Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
قال الله نعالی:
وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.
Ҳар ончӣ Паёмбар(с) ба шумо додааст, бигиред ва он чиро, ки бар шумо ҳаром кардааст, парҳез кунед. Аз Худо битарсед, ки баростӣ Худо уқубаташ бисёр сахт аст!(сураи ҳашр, ояти 7)
عن بريدة الأسلميّ رضي اللّه عنه، قال: غزوت مع علي إلى اليمن فرأيت منه جفوةً، فقدمت على رسول الله صلّى الله عليه وسلّم فذكرت عليّاً فتنقّصته، فرأيت وجه رسول الله صلّى الله عليه وسلّم يتغيّر، فقال: يا بريدة، ألست أولى بالمؤمنين من أنفسهم؟ قلت: بلى يا رسول اللّه، فقال: من كنت مولاه، فعليٌّ مولاه.
Аз саҳобаи бузӯрг Бурайдаи Асламӣ(рз)ривоят шуда, ки мегӯяд: Ҳамроҳи Алӣ(рз) дар як сафари ҷангӣ ба Яман сафар кардам, вале дидам, ки Ӯ сарду сахт рафтор мекунад. Назди Расули Худо (с) омадам, аз сахтгирии Алӣ (рз) шикоят кардам ва дар ҳаққи Ӯ сухани бад гӯфтам. Чеҳраи Расули Худо(с)-ро дидам, ки дигаргӯн шуд. Ҳазрат (с) фармӯд: «Эй Бурайда, оё ман барои мӯъминон аз хӯдашон сазовортар нестам? Гӯфтам: Бале, эй Расули Худо(с). Ҳазрат(с) боз фармӯд: Ҳар ки ман сарвару мавлои ӯ бошам, Алӣ (рз) ҳам сарвару мавлои ӯ ҳаст.
(Манбаъ: Ал-Мустадрак ъала ас-саҳеҳайни Ҳоким, ҳ. 4638 ва Саҳеҳи Термизӣ, ҳ.3713)
Ҳарчанд ин ҳадиси нӯрониро шаъни нузулаш дар ғадири хӯм аст, вале ба муносибат ва шароитҳои гуногӯн низ Расули Худо(с) онро ёдоварӣ ва таъкид мекард. Дар ин ҳадиси нӯронӣ Расули Худо(с) Алӣ (рз)-ро ба унвони сарвару сарпсрасти уммати исломӣ муаррифӣ намуд то дӯшманони дин баҳонае барои таъна задан ва аз байн бурдани дин ва ё таҳрифи он надошта бошанд. Худованди карим ҳамаи корҳояшро ҳакимона ва маҳкам анҷом медиҳад ва касе нақсе дар барнома ва амалҳои Худованди ҳаким намеёбад.
Худоё! Мо динатро ва фармоишоти Расули гиромиат(с)-ро бо ҷону дил мепазирем. Шукрона менамоем, ки олимтарин ва одилтарини бандаи солеҳат амиралмӯъминин Алӣ (рз)-ро сарвар ва имоми уммат қарор додӣ ва нагӯзоштӣ, ки бандагонат саргардону ҳайрон бимонанд. Ин рӯзи неъмати таъини раҳбар ва имомро уммати исломӣ қадр медонанд ва ҷашн мегиранд. Мо ҳам ба тамоми мусулмонон ин рӯзро табрику таҳният мегӯем.