ХОНАВОДА ВА ҶОМЕА

 

 

 

Зарурат ва аҳамияти баҳс

 Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

   Имрўзҳо дар кишвари Тоҷикистон масоили хонаводагӣ ва тарбияти ҷавонон аз назар дур афтодааст ва мутаассифона ҳеҷ иқдоме барои ислоҳи вазъияти кунунии нобасомони хонаводаҳо ва вазъияти хатарноки ҷавонон, сурат намегирад. Дар ҳоле ки саломатии иҷтимоъ дар гарави саломатии хонаводаҳо аст ва ҷавонон сармояи аслии бақои ҳар миллате ба шумор меоянд. Бинобар ин замоне ояндаи равшан барои як миллат ва ё ҷомеа тазмин мешавад, ки иддае аз фарзандони он миллат, ки тавоноии дарки ниёзҳои ҷомеаро доранд, эҳсоси масъулият намуда ва даст ба дасти ҳам диҳанд, то битавонанд ниҳодҳои аслии ҷомеаи худро ҳифз кунанд. Ин ҳифозат аз ниҳодҳои аслии ҷомеа метавонад бо шаклҳои гуногун сурат бигирад. Гоҳе метавон бо пешниҳоди як тарҳи хуби иқтисодӣ ба мушкилоти ҷомеа расидагӣ кард, ё бо бароҳ андохтани як сиёсати муносиб, ё бо қонунгузорие, ки мутобиқ бо фитрати инсонӣ ва фарҳанги ҷомеа бошад ва ё роҳҳои дигар…

Аммо аз онҷо ки ҳар шахси масъулиятпазир танҳо дар маҳдудаи имконоте, ки дар ихтиёр дорад метавонад ба мушкилоти ҷомеаи худ расидагӣ кунад, ба ҳамин сабаб мо ҳам, ки узви ин ҷомеа ҳастем ва нисбат ба мушкилоти он эҳсоси масъулият мекунем бо истифода аз он имконоте, ки дар ихтиёр дорем ба нивиштани ин мақола иқдом кардем, то шояд вазифаи худро дар баробари ҷомеа анҷом дода бошем.

Дар ин навиштори мухтасар саъй шудааст, ки дар бораи яке аз ниҳодҳои аслии ҷомеа, балки аслитарини онҳо яъне хонавода баҳс шавад. Дар ҷараёни баҳс талош кардаем аввалан шинохти саҳеҳе аз хонавода ва нақши он дар ҷомеа ироа диҳем ва сониян ба баррасии мушкилоти хонавода ва фарзандон бипардозем. Албатта дар таърифҳо ва баррасиҳои худ аз роҳнамоиҳои Қуръон ва суннат ва бузургони дин ва ҳамчунин аз дидгоҳҳои ҷомеашиносони маъруф баҳра гирифтаем.

«…Агар дар мавриди ҷаҳон ва таҳаввулоти рўзгор мушкиле барои ту падид омад онро ба адами огоҳӣ иртибот деҳ, чун ту ибтидо бо ноогоҳӣ мутаваллид шудӣ ва сипас улумро фаро гирифтӣ ва чӣ бисёранд, ончӣ, ки намедонӣ ва Худо медонад, ки андешаат дар он саргардон ва биниши ту дар он роҳ надорад, сипас онҳоро мешиносӣ».[1]

Инсон аз ҷумлаи мавҷудоте аст, ки бақои ҳаёти ў дар гарави зиндагии иҷтимоӣ мебошад. Барои исботи ин сухан ниёз ба баҳси тулонӣ нест, зеро фитрати инсон ин масъаларо қабул дорад ва то он ҷое, ки таърих нишон додааст, ҳар ҷо ки башар будааст, зиндагии иҷтимоӣ доштааст ва осори бостонӣ ҳам ин масъаларо тасдиқ мекунад.

Аммо чӣ чиз инсониятро маҷбур кардааст, ки иҷтимоӣ  зиндагӣ кунад?

Барои посух гуфтан ба ин савол мо бояд ҳадди ақалл як шинохти мухтасаре аз ҷомеа дошта бошем. Аз ин ҷиҳат дар ибтидо таъриферо, ки Август Кант (мутафаккири бузурги Ғарб) дар бораи ҷомеа кардааст, меоварем ва сипас аз ин таъриф посухи саволи болоро ҷуё мешавем.

Ў мегӯяд: «Як ҷомеа иборат аст аз гӯруҳе аз афрод, ки барои беҳтар зистан ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ва ба ҷиҳати рушд ва тараққии худ ба якдигар пайвастаанд».[2]  Аз ин таъриф равшан мешавад, ки инсонҳо барои расидан ба  зиндагии беҳтар ва рушду тараққӣ ба ҳамдигар ниёз доранд. Пас ҳамин ниёзҳо ва эҳтиёҷоти инсонҳо ба ҳамдигар аст, ки онҳоро ба зиндагии иҷтимоӣ водор намудааст. Ин ниёзҳо мухталиф ва мутааддид ҳастанд, вале аслитарини онҳо ҳамон ниёзе аст, ки сабаби ташкили иҷтимооти нисбатан хурд, яъне хонаводаҳо шудааст ва ин хонаводаҳо дар навбати худ ташкилдиҳандаи ҷомеаҳои бузург мебошанд.

Аз он ҷиҳат, ки ҳар як фарди ҷомеа, ки бояд бо ҳам робита дошта бошанд, дар хонаводаҳо тарбият меёбанд ва ба воя мерасанд, метавонем чунин натиҷа бигирем, ки саломатии ҷомеа дар гарави саломатии хонаводаҳо хоҳад буд. Ва баҳси аслии мо низ дар бораи ҳамин унсури муҳим ва ҳаётбахши ҷомеа, яъне хонавода аст, ки мо то ин ҷои сухан аз он як шинохти мухтасар ҳосил кардем. Аммо барои такмили ин шинохти мухтасар ва ба даст овардани як шинохти комилтаре аз хонавода, бояд рӯи ин мавзӯъ диққати бештаре дошта бошем. Барои ин кор, мо чанд намуна аз таърифҳо ва нукоти муҳимро, ки дар бораи хонавода баён шудааст, ба таври гузаро зикр мекунем: Дар ибтидо ба сўи Қуръон дасти ниёз дароз мекунем, зеро беҳтарин ва комилтарин шинохтро аз ҳастӣ, холиқи он дорад ва Қуръон ҳам каломи ӯст:   

«و من آياته أن خلق لکم من انفسکم ازواجاً لتسکنوا اليها وجعل بينکم مودةً و رحمةً إنّ فی ذالک لآيات لقوم يتفکّرون»

«Ва аз оёти парвардигори олам аст, ки аз ҷинси худатон барои шумо ҳамсар офарид, то бо он оромиш пайдо кунед ва байни шумо меҳрубонӣ ва дустӣ қарор дод, ҳамоно дар он далелҳое аст бар азамати парвардигори оламиён барои гӯруҳе, ки меандешанд».[3]

Аз ин оя ду нуктае ба даст меояд, ки  ба баҳси мо иртибот дорад: нуктаи аввал ин ки инсонҳо оромиши руҳӣ ва ҷисмиро дар муҳити гарми хонавода метавонанд пайдо кунанд. Дуюм ин ки иллати аслии ташкили хонавода ва гармии конуни он, ҳамон муҳаббатест, ки Худованд дар миёни зану мард қарор додааст. Август Кант ба ин муҳаббат исми ғаризаи ғайрхоҳиро ниҳодааст ва мегӯяд: «Нахустин таҷаллии ғайрхоҳӣ ташкили ҳайати хонавода аст. Хонавода иҷтимои кўчаке аст, ки инсон дар он аз неъмати ҳамкорӣ ва фоидаи тобеият ва матбуият бархурдор мешавад».

Ду нуктаи дигар

Хонавода як ниҳоди иҷтимоӣ аст, ки барои рафъи ниёзмандиҳои ҳаётӣ ва отифии инсон ва бақои ҷомеа зарурати том дорад.

Хонавода дар айни ин ки кўчактарин воҳиди иҷтимоӣ мебошад, рукни аслӣ, мабно ва пояи ҳар иҷтимоъ аст.

Аммо нақши асосии хонавода дар ҷомеа

Хонавода таъинкунандаи пойгоҳи иҷтимоии аъзои хеш аст. Мурод аз ин сухан ин аст, ки дар муҳити хонавода, ки як муҳити отифӣ ва муҳаббатомез аст, падар ва модар бо ишқу муҳаббати худ дар шаклгирии шахсияти фарзандони худ нақши асосӣ доранд. Муҳити отифии хонавода дар воқеъ як мадрасаи инсонсозест, ки волидайн дар он омўзгорони бе китобанд, зеро худ китоби муҷассам ва улгуи рафторанд. Дар ин муҳит фарзандон аввалин бор бо арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун дониш, сарват, тақво, қудрат, эҳтиром ва ғайра ошноӣ пайдо мекунанд ва майли касби ин арзишҳо дар онҳо эҷод мешавад.

Омилҳои таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ даст ба дасти ҳам дода равиши хосси зиндагии ҷомеаро таъин мекунанд. Ин равиши зиндагӣ ба сурати ақоид ва руҳиёт даромада қабл аз ҳама тавассути падару модар  ва баъд тавассути омилҳои дигар дар марҳалаҳои мухталифи тарбиятӣ ба фарзандони хонавода мунтақил мешавад.

Хонавода беҳтарин василаи интиқоли мероси фарҳангӣ ба кудакон ва наслҳо мебошад. Тамоми расму одатҳо, одобу ахлоқ ва қонунҳо ва муқаррароти иҷтимоӣ аз роҳи тақлиду талқин ва додани улгуҳои саҳеҳ ба фарзандон омӯхта мешавад.

Хонавода фарзандони худро барои ҷонишинӣ аз бузургон ва пазириши масъулияти онҳо омода месозад ва ононро иҷтимоӣ ба бор меоварад. Ба ин маъно, ки дар ҷараёни зиндагӣ ба онон меомӯзад, ки чӣ гуна худро бо раванди зиндагии иҷтимоӣ мутобиқ намуда ва роҳи дурусти расидан ба саодатро дар иҷтимоъ пайдо кунанд. Дар ҳамин муҳити хонавода аст, ки фарзандон чигунагии дифоъ аз ҳуқуқи худ ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигаронро меомўзанд. Ин аст нақши асосӣ ва созандаи хонавода дар ҷомеа.

Пас бинобарин хонаводаҳоро барои таъмини саодати иҷтимоӣ ва фардӣ бояд муҷаҳҳаз ва нерўманд сохт, то ки ҳам худ аз роҳи дурусти зиндагӣ мунҳариф нашаванд ва ҳам битавонанд нақши созандагии худро дар ҷомеа иҷро кунанд.

Банди сеюми эъломияи ҳуқуқи башар, дар бораи хонавода чунин мегуяд: «Хонавода рукни табиӣ ва асоси иҷтимоъ аст ва ҳақ дорад аз ҳимояти ҷомеа ва давлат баҳраманд шавад».

Аз нукоте, ки то ба инҷо дар бораи шинохти хонавода ва аҳамияти он баён шуд, метавонем чунин натиҷагирӣ кунем:

1. Хонавода аслитарин унсури ташкилдиҳандаи ҷомеа мебошад, балки  падидаи иҷтимоъ аввалин бор дар сурати хонавода зуҳур мекунад.

2. Хонавода дар шаклгирии шахсияти афроди ҷомеа нақши инкорнопазир дорад.

3. Хонавода беҳтарин васила барои интиқоли мероси фарҳангӣ ба наслҳо мебошад.

4. Барои онки хонавода битавонад нақши созандаи худро дар ҷомеа иҷро кунад, бояд бо имкониятҳои моддӣ ва маънавӣ муҷаҳҳаз шавад ва аз ҳимояти давлат ва ҷомеа бархурдор бошад.

Саидтоҷиддин Саидҳисом

 



[1] Даштӣ Муҳаммад тарҷумаи «Наҳҷ-ул-балоға», (номаи 31 саҳ 519).

[2] Доктор Маҳдии Кайниё «Мабонии ҷурмшиносӣ», ҷилди 2 саҳ. 7.

[3] Сураи муборакаи Рум, ояти 21.

 

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...