Сухани зебо

Сухани зебо

Марде бо либосу кафшҳои қиммат ба деворе хира шуда буд ва гиря мекард. Наздикаш шудам ва ба нуқтае, ки хира шуда буд бо диққат нигоҳ кардам, дар онҷо навишта шуда буд: “ин ҳам мегузарад”. Иллатро пурсидам, гуфт: ин навиштаи ман аст.

Чанд сол пеш дар ин нуқта ҳезум мефурухтам ва зиндагиамро ба зур пеш мебурдам ….. ҳоло бошад соҳиби чандин корхонаам. Пурсидам: пас чаро дубора ба инҷо баргаштӣ? Гуфт: омадаам то боз бинависам: “ин ҳам мегузарад”.

Пас додаҳои Худовандро қадр бидонем, шояд рӯзе шавад, ки онро дигар надошта бошем!!!

Гар ба давлат бирасӣ, маст нагарди мардӣ

Гар ба зиллат бирасӣ, паст нагарди мардӣ

Аҳли олам ҳама бозичаи дасти ҳавасанд

Гар ту бозичаи ин даст нагарди мардӣ.

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *