Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- То, ҳо.
- Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат биафтӣ;
- Магар панде барои касе, ки метарсад.
- Нозил шудааст аз ҷониби Зоте, ки замин ва осмонҳои баландро офаридааст.
- [Худои] Раҳмон бар Арш истиқрор ёфт.
- Барои Ӯст он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин ва он чи байни он ду ва он чи зери хок аст.
- Ва агар суханро ошкор кунӣ [ё пинҳон дорӣ] пас қатъан Ӯ пинҳон ва пинҳонтарро медонад.
- Худост, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест; номҳои некӯ аз они Ӯст.
- Ва оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?
- Онгоҳ ки оташеро дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «даранг кунед! Ба дурустӣ, ки ман оташе дидаам, шояд ман шӯълае аз он бароятон биёварам ё ба он оташ роҳнамоӣ биёбам».
- Пас замоне ки ба он наздик омад нидо дода шуд: «эй Мӯсо!
- Ҳамоно Ман Худ Парвардигори ту ҳастам; пас кафшҳоятро даровар, ба дурустӣ, ки ту дар сарзамини муқаддаси Туво ҳастӣ.
- Ва Ман туро баргузидам; пас ба он чи ваҳй мешавад гӯш бидеҳ;
- Дар ҳақиқат Ман Худ Худо ҳастам; маъбуде ҷуз Ман нест; пас Маро парастиш кун ва намозро барои ёди Ман ба по дор.
- Қатъан растохез хоҳад омад; мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар баробари он чи кӯшиш мекунад, ҷазо дода шавад.
- Пас ҳаргиз касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавои худ пайравӣ кардааст, набояд туро аз он боздорад; пас ҳалок мешавӣ.
- Ва эй Мӯсо! Он чист ба дасти рости ту?»
- Гуфт: «ин асои ман аст, ки бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам барг мерезонам ва барои ман дар он ниёзҳои дигаре [низ] ҳаст».
- Гуфт: «эй Мӯсо! Онро биафкан».
- Пас онро афканд ва ногаҳон он море шуд, ки мешитофт.
- Гуфт: «онро бигир ва матарс; ба зудӣ онро ба ҳолати нахустинаш бозмегардонем.
- Ва дастатро ба паҳлӯят бигузор, то нишонаи дигаре, сафеди беайб, берун ояд;
- То аз нишонаҳои бузурги Худ ба ту нишон диҳем.
- Ба сӯи Фиръавн бирав, ки қатъан ӯ туғён кардааст».
- Гуфт: «Парвардигоро! Синаамро бароям бикушо;
- Ва корамро бароям осон гардон;
- Ва гиреҳ аз забонам бикушо,
- То суханамро хуб бифаҳманд;
- Ва вазире аз хонадонам барои ман қарор деҳ;
- Ҳорун бародарамро;
- Пуштамро бо ӯ устувор кун;
- Ва ӯро дар корам шарик соз;
- То Туро бисёр тасбеҳ гӯем;
- Ва Туро бисёр ёд кунем;
- Ба дурустӣ, ки Ту ба [ҳоли] мо бино ҳастӣ».
- Гуфт: «эй Мӯсо! Ҳамоно хостаат ба ту дода шуд;
- Ва ба таҳқиқ бори дигар бар ту миннат ниҳодем;
- Ҳангоме ки ба модарат, он чи илҳомшуданӣ буд илҳом кардем,
- Ки ӯро дар сандуқ бигузор ва онро ба дарё биандоз; пас бояд дарё онро ба соҳил афканад, то душмани Ман ва душмани ӯ онро бигирад ва бар ту муҳаббате аз ҷониби Худ афкандам ва то зери назари Ман парвариш ёбӣ.
- Ҳангоме ки хоҳарат [дар пайи сандуқи ту] мерафт ва мегуфт: «оё шуморо ба касе роҳнамоӣ кунам, ки сарпарастиашро ба ӯҳда гирад?» Пас туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш равшан шавад ва андӯҳгин набошад. Ва шахсеро куштӣ, онгоҳ туро аз андӯҳ наҷот додем ва борҳо туро озмудем ва солҳо дар миёни мардуми Мадян мондӣ, сипас бар [асоси] тақдир омадӣ, эй Мӯсо!
- Ва туро барои Хеш парвариш додам.
- Ту ва бародарат бо нишонаҳои Ман биравед ва дар ёди Ман сустӣ накунед.
- Ба сӯи Фиръавн биравед, ҳамоно ӯ туғён кардааст.
- Ва бо ӯ сухани нарм гӯед бошад, ки ӯ панд пазирад ё битарсад.
- Гуфтанд: «Парвардигори мо! Ҳамоно мо метарсем, ки бар мо дастдарозӣ кунад ё туғён кунад».
- Гуфт: «натарсед! Ҳамоно Ман бо шумо ҳастам; мешунавам ва мебинам.
- Пас ба сӯи ӯ биравед ва бигӯед, ки ҳамоно мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем; пас Банӣ Исроилро ҳамроҳи мо бифирист ва онҳоро азоб макун; ба дурустӣ, ки аз ҷониби Парвардигорат, нишонае барои ту овардаем ва салом бар касе, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад;
- Ҳамоно мо ба сӯямон ваҳй шудааст, ки азоб бар касест, ки дурӯғ шуморад ва рӯй гардонад».
- [Фиръавн] гуфт: «пас Парвардигори шумо кист?»
- Гуфт: «Парвардигори мо Зотест, ки ба ҳар чизе офаринишашро додааст, сипас ҳидоят кардааст».
- Гуфт: «пас ҳоли наслҳои нахустин чӣ хоҳад шуд?».
- Гуфт: «илми он дар китобе назди Парвардигорам аст; Парвардигорам гум намекунад ва фаромӯш намекунад».
- Зоте, ки заминро барои шумо бистаре қарор дод ва дар он барои шумо роҳҳое падид овард ва аз осмон оберо фурӯ фиристод, пас бо он анвои гуногуни гиёҳонро берун овардем.
- Бихӯред ва чорпоёнатонро бичаронед; ба дурустӣ, ки дар он нишонаҳое барои соҳибони хирад аст.
- Аз он [замин] шуморо офаридем ва шуморо ба он бозмегардонем ва бори дигар шуморо аз он берун меоварем.
- Ва ба таҳқиқ ҳамаи нишонаҳои Худро ба ӯ намоёндем; пас такзиб кард ва сарпечӣ кард.
- Гуфт: «эй Мӯсо! Оё ба назди мо омадаӣ, то бо сеҳри худ моро аз сарзаминамон берун кунӣ?
- Пас қатъан сеҳре монанди он барои ту меоварем ва байни мо ва байни худат дар маконе ҳамвор ваъдагоҳе қарор бидеҳ, ки мо ва ту онро хилоф накунем».
- Гуфт: «ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат [ва ҷашн] аст ва ин ки ба вақти чошт мардум ҷамъ карда шаванд».
- Пас Фиръавн бозгашт ва нақшаашро ҷамъ кард; сипас омад.
- Мӯсо ба онҳо гуфт: «вой бар шумо! Бар Худо дурӯғ набандед, пас шуморо ба азобе нобуд кунад ва қатъан касе, ки дурӯғ бандад маҳрум шавад».
- Пас [соҳирон] байни худ дар корашон ихтилоф карданд ва розро пинҳон доштанд.
- Гуфтанд: «ба дурустӣ, ки ин ду соҳиранд, мехоҳанд бо сеҳрашон шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оини шоистаи шуморо аз байн бибаранд».
- Пас нақшаатонро ҷамъоварӣ кунед, онгоҳ сафкашида биёед ва ба таҳқиқ имрӯз ҳар кас ғолиб ояд, растагор шавад.
- [Соҳирон] гуфтанд: «эй Мӯсо! Ё ин ки ту [асоятро] меафканӣ ё ин ки мо нахустин касе бошем, ки биафканем?»
- [Мӯсо] гуфт: «балки биафканед» пас ногаҳон ресмонҳояшон ва асоҳояшон аз сеҳри онҳо дар назари ӯ (Мӯсо) [чунон] намудор шуд, ки онҳо мешитофтанд.
- Онгоҳ Мӯсо дар дили худ тарсе эҳсос кард.
- Гуфтем: «натарс, ҳатман ту худ бартарӣ;
- Ва он чиро дар дасти ростат аст биафкан, то чизеро, ки [соҳирон] сохтаанд бибалъад; ҳамоно он чиро сохтаанд найранги ҷодугар аст ва соҳир ҳар ҷо равад растагор нахоҳад шуд».
- Пас соҳирон саҷдакунон афтоданд [ва] гуфтанд: «ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем».
- [Фиръавн] гуфт: «пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Ба дурустӣ, ки ӯ бузурги шумост, ки ба шумо сеҳр омӯхтааст; пас ҳатман дастҳоятон ва поҳоятонро ба таври мухолиф мебурам ва қатъан шуморо дар танаҳои дарахти хурмо овезон мекунам ва ҳатман хоҳед донист, ки кадом як аз мо сахткайфартар ва пояндатар аст».
- Гуфтанд: «ҳаргиз туро бар он чи аз далелҳои равшан, ки барои мо омадааст ва [бар] Зоте, ки моро офаридааст, бар нагузинем; пас он чи ту ҳукм мекунӣ ҳукм кун; фақат дар ин зиндагии дунёст, ки ҳукм мекунӣ.
- Ба дурустӣ, ки мо ба Парвардигорамон имон овардем, то хатоҳои мо ва он чиро аз сеҳр, ки бар он моро водор кардӣ, бароямон биомурзад ва Худованд беҳтар ва пояндатар аст».
- Ҳамоно он касе, ки гуноҳкор [-и бе имон] ба назди Парвардигораш ояд, пас ба таҳқиқ барои ӯ ҷаҳаннам аст; дар он ҷо на мемирад ва на [дар хушӣ] зиндагӣ мекунад.
- Ва ҳар кас мӯъмин ба назди Ӯ ояд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас онҳо барояшон мартабаҳои баланд аст.
- Биҳиштҳои ҷовидон, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, дар ҳоле ки дар он ҷовидонанд ва ин подоши касест, ки пок шавад.
- Ва ба таҳқиқ ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагонамро [аз Миср] шабона бибар ва барояшон дар дарё роҳи хушк бизан, дар ҳоле ки аз расидани [душман] наметарсӣ ва [аз ғарқ шудан] намеҳаросӣ.
- Пас Фиръавн бо лашкариёнаш онҳоро дунбол кард ва аз дарё он чи онҳоро [бояд] фаро мегирифт ононро фаро гирифт.
- Ва Фиръавн қавмашро гумроҳ сохт ва ҳидоят накард.
- Эй Банӣ Исроил! Ба дурустӣ, ки шуморо аз душманонатон наҷот додем ва шуморо дар ҷониби рости [кӯҳи] Тур ваъда додем ва бар шумо манн (шираи асалгуна) ва салво (парандаи кабкмонанд) фурӯ фиристодем.
- Аз покизаҳои он чи ба шумо рӯзӣ додем, бихӯред ва дар он аз ҳад магузаред, ки онгоҳ хашми Ман бар шумо фуруд ояд ва ҳар кас, ки хашми Ман бар ӯ фуруд ояд, пас ҳатман ҳалок шудааст.
- Ва ҳамоно Ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, сипас ҳидоят ёбад.
- Ва эй Мӯсо! Чӣ чиз туро нисбат ба қавмат ба шитоб андохт?
- Гуфт: «онон ҳамонҳое ҳастанд, ки дар пайи ман ҳастанд ва Парвардигоро! Ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд шавӣ».
- Фармуд: «пас қатъан Мо қавматро баъд аз ту озмудем ва Сомирӣ онҳоро гумроҳ сохт».
- Пас Мӯсо ғазабнок [ва] андӯҳгин ба сӯи қавмаш бозгашт; гуфт: «эй қавм [-и ман]! Оё Парвардигоратон шуморо ба ваъдаи нек ваъда надода буд? Ва оё муддат [-и ҷудоии ман] бар шумо тӯлонӣ шуд ё ин ки хостед хашме аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, пас ваъдаи маро хилоф кардед?»
- Гуфтанд: «ба ихтиёри худ ваъдаи туро хилоф накардем валекин мо ба ҳамли борҳое аз зинати қавм [-и Фиръавн] водор шудем ва онро афкандем» ва Сомирӣ инчунин афканд.
- Пас барои онҳо муҷассамаи гӯсолае, ки садои гов дошт берун овард; онгоҳ гуфтанд: «ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст; пас фаромӯш кард».
- Пас оё намебинанд, ки посухе ба онон намедиҳад ва молики ҳеҷ зараре ва суде барояшон нест?
- Ва ба таҳқиқ пеш аз он Ҳорун ба онҳо гуфта буд: «эй қавм [-и ман]! Фақат ба сабаби он [гӯсола] имтиҳон шудаед ва ҳамоно Парвардигори шумо [Худои] Раҳмон аст; пас аз ман пайравӣ кунед ва фармони маро итоат кунед».
- Гуфтанд: «ҳамеша ба [парастиши] он хоҳем буд, то Мӯсо ба сӯи мо бозгардад».
- [Ҳангоме ки Мӯсо баргашт] гуфт: «эй Ҳорун! Ҳангоме ки онҳоро дидӣ гумроҳ шуданд, чӣ чизе туро боздошт,
- Ки [маро] пайравӣ накунӣ? Ва оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?»
- [Ҳорун] гуфт: «эй писари модарам! Риши ман ва [мӯи] сарамро магир; ҳамоно ман тарсидам, ки бигӯӣ байни Банӣ Исроил тафриқа андохтӣ ва сухани маро риоят накардӣ».
- [Мӯсо] гуфт: «эй Сомирӣ! Пас ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»
- Гуфт: «чизе дидам, ки онҳо ӯро надиданд; пас муште аз пайи [пои] фиристода [-и Худо] баргирифтам, онгоҳ онро афкандам ва инчунин нафси ман [ин корро] бароям ороиш дод».
- Гуфт: «пас бирав ва қатъан дар зиндагии дунё барои ту ин аст, ки бигӯӣ: [ба ман] даст назанед ва ҳатман туро ваъдагоҳест, ки ҳаргиз дар ҳаққи ту хилоф нашавад ва ба маъбудат бингар, ки ҳамеша ба [парастиши] он будӣ; қатъан онро месӯзонем, сипас онро комилан дар дарё пароканда месозем.
- Маъбуди шумо танҳо Худоест, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест; илми Ӯ бар ҳама чиз фарогир аст».
- Ин гуна аз хабарҳои он чи гузаштааст бар ту ҳикоят мекунем ва ба таҳқиқ аз ҷониби Худ пандеро ба ту додаем.
- Ҳар кас аз он рӯй гардонад, пас дар ҳақиқат ӯ дар рӯзи қиёмат бор [-и гуноҳ]-ро бар дӯш мекашад,
- Дар ҳоле ки дар он мондагоранд ва дар рӯзи қиёмат бад боре барояшон хоҳад буд.
- Рӯзе, ки дар «сур» дамида шавад ва гуноҳкоронро дар он рӯз кабуд [чашм] маҳшур мекунем.
- Дар байни худ оҳиста мегӯянд: «шумо ҷуз даҳ [шабона рӯз] намондаед».
- Мо ба он чи мегӯянд донотарем; ҳангоме ки некравиштарини онҳо мегӯяд: «фақат як рӯз мондаед».
- Ва аз ту дар бораи кӯҳҳо мепурсанд бигӯ: «Парвардигорам онҳоро комилан пароканда месозад;
- Ва онҳоро дар ҳоле ки соф [ва] бегиёҳ аст, раҳо месозад,
- Ки дар он ҳеҷ каҷӣ ва баландӣ намебинӣ».
- Дар он рӯз аз даъваткунанда [-и ҳақ] пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки дар он ҳеҷ каҷӣ набошад ва ҳама садоҳо дар баробари [Худои] Раҳмон хошеъ мегардад; пас ҷуз овози оҳиста намешунавӣ.
- Дар он рӯз шафоат суде намебахшад, магар касеро, ки [Худои] Раҳмон барояш иҷозат диҳад ва ба сухани ӯ розӣ бошад.
- Он чиро пеши рӯ доранд ва он чиро пушти сар гузоштаанд медонад, дар ҳоле ки ба Ӯ иҳотаи илмӣ надоранд.
- Ва чеҳраҳо барои [Худои] зиндаи поянда фурӯтан шаванд ва ба таҳқиқ ҳар кас бори ситаме бардошта бошад маҳрум шавад;
- Ва ҳар кас [коре] аз корҳои шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле ки ӯ мӯъмин бошад, пас аз ҳеҷ ситам ва нақсе натарсад.
- Ва ин гуна онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он аз ҳушдор [-ҳои] гуногун баён кардем; бошад, ки онон тақво пеша кунанд ё панде барои онҳо падид оварад.
- Пас баландмартаба аст Худое, ки фармонравои бар ҳақ аст ва ба [хондани] Қуръон пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад, шитоб макун ва бигӯ: «Парвардигоро! Илми маро биафзой».
- Ва ба таҳқиқ пеш аз ин ба Одам аҳд кардем; пас фаромӯш кард ва дар ӯ азми [устуворе] наёфтем.
- Ва ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «барои Одам саҷда кунед», пас [ҳама] саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонид.
- Пас гуфтем: «эй Одам! Ҳамоно ин [Иблис] барои ту ва ҳамсарат душман аст; пас набояд шуморо аз биҳишт берун кунад, ки онгоҳ ба ранҷ афтӣ.
- Ҳамоно дар он ҷо барои ту [муқаррар] аст, ки гурусна нашавӣ ва бараҳна намонӣ;
- Ва ҳамоно ту дар он ҷо ташна нашавӣ ва офтобзада нашавӣ».
- Пас шайтон ӯро васваса кард; гуфт: «эй Одам! Оё туро ба дарахти ҷовидон ва фармонравоие, ки поён наёбад, роҳнамоӣ кунам?»
- Онгоҳ аз он [дарахт] хӯрданд ва шармгоҳашон барояшон намоён шуд ва шурӯъ ба часпондани барги [дарахти] биҳишт, бар худ карданд ва Одам Парвардигорашро нофармонӣ кард; пас бероҳа рафт.
- Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидоят кард.
- Фармуд: «шумо ҳарду! Аз он ҷо ҳамагӣ фуруд оед, дар ҳоле ки баъзе аз шумо душмани баъзе [дигар] ҳастед ва агар ҳидояте аз тарафи Ман барои шумо биёяд ва ҳар кас аз ҳидояти Ман пайравӣ кунад, пас на гумроҳ мешавад ва на маҳрум мегардад.
- Ва ҳар кас аз ёди Ман рӯй гардонад, пас ҳатман зиндагии танг барои Ӯ хоҳад буд ва рӯзи қиёмат ӯро нобино барангезем»;
- Гӯяд: «Парвардигоро! Чаро маро нобино барангехтӣ дар ҳоле ки бегумон [дар дунё] бино будам?»
- [Худо] гӯяд: «ин гуна оятҳои Мо ба ту омад; пас онҳоро фаромӯш кардӣ ва ин гуна имрӯз фаромӯш мешавӣ».
- Ва ҳамчунин касеро, ки зиёдаравӣ кунад ва ба оятҳои Парвардигораш имон наёварад сазо медиҳем ва ҳатман азоби охират сахттар ва пояндатар аст.
- Пас оё сабаби ҳидоят барои онҳо намешавад, ки гурӯҳҳои бисёреро пеш аз онҳо ҳалок кардем, дар ҳоле ки дар хонаҳояшон роҳ мераванд? Ҳамоно дар ин нишонаҳое барои соҳибони хирад аст.
- Ва агар ваъдае аз ҷониби Парвардигорат аз пеш нагузашта буд ва аҷали муайяне [набуд] қатъан [азоб] лозим мешуд.
- Пас бар он чи мегӯянд сабр кун ва пеш аз тулӯи хуршед ва қабл аз ғуруби он, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва дар вақтҳое аз шаб ва атрофи рӯз, пас тасбеҳ бигӯ; бошад, ки хушнуд шавӣ.
- Ва ҳаргиз ба он чи гурӯҳҳое аз онҳоро ба он баҳраманд кардем, ки зинати зиндагии дунёст, то онҳоро дар он имтиҳон кунем, чашмонатро хира макун ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пояндатар аст.
- Ва хонаводаатро ба намоз амр кун ва бар он пойдорӣ кун; аз ту рӯзӣ намехоҳем, Мо ба ту рӯзӣ медиҳем ва оқибат [-и нек] барои [аҳли] тақвост.
- Ва гуфтанд: «чаро нишонае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далели равшане, ки дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?
- Ва агар Мо онҳоро пеш аз ӯ ба азобе нобуд мекардем, қатъан мегуфтанд: «Парвардигори мо! Чаро барои мо паёмбаре нафиристодӣ, то пеш аз он ки хор шавем ва расво гардем, оятҳои туро пайравӣ кунем?»
- Бигӯ: «ҳама мунтазиранд; пас мунтазир бошед ва ба зудӣ хоҳед донист чӣ касоне соҳибони роҳи дурустанд ва чӣ касе ҳидоят шудааст».