Тафовутҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ3

tarbbiyat

tarbbiyatБ. Ҳадафҳои отифӣ муртабит бо эҳсос ва ҳаяҷон.

Дар муқобили ҷанбаи шинохтӣ, буъди отифӣ қарор дорад, ки иборатаст аз унсури ҳаяҷони тарбияти динӣ; яъне он даста аз эҳсосоте, ки дар қолаби калимот наметавон баён кард. Аз ҷумлаи ин авотиф ирфон аст, яъне иртиботҳое, ки дар варои идроки ҳиссӣ ва идроки зеҳнӣ қарор дорад ва аз тариқи шуҳуд, илҳом ё мукошифа қобили фаҳм аст.

Ҳарчанд аҳдофи шинохтӣ ва отифӣ дар таҳлил бо ҳам мутафовит аст вале барномаҳои тарбияти динӣ умуман саъй дар ба даст овардани ҳар ду навъ дорад, ҳамон гуна ки “Бринк” гуфтааст: “Ҳадафи дин имон овардани зеҳнӣ нест ва набояд ҳам, чунин бошад. Дин бояд барои имони комил ба шиддат талош кунад; яъне имоне, ки шомили эҳсосот, алоиқ, фаолият ва ҳамчунин афкор шавад.” Барномаҳои мухталифи тарбияти динӣ ба нисбатҳои гуногуне аз аҳдофи шинохтӣ ва отифӣ бархурдораст[1].

Албатта лозим ба зикр аст, ки аҳдофи ҳаяҷонӣ ва отифӣ дар тарбияти динӣ, чӣ басо баъд аз аҳдофи шинохтӣ дунбол мешавад; яъне дар натиҷаи шинохт аст, ки инсон мехоҳад ба сӯи он чи шинохтааст дар ҳаракат бошад ва бе шинохти ин амр имкон надорад.

Г. Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракатӣ муртабит ба рафтор:

Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракатии муртабит ба рафтор ба ин маъност, ки дар таълиму тарбияти динӣ сирфан шинохт кофӣ нест, бояд инсон он чи ба воситаи манобеи маърифат дар ҳавзаҳои зикршуда дар дин шинохтааст, бояд дар рафтори ӯ таъсир гузорад ва ин таъсири шинохт дар ҳаракат ҳадафи таълиму тарбият қарор мегирад. Ба иборати дигар таълиму тарбияти динӣ фақат дар пайи таҳаққуқ шинохтҳо нест, балки амал ба лавозими шинохт дар рафтор низ мавриди ҳадаф воқеъ мешавад; яъне бо ҳадафи мавриди амал воқеъ шудани як рафтори таълиму тарбият сурат мегирад ба унвони намуна, омӯзиш ва таълим барои шинохти дурӯғ дар ҷиҳати тарки он ва тарбият барои омодасози руҳи ба хотири касби малакаи ин тарк муҳимтарин ҳадафи тарбияти динист.

Нуктаи тамоюзи руйкарди динӣ таълиму тарбият аз ғайри он, дар нафси ҳадаф будани амал ба шинохта шудаҳо нест, балки дар худи шинохта шудаҳост. Яъне он чи амал ба он дар таълиму тарбияти динӣ ҳадаф аст чи басо дар таълиму тарбияти ғайри динӣ ҳадаф набошад, ба унвони мисол, анҷоми аъмоли ибодӣ яке аз аҳдофи таълиму тарбияти динист, ки мубтанӣ бар шинохт аз дин мебошад, вале амал ба чунин чизе дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият ҳадаф нест.

Идома дорад

[1] . Тумос Иром, Сайдмуҳамад Содиқ Мусави, мақолаи тарбияти динӣ, маҷалаи Маърифат, шумораи 33, с. 23.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.