Тарҷумаи СУРАИ РАЪД

СУРАИ РАЪД

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 43 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, мим, ро. Ин оятҳои Китоб [-и илоҳӣ] аст ва он чи аз ҷониби Парвардигорат ба ту нозил шуд, ҳақ аст валекин бештари мардум имон намеоранд.
  2. Худо Зотест, ки осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онҳоро бибинед, бардошт; онгоҳ бар Арш истиқрор ёфт ва хуршед ва моҳро ром кард; ҳар як то замони муайяне равон аст; кор [-и олам]-ро тадбир мекунад; оятҳоро баён мекунад шояд, ки шумо ба мулоқоти Парвардигоратон яқин кунед.
  3. Ва Ӯ Зотест, ки заминро густаронид ва дар он кӯҳҳои устувор ва наҳрҳо қарор дод ва дар он аз ҳар навъ мева дутоӣ офарид; шабро ба рӯз мепӯшонад; қатъан дар ин [амр] нишонаҳоест барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд.
  4. Ва дар замин пораҳое канори ҳам қарор дод ва боғҳое аз дарахтони ангур ва киштзор ва дарахтони хурмо аз як реша ва ғайри як реша, ки бо як об обёрӣ мешаванд ва баъзе аз онро ба баъзе [дигар] дар меваҳо бартарӣ медиҳем; бешак, дар ин [амр] нишонаҳоест, барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд.
  5. Ва агар тааҷҷуб кунӣ, пас аҷиб сухани онҳост, ки: «оё, ҳангоме ки хок шавем, оё ба ростӣ, мо дар офаринише навин дар меойем?» Онҳо касоне ҳастанд, ки ба Парвардигорашон куфр варзиданд ва онон занҷирҳо дар гарданҳояшон аст ва онҳо аҳли дӯзаханд, дар ҳоле ки онҳо дар он мондагоранд.
  6. Ва пеш аз некӣ аз ту мехоҳанд, ки дар бадӣ шитоб кунӣ; дар ҳоле ки пеш аз онҳо, балоҳои сахте гузаштааст ва қатъан Парвардигорат нисбат ба мардум -бо вуҷуди ситамгар буданашон- дорои омурзиш аст ва ҳатман Парвардигорат сахтуқубат аст.
  7. Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «чаро нишонае аз ҷониби Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?» [Эй Паёмбар!] Ту фақат ҳушдордиҳандаӣ ва барои ҳар қавме роҳнамоест.
  8. Худо медонад он чиро, ки ҳар модае [дар шикам] ҳамл мекунад ва он чиро, ки раҳмҳо мекоҳанд ва он чиро, ки меафзоянд ва ҳар чизе назди Ӯ ба андозааст.
  9. Ба пинҳон ва ошкор доност; бузурги баландмартаба аст.
  10. [Барои Ӯ] яксон аст, ки касе аз шумо сухан [-и худ]-ро пинҳон дорад ва касе, ки онро ошкор созад ва касе, ки ӯ дар шаб махфӣ бошад ва касе, ки дар рӯз ошкоро ҳаракат кунад.
  11. Барои ӯ нозироне аз пеши рӯяш ва аз пушти сараш аз пайи якдигаранд, ки ӯро аз амр [ва ҳаводис]-и Худо ҳифз мекунанд. Ба дурустӣ, ки Худо он [сарнавиште]-ро, ки дар қавме ҳаст, тағйир намедиҳад, то ин ки он чиро дар худашон аст, тағйир диҳанд. Ва ҳангоме ки Худо ба қавме бадӣ бихоҳад, пас ҳеҷ бозгаште барояш нест ва барои онҳо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ ёваре нахоҳад буд.
  12. Ӯ Зотест, ки барои тарс ва умед барқро ба шумо нишон медиҳад ва абрҳои сангинро ба вуҷуд меоварад.
  13. Ва раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз тарси Ӯ тасбеҳ мегӯянд ва озарахшҳоро мефиристад, пас онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мерасонад, дар ҳоле ки онҳо (кофирон) дар бораи Худо ҷидол мекунанд ва Ӯ сахткайфар аст.
  14. Даъвати ҳақ фақат аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷои Ӯ мехонанд, чизе аз [даъвати] онҳоро иҷобат намекунанд, магар монанди касе, ки ду кафи худро ба сӯи об мекушояд, то ба даҳонаш бирасад, дар ҳоле ки он [об] ба [даҳони] ӯ нахоҳад расид ва дуои кофирон ҷуз дар гумроҳӣ нест.
  15. Ва ҳар кас дар осмонҳо ва замин аст ва сояҳояшон -хоҳ ва нохоҳ- бомдодон ва шомгоҳон барои Худо саҷда мекунанд.
  16. Бигӯ: «Парвардигори осмонҳо ва замин чӣ касест?» Бигӯ: «Худо». Бигӯ: «пас оё ба ҷои Ӯ сарпарастоне гирифтаед, ки барои худашон молики суд ва зараре нестанд?» Бигӯ: «оё нобино ва бино баробар аст? Ё оё торикиҳо ва нур баробар аст? Ё шариконе барои Худо қарор доданд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва офариниш бар онҳо муштабаҳ шудааст?» Бигӯ: «Худо офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ яктои ғолиб аст».
  17. Аз осмон обе фурӯ фиристод; сипас дарраҳое аз сел ба андозаи онҳо равон шуд; пас сел кафи боло омадаеро [бо худ] ҳамл кард ва аз он чи барои ба даст овардани зинат ё колое, оташ бар он мегудозанд, кафе монанди он [кафи сел] аст. Ин гуна Худо ҳақ ва ботилро [масал] мезанад ва аммо каф, пас канор меравад ва аммо он чи ба мардум суд мебахшад, пас дар замин мемонад; ин гуна Худо масалҳо мезанад.
  18. Барои касоне, ки [даъвати] Парвардигорашонро иҷобат карданд, некӣ аст ва касоне, ки [даъвати] Ӯро напазируфтанд, агар тамоми он чи дар замин аст ва монанди онро ҳамроҳаш дошта бошанд, қатъан онро [барои наҷоти худ] фидя медиҳанд; онҳо барояшон ҳисоби бадест ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест.
  19. Ва оё касе, ки медонад он чи аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту нозил шуд, ҳақ аст, ба монанди касест, ки ӯ нобиност? Фақат хирадмандон панд мепазиранд;
  20. Касоне, ки ба паймони Худо вафо мекунанд ва аҳд намешикананд;
  21. Ва касоне, ки он чиро Худо ба пайвандаш амр кардааст, мепайванданд ва аз Парвардигорашон меҳаросанд ва аз бадии ҳисоб метарсанд;
  22. Ва касоне, ки барои талаби хушнудии Парвардигорашон сабр карданд ва намозро барпо доштанд ва аз он чи рӯзиашон кардаем пинҳон ва ошкоро инфоқ карданд ва бадиро бо некӣ дафъ мекунанд, онҳо барояшон саранҷоми саро [-и охират] аст;
  23. Биҳиштҳои ҷовидоне, ки вориди он мешаванд ва [низ] ҳар кас аз падаронашон ва ҳамсаронашон ва фарзандонашон, ки шоиста бошад ва фариштагон, аз ҳар дар бар онон ворид мешаванд;
  24. [Гӯянд:] салом бар шумо ба хотири сабратон; пас чӣ некӯст саранҷоми саро [-и охират].
  25. Ва касоне, ки паймони Худоро баъд аз устувор доштанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвандаш амр кардааст, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, онҳо барояшон лаънат аст ва барояшон бадии саро [-и охират] аст.
  26. Худо рӯзиро барои ҳар кас, ки бихоҳад густарда месозад ва танг мегардонад ва ба зиндагии дунё шодмон шуданд, дар ҳоле ки зиндагии дунё нисбат ба охират ҷуз баҳрае нест.
  27. Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «чаро бар ӯ нишонае аз ҷониби Парвардигораш нозил нашудааст?» Бигӯ: «дар ҳақиқат Худо ҳар касро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бозгардад, ба сӯи Худ ҳидоят мекунад».
  28. [Ҳамон] касоне, ки имон оварданд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад; огоҳ бошед! Фақат бо ёди Худо дилҳо ором мегирад.
  29. Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, покизатарин [зиндагӣ] ва саранҷоми некӯ барояшон аст.
  30. Ин гуна туро дар миёни уммате фиристодем, ки пеш аз он умматҳое гузаштанд, то он чиро ба ту ваҳй кардем, бар онҳо бихонӣ, дар ҳоле ки онҳо ба [Худои] Раҳмон куфр меварзанд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест; фақат ба Ӯ таваккал кардаам ва бозгашт ба сӯи Ӯст».
  31. Ва агар Қуръоне буд, ки ба он кӯҳҳо равон шавад ё замин ба он пора-пора гардад ё ба он бо мурдагон сухан гуфта шавад [имон намеоварданд] балки ҳама кор аз они Худост. Ва оё касоне, ки имон овардаанд ноумед нашудаанд [ва намедонанд] ки агар Худо мехост, ҳатман ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва ҳамеша касоне, ки куфр варзидаанд, ба сазои он чи анҷом медоданд [балоҳои] кӯбанда ба онҳо мерасад ё наздики хонаҳояшон фуруд меояд, то ваъдаи Худо фаро расад; ҳамоно Худо ваъдаро хилоф намекунад.
  32. Ва дар ҳақиқат пеш аз ту паёмбароне масхара шуданд ва ба касоне, ки куфр варзиданд мӯҳлат додам, онгоҳ онҳоро гирифтор кардам; пас кайфар [-и Ман] чигуна буд?
  33. Ва оё Зоте, ки Ӯ бар ҳар шахсе ба он чи кардааст иҳота дорад [ҳамонанди бутҳост]? Ва барои Худо шариконе қарор доданд; бигӯ: «онҳоро ном бибаред! Оё чизеро ба Ӯ хабар медиҳед, ки [вуҷуди онро] дар замин намедонад ё ин ки сухани сатҳӣ [мегӯед]? Балки барои касоне, ки куфр варзиданд, макрашон зинат дода шудааст ва аз роҳи [Худо] боз дошта шудаанд ва ҳар касро Худо гумроҳ кунад, пас ҳеҷ роҳнамое барояш нахоҳад буд.
  34. Барояшон дар зиндагии дунё азобест ва қатъан азоби охират сахттар аст ва барои онҳо аз [азоби] Худо ҳеҷ нигоҳдорандае нест.
  35. Масали биҳишт, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст [ин аст, ки] аз зери он наҳрҳо ҷорист; меваҳои он ва сояаш доимӣ аст; ин саранҷоми касонест, ки парҳезгорӣ карданд ва саранҷоми кофирон оташ аст.
  36. Ва касоне, ки ба онон китоб додем, ба хотири он чи ба ту нозил шуд, шод мешаванд ва аз ҳизбҳо касоне ҳастанд, ки баъзе аз онро инкор мекунанд; бигӯ: «фармон ёфтаам, ки фақат Худоро бипарастам ва ба Ӯ ширк наварзам; ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашт ба сӯи Ӯст».
  37. Ва ин гуна он [Қуръон]-ро ҳукми арабӣ [ва равшан] нозил кардем ва агар, пас аз илме ки ба ту расидааст аз хостаҳои онон пайравӣ кунӣ, туро аз [азоби] Худо ҳеҷ ёвар ва нигоҳдорандае нахоҳад буд.
  38. Ва ба яқин, пеш аз ту паёмбароне фиристодем ва барои онҳо ҳамсарон ва фарзандоне қарор додем ва барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки ҷуз ба хости Худо мӯъҷизае биёварад; барои ҳар замоне [ҳукме] навишта шудааст.
  39. Худо ҳар чиро бихоҳад нобуд мекунад ва [ё] устувор медорад ва «Умм-ул-Китоб (Лавҳи маҳфуз) назди Ӯст.
  40. Ва агар баъзе аз он чиро, ки ба онҳо ваъда медиҳем ба ту нишон диҳем ё [пеш аз кайфарашон] туро бимиронем, пас бар ӯҳдаи ту фақат расонидани [паём] аст ва ҳисоб бар ӯҳдаи Мост.
  41. Ва оё нанигаристаанд, ки мо ба суроғи замин меойем, дар ҳоле ки онро аз атрофаш кам мекунем? Ва Худо ҳукм мекунад, ки ҳеҷ боздорандае барои ҳукми Ӯ нест ва Ӯ зудҳисобрас аст.
  42. Ва дар ҳақиқат касоне, ки пеш аз онҳо буданд, макр карданд ва ҳамаи нақшаҳо аз они Худост; он чи ҳар шахсе анҷом медиҳад, медонад ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки саранҷоми саро [-и охират] аз они кист.
  43. Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «ту паёмбар нестӣ». Бигӯ: «гувоҳии Худо ва касе, ки илми китоб назди ӯст, байни ман ва байни шумо кофист».

Охирин матолиб

quron

ШУНИДАНИ ҚУРЪОНИ МАҶИД

Ибни Масъуд яке аз нависандагони ваҳй буд, яъне аз  касоне буд, ки ҳарчи аз Қуръони маҷид ба Паёмбар ваҳй мешуд, ба тартиб менавишт ва захира...

Тарҷумаи СУРАИ РАЪД

СУРАИ РАЪД Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 43 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, ро. Ин оятҳои Китоб [-и...

Фазилати Салавот

Фазилати Салавот قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) مَنْ صَلَّى عَلَيَّ ألفَ مَرَّةٍ لم يَمُتْ حَتَّى يُبَشَّرُ لَهُ بِالجَنَّةِ  Ҳар кас...

Хонаи Вайрона

Хонаи Вайрона قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) إِنَّ الرَّجُلَ لَيْسَ فِي جَوْفِهِ شَيْءٌ مِنَ الْقُرْآنِ كَالْبَيْتِ الْخَرَابِ کسی که در...