Дар ин фасл ба баррасии равиши тафсири шайх Абўмансури Мотуридӣ, ки поя гузори мактаби Мотуридӣ аст, мепардозем.
Ошноии кулли бо тафосири Мотуридӣ
«Таъвилоти аҳли суннат» аз Абўмансури Мотуридӣ, китобе аст, ки дар тафсири Қуръони Карим нигошта шудааст ва дар он муаллиф мекўшад оро ва назароти фиқҳии имоми худ Абўҳанифаро матраҳ кунад ва аз тарафи дигар бо ҳамла ба гурўҳи Муътазила эътиқодоти аҳли суннатро тавзеҳ дода бо истидлолоти ақлӣ ва нақлӣ ба исбот расонад. Ин китоб як давраи комили тафсири тартибии Қуръон мебошад, ки ҷилди аввали он аз ибтидои сураи Ҳамд то интиҳои Бақара ва ҷилди дигараш аз сураи Мунофиқин то охири Қуръони Каримро дар бар мегирад.(20) Ин китоб тавассути дуктур Иброҳими Авазайн бо кўмаки шахсе дигар дар Қоҳира мунташир шуде аст. Аз лиҳози гароишӣ низ гароиши фиқҳӣ ва каломӣ дорад ва аҳёнан аз баҳсҳои луғавӣ низ баҳра меҷўяд. Ҳангоме, ки вориди тафсири оят мешавад ибтидо маънои иҷмолии онро баён мекунад, онгоҳ ривоятҳои воридаи зери оятро бидуни санад ва ҳатто дар баъзе аз маворид бидуни исми қоил баён намуда орои мутакалимонро мавриди нақд ва баррасӣ қарор медаҳад ва эътиқод худро бо истидлоли ақлӣ ва нақлӣ ба исбот мерасонад. Аҳёнан асбоби нузули оятҳоро баён мекунад. Дар тафсири оятҳо ва тавзеҳи муроди ҷумалот, ба ақл ва нақл ҳар ду такия мекунад ва масоили эътиқодӣ ва фиқҳиро тибқи мабно ва эътиқоди худ истихроҷ ва истинбот мекунад.(21)
Равиши тафсири Мотуридӣ
Равишҳои тафсирие, ки Абўмансури Мотуридӣ дар тафсири оятҳои Қуръони Маҷид истифода карда аст ба шарҳи зайл аст:
А) Қуръон ба Қуръон
Дар фаҳми мақосиди Қуръон ва маъони баланди он бояд то ҳадди имкон, ба худи Қуръон муроҷиа шавад, зеро беҳтарин далел бар мақсуди ҳар гўянда, қароини лафзӣ аст, ки дар каломи худи ӯ омада аст ва ӯ онҳоро такягоҳи гуфтори хеш қарор дода аст. Аз ин ру мебинем, ки Абўмансури Мотуридӣ ин равишро дар сарлавҳаи кори хеш қарор дода аст. Ба унвони мисол дар таъйини вожаи «дин» дар сураи Ҳамд аз ҳамин равиш истифода карда аст.
Ин равиш беҳтарин ва маъқултарин равишҳои тафсирӣ мебошад ва ба ҳаққ Мотуридӣ дар ҷо- ҷой тафсири хеш аз он баҳра ҷустааст.(22)
Б: Қуръон бо аҳодиси Паёмбар (с)
Қуръони Карим аз тарафе нур ва баёнкунандаи тамоми он чизе аст, ки дар роҳи расидани инсон ба саъодати дунёви ва ухравии ӯ ниёз аст аммо аз тарафи дигар танҳо ба зикри куллиёт ва қавоид ва усули асосӣ басанда намуда, тавзеҳ, табйин ва тафсири онро ба ўҳдаи расули Худо (с) гузошта аст
Баён ва тавзеҳ аз ҷониби Паёмбар (с) гоҳ ба забон аст ва гоҳ ба феъл ва аҳёнан бо тақрир, ки маҷмўаи онро истилоҳан «суннат» таъбир мекунанд ва кумак гирифтан аз суханони он ҳазрат дар таъйин ва тафсири муроди Худовандро тафсири равоӣ гӯянд, ки ҷойгоҳи хоссе дар миёни равишҳои тафсирӣ дорад ва ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи муфасирон будааст.
Абўмансури Мотуридӣ ҳамонанди дигар муфасирон аз ин равиш зиёд истифода намуда аст.(23) Бе шак истифода аз ривояти манқула аз Набии Акрам(с) дар тафсири оятҳои Қуръон амрест иҷтинобнопазир ва бо таваҷҷўҳ ба ояти 44 сураи Наҳл дар бисёре аз мавозеъ бидуни ривоят тафсир имконпазир нест, ҳамонанди оятҳои аҳком ва баёни ҷузиёти намоз ва ҳаҷ. Вале бояд таваҷҷўҳ дошт, ки дар равиши тафсирии ривоии ифрот ва тафритҳои фаровоне дар бистари таърих шуда аст. Абўмансури Мотуридӣ дар мавориди мутаадиде аз ин равиш истифода карда аст, ки дар равиши эшон як нуктаи мусбат ва як нуктаи манфӣ вуҷуд дорад: Нуктаи мусбат инки саъй мекунад аз ривоятҳои исроилӣ иҷтиноб бикунад ва ақл ў нақлро дар ин замин меъёри кори хеш қарор додааст. Аммо нуктаи манфӣ инки дар зикри ривоятҳо аслан ва ҳатто дар як маврид ҳам санадро зикр намекунад ва ин нақси кори ӯст, ки дигаронро аз баррасии асноди ривоятҳо маҳрум сохтааст.
В) Тафсири Қуръон бо ақволи саҳоба ва тобиин
Асҳоби Расули Худо касоне ҳастанд, ки шоҳиди нузули оятҳо ва вақоеи, ки ба хотири онҳо оят нозил шуда аст, будаанд. Пас аз суханони Паёбар(с), истифода аз ақволи саҳоба дар тафсири оятҳои Қуръон ба хусус шаъни нузулҳо ба унвони қаринаи нақлӣ, амрест маъқул ва мақбул.
Инчунин суханони тобиин, касоне, ки ба некӣ аз асҳоб пайравӣ карданд, дар тафсири оятҳо роҳгушои хубе хоҳад буд. Ин бадон ҷиҳат аст, ки онҳо бар асри нузули оятҳо наздиктар буданд ва аз тарафе бо кўмаки ашъор ва урфи аъроб дар тавзеҳи муфрадоти Қуръон хидматҳои шоистае намудаанд, лизо истифода аз ривоятҳои онҳо низ ба унвони қаринае дар тафсири оятҳо кўмаки фаровон хоҳад кард. Абўмансури Мотуридӣ дар тафсири хеш истифодаи шоён ва фаровоне аз ин равиш намуда аст. Дар ин равиш танҳо ашколе, ки Абўмансури Мотуридӣ гирифтори он шудааст он аст, ки эшон аввалан санадҳоеро аслан зикр накардааст, сониян дар бисёр маворид баён накарда аст, ки ноқил ва гуянда чӣ касе аст.(24)
Г) Тафсири ақлӣ ва иҷтиҳодӣ
«Тафсири ақлии оятҳои Қуръони Карим дар ҷамъ- банди оятҳои Қуръон (тафсири Қуръон ба Қуръон), дар ҷамъи байни ривоятҳо ва рафъи таоруз, дар ҷамъбандии ақволи муфассирон ва натиҷагирӣ аз онҳо дар ҷамъбандии оятҳо ва ривоятҳои марбут ба оятҳои аҳком ва… корбурд дорад».(25) Абўмансури Мотуридӣ ки мазҳаби фиқҳии ва каломии ӯ маъруф ба ақлгаро аст ба ин равиш дар тафсири оятҳои Қуръон ва таъйини мақосиди он таваҷҷўҳи хоссе дорад. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба тафсири ояти 20-и сураи Тоҳо.
Эшон дар тафсири оятҳо ва ҷамъбандӣ ва натиҷагирии матолиб аз равиши ақлӣ ва иҷтиҳодӣ ба таври густарда истифода кардааст ва аввалин касе аст, ки ин равишро дар мазҳаби Абўҳанифа эҷод карда тафаккури ҷумуд ва якнавохти равиши тафсири ривоии истиқлолиро ба ҳам задааст.
Ҷамъбандӣ:
Эшон дар тафсири оятҳои Қуръон аз чаҳор равиш: Қуръон ба Қуръон, бо ривоятҳои Паёмбар (с), бо ақволи саҳоба ва тобиин ва аз равиши ақлӣ истифода намудааст ва тафсири ӯ гароиши фиқҳӣ ва каломӣ дорад. Дар маҷмўъ тафсире аст муфид ва коромад ба хусус аз лиҳози эътиқодӣ ва каломӣ ва арзиши муроҷиаро дорад: чунки ӯ аввалин касе аст, ки дар асри худ ба бароҳини ақлӣ ва истидололҳои мантиқӣ барои исботи қавоид ва усули дин пардохта аст.
Сиддиқ Ҳусейнзод
пайнавиштҳо:
20- Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби Исломӣ, ҷилди 4 сафҳаи 12 ва тавилоти аҳли суннат, ҷилди 1 сафҳаи 27
21- Ал-муфасирун ҳаётаҳум ва мунҳаҷаҳум, Алӣ Аёзӣ сафҳаи 225
22- Тавилоти аҳли суннат, ҷилди 1 сафҳаи 14
23- н.к зайли сураи Ҳамд. 24- Таъвилот, ҷилди 1 сафҳаи 416
25-Таъвилот, ҷилди 1 зейли ояти аҳком.