Мӯъминон оинаи якдигаранд

 Бе тардид оёт ва ривоёт илова бар маънои зоҳирӣ, дорои маонӣ ва мафоҳими дарунианд, ки дар истилоҳи тафсирӣ аз онҳо таъбир ба батн шудааст. Ин ба он хотир аст, ки агар оя ё ривояте махсуси замони худ ва бидуни маонии нуҳуфта мебуд, бо аз байн рафтани ашхос ва гузашти замон, он оят ва ривоят ҳам аз байн мерафт, дар ҳоле ки оёт ва ривоёти исломӣ барои ҳамеша ҷовидон ва роҳкушоанд.

Дар инҷо ба унвони намуна бардоштҳоеро, ки аз яке аз ривоёти набавӣ(с) мешавад, пешкаши шумо мекунем.

 Паёмбари Акрам(с) фармуданд:“Мўъмин оинае аст, барои мўъмини дигар”.

 Бардоштҳо:

  • Оина замоне айбро мегўяд, ки худ ғуборе надошта бошад.
  • Оина ҳар чӣ мегўяд, аз рўи сафову латофат мегўяд ва ғаразу маразе надорад.
  •  Оина айбро бесару садо ва хубиҳо ва зебоиҳоро бидуни тамаллуқ ва риё мегўяд.
  • Оина танҳо айбро нишон намедиҳад, зебоиҳоро ҳам бозгў мекунад.
  • Оина айб ва ё зебоиро бузург намекунад, балки ба ҳамон андоза, ки вуҷуд дорад, бозгў мекунад.
  • Оина дар айбгўӣ мурооти ҷоҳ, мақом ва шахсият намекунад.
  • Оина дар баёни зебоиҳо ва айбҳо таваққуъ ва интизоре надорад.
  • Оина фақат айбҳои зоҳириро мегўяд ва таҷассус намекунад.
  • Оина айбро чун уқда ба дил намегирад.
  • Оина ҳар чӣ беҳтар гўяд, арзишаш бештар аст.
  • Оина дорои анвоъ ва ақсоме аст ва аз ҳар кадом ба андозаи зарфияташ бояд интизор дошт.
  • Оина аз васоиле аст, ки ҳар чанд гоҳ ҷиҳати ислоҳи худ ба он рўй меоварем.
  • Оина аз ниёзҳои аввалияи зиндагӣ аст ва бидуни он ислоҳи худ комил нахоҳад буд.
  • Оинаро ҳангоми айбгўӣ набояд шикаст, балки мебоист, ба ислоҳи худ пардохт.
  • Оина дар ҳоли шикастагӣ низ аз кораш дастбардор нест ва вазифаи худро иҷро мекунад.

 Дил саропардаи муҳаббати ўст  

Сина оинадори талъати ўст.

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.