Хонавода майдатарин ва дар айни ҳол муҳимтарин ва печидатарин низоми иҷтимоӣ аст, ки бар асоси табиат ва қарордод бино мегардад ва бо соири низомҳои иҷтимоӣ робитаи мутақобил дорад, яъне асар мегузорад ва таъсир мепазирад. Хонавода ниҳоде аст, ки шахсияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳоро шакл медиҳад.
Аммо ончӣ дар ин миён дорои аҳамият ва арзиш аст, ин ки нақши аввал ва ҳунарпешаи аслӣ ва моҳири ин саҳна зан аст.
Зан кист? Зан ҳамон инсоне аст, ки офариниши воҳиде бо мард дорад, чунон ки Қуръони шариф мефармояд:
«Эй мардум, тақво пеша кунед, дар баробари Худое, ки шуморо аз як тан биёфарид ва барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне падид овард».
Вуҷуди зан мукаммил ва мутаммими вуҷуди мард аст ва баръакс ва ин ду лозим ва малзуми якдигаранд. Худованди бузург аз оғози офариниш ин дуро ба тавре халқ кардааст, ки танҳо бо дар канори ҳам будан ва зери як сақф зиндагӣ намудан, метавонанд ба ҳаёти матлуб ва дар шаъни хеш ва ба камоли воқеӣ, ки интизори табиат ва офариниш аст, бирасанд; ҳар кадом аз зан ва мард бо ифои нақши ҷудогонае, ки ношӣ аз фитрат ва зотиёти муҷаззои онҳост, метавонанд зиндагии пурсамареро ба вуҷуд оваранд.
Аммо матлабе, ки шоёни таваҷҷўҳ аст, ин ки нақши зан дар зиндагии муштарак ва хонаводагӣ дар айни ин ки аз аҳамияти бисёр болое бархурдор аст, лекин зарофат ва латофати хоссе дорад, ки камтар бораи таваҷҷўҳ ва диққати соҳибназарон ва андешмандон воқеъ мешавад, зеро вуҷуди зан ва нақши хатири ў дар ҳаёти башарро аз даричаи манофеи гурўҳии худ мавриди тафсиру таҳқиқ қарор медиҳанд, аммо аз дидгоҳи Ислом масъала бисёр мутафовит аст. Аз ҷумла Қуръони Карим мефармояд: «Ўст, ки ҳамаи шуморо аз як тан офарид ва аз он як тан ҳамсарашро низ офарид, то бо ў оромиш ёбад», — дар тафсири ин ояи шарифа омадааст: зан дар хона созандаи муҷаддади шахсият, тавоноӣ ва короии мард аст.
Оромиш ва сукунеро, ки зан ба мард мебахшад, бо ҳеҷ шева ва абзори дигаре наметавон падид овард. Ба гуфтаи Уилл Дюран: зан аз онҷо, ки марди хаёлӣ ва саргардонро ба марди фидокор ва пойбанд ба хона ва кўдакони худ табдил мекунад, омили ҳифз ва бақои навъи инсон мебошад.
Аз ин ҳақиқати воло Қуръони Карим хеле зеботар парда бармедорад: «Ва аз нишонаҳои қудрати ўст, ки бароятон аз худатон ҳамсароне офарид, то ба василаи онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дўстӣ ва меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин пандҳо нишонаҳое аз ҳикмати илоҳист барои онҳое, ки аҳли тафаккуранд».
Таскину оромиши амиқе аст, ки мардон дар канори занон ва дар оғўши хонавода меёбанд ва дар партави он зиндагӣ монанди қаиқе ба соҳил мерасанд ва изтиробҳою нигарониҳо ва саргардониҳо аз муҳити андешаи мардон рахт бармебандад. Матлаби дигар ин ки дар хонавода занон мардонро бо масъулияту таклиф ва зобитаманд будан ошно месозанд. Ҳисси тааҳҳуд ва исору нармӣ ва латофатро дар вуҷуди онҳо ҷорӣ менамоянд. Сарпарастӣ ва мудириятро дар мадори кўчаки хона ба ў меомўзанд ва ўро ба як навъ худбоварӣ ва эътимод ба нафси арзишманди шахсиятӣ мерасонанд. Ин мавзўи бисёр муҳимме аст, ки танҳо дар омўзишгоҳи хонавода ва тавассути мураббӣ ва устоде ба номи зан метавонад ба наҳви аҳсан зуҳур пайдо кунад ва тавону истеъдоди билқувваи мард ба феълият ва шукуфоӣ бирасад. Ин аст нақши ҳамсарии занон дар хонавода.
Аммо арзиши зан дар инҷо бо ин маврид хулоса намешавад, балки нақши ҳаётии дигаре низ дорад ва он рисолати модарӣ ва муаллимии аввали башар будан аст. Ин нақш даврони тўлонӣ дорад, яъне зан аз оғози ташкили нутфа дар раҳм, то охирин лаҳзаҳои ҳаёт, ба ростӣ парваришдиҳандаи фарзанд ва «инсон» аст. Ин ҳақиқате аст, ки танҳо ҳунармандаш зан аст ва ҷуз ў каси дигаре наметавонад ифокунандаи ин нақш бошад.
Дар Ислом таъкиди зиёде дар бузургии нақши модар шудааст, то пайванди фарзандон бо меҳвари аслӣ ва сутуни асосии хонавода устувор гардад.
Ҳамчунин мебинем, андешамандони дилсўз, ки дар андешаи сомонёбии ҷомеа ва тамаддуни башарӣ ҳастанд, занонро ба асолати нақши модарӣ тарғибу ташвиқ намуда ва ҳамвора таъкид мекунанд, ки: ҷанҷоли таблиғотии тасовии зан ва мард мабодо занонро аз ифои комили нақши модар боз дорад, ки ин фоҷиаи ҷуброннопазир аст. Садамот ва зоеоти ин матлаб дар фарзандоне, ки модаронашон ба далеле дар канорашон нестанд ва ё ҳузури камранг доранд, ба равшанӣ қобили мушоҳида аст.
Ҳамаи саодати мо аз домани зан – модар шурўъ мешавад. Зан ба далели латофат ва зарофате, ки дорад, эҳсосаш қавӣ мебошад ва ҳамин амр боис шудааст, ки аз назари тарбиятӣ нисбат ба мард ба хонавода таъсири бештаре дошта бошад. Агар дар тўли таърих модарони ғаюр ва боҳиммат ва боирода набуданд, мардони бузург ба вуҷуд намеомаданд. Бинобар ин бесабаб нест, ки бузурге фармудааст: Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад.
Хадиҷаи Ғафурӣ