Тарҷумаи Сураи Нур

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 64 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               (Ин) сурае аст, ки онро фурў фиристодем ва (амал ба онро) воҷиб намудем ва дар он оятҳои равшане нозил кардем, шояд шумо мутазаккир шавед.

2               Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва набояд раъфат (ва муҳаббати дурўғ) нисбат ба он ду шуморо аз иҷрои ҳукми илоҳӣ монеъ шавад, агар ба Худо ва рўзи ҷазо имон доред. Ва бояд гурўҳе аз мўъминон муҷозоташонро мушоҳида кунанд.

3               Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик ба издивоҷи худ дарнамеоварад ва ин кор бар мўъминон ҳаром шудааст.

4               Ва касоне, ки занони покдоманро муттаҳам мекунанд, сипас чаҳор шоҳид (бар муддаои худ) намеоваранд, онҳоро ҳаштод тозиёна бизанед ва шаҳодаташонро ҳаргиз напазиред. Ва онҳо ҳамон фосиқонанд.

5               Магар касоне, ки баъд аз он тавба кунанд ва ҷуброн намоянд, (ки Худованд онҳоро мебахшад), зеро Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

6               Ва касоне, ки ҳамсарони худро (ба амали зидди иффат) муттаҳам мекунанд ва гувоҳоне ҷуз худашон надоранд, ҳар як аз онҳо бояд чаҳор мартаба ба номи Худо шаҳодат диҳад, ки аз ростгўёнаст.

7               Ва дар панҷумин бор бигўяд, ки лаънати Худо бар ў бод агар аз дурўғгўён бошад.

8               Он зан низ метавонад кайфар (-и зино)-ро аз худ дур кунад ба ин тариқ, ки чаҳор бор Худоро ба шаҳодат талабад, ки он мард (дар ин нисбате, ки ба ў медиҳад), аз дурўғгўён аст.

9               Ва бори панҷум бигўяд, ки ғазаби Худо бар ў бод, агар он мард аз ростгўён бошад.

10           Ва агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли шумо набуд ва ин ки Ў Тавбапазир ва Ҳаким аст (бисёре аз шумо гирифтори муҷозоти сахти илоҳӣ мешудед!).

11           Ҳатман касоне, ки он тўҳмати азимро унвон карданд, гурўҳе (муташаккил ва тавтиагар) аз шумо буданд, аммо гумон накунед ин ҳодиса барои шумо бад аст, балки хайри шумо дар он аст, онҳо ҳар кадом саҳми худро аз ин гуноҳе, ки муртакиб шуданд, доранд ва аз онон касе, ки бахши муҳимми онро бар ўҳда дошт, азоби азиме барои ўст!

12           Чаро ҳангоме, ки ин (тўҳмат)-ро шунидед, мардону занони бо имон нисбат ба худ (ва касе, ки ҳамчун худи онҳо буд), гумони хайр набурданд ва нагуфтанд ин дурўғи бузург ва ошкор аст?!

13           Чаро чаҳор шоҳид барои он наоварданд?! Акнун, ки ин гувоҳонро наоварданд, онон дар пешгоҳи Худо дурўғгўёнанд.

14           Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ дар дунёву охират шомили шумо намешуд, ба хотири ин гуноҳе, ки кардед, азоби сахте ба шумо мерасид!

15           Ба хотир биёваред замонеро, ки ин шойиаро аз забони якдигар мегирифтед ва бо даҳони худ сухан мегуфтед, ки ба он яқин надоштед ва онро кўчак мепиндоштед, дар ҳоле, ки назди Худо бузург аст!

16           Чаро ҳангоме, ки онро шунидед нагуфтед: «Мо ҳақ надорем, ки ба ин сухан такаллум кунем, Худовандо муназзаҳӣ ту, ин бўҳтони бузурге аст?!».

17           Худованд шуморо андарз медиҳад, ки ҳаргиз чунин кореро такрор накунед, агар имон доред.

18           Ва Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад ва Худо Доно ва Ҳаким аст.

19           Касоне, ки дўст доранд пилидиҳо дар миёни мардуми бо имон ривоҷ ёбад, азоби дардноке барои онон дар дунё ва охират аст ва Худованд медонад ва шумо намедонед.

20           Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ шомили ҳоли шумо набуд ва ин ки Худо Меҳрубон ва Раҳим аст (муҷозоти сахт доманатонро мегирифт!).

21           Эй касоне, ки имон овардаед! Аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Ҳар кас пайрави гомҳои шайтон шавад, (гумроҳаш месозад, зеро) ў ба фаҳшову мункар фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмати илоҳӣ бар шумо набуд, ҳаргиз аҳаде аз шумо пок намешуд, вале Худованд ҳар киро бихоҳад тазкия мекунад ва Худо Шунаво ва Доност.

22           Онҳо, ки аз миёни шумо бартарӣ (-и молӣ) ва зиндагии васеъ доранд, набояд савганд ёд кунанд, ки аз бахшиш нисбат ба наздикон ва мустамандон ва муҳоҷирони дар роҳи Худо дареғ намоянд. Онҳо бояд афв кунанд ва чашм бипўшанд, оё дўст намедоред Худованд шуморо бубахшад?! Ва ХудовандОмурзанда ва Меҳрубон аст.

23           Касоне, ки занони покдоман ва бехабар (аз ҳар гуна олудагӣ) ва мўъминро муттаҳам месозанд, дар дунё ва охират аз раҳмати илоҳӣ ба дуранд ва азоби бузурге барои онҳост.

24           Дар он рўз забонҳо ва дастҳо ва поҳояшон бар зидди онҳо ба аъмоле, ки муртакиб мешуданд, гувоҳӣ медиҳад.

25           Он рўз, Худованд ҷазои ҳақиқии ононро бе каму кост медиҳад ва медонад, ки Худованд ҳаққи ошкор аст.

26           Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардони нопок низ ба занони нопок тааллуқ доранд. Ва занони пок аз они мардони пок ва мардони пок аз они занони поканд! Инон аз нисбатҳои норавое, ки (нопокон) ба онон медиҳанд, мубарро ҳастанд ва барои онон омурзиш (-илоҳӣ) ва рўзии пурарзише аст.

27           Эй касоне, ки имон овардаед! Дар хонаҳое ғайр аз хонаи худ дохил нашавед, то иҷозат бигиред ва бар аҳли он хона салом кунед, ин барои шумо беҳтар аст, шояд мутазаккир шавед.

28           Ва агар касеро дар он наёфтед, дохил нашавед, то ба шумо иҷозат дода шавад. Ва агар гуфта шуд: «Боз гардед!», боз гардед, ин барои шумо покизатар аст ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед Огоҳ аст.

29           (Вале) гуноҳе бар шумо нест, ки дохили хонаҳои ғайри маскунӣ шавед, ки дар он матое мутааллиқ ба шумо вуҷуд дорад ва Худо он чиро ошкор мекунед ва он чиро пинҳон медоред, медонад.

30           Ба мўъминон бигў: Чашмҳои худро (аз нигоҳ ба намаҳрамон) фурў гиранд ва иффати худро ҳифз кунанд, ин барои онон покизатар аст. Худовандаз он чӣ анҷом медиҳед Огоҳ аст.

31           Ва ба занони бо имон бигў: Чашмҳои худро (аз нигоҳи ҳавасолуд) фурў гиранд ва домани худро ҳифз кунанд ва зинати худро – ҷуз он миқдор, ки намоён аст – ошкор нанамоянд ва (атрофи) рўсариҳои худро бар синаи худ афкананд, (то гардану сина бо он пўшонида шавад) ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳаронашон ё падаронашон ё падари шавҳаронашон ё писаронашон ё писарони ҳамсаронашон ё бародаронашон ё писарони бародаронашон ё писарони хоҳаронашон ё занони ҳамдинашон ё бардагонашон (канизонашон) ё ашхоси сафеҳ, ки тамоюле ба зан надоранд ё кўдаконе, ки аз корҳои ҷинсии марбут ба занон огоҳ нестанд. Ва ҳангоми роҳ рафтан поҳои худро ба замин назананд, то зинати пинҳонияшон дониста шавад (ва садои халхол, ки бар по доранд, ба гўш расад). Ва ҳамагӣ ба сўи Худо бозгардед эй мўъминон, то растагор шавед.

32           Мардону занони беҳамсари худро ҳамсар диҳед, ҳамчунин ғуломону канизони солеҳ ва дурусткорро. Агар фақиру тангдаст бошанд, Худованд аз фазли худ ононро бениёз месозад. Худованд Кушоишдиҳанда ва Огоҳ аст.

33           Ва касоне, ки имконе барои издивоҷ намеёбанд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Худованд аз фазли худ ононро бениёз гардонад. Ва он бардагонатон, ки хостори мукотиба (қарордоди махсус барои озод шудан), ҳастанд, бо онон қарордод бибандед, агар рушду салоҳ дар он эҳсос мекунед, (ки баъд аз озодӣ тавоноии зиндагии мустақилро доранд). Ва чизе аз моли Худоро, ки ба шумо додааст, ба онон бидиҳед. Ва канизони худро барои дастёбӣ ба матои нопойдори зиндагии дунё, маҷбур ба худфурўшӣ накунед, агар худашон мехоҳанд пок бимонанд. Ва ҳар кас онҳоро (бар ин кор) маҷбур кунад, (сипас пушаймон гардад), Худованд баъд аз ин маҷбур кардани онҳо Ғафур ва Раҳим аст. (Тавба кунед ва бозгардед, то Худо шуморо бубахшад).

34           Мо бар шумо оятҳое фиристодем, ки ҳақоиқи бисёреро баён мекунад ва ахборе аз касоне, ки пеш аз шумо буданд ва мавъиза ва андарз барои парҳезгорон.

35           Худованд нури осмонҳо ва замин аст, масали нури Худованд, монанди чароғдоне аст, ки дар он чароғи (пурфурўғе) бошад, он чароғ дар ҳубобе қарор гирад, ҳубоби шаффоф ва дурахшандае ҳамчун як ситораи фурўзон, ин чароғ бо равғане афрўхта мешавад, ки аз дарахти пурбаракати зайтуне гирифта шуда, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ. (Равғанаш он чунон софу холис аст, ки) наздик аст, бе тамос бо оташ, шўълавар шавад. Нуре аст бар фарози нуре. Ва Худо ҳар касро бихоҳад ба нури худ ҳидоят мекунад ва Худо барои мардум масалҳо мезанад ва Худованд ба ҳар чизе Доност.

36           (Ин чарғи пурфурўғ) дар хонаҳое қарор дорад, ки Худованд изн фармудааст деворҳои онро боло баранд, (то аз дастбурди шаётин ва ҳавасбозон дар амон бошад). Хонаҳое, ки номи Худо дар онҳо бурда мешавад ва субҳу шом дар онҳо тасбеҳи Ў мегўянд…

37           Мардоне, ки на тиҷорат ва на муомилае ононро аз ёди Худо ва барпо доштани намоз ва адои закот ғофил намекунад, онҳо аз рўзе метарсанд, ки дар он дилҳо ва чашмҳо зеру рў мешавад.

38           (Онҳо ба суроғи ин корҳо мераванд), то Худованд ононро ба беҳтарин аъмоле, ки анҷом додаанд, подош диҳад ва аз фазли худ бар подошашон бияфзояд. Ва Худованд ба ҳар кас бихоҳад беҳисоб рўзӣ медиҳад (ва аз неъматҳои бениҳояти худ баҳраманд месозад).

39           Касоне, ки кофир шуданд, аъмолашон ҳамчун саробе аст дар як кавир, ки инсони ташна аз дур онро об мепиндорад, аммо ҳангоме, ки ба суроғи он меояд, чизе намеёбад ва Худоро назди он меёбад, ки ҳисоби ўро ба таври комил медиҳад. Ва Худованд сареул-ҳисоб аст.

40           Ё ҳамчун зулумоте дар як дарёи амиқ ва паҳновар, ки мавҷ онро пўшонида ва бар фарози он мавҷи дигаре аст ва бар фарози он абри торике аст, зулматҳое аст яке бар фарози дигарӣ, он гуна, ки ҳар гоҳ дасти худро берун кунад, мумкин нест онро бубинад! Ва касе, ки Худо нуре барои ў қарор надодааст, нуре барои ў нест.

41           Оё надидӣ тамоми онон, ки дар осмонҳо ва заминанд, барои Худо тасбеҳ мекунанд ва ҳамчунин паррандагон дар ҳангоме, ки бар фарози осмон бол густардаанд?! Ҳар як аз онҳо намоз ва тасбеҳи худро медонад ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд доност.

42           Ва аз барои Худост ҳукумат ва моликияти осмонҳо ва замин. Ва бозгашт (-и тамомии мавҷудот) ба сўи Ўст.

43           Оё надидӣ, ки Худованд абрҳоеро ба оромӣ меронад, сипас миёни онҳо пайванд медиҳад ва баъд онро мутароким месозад?! Дар ин ҳол донаҳои боронро мебинӣ, ки аз лобалои он хориҷ мешавад. Ва аз осмон – аз кўҳҳое, ки дар он аст, (абрҳое, ки ҳамчун кўҳҳо анбошта шудаанд) – донаҳои ҷола нозил мекунад ва ҳар касро бихоҳад ба василаи он зиён мерасонад ва аз ҳар кас бихоҳад, ин зиёнро бартараф мекунад. Наздик аст дурахшандагии барқи он (абрҳо) чашмҳоро бибарад!

44           Худованд шабу рўзро дигаргун месозад. Дар ин ибрате аст барои соҳибони басират.

45           Ва Худованд ҳар ҷунбандаеро аз обе офарид, гурўҳе аз онҳо бар шиками худ роҳ мераванд ва гурўҳе бар ду пои худ ва гурўҳе бар чаҳор по роҳ мераванд. Худовандҳар чиро бихоҳад меофарад, зеро Худо бар ҳама чиз Тавоност.

46           Мо оятҳои равшангаре нозил кардем. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, ба сироти мустақим ҳидоят мекунад.

47           Онҳо мегўянд: «Ба Худо ва Пайғамбар имон дорем ва итоат мекунем». Вале баъд аз ин иддио, гурўҳе аз онон рўйгардон мешаванд, онҳо (дар ҳақиқат) мўъмин нестанд.

48           Ва ҳангоме, ки аз онон даъват шавад, ки ба сўи Худо ва Пайғамбараш биёянд, то дар миёнашон доварӣ кунад, ногаҳон гурўҳе аз онон рўйгардон мешаванд.

49           Вале агар ҳақ дошта бошанд (ва доварӣ ба нафъи онон шавад), бо шитоб ва таслим ба сўи Ў меоянд.

50           Оё дар дилҳои онон беморӣ аст, ё шакку тардид доранд, ё метарсанд Худо ва Расулаш бар онон ситам кунанд?! На, балкионҳохудашонситамгаранд.

51           Сухани мўъминон, ҳангоме, ки ба сўи Худо ва Расулаш даъват шаванд, то миёни онон доварӣ кунад, танҳо ин аст, ки мегўянд: «Шунидем ва итоат кардем». Ваинҳо ҳамонрастагорони ҳақиқӣ ҳастанд.

52           Ва ҳар кас Худо ва Пайғамбарашро итоат кунад ва аз Худо битарсад ва аз мухолифати фармонаш бипарзеҳад, чунин касоне ҳамон пирўзмандони ҳақиқӣ ҳастанд.

53           Онҳо бо ниҳояти таъкид савганд ёд карданд, ки агар ба онон фармон диҳӣ, (аз хона ва амволи худ) берун мераванд (ва ҷонро дар табақи ихлос гузошта тақдим мекунанд). Бигў: «Савганд ёд накунед, шумо тоати холисона нишон диҳед, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст».

54           Бигў: «Худоро итоат кунед ва аз Пайғамбараш фармон баред ва агар сарпечӣ намоед, Пайғамбар масъули аъмоли худ аст ва шумо маъули аъмоли худ. Аммо агар аз ў итоат кунед, ҳидоят хоҳед шуд. Ва бар Пайғамбар чизе ҷуз расондани ошкор нест».

55           Худованд ба касоне, ки аз шумо, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъда медиҳад, ки ҳатман ононро ҳукмрони рўи замин хоҳад кард, ҳамон гуна, ки ба пешиниёни онҳо хилофати рўи замиро бахшид. Ва дину оинеро, ки барои онон писандида аст, побарҷо ва решадор хоҳад сохт ва тарсашонро ба амнияту оромиш мубаддал мекунад, (он чунон), ки танҳо маро мепарастанд ва чизеро шарики Ман нахоҳанд сохт. Ва касоне, ки пас аз он кофир шаванд, онҳо фосиқонанд.

56           Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва Расул (-и Худо)-ро итоат кунед, то машмули раҳмат (-и Ў) шавед.

57           Гумон мабар кофирон метавонанд аз чанголи муҷозоти илоҳӣ дар замин гурезанд. Ҷойгоҳи онон оташ аст ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!

58           Эй касоне, ки имон овардаед! Бардагони шумо ва ҳамчунин кўдаконатон, ки ба ҳадди балоғат нарасидаанд, дар се вақт бояд аз шумо иҷозат бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимарўз ҳангоме, ки либосҳои (оддии) худро берун меоваред ва баъд аз намози ишо, ин се вақти хусусӣ барои шумост, аммо баъд аз ин се вақт, гуноҳе бар шумо ва бар онон нест, (ки бе иҷозат дохил шаванд) ва бар гирди якдигар бигардед (ва бо сафову самимият ба якдигар хидмат намоед). Ин гуна Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

59           Ва ҳангоме, ки атфоли шумо ба синни барлоғат расанд, бояд иҷозат бигиранд, ҳамон гуна, ки ашхосе, ки пеш аз онон буданд, иҷозат мегирифтанд. Ин чунин Худованд оятҳояшро барои шумо баён мекунад ва Худо Доно ва Ҳаким аст.

60           Ва занони аз корафтодае, ки умед ба издивоҷ надоранд, гуноҳе бар онон нест, ки либосҳои (рўини) худро бар замин бигузоранд, ба шарти ин ки дар баробари мардум худороӣ накунанд. Ва агар худро бипўшонанд барои онон беҳтар аст. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

61           Бар нобино ва ашхоси ланг ва бемор гуноҳе нест, (ки бо шумо ҳамтаом шаванд) ва бар шумо низ гуноҳе нест, ки аз хонаҳои худатон (хонаҳои фарзандон ё ҳамсаронатон, ки хонаи худи шумо ҳисоб мешавад, беиҷозати хоссе) таом бихўред. Ва ҳамчунин хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амакҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонаҳое, ки калидаш дар ихтиёри шумост ё хонаҳои дўстонатон, бар шумо гуноҳе нест, ки ба таври дастаҷамъӣ ё ҷудогона таом бихўред. Ва ҳангоме, ки дохили хонае шудед, бар худ салом кунед, салому таҳияте аз сўи Худованд, саломе пурбаракат ва покиза. Ин гуна Худованд оятҳоро барои шумо равшан мекунад, бошад, ки бияндешед.

62           Мўъминони ҳақиқӣ касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Рашсулаш имон овардаанд ва ҳангоме, ки дар кори муҳимме бо ў бошанд, беиҷозати ў ҷое намераванд. Касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ба ростӣ ба Худо ва Пайғамбараш имон овардаанд. Дар ин сурат, ҳар гоҳ барои баъзе корҳои муҳимми худ аз ту иҷозат бихоҳанд, ба ҳар як аз онон, ки мехоҳӣ (ва салоҳ мебинӣ) иҷозат деҳ ва барояшон аз Худо омурзиш бихоҳ, ки Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

63           Садо карданди Пайғамбарро дар миёни худ, монанди садо кардани якдигар қарор надиҳед. Худованд касоне аз шуморо, ки пушти сари дигарон пинҳон мешаванд ва яке пас аз дигарӣ мегурезанд, медонад. Пас онон, ки фармони Ўро мухолифат мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки фитнае доманашонро бигирад ё азоби дардноке ба онҳо бирасад!

64           Огоҳ бошед, ки барои Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ў медонад он чиро, ки шумо бар он ҳастед ва (медонад) рўзеро, ки ба сўи Ў бозгардонида мешаванд ва (дар он рўз) онҳоро аз аъмоле, ки анҷом доданд, огоҳ месозад. Ва Худованд ба ҳар чизе Доност.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,