Усули тарбияти исломӣ1

Тарбияти имонӣ

Саломати ақида ва имони инсонҳо рӯҳи рисолати Ислом аст, ки ба василаи коштани ниҳоли аркони имон ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон ва охират ва қазову қадар дар қалбу рӯҳи онон таҳаққуқ пайдо менамояд.

Муаллим ва мураббӣ пеш аз ҳар чиз, лозим аст бо забони сода ва далоили қобили дарк бар рӯи исботи вуҷуди Худованд ва тавҳиду яктопарастӣ талош кунанд ва саъй намоянд, ки ниҳоли муҳаббати Худованд ва шукри неъматҳо ва бахшишҳои ӯро дар дили кӯдак биншонанд ва ӯро мутаваҷҷеҳи ин ҳақоиқ бинамоянд, ки ҳоким ва фармонравои мутлақ дар дунё бо эҷоди ҷондор ва беҷон ва дар охират бо зинда намудан ва ҳисобу китоб, танҳо аз они Худованд аст.

Пас аз он, муаллим ва мураббӣ, кӯдакро бо манзалат ва азамати Қуръон ошно намоянд ва ба ӯ бигӯянд, ки Қуръон ба хотири он ки каломи Худованд аст, бо дигар китобҳо, ки аз они инсонҳост, бисёр фарқ дорад ва ибтидо руҳонӣ ва сипас равиши ҳифзи бахше ё ҳамаи Қуръонро ба ӯ биёмӯзанд. Хусусан талош кунанд, ки кӯдакон чаҳор ҷузъи охири онро ҳифз кунанд, зеро Худованди Мутаол мефармояд: “Ин Қуръон (мардумро) ба роҳе раҳнамоӣ менамояд, ки мустақимтарин роҳҳо (барои расидан ба саодати дунё ва охират) аст” (сураи Исро, ояти 9) .

Ҳамчунин Расули Худо(с) мефармояд: “Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки Қуръонро биёмӯзанд ва онро ба дигарон омӯзиш бидиҳанд.”

Яке аз равишҳои тарбияти қуръонӣ, эҳтимом ба омӯзиши сураҳои “Нур, Луқмон ва Ҳуҷурот” ба кӯдакон аст.

Пас аз он, мураббӣ барои эҷод ва тақвияти муҳаббати Расули Худо(с) дар дили кӯдак талош намояд ва ба ӯ бифаҳмонад, ки ҳазрати Муҳаммад(с) охирин ва гиромитарин пайғамбарон аст ва пайравӣ аз суннат ва равиши ӯ ва ҳифзи фармудаҳояш, қабл аз ҳама “Арбаини Имом Нававӣ” бисёр зарурӣ аст.

Баъд аз он, ниҳоли муҳаббати некмардон ва пешгомони “имон ва амали солиҳ” ба хусус фазилат ва каромати асҳоби Расули Худо(с)-ро дар дили ӯ биншонанд, зеро онон ба Расули Худо(с) огоҳона имон оварданд ва аз ӯ пуштибонӣ карданд ва аз нуре, ки барои Расули Худо(с) нозил гардида буд, баҳра гирифтанд ва ба ростӣ пирӯз ва саодатманд гардиданд.

Ҳамчунин, бар мураббӣ лозим аст, ки ишқ ба имон ва ҷиҳод дар роҳи Худованд ва рӯёрӯйӣ бо душманони Ислом ва мусулмононро дар дилашон тақвият намояд. Хусусан душманоне, ки кинаи мусалмононро дар дил доранд ва бар муқобили онҳо мубориза мебаранд ва ба сарзамин ва амвол ва обурӯи онон таарруз менамоянд, ва ба онҳо биёмӯзанд, ки мудом барои руё рӯйӣ бо онҳо лозим аст, ки имконот ва тадорукоти моддӣ ва маънавии заруриро фароҳам кунанд то дар мавқеи муносиб битавонан сарзаминҳои ишғолшудаи мусулмононро озод ва ҳуқуқи аз даст рафтаи онҳоро дубора ба даст биёваранд.

Мумкин аст омӯзиши дурусти ҳадиси зер ва он чи гуфта шуд, ба сурати матлубе самаранок бошад. Тирмизӣ аз Ибни Аббос(рз) ривоят менамояд, ки: “Рӯзе ҳамроҳи Расули Худо(с) будам, ки эшон хитоб ба ман фармуд: “Эй навҷавон! масоилеро ба ту меомӯзам (ба онҳо хуб таваҷҷӯҳ кун) аз ҳидояти Худованд муҳофизат кун то Худованд аз ту муҳофизат намояд. Худовандро ҳозир ва нозир бидон то ӯро пеши рӯи худ бинӣ. Ҳаргоҳ хостае доштӣ, онро танҳо аз Худованд бихоҳ ва ҳаргоҳ ба кӯмаке ниёз пайдо кардӣ, танҳо аз Худованд талаб кун бидон агар ҳамаи мардум бо ҳам ҷамъ шаванд ва бихоҳанд нафъеро ба ту бирасонанд, ҳеҷ нафъеро ба ҷуз ҳамоне, ки Худованд қарор додааст ба ту нахоҳанд расонид. Ва агар ҳама бо ҳам ҷамъ шаванд то зиёнеро мутаваҷҷеҳи ту бинамоянд, ҷуз ҳамон зиёнеро, ки Худованд муқаддар карда ба ту нахоҳанд расонид,   “Қаламҳо аз навиштан боз истода ва саҳифаҳо хушк шудаанд.”

Дар ривоёятҳои дигар – ба ҷуз ривояти Тирмизӣ – дар идомаи он ҳадис омадааст: “… Дар осоиш Худовандро фаромӯш накун, то ӯ ҳам туро дар сахтиҳо фаромӯш нанамояд. Бидон он чи ки бароят пеш наёмада, қарор бар он буда, ки барои ту иттифоқ наафтад, ва он чиро, ки бароят рӯй дода, қарор набуда, ки барои ту пеш наёяд. Бидон, ки пас аз сабр навбати пирӯзист ва пас аз гирифторӣ навбати кӯшоиш ва пас аз ҳар озурдагӣ навбати осудагист.”

Ҳаргоҳ кӯдаке маънои ин ҳадисро ба хубӣ бифаҳмад ва ба он имони устувор пайдо намояд, аз шахсияти қавӣ ва боирода бархӯрдор хоҳад шуд, ки бо ҳама сахтиҳо ва мушкилот мубориза хоҳад намуд.

Идома дорад.

Алӣ Раҳмат

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.