Пирамард ва улоғ

Пирамард ва улоғ

Кишоварзе улоғи пир дошт. Як рӯз улоғ тасодуфӣ ба даруни як чоҳи беоб афтод. Кишоварз ҳарчи саъю талош кард, натавонист улоғашро аз даруни чоҳ берун биёварад.

Пас барои ин ки ҳайвони бечора зиёд заҷр накашад, кишоварз ва мардуми деҳа тасмим гирифтанд чоҳро бо хок пур кунанд, то улоғ зудтар бимирад ва марги тадриҷии ӯ боиси азобаш нашавад.

Мардум бо сатил рӯи сари улоғ хок мерехтанд, аммо улоғ ҳар бор хокҳои рӯи баданашро метаконд ва зери пояш мерехт ва вақте хоки зери пояш боло меомад, саъй мекард рӯи хокҳо биистад.

Мардуми деҳ ҳаминтавр ба зинда ба гур кардани улоғи бечора идома доданд ва улоғ ҳам ҳаминтавр ба боло омадан идома дод, то инки ба лаби чоҳ расид ва дар ҳайрати кишоварз ва мардуми деҳ аз чоҳ берун омад… .

 

Натиҷаи ахлоқӣ: Мушкилот монанди тале аз хок бар сари мо мерезад ва мо ҳамвора ду интихоб дорем: аввал инки иҷоза бибиҳем мушкилот моро зинда ба гур кунанд ва дуввум инки аз мушкилот сакуе бисозем барои боло омадан!

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *