2- Салби озодӣ:
Муҳимтарин ишколи мухолифини пӯшиши зан, салби озодии зан аст, зеро онҳо муътақиданд, ки дини Ислом барои занҳо маҳдудият эҷод мекунад ва ҳаққи интихоби озодонаро, ки як ҳаққи табии башар аст аз онҳо мегирад. Мегӯянд, ки эҳтиром ба шахсият ва шарафи инсонӣ яке аз мавориди эъломияи ҳуқуқи башар аст, ҳар инсоне шариф ва озод аст, мард бошад ё зан, сафед бошад ё сиёҳ, тобеи ҳар кишвар ё ҳар мазҳабе бошад. Маҷбур сохтани зан ба ин ки ҳиҷоб дошта бошад, бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳаққи озодии ӯ ва тавҳин ба шахсияти инсонии ӯ аст. Ба иборати дигар зулми ошкор ба зан аст. Иззат ва каромати инсонӣ ва ҳаққи озодии зан ва ҳамчунин ҳукми мутобиқи ақл ва шаръӣ, ба ин ки ҳеҷ кас бесабаб набояд асир ва зиндонӣ гардад. Зулм ба ҳеҷ шаклу сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳу баҳона набояд воқеъ шавад талаб мекунад, ки ин амр аз миён биравад. Албатта муроди онҳо аз озодӣ дар ҳақиқат, озодии ҷинсӣ аст. Яъне занон бояд бараҳна бошанд ва ҳар навъ либосеро бипӯшанд ва ин бархилофи озодӣ аст.
Ҷавоб: Як бори дигар лозим аст ёдовар шавем, ки фарқ аст байни зиндонӣ кардани зан дар хона ва байни муваззаф донистани ӯ, бо ин ки вақте мехоҳад бо марди бегона рӯ ба рӯ шавад пӯшида бошад. Дар дини Ислом маҳбус сохтан ва асир кардани зан маъно надорад.
Ҳиҷоб дар Ислом як вазифае аст, ки бар ӯҳдаи зан ва духтарони болиғ гузошта шудааст, то дар муошират ва бархурд бо мард, бояд чигуна либос бипӯшад. Ин вазифа на аз тарафи мард бар ӯ гузошта шудааст ва на чизе аст, ки бо шахсият ва каромати ӯ зиддият дошта бошад ва ё таҷовуз ба ҳуқуқи, ӯ ки Худованд барояш фарз кардааст маҳсуб шавад.
Ва аз тарафе бояд дар ҷавоб гуфт, ки мо ду навъ озодӣ дорем. Озодие, ки хуб ва фоиданок аст ва озодие, ки ба зарари зан аст.
Ҳаргоҳ озодӣ бо фитрат ва ақли инсонҳо созгор бошад фоиданок ва хуб аст ва дар ғайри ин ҳолат на танҳо муфид набуда, балки осори зиёнбори он бештар аз гирифтани озодӣ аст, лизо бояд баррасӣ намуд дар чӣ ҷоҳое озодӣ муфид аст, то қазоват намоем, ки оё ҳиҷоб бо чунин озодие дар зиддият аст ё не.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки меъёри қазоватҳо дар умури ёдшуда ақл аст, яъне ташхис медиҳад дар чӣ сурат озодӣ фоиданок аст ва дар чӣ ҳолат зарарнок аст. Аз дидгоҳи ақл чунончи озодӣ дорои хислатҳои зер бошад муфид аст:
1- Бо ақл ва фитрат носозгор набошад.
2- Бо аҳкоми Худованд дар зиддият набошад.
3- Инсонҳоро ба фасод накашонад.
4- Сабаби ҷилавгирии рушду шукуфоии шахсияти инсонӣ нагардад.
5- Сабаби таҳрик ва ҳирс ва шаҳват нагардад.
6- Сабаби поймол шудани ҳуқуқи дигарон нагардад, яъне озодии дигаронро аз байн набарад.
7- Инсонро аз Худо ғофил накунад.
Бинобар ин дар сурате, ки озодӣ зиддият бо рушд ва шукуфоии инсон надошта бошад арзишманд хоҳад буд. Ҳоло савол ин аст, ки оё ҳиҷоби исломӣ зиддият бо озодӣ дорад; яъне навъе маҳдудият ва гирифтани ихтиёр аз занон ба ҳисоб ояд? Ё ин ки на танҳо маҳдудият ба бор намеоварад, балки дар воқеъ сабаби арзиш ва рушди зан хоҳад шуд. Ба иборати дигар оё озодии бе қайду шарт ҳурмат ва иззати занро аз байн намебарад ва онро дар ҳадди як ҷинс ва матоъ ва колои беарзиш поин намеоварад?
Агар ба дурустӣ ба масъалаи ҳиҷоб нигоҳ шавад, ҳиҷоб на танҳо зиддият бо озодӣ надорад, балки худи озодӣ ба ҳисоб меояд. Зани бараҳна дар қайду банди ҳавоҳои нафсонӣ ва асири мудгароиҳои имрӯзӣ ва гирифтори лаҷомгусехтаҳои шаҳвонӣ мегардад. Зан, он қадар ки аз беҳиҷобӣ осеб мебинад, яқинан аз чизҳои дигар чунин осебе нахоҳад дид. Ва чи дарднок аст озодие, ки инсониятро аз зан салб намояд. Ва то онҷое, ки онро паст ва ҳақир намояд, ки аз он барои таблиғот ва колоҳо ва матоъи хеш истифода намоянд. Яъне арзиши як занро камтар аз арзиши як коло ва матоъ дониста ва аз он ба унвони баландгӯи таблиғотӣ истифода намоянд. Ҳиҷоби исломӣ ва динӣ ҳарчанд як навъ маҳдудият маҳсуб мешавад, аммо дар воқеъ озодии занон аз нигоҳҳои шаҳватомези дигарон ва раҳоӣ аз ҳар гуна таслим шудан дар баробари хостаҳои палид ва паст мебошад. Ҳиҷоб дар воқеъ навъе бима ва суғурта аст, барои саломати зан аз ҳар гуна осебҳои ҷинсӣ, рӯҳӣ ва равонӣ.
Аз тарафе ҳиҷоб барои зан маҳдудият нест, балки навъе паноҳгоҳ ба ҳисоб меояд.
Бинобар ин шарофати зан талаб мекунад, ҳангоме ки аз хона берун меравад матин ва сангин ва бовиқор бошад, дар тарзи рафтор ва либос пӯшиданаш ҳеҷ гуна қасди нопок , ки сабаби таҳрик ва ҳаяҷоновар шавад ба кор набарад, амалан мардро ба сӯи худ даъват накунад, забондор либос напӯшад, забондор роҳ наравад, забондор ва маънодор ба сухани худ оҳанг надиҳад.
Қироатҳои ҳафтгона 2
Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...