Решаҳои беҳиҷобӣ ва бадҳиҷобӣ 2

В) Заъфи имон

Дастуроти илоҳӣ аз ҷумла ҳиҷоби исломӣ аз тарафи Худованд бо воситаи пайғамбарон барои башар расонда шудааст ва амал ба онҳо ҷуз дар сояи имон ба Худованд, ки решаи аслии амал аст, имконпазир нахоҳад шуд.

Бинобар ин касоне, ки аз эътиқод ба Худованд дар шаку шубҳа ба сар мебаранд ва қалби онҳо аз имон ба Худо ва ҳисобу китоби рӯзи қиёмат мутмаин нашудааст, дар амал ба дастуроти Худованд кӯтоҳӣ ва сустӣ менамоянд. Ва то замоне ки бе эътиқодӣ бартараф нашавад, натиҷае ба даст нахоҳад омад. Чун ки имон ва эътиқод ба Худо решаи арзишҳо ва эътиқодот аст.[1]

Г) Сайди дилҳои мардон

Бархе аз занон ба бемори сайди дилҳо гирифторанд. Онҳо дӯст доранд маҳбуби дили ҳар марде бошанд. Алоқаи ҳамсар барои ирзои рӯҳияи онҳо кофӣ нест, маҳбубияти умумӣ металабанд. Ба ҳамин ҷиҳат рӯ ба беҳиҷобӣ меоваранд, то аз ин роҳ битавонанд маҳбубият ба даст оваранд.
Д) Издивоҷ

Баъзе аз духтарон бадлибосӣ ва худнамоии худро гузаргоҳе барои расидан ба издивоҷ мепиндоранд. Онҳо гумон мекарданд, нишон додани зебоиҳои занонаашон метавонад ҷавононро ба онҳо алоқаманд кунад, ба ҳамин хотир мӯйҳои худро ба намоиш мегузоранд ва бо пӯшидани либосҳои ҷозибадор ва нозук барои ба даст овардани шавҳар талошу кушиш мекунанд. Ғофил аз инки ҷавонон бо ҳама хушрӯиҳое, ки духтарон доранд, ҳаргиз ба издивоҷ бо онҳо тан нахоҳанд дод. Бетақвотарин марди ҷомеа барои издивоҷи худ ба дунболи афифтарин ва покдомантарин духтар меравад. Ҳамаи ҷавонон дӯст доранд духтаронеро барои ҳамсарӣ интихоб кунанд, ки барои як маротиба ҳам тарҳи дӯстӣ ва хушгузаронӣ бо ҷавони дигар надошта бошад. Асрор ва зебоиҳои ҷисмонии худро дар намоиши   номаҳрамон нагузошта бошад. Ҷавонони бетақво аз духтарони худнамо барои лаззатҳои кутоҳ ва муввақатӣ ва хушгузарониҳои зудгузари худ истиқбол мекунанд, аммо ҳеҷ гоҳ онҳоро ба ҳамсари шаръӣ ва қонунии худ намепазиранд. Ба таъбири дигар духтарони худнамо дар чашмҳо ҷой доранд ва занони пӯшида дар дилҳо ҷой гирифтаанд.

Бинобар ин бадҳиҷобӣ ва ҳаракатҳои хилофи иффат чашмандози хубе барои издивоҷ надорад ва агар издивоҷ ба хотири ҷозибаҳои ҷинсӣ сурат пазирад аз пояҳои мустаҳкам бархурдор нахоҳад буд.

Роҳи издивоҷ дар риояти тақво ва дархост аз Худованд ва тавассул ба Пайғамбари Ислом(с) мебошад.[2]

Ва риояти афиф будан ва ҳифзи виқори занона аст.

[1]. Таҳлили нав амали аз ҳиҷоб дар асри ҳозир , саҳ. 150

[2]. Ҳамон саҳ. 162

Охирин матолиб

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *