ТАРҶУМАИ СУРАИ НАҲЛ

Ин сура 128 оят дорад, қисмате аз он дар Макка ва қисмате дар Мадина нозил гардидааст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1    Фармони Худо (барои муҷозоти мушрикон ва муҷримон), фаро расидааст, барои он шитоб накунед! Муназзаҳ ва бартар аст Худованд, аз он чӣ ҳамтои Ў қарор медиҳанд!

2    Фариштагонро бо рўҳ (-и илоҳӣ) ба фармонаш бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад нозил мекунад (ва ба онҳо дастур медиҳад), ки мардумро инзор кунед (ва бигўед:) Маъбуде ҷуз Ман нест, аз (мухолифати дастури) Ман бипарҳезед!
3    Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, Ў бартар аст аз ин ки ҳамтое барои Ў қарор медиҳанд!
4    Инсонро аз нутфаи беарзише офарид ва саранҷом (ў мавҷуди фасеҳе ва) мудофеи ошкоре аз худ гардид.
5    Ва чаҳорпоёнро офарид, дар ҳоле, ки дар онҳо, барои шумо василаи пўшиш ва манфиатҳои дигаре аст. Ва аз гўшти онҳо мехўред.
6    Ва дар онҳо барои шумо зинату шукўҳ аст, дар ҳангоме, ки онҳоро ба истироҳатгоҳашон боз мегардонед ва ҳангоме, ки (субҳгоҳон) ба саҳро мефиристед.
7    Онҳо борҳои вазнини шуморо ба шаҳре ҳамл мекунанд, ки ҷуз бо машаққати зиёд ба он намерасидед. Парвардигоратон Рауф ва Раҳим аст, (ки ин василаҳои ҳаётро дар ихтиёратон қарор додааст).
8    (Ҳамчунин) асбҳо ва астарҳо ва харҳоро офарид, то бар онҳо савор шавед ва зинати шумо бошад. Ва чизҳое меофарад, ки намедонед.
9    Ва бар Худост, ки роҳи ростро (ба бандагон) нишон диҳад, аммо баъзе аз роҳҳо бероҳа аст. Ва агар Худо бихоҳад, ҳамаи шуморо (маҷбурӣ) ҳидоят мекунад, (вале маҷбурӣ, суде надорад).
10    Ў касе аст, ки аз осмон, обе фиристод, ки нўшидании шумо аз он аст. Ва (ҳамчунин) гиёҳону дарахтоне, ки ҳайвоноти худро дар он ба чаридан мебаред, низ аз он аст.
11    (Худованд) бо он (оби борон), барои шумо зироат ва зайтун ва нахл ва ангур ва аз ҳамаи меваҳо мерўёнад. Ҳатман дар ин, нишонаи равшане барои андешамандон аст.
12    Ў шабу рўз ва хуршеду моҳро мусаххари шумо сохт ва ситорагон низ ба фармони Ў мусаххари шумоянд, дар ин, нишонаҳое аст (аз азамати Худо) барои гурўҳе, ки ақли худро ба кор мегиранд.
13    (Илова бар ин), махлуқотеро, ки дар замин ба рангҳои гуногун офаридааст, низ мусаххар (-и фармони шумо) сохт, дар ин, нишонаи равшане аст барои гурўҳе, ки мутазаккир мешаванд.
14    Ў касе аст, ки дарёро мусаххар (-и шумо) сохт, то аз он гўшти нав бихўред ва зеваре барои пўшидан (монанди марворид) аз он берун оваред. Ва киштиҳоро мебинӣ, ки синаи дарёро мешикофанд, то шумо (ба тиҷорат бипардозед ва) аз фазли Худо баҳра гиред, шояд шукри неъматҳои Ўро ба ҷо оваред.
15    Ва дар замин, кўҳҳои собиту маҳкаме афканд, то шуморо наларзонад. Ва наҳрҳо ва роҳҳое эҷод кард, то ҳидоят шавед.
16    Ва (низ) аломатҳое қарор дод ва (шабҳангом) ба василаи ситорагон ҳидоят мешаванд.
17    Оё касе, ки (ин гуна махлуқотро) меофаринад, ҳамчун касе аст, ки намеофаринад?! Оё мутазаккир намешавед?!
18    Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз наметавонед онҳоро шумориш кунед. Худованд Бахшанда ва Меҳрубон аст.
19    Худованд он чиро пинҳон медоред ва он чиро ошкор месозед, медонад.
20    Маъбудҳоеро, ки ғайр аз Худо мехонанд, чизеро халқ намекунанд, балки худашон ҳам махлуқанд.
21    Онҳо мурдагоне ҳастанд, ки ҳаргиз истеъдоди ҳаёт надоранд ва намедонанд (ибодаткунандагонашон) дар чӣ замоне маҳшур мешаванд?!
22    Маъбуди шумо Худованди Ягона аст, аммо касоне, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон (ҳақро) инкор мекунад ва мустакбиранд.
23    Ҳатман Худованд аз он чӣ пинҳон медоранд ва он чӣ ошкор месозанд, бохабар аст, Ў мустакбиронро дўст намедорад.
24    Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигори шумо чӣ нозил кардааст?», мегўянд: «Инҳо (ваҳйи илоҳӣ нест), ҳамон афсонаҳои дурўғини пешиниён аст».
25    Онҳо бояд рўзи қиёмат, (ҳам) бори гуноҳони худро ба таври комил бар дўш кашанд ва ҳам саҳме аз гуноҳони касоне, ки ба хотири ҷаҳл, гумроҳашон месозанд. Бидонед онҳо бори сангини баде бар дўш мекашанд!
26    Касоне, ки пеш аз эшон буданд (низ), аз ин тавтиаҳо доштанд, вале Худованд ба суроғи шолудаи (зиндагии) онҳо рафт ва онро аз асос вайрон кард ва сақф аз боло бар сарашон фурў рехт ва азоб (-и илоҳӣ) аз он ҷое, ки намедонистанд, ба суроғашон омад.
27    Сипас рўзи қиёмат Худо онҳоро расво месозад ва мегўяд: «Шариконе, ки шумо барои ман сохтед ва ба хотири онҳо бо дигарон душманӣ мекардед, куҷо ҳастанд?!». (Дар ин ҳангом) касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, мегўянд: «Расвоӣ ва бадбахтӣ, имрўз бар кофирон аст!».
28    Ҳамонҳо, ки фариштагон (-и марг) рўҳашонро мегиранд, дар ҳоле, ки ба худ зулм карда буданд, дар ин ҳангом онҳо таслим мешаванд (ва ба дурўғ мегўянд:) Мо кори баде анҷом намедодем! Оре, Худованд ба он чӣ анҷом медодед, олим аст.
29    (Ба онҳо гуфта мешавад:) Акнун аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле, ки ҷовидона дар он хоҳед буд, чӣ ҷои баде аст ҷойгоҳи мустакбирон!
30    (Вале ҳангоме, ки) ба парҳезгорон гуфта мешуд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?», мегуфтанд: «Хайр (ва саодат)». (Оре), барои касоне, ки некӣ карданд, дар ин дунё некӣ аст ва сарои охират аз он ҳам беҳтар аст. Ва чӣ хуб аст сарои парҳезгорон!
31    Боғҳое аз биҳишти ҷовидон аст, ки ҳамагӣ дохили он мешаванд, наҳрҳо аз зери дарахтонаш мегузарад, ҳар чӣ бихоҳанд дар он ҷо ҳаст. Худованд парҳезгоронро чунин подош медиҳад.
32    Ҳамонҳо, ки фариштагон (-и марг) рўҳашонро мегиранд, дар ҳоле, ки поку покизаанд, ба онҳо мегўянд: «Салом бар шумо! Дохили биҳишт шавед, ба хотири аъмоле, ки анҷом медодед».
33    Оё онҳо интизоре ҷуз ин доранд, ки фариштагон (-и қабзи арвоҳ) ба суроғашон биёянд, ё фармони Парвардигорат (барои муҷозоташон) фаро расад, (он гоҳ тавба кунанд?! Вале тавбаи онҳо дар он замон беасар аст! Оре,) касоне, ки пеш аз эшон буданд низ, чунин карданд. Худованд ба онҳо ситам накард, вале онон ба худ ситам менамуданд.
34    Ва саранҷом бадиҳои аъмолашон ба онҳо расид ва он чиро (аз ваъдаҳои азоб) масхара мекарданд, бар онон ворид шуд.
35    Мушрикон гуфтанд: «Агар Худо мехост, на мо ва на падарони мо, ғайри Ўро парастиш намекардем ва чизеро беиҷозати Ў ҳаром намесохтем». (Оре,) касоне, ки пеш аз эшон буданд низ, ҳамин корҳоро анҷом доданд, вале оё пайғамбарон вазифае ҷуз иблоғи ошкор доранд?!
36    Мо дар ҳар уммате расуле барангехтем, ки: «Худои якторо бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед». Худованд гурўҳеро ҳидоят кард ва гурўҳе залолату гумроҳӣ доманашонро гирифт. Пас дар рўи замин бигардед ва бубинед, оқибат инкоркунандагон чӣ гуна буд!
37    Ҳар қадар бар ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, (суде надорад, чаро) ки Худованд касеро, ки гумроҳ сохт, ҳидоят намекунад ва онҳо ёвароне нахоҳанд дошт.
38    Онҳо қасамҳои шадид ба Худо ёд карданд, ки: «Ҳаргиз Худованд касеро, ки мемирад, барнамеангезад!». Оре, ин ваъдаи ҳатмии Худост, (ки ҳамаи мурдагонро барои ҷазо боз мегардонад), вале бештари мардум намедонанд.
39    Мақсад ин аст, ки он чиро дар он ихтилоф доштанд, барои онҳо равшан созад ва касоне, ки мункир шуданд, бидонанд дурўғ мегуфтанд.
40    (Растохези мурдагон барои мо мушкил нест, зеро) вақте чизеро ирода мекунем, фақат ба он мегўем: «Мавҷуд бош!», билофосила мавҷуд мешавад.
41    Онҳо, ки пас аз ситам дидан, дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд, дар ин дунё ҷойгоҳ (ва мақоми) хубе ба онҳо медиҳем. Ва подоши охират аз он ҳам бузургтар аст, агар медонистанд.
42    Онҳо касоне ҳастанд, ки сабру истиқомат пеша карданд. Ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.
43    Ва пеш аз ту, ҷуз мардоне, ки ба онҳо ваҳй мекардем, нафиристодем. Агар намедонед, аз огоҳон бипурсед, (то ҳайрат накунед аз ин ки Пайғамбари Ислом аз миёни ҳамин мардон барангехта шудааст).
44    (Аз онҳо бипурсед, ки) аз далелҳои равшан ва китобҳо (-и пайғамбарони пешин огоҳанд). Ва мо ин Зикр (Қуръон)-ро бар ту нозил кардем, то он чиро, ки ба сўи мардум нозил шудааст, барои онҳо равшан созӣ. Ва шояд андеша кунанд.
45    Оё тавтиагарон аз ин эмин гаштанд, ки мумкин аст Худо онҳоро дар замин фурў барад ва ё муҷозот (-и илоҳӣ) аз он ҷо ки интизорашро надоранд, ба суроғашон ояд?!
46    Ё дар ҳангоме, (ки барои касби молу сарвати афзунтар), дар рафту омаданд, доманашонро бигирад, дар ҳоле, ки қодир ба гурез нестанд?!
47    Ё ба таври тадриҷӣ, бо ҳушдорҳои хавфангез ононро гирифтор созад?! Чаро, ки Парвардигори шумо, Рауф ва Раҳим аст.
48    Оё онҳо махлуқоти Худоро надиданд, ки сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва бо хузўъ барои Худо саҷда мекунанд?!
49    (На танҳо сояҳо, балки) тамоми он чӣ дар осмонҳову замин аз ҷунбандагон вуҷуд дорад ва ҳамчунин фариштагон, барои Худо саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд.
50    Онҳо (танҳо) аз (мухолифати) Парвардигорашон, ки ҳоким бар онҳост, метарсанд ва он чиро маъмурият доранд, анҷом медиҳанд.
51    Худованд фармон додааст: «Ду маъбуд (барои худ) интихоб накунед, маъбуд (-и шумо) ҳамон Худои Ягона аст. Танҳо аз (кайфари) Ман битарсед!».
52    Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст. Ва дини холис (низ) ҳамвора аз они Ў мебошад, оё аз ғайри Ў метарсед?!
53    Он чӣ аз неъматҳо доред, ҳама аз сўи Худост ва ҳангоме, ки нороҳатӣ ба шумо расад, фақат Ўро мехонед.
54    (Аммо) ҳангоме, ки нороҳатӣ ва ранҷро аз шумо бартараф месозад, ногоҳ гурўҳе аз шумо барои Парвардигорашон ҳамто қоил мешаванд.
55    (Бугузор) то неъматҳоеро, ки ба онҳо додаем, куфрон кунанд! (Акнун) чанд рўзе (аз матои дунё) баҳра гиранд, аммо ба зудӣ хоҳед донист, (саранҷоми коратон ба куҷо хоҳад кашид!).
56    Онон барои бутҳое, ки ҳеҷ гуна суду зиёне аз онҳо суроғ надоранд, саҳме аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем, қарор медиҳанд. Ба Худо савганд (дар додгоҳи қиёмат) аз ин тўҳматҳо, ки мебандед, пурсида хоҳед шуд!
57    Онҳо (дар хиёли худ) барои Худованд духтарон қарор медиҳанд, — муназзаҳ аст (аз ин ки фарзанде дошта бошад) – вале барои худашон, он чиро майл доранд қоил мешаванд.
58    Дар ҳоле, ки ҳар гоҳ ба яке аз онҳо башорат диҳанд, духтар насиби ту шудааст, чеҳрааш (аз шиддати нороҳатӣ) сиёҳ мешавад ва ба шиддат хашмгин мегардад.
59    Ба хотири башорати баде, ки ба ў дода шудааст, аз қавму қабилаи худ мутаворӣ мегардад (ва намедонад) оё ўро бо қабули нанг, нигаҳ дорад ё да хок пинҳонаш кунад?! Огоҳ бошед, ки бад ҳукм мекунанд!
60    Барои онҳо, ки ба сарои охират имон надоранд, сифатҳои зишт аст ва барои Худо сифатҳои олӣ аст. Ва Ў Қудратманд ва Ҳаким аст.
61    Ва агар Худованд мардумро ба хотири зулмашон муҷозот мекард, ҷунбандаеро бар пушти замин боқӣ намегузорид, вале онҳоро то замони муайяне ба таъхир меандозад. Ва ҳангоме, ки аҷалашон фаро расад, на соате таъхир мекунанд ва на соате пешӣ мегиранд.
62    Онҳо барои Худо чизҳое қарор медиҳанд, ки худашон аз он кароҳат доранд (фарзандони духтар). Бо ин ҳол забонашон ба дурўғ мегўяд, саранҷоми неке доранд! Ба ночор барои онон оташ аст. Ва онҳо аз пешгомон (-и дўзах) ҳастанд.
63    Ба Худо савганд, ба сўи умматҳои пеш аз ту пайғамбароне фиристодем, аммо шайтон аъмолашонро дар назарашон орост. Ва имрўз ў валӣ ва сарпарасташон аст. Ва муҷозоти дардноке барои онҳост!
64    Мо Қуръонро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки он чиро дар он ихтилоф дранд, барои онҳо равшан кунӣ. Ва (ин Қуръон) сабаби ҳидоят ва раҳмат аст барои қавме, ки имон меоваранд.
65    Худованд аз осмон, обе фиристод ва заминро пас аз он ки мурда буд, ҳаёт бахшид. Дар ин, нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки гўши шунаво доранд.
66    Ва дар вуҷуди чаҳорпоён, барои шумо (дарсҳои) ибрате аст: Аз даруни шиками онҳо, аз миёни ғазоҳои ҳазмшуда ва хун, шири холис ва гуворо ба шумо менўшонем.
67    Ва аз меваҳои дарахтони нахлу агнур, мускирот (-и нопок) ва рўзии хуб ва покиза мегиред. Дар ин нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки андеша мекунанд.
68    Ва Парвардигори ту ба занбўри асал «ваҳй» (ва илҳоми ғаризӣ) намуд, ки: «аз кўҳҳо ва дарахтон ва ховозаҳое, ки (мардум) месозанд, хонаҳое баргузин.
69    Сипас аз тамоми самараҳо (ва шираи гулҳо) бихўр ва роҳҳоеро, ки Парвардигорат барои ту таъйин кардааст, ба роҳатӣ бипаймо». «Аз даруни шиками онҳо, нўшиданӣ бо рангҳои гуногун хориҷ мешавад, ки дар он, шифо барои мардум аст. Ба яқин, дар ин амр нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки меандешанд.
70    Худованд шуморо офарид, сипас шуморо мемиронад. Баъзе аз шумо ба номатлубтарин синини болои умр мерасанд, то баъд аз илму огоҳӣ, чизе надонанд (ва ҳама чизро фаромўш кунанд). Худованд Донон ва Тавоност.
71    Худованд баъзе аз шуморо бар баъзе дигар, аз назари рўзӣ бартарӣ дод, (чаро, ки истеъдодҳо ва талошҳоятон фарқ дорад). Аммо онҳо, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд аз рўзии худ ба бардагонашон бидиҳанд ва ҳамагӣ дар он барбар гарданд. Оё онон неъмати Худоро инкор менамоянд, (ки шукри Ўро адо намекунанд?!).
72    Худованд барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва набераҳо ба вуҷуд овард ва аз покизаҳо ба шумо рўзӣ дод. Оё ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро инкор мекунанд?!
73    Онҳо ғайр аз Худо, мавҷудотеро мпарастанд, ки ҳеҷ ризқеро барои онон аз осмонҳо ва замин дар ихтиёр надоранд ва тавони ин корро низ надоранд.
74    Пас, барои Худо амсол (ва шабеҳҳо) қоил нашавед. Худо медонад ва шумо намедонед.
75    Худованд мисоле задааст: бардаи мамлукеро, ки қодир бар ҳеҷ чиз нест ва инсон (-и боимоне)-ро, ки аз ҷониби худ, ризқи некўе ба ў бахшидаем ва ў пинҳон ва ошкор аз он чӣ Худо ба ў додааст, бахшиш мекунад, оё ин ду нафар яксонанд?! Ситоиш махсуси Худост, вале бештари онҳо намедонанд.
76    Худованд мисоли (дигаре) задааст: ду нафарро, ки яке аз он ду гунги модарзод аст ва қодир бар ҳеҷ коре нест ва фармонбари соҳибаш мебошад, ўро дар пайи ҳар коре бифиристад, хуб анҷом намедиҳад. Оё чунин инсоне бо касе, ки амр ба адлу дод мекунад ва бар роҳи росте қарор дорад, баробар аст?!
77    Ғайби осмонҳо ва замин, махсуси Худост (ва Ў ҳамаро медонад). Ва амри қиёмат ( ба қадре наздик ва осон аст), дуруст монанди чашм бар ҳам задан ва ё аз он ҳам наздиктар аст, зеро Худо бар ҳар чиз Тавоност.
78    Ва Худованд шуморо аз шиками модаратон берун намуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз намедонистед. Ва барои шумо гўшу чашму ақл қарор дод, то шукри неъмати Ўро ба ҷо оваред.
79    Оё онҳо ба паррандагоне, ки бар фарози осмонҳо нигоҳ дошта шудаанд, назар наяфканданд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро нигоҳ намедорад. Дар ин амр нишонаҳое (аз азамату қудрати Худо) аст, барои касоне, ки имон меоваранд.
80    Ва Худо барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат (ва оромиш) қарор дод. Ва аз пўсти чаҳорпоён низ барои шумо хонаҳое қарор дод, ки рўзи кўч кардан ва рўзи иқомататон, ба осонӣ метавонед онҳоро ҷо ба ҷо кунед. Ва аз пашму курку мўи онҳо, барои шумо асосу матоъ (ва василаҳои мухталифи зиндагӣ), то замони муайяне қарор дод.
81    Ва (низ) Худованд аз он чӣ офаридааст, сояҳое барои шумо қарор дода ва аз кўҳҳо паноҳгоҳҳое. Ва барои шумо пероҳанҳое офарида, ки шуморо аз гармӣ (ва сардӣ) ҳифз мекунад. Ва пероҳанҳое, ки дар ҳангоми ҷанг, ҳофизи шумост. Ин гуна неъматҳояшро бар шумо комил мекунад, шояд таслими фармони Ў шавед.
82    (Бо ин ҳама), агар рўй бартобанд, (нигарон мабош), ту фақат вазифаи иблоғи ошкор дорӣ.
83    Онҳо неъмати Худоро мешиносанд, сипас онро инкор мекунанд. Ва бештарашон кофиранд.
84    (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки аз ҳар уммате гувоҳе (бар онон) бармеангезем, сипас ба онон, ки куфр варзиданд, иҷозат (-и сухан гуфтан) дода намешавад, (балки дасту по ва гўшу чашм, ҳатто пўсти тани онҳо гувоҳӣ медиҳанд). Ва (низ) иҷозати узрхоҳӣ ва дархости афв ба онон намедиҳанд.
85    Ва ҳангоме, ки золимон азобро бубинанд, на ба онҳо тахфиф дода мешавад ва на мўҳлат.
86    Ва ҳангоме, ки мушрикон маъбудҳоеро, ки ҳамтои Худо қарор доданд мебинанд, мегўянд: «Парвардигоро! Инҳо ҳамтоёне ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту, онҳоро мехондем». Дар ин ҳангом, маъбудон ба онҳо мегўянд: «Шумо дурўғгў ҳастед. (Шумо ҳавои нафси худро парастиш мекардед)».
87    Ва дар он рўз, ҳамагӣ (ночор) дар пешгоҳи Худо таслим мешаванд ва тамоми он чиро (нисбат ба Худо) дурўғ мебастанд, гум ва нобуд мешавад.
88    Касоне, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, ба хотири фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем.
89    (Ба ёд оваред) рўзеро, ки аз ҳар уммате, гувоҳе аз худашон бар онҳо бармеангезем ва туро гувоҳ бар онон қарор медиҳем. Ва мо ин китобро бар ту нозил кардем, ки баёнгари ҳамаи чиз ва сабаби ҳидояту раҳмат ва башорат барои мусулмонон аст.
90    Худованд ба адлу эҳсону бахшиш ба наздикон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва мункар ва ситам наҳй мекунад. Худованд ба шумо андарз медиҳад, шояд мутазаккир шавед.
91    Ва ҳангоме, ки бо Худо аҳд бастед, ба аҳди Ў вафо кунед. Ва савгандҳоро баъд аз маҳкам сохтан нашиканед, дар ҳоле, ки Худоро кафилу зомин бар (савганди) худ қарор додаед. Ба яқин, Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
92    Монанди он зан (-и сабук мағз) нобошед, ки пашмҳои тобидаи худро пас аз истеҳком вометобад! Дар ҳоле, ки савганд (ва паймони) худро василаи хиёнату фасод қарор медиҳед, ба хотири ин ки гурўҳе, ҷамъияташон аз гурўҳи дигар бештар аст (ва зиёдии душманро баҳонае барои шикастани байъат бо Пайғамбар мешуморед). Худо фақат шуморо бо ин васила имтиҳон мекунад ва ба яқин рўзи қиёмат, он чиро дар он ихтилоф доштед, барои шумо равшан месозад.
93    Ва агар Худо мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳиде қарор медод (ва ҳамаро маҷбур ба имон мекард, аммо имони маҷбурӣ фоидае надорад). Вале Худо ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), гумроҳ ва ҳар касро бихоҳад (ва лоиқ бидонад), ҳидоят мекунад. (Ба гурўҳе тавфиқи ҳидоят дода ва аз гурўҳе салб мекунад). Ва яқинан шумо аз он чӣ анҷом медодед, пурсида хоҳед шуд.
94    Савгандҳоятонро василаи тақаллуб ва хиёант дар миёни худ қарор надиҳед, мабодо гоме баъд аз собит гаштан (бар имон) мутазалзил шавад. Ва ба хотири боздоштан (-и мардум) аз роҳи Худо, асарҳои бади онро бичашед! Ва барои шумо, азоби бузурге хоҳад буд!
95    Ва (ҳаргиз) паймони илоҳиро бо баҳои каме мубодила накунед (ва ҳар баҳое дар баробари он ночиз аст). Он чӣ назди Худост, барои шумо беҳтар аст, агар медонистед.
96    Он чӣ назди шумост, фонӣ мешавад, аммо он чӣ назди Худост боқӣ аст. Ва ба касоне, ки сарбу истиқомат пеша кунанд, мутобиқи беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, подош хоҳем дод.
97    Ҳар кас кори шоистае анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, дар ҳоле, ки мўъмин аст, ўро ба ҳаёти поке зинда медорем ва подоши онҳоро ба беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, хоҳем дод.
98    Ҳангоме, ки Қуръон мехонӣ, аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бар.
99    Чаро, ки ў, бар касоне, ки имон доранд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд, тасаллуте надорад.
100    Тасаллути ў танҳо бар касоне аст, ки ўро ба сарпарастии худ баргузидаанд ва онҳо, ки нисбат ба Ў (Худо) ширк меварзанд (ва фармони шайтонро ба ҷои фармони Худо гардан мениҳанд).
101    Ва ҳангоме, ки оятеро ба ояти дигар мубаддал куенм (ҳукмеро насх намоем) – ва Худо беҳтар медонад чӣ ҳукмеро нозил кунад – онҳо мегўянд: «Ту тўҳмат мезанӣ!». Аммо бештарашон (ҳақиқатро) намедонанд.
102    Бигў: «Рўҳулқудус онро аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил кардааст, то ашхоси боимонро собитқадам гардонад. Ва ҳидоят ва башорате бошад барои умуми мусулмонон».
103    Мо медонем, ки онҳо мегўянд: «Ин оятҳоро инсоне ба ў таълим медиҳад». Дар ҳоле, ки забони касоне, ки инҳоро ба ў нисбат медиҳанд, аҷамӣ (ғайри арабӣ) аст, вале ин (Қуръон) забони арабии ошкор аст.
104    Ба яқин, касоне, ки ба оятҳои илоҳӣ имон намеоваранд, Худо онҳоро ҳидоят намекунад ва барои онон азоби дардноке аст.
105    Танҳо касоне дурўғ мебанданд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд. (Оре,) дурўғгўёни ҳақиқӣ онҳо ҳастанд.
106    Касоне, ки баъд аз имон кофир шаванд – ба ҷуз онҳо, ки таҳти фишор қарор гирифтаанд, дар ҳоле, ки қалбашон ором ва боимон аст – Оре, онҳо, ки синаи худро барои пазириши куфр кушодаанд, ғазаби Худо бар онҳост ва азоби бузурге дар интизорашон!
107    Ин ба хотири он аст, ки зиндагии дунё (ва пастро), бар охират тарҷеҳ доданд. Ва Худован ашхоси бемион (-и саркаш)-ро ҳидоят намекунад.
108    Онҳо касоне ҳастанд, ки (бар асари фузунии гуноҳ), Худо бар қалбу гўшу чашмонашон мўҳр ниҳодааст, (ба ҳамин далел намефаҳманд). Ва ғофилони ҳақиқӣ ҳамонҳо ҳастанд.
109    Ва ночор онҳо дар охират зиёнкоранд.
110    Аммо Парвардигори ту нисбат ба касоне, ки баъд аз фиреб хўрдан, (ба имон бозгаштанд ва) ҳиҷрат карданд, сипас ҷиҳод карданд ва (дар роҳи Худо) истиқомат намуданд, Парвардигорат, баъд аз анҷоми ин корҳо, Бахшанда ва Меҳрубон аст (ва онҳоро машмули раҳмати худ месозад).
111    (Ба ёд оваред) рўзеро, ки ҳар кас (дар фикри худ аст ва танҳо) ба дифоъ аз худ бармехезад ва натиҷаи аъмоли ҳар касе бе каму кост ба ў дода мешавад. Ва ба онҳо зулм нахоҳад шуд.
112    Худованд (барои онон, ки куфрони неъмат мекунанд), масале задааст: минтақаи ободе, ки амну ором ва мутмаин буд ва ҳамвора рўзияш аз ҳар ҷо мерасид, аммо неъматҳои Худоро носипосӣ карданд ва Худованд ба хотири аъмоле, ки анҷом медоданд, либоси гуруснагиву тарсро бар андомашон пўшонид.
113    Пайғамбаре аз худашон ба суроғи онҳо омад, ўро инкор карданд, аз ин рў, азоби илоҳӣ онҳоро фаро гирифт, дар ҳоле, ки золим буданд.
114    Пас, аз он чӣ Худо рўзиятон кардааст, ҳалолу покиза бихўред ва шукри неъмати Худоро ба ҷо оваред, агар Ўро мепарастед.
115    Худованд, танҳо мурдор, хун, гўшти хук ва он чиро бо номи ғайри Худо сар буридаанд, бар шумо ҳаром кардааст, аммо касоне, ки ночор шаванд, дар ҳоле, ки таҷовуз ва тааддӣ аз ҳад нанамоянд, (Худо онҳоро мебахшад, зеро) Худо Бахшанда ва Меҳрубон аст.
116    Ба хотири дурўғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад (ва чизеро ҷоиз ва чизеро манъ мекунед), нагўед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Худо тўҳмат бибандед. Ба яқин, касоне, ки ба Худо дурўғ мебанданд, растагор нахоҳанд шуд.
117    Баҳраи каме аст, (ки дар ин дунё насибашон мешавад) ва азоби дардноке дар интизори онон аст!
118    Чизҳоеро, ки пеш аз ин барои ту шарҳ додем, бар яҳуд ҳаром кардем. Мо ба онҳо ситам накардем, аммо онҳо ба худашон зулму ситам мекарданд.
119    Аммо Парвардигорат нисбат ба онҳо, ки аз рўи ҷаҳолат, бадӣ кардаанд, сипас тавба карда ва дар мақоми ҷуброн баромадаанд, Парвардигорат баъд аз он Омурзанда ва Меҳрубон аст.
120    Иброҳим (ба танҳоӣ) уммате буд, пайрави фармони Худо, холӣ аз ҳар гуна каҷӣ ва аз мушрикон набуд.
121    Шукргузори неъматҳои Парвардигор буд, Худо ўро баргузид ва ба роҳи росте ҳидоят намуд.
122    Мо дар дунё ба ў (ҳиммати) некўе додем ва дар охират аз некон аст.
123    Сипас ба ту ваҳй фиристодем, ки аз оини Иброҳим, — ки имони холис дошт ва аз мушрикон набуд — пайравӣ кун.
124    (Таҳримҳои) рўзи шанбе (барои яҳуд) фақат ба унвони як муҷозот буд, ки дар он ҳам ихтилоф карданд. Ва Парвардигорат рўзи қиёмат, дар он чӣ ихтилоф доштанд, миёни онҳо доварӣ мекунад.
125    Бо ҳикмату андарзи некў, ба роҳи Парвардигорат даъват намо. Ва бо онҳо ба равише, ки некўтар аст, истидлол ва мунозира кун. Парвардигорат, аз ҳар касе беҳтар медонад, чӣ касе аз роҳи Ў гумроҳ шудааст. Ва Ў ба ҳидоятёфтагон донотар аст.
126    Ва ҳар гоҳ хостед муҷозот кунед, танҳо ба миқдоре, ки ба шумо тааддӣ шудааст, кайфар диҳед. Ва агар шакебоӣ кунед, ин кор барои шакебоён беҳтар аст.
127    Сабр кун ва сабри ту фақат барои Худо ва ба тавфиқи Худо бошад. Ва ба хотири (корҳои) онҳо андўҳгин ва дилсард машав. Ва аз тавтиаҳои онҳо дар тангно қарор магир.
128    Худованд бо касоне аст, ки тақво пеш кардаанд ва касоне, ки некўкоранд.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.