Роҳ бирав!
Рӯзе Луқмон ҳаким дар канори чашмае нишаста буд. Марде, ки аз онҷо мегузашт, аз Луқмон пурсид:
Чанд соати дигар ба деҳи баъдӣ хоҳам расид?.
Луқмон гуфт: Роҳ бирав!
Он мард фикр кард, ки Луқмон сухани ӯро нашунидааст. Дубора савол кард:
Магар нашунидӣ! Пурсидам чанд соати дигар ба деҳаи баъдӣ мерасам?.
Луқмон гуфт: Роҳ бирав!
Он мард фикр кард, ки Луқмон девона аст ва роҳашро идома дод. Замоне ки чанд қадам роҳ рафта буд, Луқмон бо садои баланд гуфт: “Эй мард, як соати дигар ба он деҳи пойин хоҳи расид”.
Мард гуфт: Чаро бори аввал ҷавоб надодӣ?
Луқмон гуфт: чунки роҳ рафтани туро надида будам, намедонистам тез роҳ меравӣ ё оҳиста. Ҳоло ки дидам донистам, ки то як соати дигар ба он деҳи пойин хоҳӣ расид