Улгӯ ва сармашқи шумо кист? Дӯст дорӣ шабеҳи кӣ бошӣ?

Фиръавн дар дарбори хеш далғаке дошт, ки худашро шабеҳи ҳазрати Мусо (алайҳиссалом)  менамуд  ва гоҳ-гоҳе либосу

қабое ҳамчун либоси чӯпонии  Мусо калимуллоҳ мепӯшид ва вориди маҷлиси Фиръавн мешуд ва ҳамон суханонеро, ки Мусо (алайҳиссалом) ба Фиръавн –дар ҳангоми даъват ба сӯи Худованд- гуфта буд такрор мекарду мегуфт:

Бар ман имон биёваред! ва ҳамаи аҳли маҷлис аз ин кори ӯ механдиданд. Ин амали ӯ боиси хандаи Фиръавн ва атрофиёнаш мешуд. Ҳангоме ки Худованд Фиръавну атрофиёнашро дар оби Нил ғарқ кард ва ононро ба сазои аъмоли зишту нописандашон расонд, дар ин миён Худованди таоло он далғакро дар он об ғарқ накард ва ӯ аз ин маҳлака наҷот ёфт. Ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) бо таъаҷҷуб ба Худованди хеш арз кард: Худовандо! чаро ин далғакро ғарқ накардед? Худованди маннон фармуд: ба хотири ин ки ӯ худашро шабеҳи Калими  ман карда буд ва дилам розӣ нашуд то ӯро дар об ғарқ кунам.

Имом Ҷаъфари Содиқ (алайҳиссалом) мефармояд: дар азои мо хонадони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шарик бошед ва агар гиряатон намеояд, дар ҷамъи гирякунандагони мо ширкат кунед чаро ки шабеҳи гирякунандагони мо будан, дар зумраи азодорони мост.

Пас шабеҳ шудан ҳам беасар нест албата агар инсон худашро шабеҳи дигарон месозад, бояд саъю талош кунад, ки  шабеҳи хубон бошад.

Ба ҳамин хотир аст, ки мегӯянд агар дар азодории хубони илоҳӣ наметавонед гиря кунед, лоақал худро шабеҳи гиря кунандагон дар биёваред.[1]

Инсон вақте дар мотаму азои дигарон ширкат карда ва худашро дар ғаму ғуссаи ӯ шарик медонад, ин кор боиси тасаллои дили соҳиб азо шуда ва барои ӯ талаби омурзиш мекунад. Бинобарин агар дар азои бузургони илоҳӣ ширкат намуда ва худро дар ғуссаи онон шарик бидонад, Худованд худ подоши аҷри ононро хоҳад дод.

Пас эй инсон! Бубин, ки чӣ касеро улгӯ ва сармашқи хеш қарор медиҳӣ!?

Барои интихоби либос ва пояфзоламон, тамоми бозорҳои шаҳру ноҳияамонро зеру рӯ мекунем, аммо худамон роҳат ва бидуни дарди сар ва таҳқиқу тафаҳҳус аз дигарон пайравӣ мекунем. Огоҳ ва ҳӯшёр бошем, ки вақте ин нафсеро, ки аз соҳиби кавну макон ба амонат гирифтаем солим таҳвили соҳибаш диҳем ва дар амонат хиёнат накунем. чаро ки сарнавишти хоинон ҷуз оташи ҷаҳаннам чизи дигаре нест.

Вақте бузургону таҷрибадорон моро аз иштибоҳотамон огоҳ месозанд, гӯшамон аз насиҳат пур гуфта, аз насиҳат кардан манъашон мекунем вале вақте бар сари суфраи суханони пӯчу беҳӯда, ки менишинем, ду то гӯши дигар қарз мегирем то беҳтар бишнавем. Вақте бузургону таҷрибадорон ба мо сухане мегӯянд, ба хотири он аст, ки мо дирӯзи онҳо ҳастем. Мо гӯши шунидан надорем ва ле онон аз ин корашон хаставу нороҳат намешаванд. Чун бар асоси вазифааш амал мекунад. Чун медонад, ки амалаш айни вазифа аст. Чун хайру салоҳро дар вазифа медонад, на натиҷа. Агар мо мусалмонон ҳамаамон ба вазифаамон амал мекардем амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро дар ҷои хеш баён мекардем ва нигарони натиҷа набудем, имрӯз ҳар касу нокасе ҷуръат намекард ба Исломи азиз, ки комилтарин дин буда ва  поктарин аъмолу қавонинро дорад, беҳурматӣ раво дорад. Биёем ва ба суханони бузургонамон, ки аъмолу рафтори худро бо Ислом зинат бахшидаанд гӯш кунем.  Чун ману туро мебинанд, ки дар лаби чоҳем. Чун медонанд, ки :

Агар бинад, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинад, гуноҳ аст.

Сайидолими Сироҷ

Ёсин


[1] Китоби Муҳаббат ва Раҳамат, навиштаи устод Фараҳзод

 

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...