ТААММУЛЕ ДАР ЭҲЁИ ТАФАККУРИ ДИНӢ

Бе тардид масъалаи  эҳёгарӣ дар тафаккури динӣ яке аз заруритарин ва муҳимтарин мушкили фикрии насли ҳозир аст, ки мехоҳад ба ҳувияти хеш боз гардад. Ў ташнаи масоили илмӣ ва гиреҳкушо перомуни ин мавзўъ аст. Ба ҳамин хотир бояд олимони бузурги Ислом ва орифони мактаб ва замоншинос, нисбат ба ин гуна масоил таваҷҷўҳ дошта бошанд ва барои  ҳал намудани онҳо пешқадам шаванд, дар ғайри ин сурат фурсатталабоне ҳастанд, ки ба унвони олим ва донишмандони дин, ин насли ташна ба маорифи диниро,  ба ҷои сарчашма, ба тарафи сароб роҳнамоӣ хоҳанд кард ва бидъатҳоро ба унвони эҳёгарӣ ба курсӣ хоҳанд нишонд.

 Мафҳуми эҳёгарӣ дар тафаккури динӣ

 “Эҳё” ба маънои зинда кардан ва дар муқобилаш “имота” ба маънои мирондан истифода мешавад. Решаи ин ду калима  ҳаёт ва мавт мебошанд, ки яке  ба маънои падидаи қобили рушд ва соҳиби идрок ва дигари ба маънои падидаи ғайри қобили рушд ва соҳиби идрок ба кор рафтаанд. Вале мафҳуми истилоҳии ин калима ҳамчун дигар калимот баъзан дастхуши таҳрифҳои гуногун қарор гирифтааст. Гурўҳе онро ҳарфи нав ё навоварӣ дар қаламрави андешаи динӣ донистаанд. Гурўҳе ҳам онро тафсири дин мутобиқ бо ниёзҳо ва андешаҳои замон шумурдаанд, яъне дин ва қонуни динии ҳар замон ба ҳамон замон тааллуқ дорад ва барои замонҳои баъд ҳеҷ коромаде нахоҳад дошт. 

  Ин таърифҳо вақте ки хуб мулоҳиза шаванд, маълум мешавад, ки ғалатандоз ва фиребандаанд, зеро бар асоси таърифи нахуст, бояд Баҳоият ва  даҳҳо маслак ва мазҳаби гумроҳкунандаи дигарро ҳам эҳёгарони динӣ ба ҳисоб биёрем. Ҳамин тавр бар асоси таърифи дуввум натанҳо ваҳйи илоҳиро, балки бояд андешаҳо ва хостаҳои мухталифи афродро низ ба унвони меҳвар ва меъёр бипазирем.   

  Таърифҳои дигаре ҳам омадааст, ки комилтарини онҳо иборат  аст аз ин ки  “эҳёгарӣ ” яъне таҳриф- зудоӣ ва кашфи ҳақоиқи тоза дар ҳавзаи маорифи динӣ ҳамроҳ бо мактабшиносии иҷтиҳодӣ ва нигарише замон- шиносона.

 Фалсафаи эҳёгарӣ

  Эҳёгарӣ дар адёни пеш аз Ислом зарурат дошт, зеро он адён аввалан бар асоси ниёзҳои замони хос ва мутаносиб бо ниёзҳо ва шароити он аъсор нозил шуда буданд. Дуввуман бахше аз маорифи осмонии он адён бо гузашти замон дастхуши таҳриф ва дигаргунӣ қарор гирифт. Аммо ин савол матраҳ мешавад, ки чаро Ислом, ки ҷомеътарин ва ҷовидо- натарин шариати илоҳӣ аст ниёз ба эҳёгарӣ дорад ? Магар ин Ислом нест, ки бояд дигаронро ҳаёт бахшад?

    Метавон аз ду бўъд, ақлӣ ва нақлӣ ба ин пурсиш посух дод.

Посух аз бўъди ақлӣ:

а) Имкони таҳрифи дини хотам ва лузуми таҳрифзудоӣ аз он.

Дар тўли таърих, Ислом бо дасисаҳои зиёде рў ба рў будааст, вале асолат ва итқони ин оин ба душманон иҷоза намедод, ки ба таври мустақим ба таҳриф ё нобудии он иқдом кунанд. Бинобар ин душманон,  равиши ғайри мустақим, яъне таҳрифи маънавиро бармегузинанд. Ин таҳрифи маънавӣ ҳатто дар асри Паёбари Ислом(с) вуҷуд доштааст ва дар асри
Умавиён ва Аббосиён ба авҷи аълои худ расида буд.

б) Ҷомеъият ва умқи маорифи Ислом.

Ислом дорои маорифи амиқе аст, ки ҳар чӣ бар дониш ва таҷрибаи башар афзуда мешавад, абъоди эъҷози он  бештар ошкор мегардад.

в) Лузуми иҷтиҳоди мустамирр ё радди фаръ бар асл.

Омили дигаре, ки мўҷиби лузуми эҳёгарӣ мешавад, зарурати иҷтиҳод аст. Қуръон бо таъкид бар тафаққуҳ дар дин ва Аиммаи атҳор(а) бо фарохонӣ ба иҷтиҳод, эҳёгарӣ дар динро иҷтинобнопазир кардаанд. Ҳушом писари Солим аз Имом Содиқ(а) нақл мекунад, ки фармуд: “Вазифаи мост, ки усул ва куллиётро ба шумо арза бидорем ва низ вазифаи шумост, ки он усулро бар мавзуоти  фаръӣ татбиқ диҳед. (Баҳор-ул-анвор)

Нигариш ба масъала аз бўъди нақлӣ:

 Қуръон ҳаётро яке аз сифоти ҷамолияи ҳазрати ҳақ медонад. (сураи Бақара ояи 255) ва ҳаётофариниро аз сунатҳои тағирнопазири ў дар қаламрави таквин мешиносад (сураи Рум ояи 19) ва даҳҳо оёт бар ин амр далолат доранд. Бинобар ин эҳёгарӣ ва ҳаётбахшӣ лозимаи файёзияти дамодами ҳазрати ҳақ дар низоми таквин ва ташреъ мебошад.

Ривоёти бисёре вуҷуд дорад, ки уламоро ба унвони вориси анбиё, амонатдори паёмбарон, дижҳои ислом, аз байн- барандаи бидъатҳо ва сифоти дигаре аз ин қабил муаррифӣ намудааст. Ба унвони намуна яке аз он аҳодисро меоварем.

Паёмбари Ислом(с) фармуд : “Онгоҳ ки дар миёни уммати ман бидъатҳо ошкор гардид, бар олим воҷиб аст, илми хешро ошкор кунад, вагарна лаънати Худо бар ў бод. (Усули кофӣ, боби “Ал-бидъа вар-раъй”, ҳадиси 2) Аз маҷмўи ин далоил ба даст меояд, ки эҳёгарӣ мансаби анбиёи илоҳӣ буда дар замони ғайбати Имоми Замон(а) бар ўҳдаи олимони раббонӣ ва фарзонагони водии илму амал ниҳода шудааст.

 Хусусиятҳоиэҳёгарон

  1. Замоншиносӣ.

Муфаззал аз Имом Содиқ(а) нақл мекунад, ки фармуд: ”Он касе, ки замоншинос бошад, шубҳа ва хатоҳо бар ў ҳуҷум намеоваранд” (Усули кофӣ, ҷ.1 китоби ақлу ҷаҳл, ҳадиси 29).

  1. Забоншиносӣ.

Эҳёгарон забони асри хешро мефаҳманд, зеро агар бо забони асри хеш сухан нагўянд, наметавонанд паёми хешро бар дилҳо бинишонанд.

  Аз инрў Қуръон мефармояд: “Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем магар ба забони қавмаш, то паёми илоҳиро барои онон баён кунад”(сураи Иброҳим, ояи 6)

  1. Дорои басирати динӣ.

Эҳёгар на танҳо бар улуми динӣ иҳотаи илмӣ дорад, балки иҳотаи басирати шуҳудӣ низ дорад.

  1. Андешаи халлоқ:

Эҳёгар ду вазифаи сангин бар дўш дорад, яке ифшогарӣ дар бораи таҳрифҳо, дуввўм муарри- фии чеҳраи воқеии Ислом. Ва ин ҷуз аз касоне, ки аз андешаи халлоқ ва ақли мубтакир бархўрдоранд, сохта нест.

  1. Мактабшиносӣ.

Эҳёгарон мактабшиносанд, зеро онҳо мехоҳанд Исломи ростинро бишносонанд. Пас бидуни шинохти комил аз улуми абзорӣ ва аслии Ислом наметавон эҳёгар буд.

 Фарқ миёни эҳёгарӣ ва бидъат

Бидъат дар луғат ба маънои навоварӣ ва офариниш аст. Бидъат дар дин яъне фикр ва андешаи нав, ки поя ва асоси динӣ надорад, вале ба номи дин таблиғ ва тарвиҷ мешавад. Аммо эҳёгарӣ яъне  таҳрифзудоӣ аз дин ва пас аз касби салоҳияти илмӣ ва амалӣ аст. Пас касе, ки пеш аз касби салоҳияти илмӣ ва басиратӣ, бардоштҳои шахсии худро ба таври огоҳона ба ҳисоби дин бигзорад, мисдоқи бидъат ва гумроҳгарӣ дар тафаккури динӣ аст. Дар ривоёти зиёде ворид шуда аст, ки бидъатгузорӣ дар дин аз гуноҳони бисёр бузург ва муборизаи бо он як фаризаи динӣ аст.

Ва дар охир аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки моро аз эҳёгарони воқеии Ислом бигардонад.

Зафар Ғафурӣ

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.