Тафреҳ ва саргармии солим дар Ислом 2

Дидгоҳи ривоятҳои исломӣ дар бораи тафреҳи солим

Тафреҳи солим ва варзиш аз асбоби таъминкунандаи саломати одамианд, ки дар ривоёти Аҳли-Байт (а) аҳамийяти вежае ба он дода шудааст ва барои онҳо масодиқеро зикр кардаанд. Яке аз осори баҳрамандӣ аз тафреҳоти солим ва ҳалол, тақвият ва ёрии инсон дар анҷоми дигар умури динӣ ба зиндагӣ аст.

Расули Акрам (с) мефармоянд:

Хирадманд вақтҳои рӯзонаашро ба чаҳор бахш тақсим мекунад: … бахше аз онро барои баҳраҷӯйи аз ҳалол қарор медиҳад ва ин бахш қисматҳои дигарро тақвият мекунад ва мояи оромишу осоиши қалб мешавад.[1]

Расули Акрам (с) мефармоянд:

Ба саргармию бозӣ бипардозед; зеро дӯст надорам сахтгирию хушунат дар динатон мушоҳида шавад.[2]

Ҳазрати Алӣ (к) вақте ба сӯи Сиффайн ҳаракат мекард, ба сарзамини Балих расид, ки ҷои хуш-обуҳавое буд ва рудхонаи бузургу пуробе дошт. Манзараҳои зебои он сарзамин, Имом Алӣ (к)ро ба худ машғул кард. Он ҳазрат дастур дод, то сипоҳиён дар онҷо муддате бимонанд ва аз обу ҳавои дилнишини он сомон баҳраманд гарданд ва истироҳат кунанд. Бо ин ки Ҳазрати Алӣ (к) дар ҳоли пешравӣ ба сӯи сарзамини Сиффайн буд ва ҷанги бисёр сарнавиштсозе дар пеши рӯй дошт, ва лашкари чанд даҳ ҳазор нафариро роҳбарӣ мекард, аммо аз тафреҳоти солими сарбозон ва баҳрабардорӣ аз табиат ғафлат накард.

Бо исботи асолати рӯҳу равон ва ҳолати гуногунии он, ва шинохти анвои бемориҳои равонӣ ва кашфи шеваҳои дармон, мутафаккирон ба ин натиҷа расидаанд, ки тафреҳ ва шодиҳои солим, барои тақвияти рӯҳи одамӣ як заруратаст. Хандидан ва хандондан, шодӣ кардан ва шодӣ офаридан, дилшоду масрур будан, башшошу хандарӯ будан ва лабханд бар лаб доштан, ҳамаи инҳо ба унвони як зарурат дар зиндагии инсон нақши таъйинкунанда доранд.

Дар бораи тафреҳи солим ду дидгоҳ вуҷуд дорад:

1- Гурӯҳе эътиқод доранд, ки шодӣ ва шодмонии мутлақаст, бо ҳар васила ва абзор ва шевае метавон ба шодӣ ва шодобӣ даст ёфт ва эълон медоранд, ки барои шодӣ кардани инсон ҳар коре ҷоиз аст, ҳар навъ тарона ва рақс равост ва ҳар гуна гуфтану хандидан дурустаст.Аз ин рӯ ба анвоъи масткунандаҳо, анвоъи маводди эътиёдовар, анвоъи рақсу овозҳо ва анвоъи қиссаҳову қиссапардозиҳо рӯй меоваранд ва дар сояи ингуна шодиҳо, ки ба анвоъи офатҳои равонӣ дучор мегарданд ва ба ҷои рафъи ниёзҳои равонӣ дучори анвоъи бемориҳои равонӣ мешванд.

Ва онгоҳ дар давомдор шудани лаззатҷӯиҳои беҳаду марз, ба қатлу одамкушӣ, ба фасоду фаҳшо, ба ибтизолу масхи арзишҳо, ба худкушӣ, худозорӣ ва мардумозорӣ мубтало мешаванд, ки бисёре аз безеҳкориҳо, ҷурмҳо ва ҷинаятҳо ба шодиҳои беҳаду марз боз мегардад.

Мардумро масхара мекунанд, то биханданд, обрӯи дигаронро мебаранд, то шодӣ кунанд. Дигаронро шиканҷа медиҳанд, то худ шод шаванд.

2. Гурӯҳи дигар шодӣ ва тафреҳотро қонунманд медонанд ва дар марзи ҳалол ва боядҳо тафсир мекунанд. Ҳар навъ шодӣ ва тафреҳро раво намешуморанд. Ва дар як калима тафреҳоти солимро бовар доранд, то марзи ҳурмат ва обрӯи дигарон маҳфуз бимонад.

Шодӣ, ханда ва тафреҳоти мо ба дигарон садама ва зарба ворид насозад. Ханда ва шодӣ ва лаззатҳо хуб аст, аммо на бо озору азияти дигарон. Шодмонӣ хуб аст, на бо зери по гузоштани қонун ва муқаррароти иҷтимоӣ ва илоҳӣ. Чунончи агар озодӣ қоқунманд ва ҳадафдор набошад, метавон ҷомеаро ба ҳарҷу марҷ бикашонад, шодиҳо ва тафреҳот низ ин гунаанд.

Бояд арзёбӣ кард, ки кадом навъи шодӣ зарурат дорад? Кадом тафреҳ солим ва кадом носолимаст? Кадом ханда раво, ва кадом норавоаст? Ва кадом лаззат саҳеҳ ва кадом дурӯғин аст.

Ҳазрати Алӣ (к) талош дошт, то ятимонро бихандонад. Бисёре аз одамҳо ниёзҳо ва ниёзмандиҳои ятимонро аз дидгоҳи умури моддӣ менигаранд, ки бояд дорои маскан, маҳзар, либос ва тағзияи муносиб шаванд. Аммо Ҳазрати Алӣ (к) ба ҳамон андоза, ки ба эҳтиёҷоти моддӣ ва ҷисмии ятимон фикр мекард, ба рафъи ниёзҳо ва камбудиҳои равонии онҳо низ меандешид, ки дучори уқдаҳои равонӣ, ё камбудиҳои отифӣ нагарданд. Дар робита бо ятимон танҳо ғизо барои онҳо намебурд, балки бо дасти худ, ғизо дар даҳонашон мегузорад, то ширинии гирифтани ғизо аз даст падарро бичашанд. Ятимонро даври худ ҷамъ мекард бо бозиҳо ва тақлиди овози гусфанд, онҳоро механдонд.

Вақте ятимонро ба хона меовард ва мехост ба онҳо асал бихӯронад, ангуштони худро мешуст ва бо ангуштони худ, асал дар даҳони ятимон мегузошт, ки ду навъ шириниро бичашанд: ширинии асал ва ширинии аз дасти падар гирифтан. Гарчи афроди ноогоҳ, ба Ҳазрати Алӣ (к) эътироз мекарданд, ки ин корҳо дар шаъни шумо нест, Ҳазрати Алӣ (к) ба нукоти зарифе таваҷҷӯҳ дошт, ки имрӯза дар илми равоншиносӣ ва равоншиносии кӯдак ва равоншиносии тарбиятӣ, бисёр мавриди таваҷҷӯҳаст. Равоншиносон мегӯянд: Илали безеҳкории фарзандоне ки падару модарро аз даст додаанд, камбуди отифааст.

Ҳазрати Алӣ (к) онқадар ба ятимон таваҷҷӯҳ дошт ва бо онҳо меҳрубонӣ мекард, ки дигарон мегуфтанд:

.[3]“Эй кош ман ҳам ятим будам”

Пас бояд шодиҳо ва тафреҳотро монанди озодӣ қонунманд кард ва дар марзҳои аҳкоми илоҳӣ қарор дод.

Ҳазрати Алӣ (к) супориш мекард, саъй кунед, то дилҳоро шодмон созед ва шодиҳоро ба хона бибаред. Бинобар ин, асл тафреҳоти солим ва шодмонӣ барои рӯҳи одамӣ, як заруратаст.

Муҳим он аст, ки дар фарҳанги корбурдии уммати исломӣ, дуруст тафсир шавад ва ҷоигоҳи арзишии худро боз ёбад.[4]

Дар ҳадисе Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд:

Барои мӯъмин дар шабонарӯз се вақтаст, замоне барои ниёиш ва муноҷот бо парвардигораш, ва замоне барои таъмини маоши зиндагиаш, ва замоне барои водоштани нафс ба лаззатҳои ҳалол ва мояи зебоӣ аст. Хирадмандро нашояд ҷуз он ки дар пайи сез чиз ҳаракат кунад: касби ҳалол барои таъмини зиндагӣ, ё гом ниҳодан дар роҳи охират, ё ба даст овардани лаззатҳои ҳалол ва ғайри ҳаром (тафреҳи солим)[5].

Натиҷа: Аз Қуръони карим, аҳодиси шариф ва суханони донишмандон истифода мешавад, ки тафреҳи солим дар зиндагии инсон як амри зарурӣ аст, хуб аст, ки ҳар як инсон дар зиндагиаш бахше аз рӯзро ба тафреҳ ихтисос диҳад. Ҳарчанд тафреҳ анвоъи мухталиф дорад. Барои мисол шод кардани ятим беҳтарин тафреҳаст ё ахлоқи хуб бо мардум ва ғ.ро болотарин тафреҳ шуморид. Ва натоиҷи тафреҳ, ки ҳамон шод будани худ ва дигарон аст дар Қуръон ва аҳодис ба он ишора шудааст.

 


[1] . Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн, Садуқ, Маъонилахбор, саҳ 431:

«علي العاقل ما لم يکن مغلوباً علي عقله أن يکون له ساعتٌ … ساعةٌ يخلو فيها بحظِّ نفسه من الحلال و إنّ هذه الساعةَ عونٌ لتلک الساعاتً و استجمامٌ للقلوب و تفريغٌ لها»

[2] . Муҳаммад бин Ҳасан, Шайбонӣ, Алҷомеъ-ул сағир,ҷ1, с 239.

«اُلهوا و العبوا، فإنّي أکره أن يري في دينکم غلظةٌ»

[3]. Муҳаммад Боқир, Маҷлисӣ, Биҳор, ҷ 41, с 49.

[4]. Муҳаммад, Даштӣ, Имом Алӣ (к) ва тафреҳоти солим, с 35 то 43.

[5]. Саид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи дуктур Асадуллоҳ Мубаширӣ, с 460, ҳикмати 390.

« للمؤمن ثلاث ساعاتٍ، فساعة يناجى فيها ربّه و ساعةٌ يرمّ معاشه، و ساعةٌ يخلّى بين نفسه و بين لذّتها فيما يحلّ و يجمل و ليس للعاقل ان يکون شاخصاً الّا فى ثلاثٍ مرمّةٍ لمعاشٍ ، او خطوةٍ فى معادٍ او لذّةٍ فى غير محرمٍ؛»

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.