Ин сура дар Макка нозил шуда ва 88 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 То, Син, Мим.
2 Инҳо оятҳои Китоби Мубин аст.
3 Мо аз достони Мўсо ва Фиръавн ба ҳақ бар ту мехнем, барои гурўҳе, ки (толиби ҳаққанд ва) имон меоваранд.
4 Фиръавн дар замин бартариҷўӣ кард ва аҳли онро ба гурўҳҳои мухталифе тақсим намуд. Гурўҳеро ба заъфу нотавонӣ мекашонд, писаронашонро сар мебурид ва занонашонро (барои канизӣ ва хидмат) зинда нигаҳ медошт. Ў ба яқин аз муфсидон буд.
5 Мо мехоҳем бар мустазъафони замин миннат ниҳем ва ононро пешвоён ва ворисони рўи замин қарор диҳем.
6 Ва ҳукуматашонро дар замин побарҷо созем ва ба Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон, он чиро аз онҳо (Банӣ Исроил) хавф доштанд, нишон диҳем.
7 Мо ба модари Мўсо илҳом кардем, ки: «Ўро шир деҳ ва ҳангоме, ки бар ў тарсидӣ, вайро дар дарё (-и Нил) бияфкан ва натарс ва ғамгин мабош, ки мо ўро ба ту бозмегардонем ва ўро аз расулон қарор медиҳем».
8 (Ҳангоме, ки модар ба фармони Худо ўро ба дарё афканд), хонадони Фиръавн ўро аз об гирифтанд, то саранҷом душмани онон ва сабаби андўҳашон гардад! Ҳатман Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон хатокор буданд.
9 Ҳамсари Фиръавн (чун дид онҳо қасди куштани кўдакро доранд), гуфт: «Нури чашми ман ва туст! Ўро накушед, шояд барои мо фоиданок бошад ё ўро ба унвони писари худ баргузинем». Ва онҳо намефаҳмиданд, (ки душмаи аслии худро дар оғўши худ мепарваронанд!).
10 (Саранҷом) қалби модари Мўсо аз ҳама чиз (ҷуз ёди фарзандаш) холӣ гашт. Ва агар дили ўро (ба василаи имону умед) маҳкам накарда будем, наздик буд матлабро ифшо кунад.
11 Ва (модари Мўсо) ба хоҳари ў гуфт: «Вазъияти ҳоли ўро пайгирӣ кун». Ў низ аз дур ҳодисаро мушоҳида кард, дар ҳоле, ки онон бехабар буданд.
12 Мо ҳамаи занони ширдеҳро аз пеш бар ў ҳаром кардем, (то танҳо ба оғўши модар бозгардад). Ва хоҳараш, (ки бетобии маъмуронро барои пайдо кардани доя мушоҳида кард), гуфт: «Оё шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки метавонанд ин навзодро барои шумо кафолат кунанд ва хайрхоҳи ў бошанд?!».
13 Мо ўро ба модараш бозгардондем, то чашмаш равшан шавад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст, вале бештари онон намедонанд.
14 Ва ҳангоме, ки (Мўсо) нерўманду комил шуд, ҳикмату дониш ба ў додем ва ин гуна некўкоронро подош медиҳем.
15 Ў дар ҳангоме, ки аҳли шаҳр дар ғафлат буданд, дохили шаҳр шуд, ногаҳон ду мардро дид, ки ба ҷангу низоъ машғуланд, яке аз пайравони ў буд (ва аз Банӣ Исроил) ва дигарӣ аз душманонаш, он ки аз пайравони ў буд, дар баробари душманаш аз вай дархости кўмак намуд. Мўсо мушти макҳаме бар синаи ў зад ва кори ўро сохт (ва бар замин афтоду мурд). Мўсо гуфт: «Ин (ҷанги шумо) аз амали шайтон буд, ки ў душман ва гумроҳкунандаи ошкоре аст».
16 (Сипас) гуфт: «Парвардигоро! Ман ба худ ситам кардам, маро бибахш». Худованд ўро бахшид, ки Ў Омурзандаи Меҳрубон аст.
17 Гуфт: «Парвардигоро! Ба шукронаи неъмате, ки ба ман додӣ, ҳаргиз пуштибони муҷримон нахоҳам буд».
18 Мўсо дар шаҳр тарсон буд ва ҳар лаҳза дар интизори ҳодисае (ва дар ҷустуҷўи ахбор), ногаҳон дид ҳамон касе, ки дирўз аз ў ёрӣ талабида буд, фарёд мезанад ва аз ў ёрӣ мехоҳад, Мўсо ба ў гуфт: «Ту ошкоро инсони (моҷароҷў ва) гумроҳе ҳастӣ».
19 Ва ҳангоме, ки хост бо касе, ки душмани ҳар дуи онҳо буд, даргир шавад ва бо қудрат монеи ў гардад, (фарёдаш баланд шуд), гуфт: «Эй Мўсо! Мехоҳӣ маро бикушӣ, ҳамон гуна, ки дирўз инсонеро куштӣ?! Ту фақат мехоҳӣ ҷабборе дар рўи замин бошӣ ва намехоҳӣ аз муслиҳон бошӣ!».
20 (Дар ин ҳангом) марде бо шитоб аз дуртарин нуқтаи шаҳр (маркази фиръавниён) омад ва гуфт: «Эй Мўсо! Ин ҷамъият барои куштани ту ба машварат нишастаанд, зуд (аз шаҳр) хориҷ шав, ки ман аз хайрхоҳони ту ҳастам».
21 Мўсо аз шаҳр хориҷ шуд, дар ҳоле, ки тарсон буд ва ҳар лаҳза дар интизори ҳодисае. Гуфт:«Парвардигоро! Маро аз ин қавми золим раҳоӣ бахш!».
22 Ва ҳангоме, ки мутаваҷҷеҳи ҷониби Мадян шуд, гуфт: «Умедворам Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад».
23 Ва ҳангоме, ки ба (чоҳи) оби Мадян расид, гурўҳе аз мардумро дар он ҷо дид, ки чаҳорпоёни худро сероб мекунанд. Ва дар канори онон ду занро дид, ки муроқиби гўсфандони худ ҳастанд (ва ба чоҳ наздик намешаванд. Мўсо) ба он ду гуфт: «Кори шумо чист? (Чаро гўсфандони худро об намедиҳед?!). Гуфтанд: «Мо онҳоро об намедиҳем, то чўпонҳо ҳамагӣ хориҷ шаванд. Ва падари мо пирамарди куҳансоле аст (ва қодир бар ин корҳо нест)».
24 Мўсо барои (гўсфандони) он ду об кашид, сипас рў ба соя овард ва гуфт: «Парвардигоро! Ҳар хайру некӣ бар ман фиристӣ, ба он ниёзмандам».
25 Ногаҳон яке аз он ду (зан) ба суроғи ў омад, дар ҳоле, ки бо ниҳояти ҳаё гом бармедошт, гуфт: «Падарам аз ту даъват мекунад, то музди об додан (ба гўсфандон)-ро, ки барои мо анҷом додӣ, ба ту бипардозад». Ҳангоме, ки Мўсо назди ў (Шуайб) омад ва саргузашти худро шарҳ дод, гуфт: «Натарс, аз қавми золимон наҷот ёфтӣ».
26 Яке аз он ду (духтар) гуфт: «Падарам! Ўро дар хидмат гир, зеро беҳтарин касеро, ки метавонӣ дар хидмат гирӣ, он кас аст, ки қавӣ ва амин бошад (ва ў ҳамин мард аст)».
27 (Шуайб) гуфт: «Ман мехоҳам яке аз ин ду духтарамро ба ҳамсарии ту дароварам, ба ин шарт, ки ҳашт сол барои ман кор кунӣ ва агар онро то даҳ сол афзоиш диҳӣ, муҳаббате аз ноҳияи туст. Ман намехоҳам кори вазнине бар дўши ту бугузорам. Ва иншоаллоҳ маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт».
28 (Мўсо) гуфт: «(Манъе надорад), ин қарордоде миёни ман ва ту бошад, албатта ҳар кадом аз ин ду муддатро анҷом диҳам, ситаме бар ман нахоҳад буд (ва ман дар интихоби он озодам). Ва Худо бар он чӣ мо мегўем гувоҳ аст».
29 ҳангоме, ки Мўсо муддати худро ба поён расонид ва ҳамроҳи хонаводааш (аз Мадян ба сўи Миср) ҳаракат кард, аз ҷониби Тур оташе дид. Ба хонаводааш гуфт: «Даранг кунед, ки ман оташе дидам. (Меравам) шояд хабаре аз он барои шумо оварам ё шўълае аз оташ, то бо он гарм шавед».
30 Ҳангоме, ки ба суроғи оташ омад, аз каронаи рости дарра, дар он сарзамини пурбаракат, аз миёни як дарахт нидо дода шуд, ки: «Эй Мўсо! Манам Худованд, Парвардигори ҷаҳониён.
31 Асоятро бияфкан». Ҳангоме, ки (асоро афканд ва) дид ҳамчун море бо шитоб ҳаракат мекунад, тарсид ва ба ақиб баргашт ва ҳатто пушти сари худро нигоҳ накард. (Нидо омад:) Эй Мўсо! Баргард ва натарс, ту дар амон ҳастӣ.
32 Дастатро дар гиребони худ фурў бар, ҳангоме, ки хориҷ мешавад, сафеду дурахшанда аст, беайбу нақс. Ва дастҳоятро бар синаат бугузор, то тарсу ваҳшат аз ту дур шавад. Ин ду (мўъҷизаи асо ва дасти дурахшанда) бурҳони равшан аз Парвардигорат ба сўи Фиръавн ва астрофиёни ўст, ки онон қавми фосиқе ҳастанд».
33 Гуфт: «Парвардигоро! Ман як тан аз ононро куштаам, метарсам маро ба қатл бирасонанд.
34 Ва бародарам Ҳорун забонаш аз ман фасеҳтар аст, ўро ҳамроҳи ман бифирист, то ёвари ман бошад ва маро тасдиқ кунад, метарсам маро инкор кунанд».
35 Фармуд: «Ба зудӣ бозувони туро ба василаи бародарат маҳкам (ва нерўманд) мекунем ва барои шумо султа ва бартарӣ қарор медиҳем ва ба баркати оятҳои мо, бар шумо даст намеёбанд, шумо ва пайравонатон пирўзед».
36 Ҳангоме, ки Мўсо мўъҷизаи равшани моро барои онон овард, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз сеҳр нест, ки ба дурўғ ба Худо нисбат дода шудааст, мо ҳаргиз чунин чизеро дар ниёкони худ нашунидаем!».
37 Мўсо гуфт: «Парвардигорам аз ҳоли касоне, ки ҳидоятро аз назди Ў овардаанд ва касоне, ки оқибати неки саро (-и дунё ва охират) аз они онҳост, огоҳтар аст. Ҳатман золимон растагор нахоҳанд шуд».
38 Фиръавн гуфт: «Эй ҷамъияти ашроф! Ман худое ҷуз худам барои шумо суроғ надорам. (Аммо барои таҳқиқи бештар), эй Ҳомон, бароям оташе бар гил баяфрўз (ва хиштҳои маҳкаме бисоз) ва барои ман бурҷи баланде тартиб деҳ, то аз Худои Мўсо хабар гирам, ҳар чанд ман гумон мекунам ў за дурўғгўён аст».
39 (Саранҷом) Фиръавн ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар замин истикбор карданд ва пиндоштанд ба сўи мо бозгардонида намешаванд.
40 Мо низ ў ва лашкариёнашро гирифтем ва ба даррё афкандем, акнун бинигар поёни кори золимон чӣ гуна буд!
41 Ва онон (фиръавниён)-ро пешвоёне қарор додем, ки ба оташ (-и дўзах) даъват мекунанд ва рўзи растохез ёрӣ нахоҳанд шуд.
42 Ва дар ин дунё низ лаънате дар пайи онон қарор додем ва рўзи қиёмат аз зиштрўёнанд.
43 Ва мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем, баъд аз он ки ақвоми қарнҳои нахустинро ҳалок намудем, китобе, ки барои мардум басиратофарин буд ва сабаби ҳидояту раҳмат, шояд мутазаккир шаванд.
44 Ту дар ҷониби ғарбӣ набудӣ, ҳангоме, ки мо фармони нубувватро ба Мўсо додем ва ту аз шоҳидон набудӣ, (дар он ҳангоме, ки мўъҷизортро дар ихтиёри Мўсо гузоштем).
45 Вале мо ақвомеро дар асраҳои гуногун ҳалқ кардем ва замонҳои тўлонӣ бар онҳо гузашт, (ки осори анбиё аз дилҳояшон маҳв шуд, сипас туро бо китоби осмониат фиристодем). Ту ҳаргиз дар миёни мардуми Мадян иқомат надоштӣ, то (аз вазъияти онҳо огоҳ бошӣ ва) оятҳои моро бар онҳо (мушрикони Макка) бихонӣ, вале мо будем, ки туро фиристодем (ва ин оятҳоро дар ихтиёрат қарор додем).
46 Ту дар канори Тур набудӣ, замоне, ки мо нидо додем, вале ин раҳмате аз сўи Парвардигорат буд, (ки ин ахборро дар инхтиёри ту ниҳод), то ба василаи он қавмеро инзор кунӣ, ки пеш аз ту ҳеҷ инзоркунандае барои онон наомадааст, шояд мутазаккир шаванд.
47 Ҳар гоҳ (пеш аз фиристодани пайғамбаре) муҷозоту мусибате бар асари аъмолашон ба онон мерасид, мегуфтанд: «Парвардигоро! Чаро расуле барои мо нафиристодӣ, то аз оятҳои ту пайравӣ кунем ва аз мўъминон бошем?!».
48 Вале ҳангоме, ки ҳақ аз назди мо барои онҳо омад, гуфтанд: «Чаро мисли ҳамон чизе, ки ба Мўсо дода шуд, ба ин пайғабар дода нашудааст?!». Магар (баҳонаҷўёне монанди онҳо), мўъҷизотеро, ки дар гузашта ба Мўсо дода шуд, инкор накарданд ва гуфтанд: «Ин ду нафар (Мўсо ва Ҳорун) ду соҳиранд, ки даст ба дасти ҳам додаанд, (то моро гумроҳ кунанд) ва мо ба ҳар ду кофирем?!».
49 Бигў: «Агар рост мегўед, (ки Таврот ва Қуръон аз сўи Худо нест), китоби ҳидоятбахштаре аз ин ду аз назди Худо биёваред, то ман аз он пайравӣ кунам!».
50 Агар ин пешниҳоди туро напазиранд, бидон, ки онҳо танҳо аз ҳавасҳои худ пайравӣ мекунанд. Ва оё гумроҳтар аз он кас, ки пайравии ҳавои нафси худ карда ва ҳеҷ ҳидояти илоҳиро напазируфтааст, касе пайдо мешавад?! Ҳатман Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.
51 Мо оятҳои Қуръонро яке пас аз дигарӣ барои онон овардем, шояд мутазаккир шаванд.
52 Касоне, ки пеш аз он китоби осмонӣ ба онон додаем, ба он (Қуръон) имон меоваранд.
53 Ва ҳангоме, ки бар онон хонда шавад, мегўянд: «Ба он имон овардем, инҳо ҳама ҳақ аст ва аз сўи Парвардигори мост, мо пеш аз ин ҳам мусулмон будем».
54 Онҳо касоне ҳастанд, ки ба хотири шакебоияшон, аҷру подошашонро ду бор дарёфт медоранд ва ба василаи некиҳо бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем, инфоқ менамоянд.
55 Ва ҳар гоҳ сухани лағву беҳудае бишунаванд, аз он рўй мегардонанд ва мегўянд: «Аъмоли мо аз они мост ва аъмоли шумо аз они худатон, салом ба шумо (саломи видоъ), мо хоҳони ҷоҳилон нестем».
56 Ту наметавонӣ касеро, ки дўст дорӣ ҳидоят кунӣ, вале Худованд ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ў ба ҳидоятёфтагон огоҳтар аст.
57 Онҳо гуфтанд: «Мо агар ҳидоятро ҳамроҳи ту пазиро шавем, моро аз сарзаминамон мерубоянд». Оё мо ҳарами амне дар ихтиёри онҳо қарор надодем, ки самароти ҳар чизе (аз ҳар шаҳру диёре) ба сўи он оварда мешавад?! Ризқе аст аз ҷониби мо, вале бештари онон намедонанд.
58 Ва чӣ бисёр аз шаҳрҳо ва ободиҳоеро, ки бар асари фаровонии неъмат, масту мағрур шуда буданд, ҳалок кардем! Ин хонаҳои онҳост, (ки вайрон шудааст ва) баъд аз онон ҷуз андаке, касе дар онҳо сукунат накард ва мо ворисони онон будем.
59 Ва Парвардигори ту ҳаргиз шаҳрҳо ва ободиҳоро ҳалок намекард, то ин ки дар конуни онҳо пайғамбаре мабъус кунад, ки оятҳои моро бар онон бихонад. Ва мо ҳаргиз ободиҳо ва шаҳрҳоро ҳалок накардем, магар ин ки аҳлаш золим буданд.
60 Он чӣ ба шумо дода шудааст, матои зиндагии дунё ва зинати он аст ва он чӣ назди Худост, беҳтар ва пойдортар аст, оё андеша намекунед?!
61 Оё касе, ки ба ў ваъдаи некў додаем ва ба он хоҳад расид, монанди касе аст, ки матои зиндагии дунё ба ў дадаем, сипас рўзи қиёмат (барои ҳисобу ҷазо) аз ҳозиршудагон хоҳад буд?!
62 Рўзеро (ба хотир биёваред), ки Худованд ононро нидо медиҳад ва мегўяд: «Куҷо ҳастанд ҳамтоёне, ки барои Ман мепиндоштед?!».
63 Гурўҳе (аз маъбудон), ки фармони азоб дар бораи онҳо ҳатмӣ шудааст, мегўянд: «Парвардигоро! Мо инҳо (пайравон)-ро гумроҳ кардем. (Оре), мо онҳоро гумроҳ кардем, ҳамон гуна, ки худамон гумроҳ шудем, мо аз онон ба сўи Ту безорӣ меҷўем, онон дар ҳақиқат моро намепарастиданд, (балки ҳавои нафси худро парастиш мекарданд)».
64 Ва ба онҳо (пайравон) гуфта мешавад: «Маъбудҳоятонро, ки ҳамтои Худо мепиндоштед бихонед, (то шуморо ёрӣ кунанд!)». Маъбудҳояшонро мехонанд, вале ҷавобе ба онон намедиҳанд. Ва (дар ин ҳангом) азоби илоҳиро (бо чашми худ) мебинанд ва орзу мекунанд, ки эй кош ҳидоят ёфта буданд!
65 (Ба хотир оваред) рўзеро, ки Худованд ононро нидо медиҳад ва мегўяд: «Чӣ ҷавобе ба пайғамбарон (-и Ман) гуфтед?!».
66 Дар он рўз, ҳамаи ахбор бар онон пўшида мемонад, (ҳатто наметавонанд) аз якдигар саволе кунанд.
67 Аммо касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, умед аст аз растагорон бошад.
68 Парвардигори ту ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ва ҳар чӣ бихоҳад бармегузианд, онон (дар баробари Ў) ихтиёре надоранд, муназзаҳ аст Худованд ва бартар аст аз ҳамтоёне, ки барои Ў қоил мешаванд!
69 Ва Парвардигори ту медонад он чиро, ки синаҳояшон пинҳон медорад ва он чиро ошкор месозанд.
70 Ва Ў Худое аст, ки маъбуде ҷуз Ў нест, ситоиш барои Ўст дар ин ҷаҳон ва дар ҷаҳони дигар. Ҳокимият (низ) аз они Ўст ва ҳамаи шумо ба сўи Ў бозгардонида мешавед.
71 Бигў: «Ба ман хабар диҳед, агар Худованд шабро то қиёмат бар шумо ҷовидон созад, оё маъбуде ҷуз Худо метавонад равшаноӣ барои шумо оварад?! Оё намешунавед?!».
72 Бигў: «Ба ман хабар диҳед, агар Худованд рўзро то қиёмат бар шумо ҷовидон кунад, кадом маъбуд ғайр аз Худост, ки шабе барои шумо оварад, то дар он оромиш ёбед? Оё намебинед?!».
73 Аз раҳмати Ўст, ки барои шумо шабу рўз қарор дод, то ҳам дар он оромиш дошта бошед ва ҳам барои баҳрагирӣ аз фазли Худо талош кунед ва шояд шукри неъмати Ўро ба ҷо оваред.
74 (Ба хотир оваред) рўзеро, ки онҳоро нидо медиҳад ва мегўяд: «Куҷоянд ҳамтоёне, ки барои Ман мепиндоштед?!».
75 (Дар он рўз) аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем ва (ба мушрикон) мегўем: «Далели худро биёваред!». Аммо онҳо намедонанд, ки ҳақ аз они Худост ва тамоми он чиро тўҳмат мезаданд, аз (назари) онҳо гум хоҳад шуд.
76 Қорун аз қавми Мўсо буд, аммо бар онон ситам кард. Мо он қадар аз ганҷҳо ба ў дода будем, ки ҳамли калидҳои он барои як гурўҳи зўрманд мушкил буд! (Ба хотир оваред) ҳангомеро, ки қавмаш ба ў гуфтанд: «Ин ҳама шодии мағрурона макун, ки Худованд шодикунандагони мағрурро дўст намедорад.
77 Ва дар он чӣ Худо ба ту додааст, сарои охиратро биталаб ва баҳраатро аз дунё фаромўш макун ва ҳамон гуна, ки Худо ба ту некӣ кардааст, некӣ кун ва ҳаргиз дар замин дар ҷустуҷўи фасод мабош, ки Худо муфсидонро дўст надорад».
78 (Қорун) гуфт: «Ин сарватро ба василаи донише, ки назди ман аст, ба даст овардаам». Оё ў намедонист, ки Худованд ақвомеро пеш аз ў ҳалок кард, ки нерўмандтар ва сарватмандтар аз ў буданд?! (Ва ҳангоме, ки азоби илоҳӣ фаро расад), муҷримон аз гуноҳонашон савол намешаванд.
79 (Рўзе Қорун) бо тамоми зинати худ дар баробари қавмаш зоҳир шуд, онҳо, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош монанди он чӣ ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем! Ба ростӣ, ки ў баҳраи бузурге дорад!».
80 Аммо касоне, ки илму дониш ба онҳо дода шуда буд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Савоби илоҳӣ барои касоне, ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом медиҳанд, беҳтар аст, аммо ҷуз собирон онро дарёфт намекунанд».
81 Сипас мо, ў ва хонаашро дар замин фурў бурдем ва гурўҳе надошт, ки ўро дар баробари озоби илоҳӣ ёрӣ кунанд ва худ низ наметавонист худро ёрӣ диҳад.
82 Ва онҳо, ки дирўз орзу мекарданд ба ҷои ў бошанд, (ҳангоме, ки ин саҳнаро диданд), гуфтанд: «Вой бар мо! Гўё Худо рўзиро бар ҳар кас аз бандагонашо бихоҳад густариш медиҳад ё танг мегирад. Агар Худо бар мо миннат наниҳода буд, моро низ ба қаъри замин фурў мебурд. Эй вой! Гўё кофирон ҳаргиз растагор намешаванд.
83 (Оре), ин сарои охиратро (танҳо) барои касоне қарор медиҳем, ки иродаи бартариҷўӣ дар замин ва фасодро надоранд. Ва оқибати нек барои парҳезгорон аст.
84 Касе, ки кори неке анҷом диҳад, барои ў подоши беҳтаре аз он аст ва ба касоне, ки корҳои бад анҷом диҳанд, муҷозоти бадкорон ҷуз (ба миқдори) аъмолашон нахоҳад буд.
85 Он кас, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳат (зодгоҳат) бозмегардонад. Бигў: «Парвардигори ман аз ҳама беҳтар медонад, чӣ касе (барномаи) ҳидоят оварда ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».
86 Ва ту ҳаргиз умеде надоштӣ, ки ин китоби осмонӣ ба ту илқо гардад, вале раҳмати Парвардигорат чунин талаб кард. Акнун, ки чунин аст, ҳаргиз аз кофирон пуштибонӣ макун.
87 Ва ҳаргиз (онҳо) туро аз оятҳои Худованд, баъд аз он ки бар ту нозил гашт, бознадоранд. Ва ба сўи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон мабош.
88 Маъбуди дигареро бо Худо махон, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Ҳама чиз ҷуз зоти (поки) Ў фонӣ мешавад, ҳокимият танҳо аз они Ўст ва ҳама ба сўи Ў бозгардонида мешавед.