Эъҷози ғайбӣ

Эъҷози ғайбӣ

Аз ҷумла вуҷуҳи эъҷози Қуръон, хабар додан аз умури ғайбӣ аст. Манзур аз ғайб, умури махфӣ ва пинҳоние ҳастанд, ки бо васоили оддие, ки дар ихтиёри башар аст, иттилоъ аз онҳо мумкин нест ва аз тариқи андешаву фикр ва муҳосибот наметавон онро кашф намуд. Қуръон дар мавориди зиёде ахбори ғайбиро баён доштааст, ки бахше марбут ба замони гузашта ва бахше марбут ба замони нузули Қуръон ва баёни ҳоли афрод ва бахше низ марбут ба оянда ҳаст, ки ба ҳар кадом ишора мешавад:

﴿قِيلَ يَا نُوحُ اهْبِطْ بِسَلَامٍ مِّنَّا وَبَرَكَاتٍ عَلَيْكَ…* تِلْكَ مِنْ أَنبَاءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَا إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَا أَنتَ وَلَا قَوْمُكَ مِن قَبْلِ﴾[1]

“Гуфта шуд: “Эй Нуҳ фурӯд ой, бо саломати аз тарафи мо ва баракоте, ки бар ту ва бар гурӯҳҳое аст, ки бо туанд…* ин (матлаб) аз хабарҳои бузурги ғайб аст, дар ҳоле ки онро ба сӯи ту ваҳй мекунем (ва) пеш аз ин ҳеҷ гоҳ ту ва қавмат инҳоро намедонистед… .”

Оёти ёдшуда охирин оёте ҳастанд, ки дар сураи Ҳуд дар бораи Нуҳ ва саргузашти ибратангезаш омада ва дар поён ишора медорад, ки ин хабарҳо, ғайбӣ буда ва касе аз онҳо огоҳ набудааст.

  1. Хабарҳое аз вазъияти замони Паёмбар (с) ва даруни афрод, ки ғолибан марбут ба худъа ва ҳилаҳои душманон будааст; монанди: ояти шарифа:

﴿…وَإِذَا جَاءُوكَ حَيَّوْكَ بِمَا لَمْ يُحَيِّكَ بِهِ اللَّهُ وَيَقُولُونَ فِي أَنفُسِهِمْ لَوْلَا يُعَذِّبُنَا اللَّهُ بِمَا نَقُولُ حَسْبُهُمْ جَهَنَّمُ يَصْلَوْنَهَا فَبِئْسَ الْمَصِيرُ ﴾[2]

“Ва ҳангоме ки назди ту меоянд ба чизе, ки Худо бадон туро зинда бод нагуфтааст ба ту “зинда бод” мегӯянд ва дар (дилҳои) худашон мегӯянд: “чаро Худо моро ба хотири ончи мегӯем азоб намекунад?” ҷаҳанам барои онҳо кофӣ аст, дар ҳоле ки вориди он мешванд (ва месӯзанд) ва чи бад фарҷоме аст.”

Оёти ёдшуда ишора ба яке аз тавтеаҳои яҳуд дорад, ки ба ҳангоми вуруд бар Паёмбар (с) дар зоҳир бар ӯ таҳият мегуфтанд, вале бо иборати “алсому алайк”, ки маънои он хилофи таҳият буд ва (ба маънои “марг бар ту” мебошад); Худованд низ Паёмбар (с)-ро дар ҷараёни ин амр мегузорад ва тавтиаи онҳоро ошкор мекунад.

Пиромуни ахбор аз вазъияти замони Паёмбар (с) ҳамчунин дар ояти шарифа омада аст:

﴿وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِدًا ضِرَارًا وَكُفْرًا وَتَفْرِيقًا بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَإِرْصَادًا لِّمَنْ حَارَبَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ مِن قَبْلُ وَلَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا الْحُسْنَىٰ وَاللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ﴾[3]

“Ва (бархе мунофиқон) касоне ҳастанд, ки масҷиде баргузиданд, барои зиён расондан ва куфр варзидан ва тафриқаафканӣ байни мӯъминон ва камингоҳе барои касе, ки пеш аз (он) бо Худо ва фиристодааш ҷанг карда буд ва ба таври қотеъ савганд ёд мекунанд, ки: “иродае ҷуз некӣ надоштаем.” Ва (ле) Худо гувоҳӣ медиҳад, ки қатъан онҳо дуруғгӯянд.”

Ояти фавқ дар мавриди гурӯҳе аз мунофиқон аст, ки барои расидан ба аҳдофи нописанди худ, иқдом ба сохтани масҷиде дар Мадина карданд, ки баъдан ба номи масҷиди “Зирор” маъруф шуд. Оят баён медорад, ки Худованд паёмбарашро аз тавтиаи онҳо хабар дод ва Паёмбар (с) дастур доданд, то онро оташ бизананд ва бадин гуна чеҳраи нифоқи онҳоро ошкор сохт.

  1. Қуръон аз ҳаводиси оянда, хабарҳоеро ироа кардааст, ки бархе қариб ва бархе баъид будаанд; монанди:

1- Ахбор аз адами тавоноии овардани китобе ҳамонанди Қуръон дар оёти таҳаддӣ, ки мефармояд:

﴿قُل لَّئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنسُ وَالْجِنُّ عَلَىٰ أَن يَأْتُوا بِمِثْلِ هَٰذَا الْقُرْآنِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا﴾[4]

“Бигӯ: агар инсон (ҳо) ва ҷин (ҳо) ҷамъ шаванд, бар инки ҳамонанди ин Қуръонро биёваранд, монанди онро нахоҳанд овард ва агар чи бархе онҳо, пуштибони бархеи (дигар) бошанд.”

2-                     Хабар аз ғалабаи Румиён дар ин оят:

﴿غُلِبَتِ الرُّومُ *فِي أَدْنَى الْأَرْضِ وَهُم مِّن بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ*فِي بِضْعِ سِنِينَ لِلَّهِ الْأَمْرُ مِن قَبْلُ وَمِن بَعْدُ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ[5]

“(Сипоҳи)Рум дар наздиктарин сарзамин шикаст хурд. Ва (ле) онҳо баъд аз шикасташон дар (зарфи) чанд сол ба зудӣ пирӯз хоҳанд шуд. Кор (ҳо) қабл аз (он шикаст) ва баъд аз (ин пирӯзӣ), фақат аз они Худост ва дар он рӯз мӯъминон аз ёрии илоҳӣ (ва пирӯзии дигаре) шод мешванд.”

Дар ҳафтумин соли беъсати Паёмбар (с), ки муқорин бо соли 617 мелодӣ буд, ҷанг байни Эрон ва Рум ба авҷи худ расид, эрониён пирӯз шуданд ва Сурия, Фаластин ва Мисрро фатҳ намуданд ва Қустантания низ таҳдид шуд, чунон ки ҳатто “Ҳирақл” (Ҳироклиюс), императори Руми Шарқӣ (Бизонс) қасди фирор дошт, ки дар ҳамон шароит, Қуръон хабари пирӯзии мардуми Румро пас аз шикасти сангини онҳо эълон дошт, ки пас аз муддати андаке (байни 3 то 4 сол) ғолиб хоҳанд шуд ва бо қотеият эълом намуд, ки дар камтар аз даҳ сол, Рум пирӯз хоҳад шуд. Пас аз он хабар румиён дар соли (626 м.) пирӯз шуданд ва сипоҳиёни Эрон ба саркардагии Шоҳин, шикаст хурданд. Ин оёт бар он далолат мекунад, ки Қуръон аз ҷониби Худо нозил шуда, ки метавонад ояндаро инчунин қотеона пешгӯӣ намояд.[6]

Ахбори ғайбии Қуръон, чи марбут ба гузашта, ҳол ва оянда фаровон ҳастанд, ки зикри онҳо маҷоли бештаре мехоҳад.[7]

Қуръон, ба вижа оёте, ки мутазамини ахбори ғайбӣ ҳастанд, муъҷиза ба шумор меоянд, зеро дар онҳо хабар аз чизе дода шуда, ки башар аз изҳори назар дар мавриди онҳо оҷиз буда аст; хусусан ки ахбори ёдшуда содиқ буда ва тахалуфе дар онҳо дида нашудааст.

 


[1]. Сураи Ҳуд, ояти 48 ва 49.

[2]. Сураи Муҷодала, ояти 8.

[3]. Сураи Тавба, ояти 107.

[4]. Сураи Исроъ, ояти 88.

[5]. Сураи Рум, ояти 2-4.

[6]. Маҷмаул баён, зайли ояти 3-и сураи Рум.

[7]. Дар ин бора метавон аз оёти 8-и сураи Анфол; 95-и сураи Ҳиҷр; 9-и сураи Саф; 45-и сураи Қамар; 2-и сураи Табат; 32-и Тавба; 12-и Муддассир; 9-и Алақ; 9-и Ҳиҷр; 37-и Юнус; 67-и Моида; 51-и Ғофир; 1-и Фатҳ; 18-и Анбиё; 27-и Фатҳ; 85-и Қасас; 1-и Наср; 55- и Нур; 105-и Анбиё; 101-и Тавба; 144-и Оли Имрон ва … ном бурд.

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...