ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН(1)

Ба номи исми аъзамат, “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим”.

Вақте ки Қуръони каримро боз мекунем то лаҳзаҳои ноберо бо ин нусхаи шифобахши башарият сипарӣ намуда ва дилу ҷонамонро бо ёди ёри меҳрубон ва навои дилнишини ӯ сайқал дода ва омодаи шунидани фармоишоти зоти поки Илоҳ таборака ва таоло бишавем, аввалин ҷумлаи зебо ва дилнавозе, ки пазирои ҳар хонандест, “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” аст.

“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим”, яъне Парвардигоро! Аввалу охиру зоҳиру ботин Туӣ, хайрулумур Туӣ, зинати аҳли тақво Туӣ.

Худовандо! Ту ҳастӣ сарпаноҳам,

Намо ёрӣ, ки ман дар нимароҳам.

Худовандао! Агар лутфат набошад,

Саропо узру  тақсиру гуноҳам.

Парвардигоро! Вақте назари раҳмате ба сӯйи мо меандозӣ ва лутфу иноятат шомили ҳоли мо мешавад, дилҳоямон лабрез аз ҷуду бахшиш, меҳру муҳаббат ва ҳилму бурдборӣ гашта ва ҳамроҳи бо Ту дар дарёи кибриёият ғӯтавар мешавем.

Беҳӯда нест, ки мардум дар миёни хеш зарбулмасалеро гоҳу бегоҳ ба ҳамдигар ёдоварӣ намуда ва мегӯянд:

Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.

Оре, ҳангоме ки бо дарё ҳамнишин бошӣ, дарёӣ хоҳӣ шуд ва ҳамранги дарё хоҳӣ гашт.

“Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” ҷумлаест, ки барои так-таки мо мусалмонон ошно ва ҳамдаму ҳамрози лаҳза-лаҳзаи зиндагиамон гашта аст. Дар миёни мардуми ҷаҳон расми муқаддасе ҷорист, ки ҳар кори муҳим ва пурарзишеро бо номи бузурге ё чизе, ки дӯсташ доранд оғоз мекунанд. Мусалмонони саросари ҷаҳон низ аз ин қоида мустасно нестанд ва тамоми корҳояшонро бо номи Худои маннон (ҷалла ҷалолуҳ) оғоз мекунанд, ки мавҷуди пойдор ва ҷовидона аст.

Ҳамаи сураҳои Қуръони карим бо “номи Худо” ва “ёди меҳри Ӯ” оғоз мешавад ва мефармояд:

» بِسمِ اللهِ الرَّحمَن الرَّحِیمِ «

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Ба номи Худованди густардамеҳри меҳрварз.

Тавзеҳ

Дар аввали Қуръони карим нахуст аз бузургтарин номи Худо ёд мекунад ва мефармояд:

Ба номи Худои маннон (ҷалла ҷалолуҳ) оғоз мекунам ва танҳо аз Ӯ кумак меҷӯям, ки қудрати мутлақ ва холиқу розиқи тамоми мавҷудот аст. Дар идома ба баёни ду сифати Худованд мепардозад, ки аз раҳмати бе ҳадду марзи Ӯ ҳикоят мекнуад ва мефармояд: Худованде, ки меҳраш густарда ва бахшандагияш бе мислу монанд аст. Раҳмоният ва бахшандагии Худованд нисбат ба ҳамаи мавҷудот хоҳ кофир бошад ва ё мӯъмин мебошад вале Раҳимият ва меҳрварзии Ӯ фақат ва фақат шомили ҳоли мӯъминину мӯъминот асту бас.

Вожашиносӣ

  • “Аллоҳ”: вожа ва калимаи “Аллоҳ”, “الله” дар луғат ба маънои маъбуд, паноҳгоҳ, мояи оромиш ё пӯшида мебошад ва ҳамчунин ба маънои чизе ки инсон дар мавриди он мутаҳайир ва мутаъаҷҷиб  буда ва ошиқу шайдои ӯст.[1]

Вожаи “Аллоҳ” дар истилоҳ ба исме гуфта мешавад, ки фақат барои Худост, ки ҳамаи сифот ва исмҳои Ӯро дар бар гирифта аст. Яъне ҷамиъи авсоф ва асомии Худованд дар ин вожа нуҳуфта аст.

  • Исм: вожаи “исм”, “اسم”дар “Бисмиллоҳи …” дар асл ба маънои баландӣ ва аломат аст. Ба номи ҳар чизе “исм” мегӯянд, чун аломат ва нишонаи ӯст ва пас аз номгузорӣ, аз марҳалаи пинҳонӣ берун омада ва зоҳир мешавад ва ин зоҳир шудан боиси шуҳрат ва шинохти ӯ гашта ва дар натиҷа боиси баландии ҷойгоҳ ва мартабаи ӯ дар ҷомеа ва ҳамон маҷмуае, ки қарор дорад мешавад. Баъзеҳо бар ин боваранд, ки решаи “исм” дар забони арабӣ, (سمو) ё (وسم) аст вале баъзе аз муҳаққиқон онро ноқиси вовӣ медонанд на мисоли вовӣ, чаро ки ҷамъи “исм” “асмо” ва тасғири он (سمّی) ва (سمّیه) аст.[2]
  • “Раҳмон”: вожаи “Раҳмон”, “الرَّحمن” аз решаи раҳмат буда ва ба маънои раҳмати густарда ва фарогиру зиёд мебошад.
  • “Раҳим”: вожаи “Раҳим”, “الرَّحِیمِ” низ аз решаи раҳмат буда вале ба маънои раҳмати бодавом мебошад.

Уламо ва фузалои машҳур бар ин ақида ҳастанд, ки “Раҳмон” сиғаи муболаға ва “Раҳим” сифати мушаббаҳа аст вале баъзеҳо ҳам раҳимро сиғаи муболаға меноманд.[3]

Нуктаҳои адабӣ

Нуктаҳои адабие, ки дар “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” нуҳуфта аст ва метавон дар инҷо ба онҳо ишора кард иборатанд аз:

  1. Дар инҷо лафзи “Бисмиллоҳ” ба ҷумлае тааллуқ дорад, ки он дар тақдир буда ва нуҳуфта аст, ки бар асоси он маънои “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” низ тағйир мекунад. Қабл аз “Бисмиллоҳ” “اَبتَدَیُ” ё “اَستَعِینُ” нуҳуфта аст, ки ба маънои “шурӯъ мекунам” ва дигари “кумак меҷӯям” мебошанд. Дар ин сурат маънои “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” “Шурӯъ мекунам Ба номи Худованди …” ё “кумак меҷӯям аз номи Худованди …” мешавад.
  2. “الرَّحمن” сиғаи муболаға ва “الرَّحِیمِ” сифати мушаббаҳа аст.
Идома дорад
Таҳияи Сайидолими СИРОҶ
 
 


[1] Маҷмаъулбаён, ҷ 1, тафсири сураи Ҳамд. Муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ ва Қомуси Қуръон, ҷ 1, вожаи Илоҳ. Бархе решаи “Аллоҳ” ро “алаҳа” (عبد), “алиҳа” (تحیّر),  “валоҳа” (اِحتجب) ва “валоҳ” (محبوب)(маҳбуб) донистаанд ва баъзе ҳам онро ғайри муштақ қаламдод намудаанд.

[2] Тафсири Намуна, ҷ 1, саҳ 20

[3] Сарфи содда, саҳ 140

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,