Тавсеяҳои Паёмбари Аъзам(с) ба занон

Ҳузури занон, дар ҷомеа, амри иҷтинобнопазир аст. Дар Қуръон ва суннати Паёмбар(с) одобе барои занон ва низ мардон тавсея шуда аст, ки ба чанд мавриде аз суннати Расули Худо(с) ишора мешавад:

1. Худдорӣ аз нигоҳ ба номаҳрам:

Дар ҳадис омада аст, ки Ибни умми Мактум (аз асҳоби Паёмбар(с)) марди нобино буд. Рӯзе ба маҳзари Паёмбар(с) расид. Ҳамсарони Паёмбар(с) дар хона нишаста буданд ва Паёмбар(с) хитоб ба занони худ фармуд, ки ба дохили хонаи дигар бираванд. Занон гуфтанд: Ӯ нобиност. Паёмбар(с) фармуд: “Агарчи ӯ шуморо намебинад, аммо шумо ӯро мебинед.”

2. Парҳез аз даст  додани занон ва мардони номаҳрам:

Дар ҳадисҳои бисёре аз ин кор манъ шуда ва Паёмбар(с) дар ҳангоми байъат ба ҳеҷ зане даст надод. Яъне байъат аз занон гирифт, аммо на ба тавре, ки бо онон даст бидиҳад.

3.Пешгирӣ аз ҷамъ шудани занон ва мардон дар як макон:

Паёмбар(с) пас аз намози ҷамоат қадре меистод то занон хориҷ шаванд ва низ дари махсусеро барои рафту омади занон дар масҷиди хеш кушода буд то аз он рафту омад кунанд.

4. Дурӣ аз хилвати зан ва марди номаҳрам:

Аз Паёмбар(с) нақл аст, ки ҳеҷ марде бо зане бе ҳузури маҳрам, хилват (танҳо) накунанд.

5. Пушиши муносиб ва парҳезазхудороӣ (пушидани либоси хуб ва ороиш накардан дар ҷомеа)

Дар оёти бисёре занони мусулмон маъмур ба ҳиҷоб ва ошкор накардани зинати худ шудаанд ва Паёмбар(с) занони урёнро аз дузахиён мешумурд.

6. Худдорӣ аз бӯи хуш (атре назананд, ки дигаронро ба худашон ҷалбкунанд)

Паёмбар(с) ба занон фармуд: Ҳангоме ки дар масҷид ҳузур пайдо мекунед аз бӯи хуш ва атр истифода накунед.

7. Худдорӣ аз ба нозу карашма сухан гуфтан:

Ба ин мавзуъ дар Қуръон низ такид шуда аст.

8. Виқор дар рафту омад ва парҳез аз бо ишва ва ноз роҳ рафтан.

9. Иффат ва покдоманӣ ва ҳаё.

10. Меҳрубон ва дилсӯз ва амонатдор будан барои ҳамсар.

11. Таваҷҷуҳ ба тарбияти фарзанди солим ва солеҳ.

Нури тоҷикон

Охирин матолиб

Осор ва баракатҳои таваллӯди Пайғамбар(с)

Нузӯли раҳмати Илоҳӣ бар башар Таваллӯди раҳмат; ин вилодати бузӯрг, таваллуди бартарин намунаҳои раҳмати Илоҳӣ бар башарият буд, чун вуҷӯди он бузӯргвор ва ирсоли ин...

Хутбаи оташини Имом Ҳусейн(рз) дар Карбало

Хутбаи оташини Имом Ҳусайн(рз) ба лашкари Язид Матни хутбаи аввал: أَيُّهَا النَّاسُ اسْمَعُوا قَوْلِي وَ لَا تَعْجَلُوا حَتَّى أَعِظَكُمْ بِمَا يَحِقُّ لَكُمْ عَلَيَّ وَ حَتَّى...

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *