

[4] . Тариҳӣ, Фахриддин бин Муҳаммад, Маҷмаул баҳрайн, Теҳрон, Муртазавӣ, моддаи Аҷз.

[5]. Сураи Иброҳим, ояти 1.

[6]. Сураи Исроъ, ояти 88.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...