Се хатар барои аҳли илм

takabur

takaburБа номи Худо

Се хатар барои аҳли илм ва роҳҳои дармони он аз назари Қуръони Карим

Оё бо хатароте, ки аҳли илмро таҳдид мекунад ошно ҳастед? Оё ин хатарот моро таҳдид мекунад ё мо гирифтори он ҳастем. Роҳи дармони он чист?

Ояи шарифаи 43 сураи Бақараро борҳо тиловат кардед, вале шояд таваҷҷӯҳи кофӣ надоштед… Ҳарчанд ин хатарҳо метавонад барои ҳамаи мардум пеш биёяд, вале ба хотири аҳамияти ҷойгоҳи илму олим ва оёти пеш аз ин оя, ки дар мазаммати уламои аҳли китоб ба хотири мухолифат бо ҳақ омадааст дар мавриди аҳли илм баҳс шудааст. Ин оя ангеза ва далели мухолифат бо ҳаққро такаббур, дунёдӯстӣ ва бартар донистани худ аз дигарон медонад ва роҳҳои дармони онро баён мекунад.

Пас биёд бо ҳам бодиққат ба ин оя бингарем, то дардҳои худро дармон намоем.

قال الله تعالی: وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ

Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ҳамроҳи рукӯъкунандагон рукӯъ кунед (ва ҳамроҳи ҷамоат бошед).

  1. 1. Хатари такаббур ва ғурур

Ҳангоми таҳсил баъд аз ёд гирифтани теъдоде аз истилоҳот ва маълумот гирифтори такаббур ва ғурур мешавад ва кам-кам ба ҷое мерасад, ки ҳақро ҳам намепазирад.

Роҳи дармон  وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ

Намоз корхонаи инсонсозӣ аст ва ҳақиқати ҷойгоҳашро барояш мефаҳмонад. Дар азон ва иқома ҳадди ақал 10-12 бор, дар худи намоз такбиратул иҳром, дар дохили намоз чандин бор ва баъд аз намоз дар тасбиҳоти ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) 34 бор ҷумлаи Аллоҳу акбар мегӯем. Яъне кибриёӣ фақат зебандаи Худо аст.

Дар сураи Ҳамд мехонем, ки тамоми ҳамду ситоиш аз они Худованд аст, чунки мураббии оламиён ва холиқу розиқи ҳамаи ҳастӣ ва соҳиби рӯзи ҷазо аст. Пас Худоё мо фақат бандаи ту ҳастем на бандаи илму мақому шуҳрату … ва фақат аз ту кӯмак мехоҳем чунки дигарон василае беш нестанд. Ту моро ба роҳи рост ҳидоят кун, вагарна мумкин аст ҳамин илм моро ба бероҳа барад ва бо тавфиқи ту метавонем дар ин роҳ солим ба мақсад бирасем, вагарна мумкин аст гирифтори ғазаби ту шавем ва ё роҳро гум кунем.

Оё як қатраи уқёнус метавонад сина баланд кунад ва бигӯяд, ки ман бартарам? Мегӯем: Як нигоҳе ба атрофи худат бикун худат аз ин корат хиҷолат мекашӣ.

Агар иттилоот ва истилоҳоти даҳҳо солаи моро ҷамъ кунанд чӣ қадар мешавад? Имрӯз як флаш даҳҳо гигабайт иттилоотро дар худ ҷой медиҳад. Дониши мо чӣ?

Пас Худоё! Мо ҳарки бошем, ба ҳар куҷо ки бирасем ва ҳарчи қадр бидонем заррае дар баробари уқёнуси ҳастӣ аст, ки ҳама ба дасти туст мебошад. Ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира Фотимаи Заҳро(с) ҳам иллати воҷиб шудани намозро аз байн бурдани рӯҳияи такаббур ва бузургбинӣ медонад ва мефармояд:

و الصلوة فَجَعلَ اللهُ الایمانَ تَطهیراً لَکم مِنَ الشِّرکِ ، وَ الصَّلاةَ تَنزیهاً لَکم عَن الکِبرِ؛[1]

Такаббур чӣ қадар хатарнок аст?

Суқут ва бадтарин суқут аст. Малъуни Худо ва ҳамаи ҳастӣ шудан аст. Дар Қуръон мехонем: шайтон дар баробари дастури Худо истикбор ва такаббур кард. Истикбор яъне эҳсоси бузургӣ кард.

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ [2]

قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلاَّ تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ قَالَ أَنَاْ خَيْرٌ مِّنْهُ خَلَقْتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِينٍ[3]

як лаҳза худро аз одам бартар дид ва бузург эҳсос кард, ки Худованд ӯро аз даргоҳаш берун кард.

قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَن تَتَكَبَّرَ فِيهَا [4]

Такаббур яъне худро бузург нишон дод, дар ҳоле ки воқеан бузург набуд. Ба хотири ин эҳсос ва вонамуд кардан кофир ва аз даргоҳи лутфу раҳмати илоҳӣ ронда шуд ва то рӯзи қиёмат малъун шуд.

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ [5]

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَمَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ لَعْنَةُ اللّهِ وَالْمَلآئِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ بقره 161 خَالِدِينَ فِيهَا لاَ يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلاَ هُمْ يُنظَرُونَ [6]  

Иттифоқан ҳар ки дар ин олами ҳастӣ эҳсоси бузургӣ кунад ва ё худро бузург вонамуд кунад хурд ва ночиз мешавад. فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ [7]

Чунки дар ин олами ҳастӣ кибриёӣ ва бузургӣ фақат махсуси Худованде аст, ки мураббии тамоми ҳастӣ ва азизу ҳаким аст.

فَلِلَّهِ الْحَمْدُ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَرَبِّ الْأَرْضِ رَبِّ الْعَالَمِينَ[8] وَلَهُ الْكِبْرِيَاءُ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ [9]

   امام صادق علیه الاف التحیة و الثناء می فرمایند: لا یَدخُلُ الجَنَّهَ مَن فِی قَلبهِ مِثقالَ ذَرَّهٍ مِنکِبر؛

Касе, ки дар қалбаш ба андозаи заррае кибру худбузургбинӣ бошад ба биҳишт намедарояд.[10]

 

  1. 2. Хатари дунёгароӣ ва сарватандузӣ

Баъд аз таҳсили илм дунболи ин аст, ки куҷо суханронӣ ва таблиғ кунад, бо чи афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ қарордод бандад, барои чи дастгоҳ, муассиса ё фарде хидмат кунад, ки маблағи бештар медиҳад ва як суми мо ду сум мешавад. Кам-кам ба ҷое мерасад, ки ба хотири майлу дархости соҳибон, рисолат ва вазифаи аслии худашро фаромуш мекунад. Чунки ӯ бояд паёмҳои Худовандро таблиғ ва мардумро аз хоби ғафлат бедор мекард ва ҳадафи хилқат ва интизори холиқ аз онҳоро баён менамуд. Ёдаш меравад, ки молу ҷон ва ҳама чизаш абзори имтиҳони илоҳӣ ҳастанд ва ба хотири анҷоми таблиғи оини илоҳӣ ҳатман озор ва азият мешаванд.

لَتُبْلَوُنَّ فِي أَمْوَالِكُمْ وَأَنفُسِكُمْ وَلَتَسْمَعُنَّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ مِن قَبْلِكُمْ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُواْ أَذًى كَثِيرًا وَإِن تَصْبِرُواْ وَتَتَّقُواْ فَإِنَّ ذَلِكَ مِنْ عَزْمِ الأُمُورِ[11]

Ва Худованд аз аҳли илм паймон ва аҳд гирифтааст, ки бояд дастуроти Худовандро бирасонанд.

وَإِذَ أَخَذَ اللّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلاَ تَكْتُمُونَهُ فَنَبَذُوهُ وَرَاء ظُهُورِهِمْ وَاشْتَرَوْا بِهِ ثَمَناً قَلِيلاً فَبِئْسَ مَا يَشْتَرُونَ[12]

  Роҳи дармонوَآتُوا الزَّكَاةَ

Яъне бо додани закот бояд бифаҳмад, ки аввалан ин мол, ҳамон тавр ки омад ҳамон тавр ҳам меравад, ҳарчи қадар буд рафтӣ бозор ва гушт, нахуд , пиёз, равған ва нон харидӣ ва хурдӣ ва тахлия кардӣ. Пас ба чизе такя кардаӣ ва худро бо он муомила кардаӣ, ки аввалан рафтанӣ аст ва сониян дар ҳадди шикам ва шаҳват аст, ки чаҳорпоён ҳам ин ҳунарро доранд.

оя пас мисли чаҳорпоён шудӣ, вале медонӣ, ки чаҳорпоён ба ҳадафи хилқати худ расиданд. Масалан як гов бо хӯрдани як қабза коҳ ва як сатл об шир, пору, гусола ва баъд аз маддате гӯшту пуст дод ва барои ҳамин офарида шуда буд, аммо ту чӣ? Ту ба ҳадаф нарасидӣ. пас аз чаҳорпоён пасттар ҳастӣ. Ризқатро назди дигарон талаб кардӣ, дар ҳоле ки намедонӣ ва мо рӯзӣ медиҳем.

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ[13]

Аслан ёдат рафтааст, замоне ки дар шиками модар будӣ қабл аз таваллуд пистони модаратро пур аз шир кардам, то вақте омадӣ мушкиле надошта бошӣ? Ҳоло туро раҳо кардаам? Тамоми вуҷудат моли ман аст он вақт бо дигарон муомила мекунӣ? Оё медонӣ ин арбобоне, ки барои хушояндашон худро ба обу оташ мезанӣ агар беҳтар аз туро пайдо кунанд ҳамон лаҳза занг мезананд, ки дигар маъзурем ва наметавонем дар хидмат бошем. Ҳатто агар дар ҳадди ту пайдо кунанд ин корро мекунанд, чун мегӯянд чеҳра, қалам, сабки ту такрорӣ шуда ва дигар мухотаб ҷалб намекунад. Умратро доди коғаз гирифтӣ, коғазро ба сабзифуруш додӣ ва сабзӣ харидӣ ва хӯрдӣ ва тамом шуд.? Оё ту ин будӣ? Барои ин офарида шуда будӣ? Агар закот бидеҳӣ суд мекунӣ.

خُذْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ صَدَقَةً تُطَهِّرُهُمْ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيْهِمْ إِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ لَّهُمْ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ [14]

Туро аз алоқа ва вобастагӣ ба моли дунё, ки кам аст шустушӯ медиҳем ва оя мехоҳем рушд кунӣ дар ин муомила 1 бидеҳӣ 700 медиҳем.

مَّثَلُ الَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنبُلَةٍ مِّائَةُ حَبَّةٍ[15]

Куҷои дунё ҳамчун муомилаи пурсуд меёбӣ аслан бештар аз ин ҳам касе намедонад, وَاللّهُ يُضَاعِفُ لِمَن يَشَاء وَاللّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ بقره 261Расули Худо(с) маъмур аст ба ту дуруд фиристад, وَصَلِّ عَلَيْهِمْ ин дуруд мояи оромиши шумо астإِنَّ صَلاَتَكَ سَكَنٌ لَّهُمْ. Аслан баҳои ту биҳишт аст. оя Ҳазрати Алӣ(а) ҳам мефармояд ба камтар аз он розӣ нашавӣ.

Ёдат рафтааст, ки ман аз аҳли илм паймон гирифтаам?

وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُ فَنَبَذُوهُ وَرَاءَ ظُهُورِهِمْ وَاشْتَرَوْا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا فَبِئْسَ مَا يَشْتَرُونَ[16]

  1. 3. Хатари дурӣ аз мардум ва ҷомеа ва бартар донистани худ

Баъд аз муддате мумкин аст кунҷи китобхона ё муассиса ё ғайраро интихоб кунад ва аз фазои мардумӣ ва ниёзҳо ва мушкилоти ҷомеа дур шавад ва чи басо нусхаҳои печида, ки на танҳо муфид нест, балки зарар дорад. Яке аз бузургон мегуфт: Ба уламои шаҳре нома навиштам, ки шумо дар онҷо матлаб мегӯед ё менависед мо инҷо чубашро мехӯрем. Ва мардум олимро ҳафтае як бор набинанд. Мисли телефони ҳамроҳе, ки баъд аз тамос мешунавӣ, ки муштараки мавриди назар дар дастрас намебошад .

  Роҳи дармон وَارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعِينَ

Дар ҳоле ки ӯ бояд барои ин мардум хидмат мекард ва маорифи исломӣ ва илоҳиро барояшон мегуфт ва ба шубҳаҳо ва масоили мардум посух мегуфт ва улгӯи шоистае барои дигарон мешуд. Пас бояд дар миёни мардум ва дар хидмати онҳо бошем ва мардумӣ зиндагӣ кунем. Худованд мефармояд: Расули мо се сифат дорад: 1) аз мардум(минҳум), 2) дар миёни мардум(фиҳим) ва 3) дар хидмати мардум(алайҳим).[17]

Умедворем Худованд ҳамаи моро аз шарри ин хатарот дар паноҳи худаш ҳифз намояд.

 


[1]Эҳтиҷоҷи Табарсӣ, ҷ.1,саҳ.258

[2](بقره/34)

[3] اعراف/12

[4]اعراف/13

[5](بقره/34)

[6]   162بقره

[7]اعراف/13

[8]جاثیه 36

[9]جاثیه37)

[10]جهاد النفس، ح 569

[11]Оли Имрон/186

[12]Оли Имрон/187

[13]Ҳуд/6

[14] Тавба/103

[15] Бақара/261

[16]Оли Имрон/187

[17]Бақара/151

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.