Назоҳати Қуръони Карим аз таҳриф

Назоҳати Қуръони Карим аз таҳриф

Қуръони Карим танҳо китоби осмоние аст, ки Худованди Таборак ва Таоло ҳифз ва нигоҳдории онро тазмин кардааст. Суҳуф ва китобҳои дигари паёмбарон, ё аз байн рафтанд ва ё дастхуши таҳриф ва дигаргунӣ шуданд. Яке аз аҳдофи беъсати паёмбарон низ аз байн бурдани таҳрифҳо ва тағйирҳои воқеъшуда дар адёни пешин ва нишон додани роҳи рост ба башарият будааст.

Эътиқоди росих ва иҷмои мутлақи уламои Ислом аз салаф ва халаф бар ин устувор аст, ки ҳеҷгуна тағйир ва дигаргунӣ дар алфози Қуръони Карим чи бизёда ва чи бинақиса сурат нагирифтааст, аммо дар тӯли таърих чанд нафар ангуштшуморе бар асари ғафлат ё бар асари ҷаҳолат ва ё аҳёнан ба иллати ситезаҷӯӣ бо Қуръони Карим, иддиои таҳриф дар бархе аз оёти Каломуллоҳи Маҷидро кардаанд, ки асли назари онҳо ба куллӣ матруд ва истидлолҳои онҳо мавриди муноқишаи тамоми донишмандони ҷаҳони Ислом воқеъ шудааст.

Дар ин фасл зимни мафҳумшиносии таҳриф ба анвои таҳриф ишора ва мавзеи муҳаққиқини фарзонаи Ислом ҳамроҳ бо истидлолҳои нақлӣ ва ақлӣ табйин хоҳад шуд.

Мафҳуми таҳриф

Калимаи таҳриф масдари боби тафъил (تفعیل) аз решаи “ҳ,р,ф”(ح،ر،ف) аст. Ҳарф яъне канор, ҳошия, тараф ва ҷониб; ва таҳриф ба маънои моил намудан ва дигаргун сохтан аст.

Истеъмоли таҳриф дар Қуръон

Муштақоти калимаи таҳриф дар чанд оят аз Қуръони карим ба маънои тағйир ва дигаргунӣ омадааст. Худованд дар мавриди Яҳуд мефармояд:

  1. 1.﴿ مِّنَ الَّذِينَ هَادُوا يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِ﴾[1]
  2. 2.﴿ يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ مِن بَعْدِ مَوَاضِعِهِ﴾[2]
  3. 3.﴿ أَفَتَطْمَعُونَ أَن يُؤْمِنُوا لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌ مِّنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَامَ اللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُ مِن بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ﴾[3]

Ҳарчанд иддае аз донишмандон муътақиданд, манзур аз таҳриф дар оёти боло марбут ба таҳрифи маънавии Таврот аст, ки ба дасти гурӯҳе аз онҳо анҷом гирифт. Таҳриф ба маънои маънавӣ; яъне тағйир ва табдили маънои калом ва тафсир ва таъвили сухан ба ғайри маънои воқеӣ ва ба ғайри муроди Худованди Таборак ва Таоло. Ба ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки ҳар кас Қуръонро тафсир ба раъй ва ба сурати ғайри ҳақиқӣ тафсир намояд, онро таҳриф кардааст, ҳамонгуна ки бархе аз яҳудиён дар мавриди Таврот чунин мекардаанд. Аммо ба назар мерасад маънои таҳриф дар оёти мазкур ом аст ва шомили ҳар ду қисми таҳрифи маънавӣ ва лафзӣ мешавад.

Анвои таҳриф

Дар як тақсимбандӣ метавон таҳрифро ба ду дастаи куллӣ тақсим намуд, таҳрифи маънавӣ ва таҳрифи лафзӣ.

А) Таҳрифи маънавӣ: манзур аз таҳрифи маънавӣ ҳамонтавре ки баён шуд, тафсир ва таъвили нораво ва бар хилофи ривоёт ва қавоиди муҳовира аст. Истилоҳан ба он тафсир ба раъй гӯянд, зеро сирфан ояти Қуръон бо дилхоҳи гӯянда таъвил ва маъне шуда на бо истинод ба ривоёт ва қавоиди ақлонӣ. Ба иборати дигар дар тафсир ба раъй, назари афрод ё мазҳаб, асл ва ояти Қуръон бар асоси он таъвил мешавад, дар ҳоле ки мебойист Қуръон асл қарор бигирад ва мизон бошад ва орои дигарон бо он санҷида шавад. Ин навъи таҳриф аз гузашта то ба ҳол дар бораи оёти Қуръони Карим рух додааст ва лизо Расули Худо (с) онро ба шиддат мазамат намуда фармуданд: “Ҳар кас Қуръонро ба раъйи худ тафсир кунад, барои хеш ҷое дар оташи дузах интихоб кардааст.”

«من فسر القرآن برأیه فلیتبوأ مقعده عن النار»[4]

Б) Таҳрифи лафзӣ: Таҳрифи лафзӣ худ ба чаҳор сурат қобили тасаввур аст:

1. Таҳрифи ба табдил, ба ин маъно, ки калимоти Қуръон ба маънои муродиф ва ҳаммаънои худ табдил ва лафзе ҷойгузини лафзи дигар шавад. Ин амал худ як навъ таҳриф ва дигаргунии лафзӣ маҳсуб мешавад ва ҷавози он дар Қуръон, мавриди инкори ҳамаи уламои исломӣ мебошад. Лизо наметавон ба ҷои калимаи “алим”, “хабир” ва ё ба ҷои “ҳаким”, “азиз”-ро зикр кард ҳарчанд, ки аз ҷиҳати маъно бо ҳам наздик бошанд.

2. Таҳрифи ба тартиб: яъне тақдим ва таъхир ва ҷобаҷо кардани калимот ё оёти Қуръон. Ин амал низ таҳрифи Қуръон маҳсуб ва билиттифоқ мардуд буда қоил шудан ба он хилофи фасоҳат ва балоғати Қуръон ва зери суол бурдани ҳикмати илоҳӣ ва эъҷози набавӣ мебошад. Албатта дар мавриди ҷобаҷоии сураҳо дар тартиби нузул монее вуҷуд надорад, ҳамонтавр, ки тартиби сураҳо дар мусҳафи кунунӣ билиҷмоъ бар хилофи тартиби нузул мебошад.

3. Таҳрифи ба афзойиш: яъне чизе аз ғайри Қуръон (сухани башар ё ҷин) бар Қуръон, ки сухани Худост афзуда шуда бошад, ин қисмро низ касе муддаӣ нашудааст ба ҷуз гурӯҳе аз Хавориҷ, ки ба назари онҳо сураи муборакаи Юсуф дур аз шаъни ваҳйи ва каломи илоҳӣ аст.[5]

4. Таҳрифи ба коҳиш: яъне фарзи ҳазф ва аз миён рафтани калима, ҷумла ва ё сурае аз Қуръони Карим. Бидуни тардид Қуръони Карим бинобар далоили зиёди нақлӣ ва ақлӣ, ки ишора хоҳад шуд аз ин навъ таҳриф низ масун ва маҳфуз аст.

Аммо бархе пиндоштаанд, ки Қуръони Маҷид, беш аз андозаи мавҷуд будааст ва аз рӯи саҳв ва иштибоҳ ё амдан аз он коста шудааст. Пас касоне, ки бар хилофи иҷмои муслимин иддиои таҳриф намудаанд манзурашон таҳриф ба коҳиш (таҳрифи биннақиса) мебошад.

 


[1]. Сураи Нисо, ояти 46 ва сураи Моида, ояти 13.

[2] . Сураи Моида, ояти 41.

[3] . Суари Бақара, ояти 75.

[4]. Абуисо Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Ал-ҷомеус саҳеҳ сунанит Тирмизӣ, ҳ.2951.

[5] . Нк. Аллома Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Сиёнатул Қуръон минат таҳриф, саҳ.13.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.