Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа
Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ
Муқаддима
Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли “масхара кардан, айбҷӯӣ ва додани лақабҳои нописанд”-ро “мамнуъ” эълон намуда ва мефармояд:
» يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَومٌ مِّن قَوْمٍ عَسَى أَن يَكُونُوا خَيْرًا مِّنْهُمْ وَلَا نِسَاء مِّن نِّسَاء عَسَى أَن يَكُنَّ خَيْرًا مِّنْهُنَّ وَلَا تَلْمِزُوا أَنفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَابِ بِئْسَ الاِسْمُ الْفُسُوقُ بَعْدَ الْإِيمَانِ وَمَن لَّمْ يَتُبْ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ»
Тарҷумаи оя: “Эй касоне, ки имон овардаед! Гурӯҳе (аз мардон) гурӯҳ(и дигар)-еро масхара накунанд, зеро шояд (онон) аз инҳо беҳтар бошанд ва ҳамчунин заноне занон(и дигар)-еро масхара накунанд, зеро шояд (онон) аз инҳо бештар бошанд ва (шумо) аз худатон айбҷӯӣ накунед ва ҳамдигарро бо лақабҳо(и зишту нописанд) хитоб накунед. Бад аст, ки баъд аз имон овардан, номи фосиқона (бар касе ниҳодан) ва касоне, ки тавба накунанд, пас танҳо онон ситамкору золим ҳастанд.”[1]
Тавзеҳи ояи шарифа
Дар оятҳои пешин нисбат ба бародарии мӯъминон ва парҳезу дурӣ аз ихтилофот ишора шуда аст ва дар ин оя авомили ин ихтилофоти фардӣ ва иҷтимоиро муаррифӣ намуда ва ба мардону занони мӯъмину худопараст ҳӯшдор медиҳад, ки аз онҳо парҳез ва иҷтиноб намоянд:
“Эй касоне, ки имон овардаед! Набояд гурӯҳе аз мардони шумо гурӯҳи дигареро масхара кунанд, (чаро ки) шояд онон (ки масхара шудаанд) аз инҳо беҳтар бошанд”.
Худованди маннон вақте ин амрро ба мардон иблоғ мекунад ва ононро аз ин сифати зишту нописанд барҳазар медорад, билофосила ҳамин қонунро дар мавриди занон низ эълон мекунад ва мефармояд:
“Набояд гурӯҳе аз занон занони дигареро масхара кунанд, (чаро ки) шояд онон (ки масхара шудаанд) аз инҳо беҳтар бошанд”.
Худованд, ки худ офаридгори ин инсон аст ва тамоми айбҳо ва навоқиси ӯро ба хубӣ медонад, дар идомаи ояи карима омили дигареро баён намуда ва ҳӯшдор медиҳад:
“ Аз ҳамдигаратон (ба василаи ишора ва чашмак задан) айбҷӯӣ накунед”.
Дар бахши баъдии оя, омили севвумеро ба инсон муаррифӣ намуда ва мефармояд:
“Ва ҳамдигаратонро бо лақабҳо(и зишту нописанд) ёд накунед”.
Худои субҳон, ки худ сарчашмаи тамоми покиҳост, баъд аз шуморидани ин авомил таъкид мекунад:
“Бисёр бад аст, ки баъд аз имон овардан, номи фосиқона ва куфромез бар касе ниҳодан”.
Ва дар поёни ояи шарифа паёмади ин сифатҳои зиштро зулму ситам ба дигарон дониста ва мефармояд:
“Касоне, ки тавба накунанд ва ба сӯи Худованд боз нагарданд, пас танҳо онон (ба худ ва дигарон) зулму ситам кардаанд”.
Шаъни нузули оя
Достонҳои гуногуне дар мавриди нузули ин ояи шарифа ҳикоят шуда аст, ки ба назар мерасад ҳар кадом аз ин моҷароҳо марбут ва вобаста ба нузули қисмате аз ояи карима бошад, ки ба чанд намуна аз онҳо дар ин мухтасар ишора мекунем.
- Бархе аз муфассирон бар ин ақидаанд, ки ояти карима дар мавриди “Собит ибни Қайс” хатиби Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фуруд омадааст, ки ба хотири шунавоии каму заифе, ки доштанд, ҳамеша сафҳои ҷамоатро мешикофтанд ва худро ба Расули акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мерасонданд ва дар наздикии он ҳазрат менишастанд. Аз онҷо ки ин кори он саҳоби гиромиқадр боиси азияту озори дигарон мешуд ва бо гузаштани ӯ аз канори дигарон, мусалламан чандин нафар нороҳату озурда мегаштанд, субҳи яке аз рӯзҳо шахсе аз ҳозирин ӯро аз ин кор барҳазар дошт ва гуфт: ҳамин ҷо биншин. Собит ибни Қайс хашмгин шуд ва бо нороҳатӣ пушти сари ӯ нишаст. Вақте намоз ба итмом расид ва ҳаво ҳам кам-кам рушан шуд, ба пеши ӯ омад ва номи ӯро пурсон шуд. Собит ибни Қайс вақте ному насаби ӯро шунид ва аз ҳуввияти ӯ огоҳ гашт, лақаби зишти модарашро, ки дар замони ҷоҳилият бо он лақаб маъруф буд, бар забон овард ва он мард аз ин кори Собит ибни Қайс шармгин ва дар миёни мардум сарафканда шуд.
Баъд аз ин ҳодиса ояи шарифа нозил шуд ва мусалмононро аз ин сифати зишту нописанд барҳазар намуда ва ононро аз ба кор бурдани ин гуна лақабҳо манъ намуд.
- Баъзе аз муфассирон низ бар ин боваранд, ки ояи карима дар мавриди баъзе аз ҳамсарони Расули акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мебошад, ки нақл намудаанд, ки рӯзе аз рӯзҳо бархе аз занони Паёмбари аъзам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) Уммулмӯъминин, Умми Салама (саломуллоҳ алайҳо) -ро ба хотири либос ё қадди кӯтоҳашон масхара карда ва хандиданд.
Ин моҷаро боис шуд то ояи шарифа бар Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил шавад ва мардумро аз ин кори нописанд манъ намояд.
- Шаъни нузули дигаре, ки барои ин ояи карима нақл намудаанд, ингуна аст, ки рӯзе яке аз ҳамсарони Расули акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Уммулмӯъминин, ҳазрати Сафийя (саломуллоҳ алайҳо), ҳамсари дигари он ҳазрат, лақаби яҳудизода дода ва ӯро бо ин лақаб хитоб намуданд. Ҳазрати Сафийя (саломуллоҳ алайҳо) аз ин кор нороҳат шуданд ва ба Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) арзи шикоят намуданд ва ҳазарат ӯро дилдорӣ намуда ва аз ӯ дилҷӯӣ карданд.
Баъд аз ин иттифоқ ояи шарифа нозил гашт ва мусалмононро аз ин кор барҳазар дошта ва фармуданд:
“Бисёр бад аст, ки баъд аз имон овардан, номи фосиқона ва куфромез бар ҳамдигар бигузоред”.[2]
Вожашиносӣ
Дар ин бахш ба чанд намуна аз вожаҳои калидие, ки дар ин ояи шарифа ба кор рафта аст ишораи мухтасаре мекунем то бештар бо паёмҳои боарзиши он ошно шавем.
- “Талмизу”[3]: ин вожа дар асл ба маънои айбҷӯӣ ва таъна задан аст. Ҳамчунин маънии онро айбҷӯӣ бо чашм ва ишора дар ҳузури афрод низ донистаанд.[4]
- “Танобазу”[5]: аз модаи “набз[6]” ба маънои “лақаб додан[7]” ё “лақаби зишт додан ба дигарон[8]” ва ё “бад хитоб кардан ва ба бадӣ садо задани дигарон[9]” мебошад.
- “Тавба[10]”: аз модаи “тавб” ба маънои “бозгаштан” аст. Ҳангоме ки дар мавриди инсон ба кор меравад, ба маънои бозгашт аз гуноҳ ба сӯи Худост, ки бо тарки гуноҳ ва ҳамроҳи тасмим гирифтан бар анҷом надодани он аст. Вале ҳангоме ки дар мавриди Худованд ба кор меравад, ба маънои бозгашти раҳмату мағфирати Ӯ ба сӯи инсон ва (тавфиқи тавба додан ва пазируфтани тавбаи бандааш) аст.[11]
Идома дорад…
[1] Сураи Ҳуҷурот, ояи 11
[2] Маҷмаулбаён, тафсири ояи 11 сураи муборакаи Ҳуҷурот. Тафсири Софӣ, ҷ 5, саҳ 52
[3] Дар арабӣ تَلمِزُوا
[4] Мисли вожаи “Ҳумаза”дар арабӣ “هُمَزَة”, ки онро айбҷӯӣ бо забон ва пушти сари афрод донистаанд. Тафсири Намуна, ҷ 22, саҳ 180.
[5] Дар арабӣ تَنَابَزُوا
[6] Дар арабӣ نَبزٌ
[7] Муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ, модаи “набз”
[8] Маҷмаулбаён, ҷ 9, саҳ 202
[9] Аттаҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ 12, саҳ 26
[10] Дар арабӣ تَوبَةٌ
[11] Мақоисуллуғат, модаи “тавб”. Маҷмаулбаҳрайн, ҷ 2, саҳ 14. Алмизон, ҷ 1, саҳ 133