Роҳҳои тақвият ва афзоиши имони қалбӣ 2

4- Унс ва муошират бо Қуръон

Роҳи дигар барои тақвияти имон ва боварҳои динӣ, унс бо Қуръон аст. Ба ҳамин ҷиҳат дар Қуръони карим омадааст:

¼وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا»…

«Ҳангоме, ки оёти илоҳӣ бар онҳо (мӯъминони ростин) хонда шавад, имонашон афзуда мегардад» (сураи Анфол/2). Ва ин имон дар асари сайри оёте, ки ишора бар Худои Мутаол ва ҳамчунин оёте, ки инсонро ба сӯи маорифи ҳақ роҳбарӣ мекунанд ва дар дил ӯ шоху барги онро мекоранд, ба гунае, ки ҳар қадар мӯъмин бештар дар он оёт сайру таамул кунад имонаш қавитар ва зиёдтар мегардад, то он ҷо, ки ба марҳалаи яқин бирасад ва ояти зикршуда ишора ба ҳамин маъно дорад.

Аз ончи гузашт равшан гардид, ки ҷумлаи «афзуда шудани имонашон»[1] ишора аст ба зиёдӣ аз ҷиҳати кайфият, яъне имонашон рӯ ба шиддат ва камол мегузорад, пас ин ки баъзе аз муфассирон онро ба маънои зиёд шудани миқдор ва теъдоди мӯъминон гирифтаанд, иштибоҳ аст»[2].

Унс ва тиловати Қуръон чун инсонро зери пӯшиши вилояти илоҳӣ мебарад, васвасаҳои таблиғоти бад, бар боварҳои динии ӯ асар намекунад. Ба хусус агар Қуръон дар фасли шукӯфоии умр яъне синни ҷавонӣ ва навҷавонӣ хонда шавад. Бешак касе, ки маорифи Қуръон бо хамири вуҷуди ӯ омехта шуда бошад, имон ва эътиқодоти ӯ тақвият гашта ва тунбоди шубҳаҳои бегонагон наметавонад дар боварҳои динии ӯ халал ва изтироб эҷод кунад.

1- Амали солиҳ

Баъд аз илму маърифат ва мушаххас гаштани ҳадаф ва имон ба он, амали солеҳ дар тақвияти имон нақши муассире дорад, имон бидуни амали солеҳ маъно надорад. Имом Ҷаъфари Содиқ(а) фармуданд «имон ҷуз ба амал нест ва амал бахше аз он аст ва имон ҷуз ба амал собит намешавад»[3]

Дар сухани дигаре аз он ҳазрат чунин омадааст: имон он аст, ки тоати Худо шавад ва гуноҳе анҷом нашавад.[4]

Дар Қуръони карим тақрибан ҳар ҷо, ки аз имон сухане ба миён меоварад дар канори он амали солеҳро низ зикр мекунад, ин масъаларо дар оёти фаровоне метавон мушоҳида кард, ба унвони намуна ба ин чанд ояти шарифа таваҷҷӯҳ ва диққат намоед:

1-     ¼وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ»…

Ба касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, башорат бидеҳ…(сураи Бақара/25).

2-     ¼وَأُدْخِلَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ»…

Ва касонеро, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, ба боғҳои биҳишт ворид мекунад…(сураи Иброҳим/23).

3-     ¼وَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَيُوَفِّيهِمْ أُجُورَهُمْ»…

Ва аммо онҳое, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, Худованд подоши онҳоро ба сурати комил хоҳад дод…(сураи Оли Имрон/57).

Дар ин се ояти боло ва дар даҳҳо ояти дигар имон ва амали солеҳ дар канори ҳам зикр шудааст ва баёнгари ин масъала аст, ки «ҳақиқати имон» ва имони қавиро бояд дар оинаи аъмоли солеҳи бандагон мушоҳида намуд ва ин як робитаи дутарафа аст, ҳамон гуна, ки имони қавӣ худро дар шакли аъмоли солеҳ намоён мекунад, аъмоли солеҳу нек ҳам бар қудрат ва устувории имон меафзояд ва онро маҳкам ва шикастнопазир мекунад.

2- Ғафлатзудоӣ

Яке аз чизҳое, ки аз қудрати имон кам мекунад, ғафлат аст. Ғафлат одамиро аз таваҷҷӯҳ ба ҳақоиқи атроф боз медорад ва роҳи интихоби саҳеҳро бар ӯ мебандад. Ғароиз бар бисёре аз инсонҳо ҳокими мутлақ аст ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба роҳҳо ва аҳдофи калон гунг мекунад. Аз ин рӯ Қуръони карим бо баёни тунде аз ғофилон ёд кардааст:

¼وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لَا يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَا يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لَا يَسْمَعُونَ بِهَا أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ »

Яқинан гурӯҳи бисёре аз ҷину инсро барои дӯзах офаридем, онҳо дилҳо (ақлҳо)е доранд, ки бо он (андеша намекунанд ва) намефаҳманд ва чашмоне, ки бо он намебинанд ва гӯшҳое, ки бо он намешунаванд, онҳо ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар, инҳо ҳамон ғофилон ҳастанд (чунки бо доштани тамоми шароити ҳидоят, боз ҳам гумроҳанд). (сураи Аъроф/179).

Бале ғафлат роҳҳои шинохт ва фаҳми ҳақоиқро бар инсон мебандад ва истеъдодҳои ӯро аз кор меандозад ва ба ҳамин хотир инсони ғофил аз ҳайвон пасттар мешавад, зеро агар ҳайвон бар дарк ва фаҳм қодир нест, узр дорад. Аммо инсон бо доштани абзорҳои маърифатӣ, узре барои тавҷеҳи ғафлати худ надорад.

Имон дил додан ва дил супоридан аст ва ин замоне фароҳам аст, ки тамоми таваҷҷӯҳи дил ба чизи дигар вобаста набошад, ки дар ин сурат диле барои одамӣ боқи намондааст, ки ба ҳақиқат бисупорад. Ба ҳамин далел аст, ки ёдоварӣ ва пандпазирӣ аз ҳаводиси дарсомӯз низ махсуси касоне аст, ки диле дошта бошанд.

Барои устувор сохтани имон, нахуст бояд ғафлатзудоӣ кард; яъне таваҷҷуҳ кунем, ки ғайр аз ором кардани ғароизи моддӣ ва касби лаззатҳои нопойдор, ҳақоиқи дигаре низ ҳаст ё метавонад бошад. Паёмбарони илоҳӣ бо ёдовар шудани пораи ҳақоиқи равшан, ки мавриди ғафлат қарор гирифтаанд, талош дар бедор сохтани одамиён доштанд ва аз ин рӯ Қуръони карим кори онҳоро зикр ва худ ононро ёдоваркунанда мехонад:

¼فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ»

Пас ёдоварӣ кун, ки ту фақат ёдоварикунандаӣ.(сураи Ғошия/21).

6-Дӯст доштан ва бад дидан барои Худо

Яке дигар аз авомили тақвияти имон ва боварҳои динӣ, дӯст доштан ва бад дидан ба хотири Худо аст, яъне агар инсоне мехоҳад имон ва эътиқодоти худро устувор ва мустаҳкам намояд, бояд дӯстӣ ва душманӣ ва ҳамаи корҳои худро бо меъёри худоӣ анҷом диҳад, ҳамон тавре, ки Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

«مَنْ أَحَبَّ ِلله و أَبْغَضَ ِللهِ وَ أَعْطَی لَهُ وَ مَنَعَ لَهُ فَقَد اسْتَکْمَلَ الإِيْمَانَ»

Агар касе барои Худованд дуст бидорад ва барои Худованд душман бидорад ва барои ӯ бибахшад ва барои ӯ(бахшиш)ро боз дорад, имонро комил гардонидааст[5].

Натиҷа

Дар хотима чанд маврид аз натоиҷи тақвияти имон ва боварҳои диниро зикр мекунем:

v Касе, ки бо имони қавӣ ба уқёнуси бекарони илоҳӣ гиреҳ хӯрдааст, васвасаҳои шайтонӣ ва ҳуҷуми таблиғоти муосир бо васоили гуногуни расонаи ва интернетӣ ва… барои суст кардан ва аз байн бурдани имон ва боварҳои динӣ наметавонад заррае дар иродаи оҳанини ӯ ва инҳироф ва лағзише эҷод намояд.

v Дар мавориде, ки душвориҳои хело сахт шахсияти инсонро дар ҳам мекубанд ва ирода ва умедро аз ӯ мегиранд, такя баХудованд дар рӯҳи шикастхӯрдаи ӯ асари амиқ ва ғайри қобили инкоре мебахшад; нокомиҳо, гирифториҳо ва шикастҳо ҳаргиз наметавонанд дар замири поки мардони илоҳӣ тӯфон ба по кунанд ва онҳоро дучори сустӣ, ноумедӣ ва худбохтагӣ созанд.[6]

v Донишмандони равонишинос ҳамагӣ эътироф доранд, ки дармони нороҳатиҳои рӯҳӣ ва эҷоди итминон ва оромиши дарунӣ, нерӯи «имон» фавқулода шигифт ва тааҷҷубангез ва самарабахш аст.[7]

v Оромиши рӯҳӣ ва равонӣ имрӯза яке аз масоили муҳими ҷомеаҳои башарӣ аст, ба сабаби ин, ки ҳар чи инсонҳо талош мекунанд ба манофеъ ва лаззатҳои моддии бештаре даст пайдо мекунанд то ба оромиши бештаре бирасанд вале натиҷаи баръакс медиҳад ва он ин, ки оромиши рӯҳӣ ва равонии худро аз даст медиҳанд, инҳо роҳро иштибоҳ рафтаанд, оромиши ҳақиқӣ танҳо дар сояи имони қавӣ ва боварҳо ва эътиқодоти илоҳӣ ҳосил шудани аст, на дар сояи манофеи бештари моддӣ.

v Имрӯза бо пешрафти илму санъат инсонҳо на танҳо аз имон бениёз нестанд, балки бештар ба имони қавӣ ниёз доранд, чун илму имон бо ҳам набошанд барои ҷомеаи башарӣ зиёнбор хоҳад буд ва натоиҷи онро дар ҳар ду ҷиҳат имрӯза мушоҳида мекунем.

Манобеъ

1-     Қуръони карим

2-     Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайни Байҳақӣ, Шуабул имон, таҳқиқи Муҳаммадсаиди Басюнии Зағлул, Берут, интишороти дорул кутубул- илмия, чопи аввал, соли 1410 ҳиҷрии қамарӣ.

3-     Алиризо Собирии Яздӣ, алҳикму-зоҳира, тарҷумаи Муҳаммадризо Ансории Маҳалотӣ, интишороти созмони таблиғоти исломӣ, Қум, чопи дуюм, соли 1375.

4-     Аҳмад ибни Ҳанбал, муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шаъиб ал-Арнаут ва дигарон, Берут, интишороти муассисату аррисола, чопи дуюм, соли 1999.

5-    Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ва Масъуди Ансорӣ, паёми Паёмбар(с), интишороти Мунфарид, Теҳрон, чопи аввал, соли 1376.

6-     Ихвони Ҳакимӣ, Алҳаёт, тарҷумаи Аҳмади Ором, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, Теҳрон, соли 1380.

7-     Муртазо Мутаҳҳарӣ, маҷмуаи осор, ҷилди 2, интишороти Садро, Теҳрон, чопи ҳаштум, соли 1378.

8-     Муҳаммадҳусейни Таботабоӣ, тафсири Алмизон, тарҷумаи Саидмуҳаммадбоқири Мусавии Ҳамадонӣ, дафтари интишороти исломии ҷомеаи мӯдаррисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, соли 1374.

9-     Саидмуҷтабо Мусавии Лорӣ, рисолати ахлоқ дар такомули инсон, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаии илмияи Қум, чопи чаҳорум, соли 1376.

А. Мирзо

[1] — زَادَتْهُمْ إِيمَانًا

[2] — Таботабоӣ, ҷ.9, с.11.

[3] — Ҳакими, ҷ.1, с.393, шумораи.138

[4] — Собирӣ, с.454, шумораи 1375

[5] — Байҳақӣ, ҳадиси. 9021

[6] — Мусавӣ, саҳ.170

[7] — ҳамон

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.