Рӯзи Мӯбоҳила бар тамоми мусулмонони ҷаҳон, ки ҳаққоният ва иқтидори дини Ислом дар ин рӯзи шариф дар таърих исбот ва сабт шуда аст, муборак бод!
Мӯбоҳилаи Паёмбари акрам(с) бо масеҳиёни Наҷрон, воқеъаест, ки таърихнависони мусулмон, муҳаддисон ва муфассирон ба нақли ин воқеъаи таърихӣ ва беназири “Мӯбоҳила” ишора карда бошад.
Ҳодисаи Мӯбоҳилаи Паёмбари Ислом (с) бо масеҳиёни Наҷрон, ки ҳодисаи беназир дар торихи башарият аст, дар рӯзи 24 моҳи зилҳиҷа соли 2 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод ва Расули Худо(с) иқтидору ҳаққонияти дини овардаи хешро бар рӯхи масеҳиёну яҳудиён кашид. Паёмбари Ислом(с) ҳамзамон бо мукотиба бо сарону зимомдорони ҷаҳон, номае низ ба усқуфи аъзами Наҷрон(Наҷрон шаҳрест наздики марзи Яман) навишт ва масеҳиёни Наҷронро ба оини Ислом дават кард. Паёмбар (с) дар ин нома бо ситоиш аз Худои Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб аз ӯ (ва масеҳиёни дигар) хост, ки аз парастиши бандагон даст кашида ва ба парастиши Худованд рӯй оваранд ва аз вилояти бандагон баромада, ба вилояти Худо гардан ниҳанд ва ё ҷизя бипардозанд ва дар ғайри ин сурат дар интизори ҷанг бошанд.¹
Масеҳиёни Наҷрон, ки намехостанд исломро бипазиранд, намояндагони хӯдро ба Мадина фиристоданд ва Паёмбар(с) Ононро ба амри Худо ба мӯбоҳила дават кард. Мӯбоҳила яъне, дархости лаъну нафрини Илоҳӣ барои исботи ҳаққоният аст ва байни ду тарафе рӯх медиҳад, ки ҳар кадом иддаои ҳақ будани хӯдро доранд.
Усқуфи Наҷрон пас аз дарёфти номаи Паёмбари Ислом(с), ҷаласаеро бо ширкати бузургони Наҷрон ва шахситяҳои мазҳабии масеҳиён ҷиҳтаи баррасии мавзӯъ ташкил дод. Чун донишмандони масеҳӣ огоҳӣ дар мавриди нишонаҳои Паёмбари Ислом(с) ва беъсати зӯдҳангоми Ӯ доштанд, шӯро назар дод, ки ҳайъате равонаи Мадина шавад, то аз наздик бо Муҳаммад(с) гӯфтугӯ дошта ва далелҳои Паёмбарии Ӯро баррасӣ кунанд.
Пас аз вуруди гурӯҳи намояндагони масеҳиёни Наҷрон ба Мадина, ки дар раъси он се нафар аз шахсиятҳои бузурги динӣ ва аз он ҷумла худи усқуф қарор дошт, Паёмбари Ислом(с) бо онон дидору гуфтугӯ намуд, ононро ба пазириши оини Ислом даъват кард ва оятҳое аз Қуръони маҷидро тиловат намуд. Масеҳиён гӯфтанд: Мо қабл аз ту мусулмон будем. Ҳазрати Паёмбар(с) фармӯд: Дурӯғ гӯфтед, се чиз монеи исломи шумост, (ба се иллат наметавон шуморо мусулмон номид): салибро ибодат мекунед, гӯшти хӯк мехӯред ва Худоро дорои фарзанд мепиндоред ва Исо(а) ро фарзанди Худо медонед.
Онгоҳ баҳс бар сари банда будан ё Худо донистани ҳазрати Исо(а) оғоз шуд. Онон бо такя ба мӯъҷизаҳои ҳазрати Исо(а) монанди: зинда кардани мӯрдагон, хабар додан аз ғайб, шифои беморон ва ба хусӯс таваллӯди Ӯ бидуни доштани падар, ӯро Худо муаррифӣ мекарданд, дар ҳоле, ки Паёмбари Ислом(с) бар банда ва Паёмбар будани ҳазрати Исо(а) таъкид дошт. Сӯхан дар ин бора ба дарозо кашид ва онон башар будани ҳазрати Исоро напазирӯфтанд. Дар ин ҳангом аз тарафи Худованд ваҳй нозил шуд, ки:
إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِندَ اللّهِ كَمَثَلِ آدَمَ خَلَقَهُ مِن تُرَابٍ ثِمَّ قَالَ لَهُ كُن فَيَكُونُ
Масали Исо(а) дар назди Худо (ҷалла ҷалолуҳ) ҳамчун Одам(а) аст, ки Ӯро аз хок офарид ва сипас ба Ӯ фармуд: «Мавҷӯд бош!», Ӯ ҳам фавран мавҷӯд шуд. (Бинобар ин, тавллӯди Исои Масеҳи бепадар, ҳаргиз далел бар Худо будани Ӯ нест). ²
الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلاَ تَكُن مِّن الْمُمْتَرِينَ
Инҳо ҳақиқатест аз ҷониби Парвардигори Ту, пас аз шаккунандагон мабош! ³
فَمَنْ حَآجَّكَ فِيهِ مِن بَعْدِ مَا جَاءكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْاْ نَدْعُ أَبْنَاءنَا وَأَبْنَاءكُمْ وَنِسَاءنَا وَنِسَاءكُمْ وَأَنفُسَنَا وأَنفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَةَ اللّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ
Ҳар гоҳ баъд аз илму донише, ки (аз ваҳй дар бораи Масеҳ) ба Ту расида аст, (боз напазирӯфтанд) касоне бо ту ба ҷидолу ситез бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Биёед мо фарзандони хӯдро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони хӯдро, мо занони хӯдро даъват намоем, шумо ҳам занони хӯдро, мо аз нафсҳои хӯдро даъват мекунем, шумо ҳам аз нафсҳои хӯдро, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаъну нафрини Худоро бар дуруғгӯён қарор диҳем.4
لمّا نزلت هذه الآية: ندع أبنائنا و أبنائكم و نسائنا و نسائكم و أنفسنا و أنفسكم ثمّ نبتهل فنجعل لعنة الله على الكاذبين دعا رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم عليّاً و فاطمة و حسناً و حسيناً فقال: اللهمّ هؤلاء أهلي.
Вақте ин оят нозил шуд: «Биёед мо фарзандони хӯдамонро даъват бикунем, шумо низ фарзандонатонро, мо занони хӯдро шумо низ занонатонро ва мо нафсу ҷони хӯдро, шумо низ нафси хӯдро, сипас мӯбоҳила ва нафрин кунем ва лаънати Худовандро бар дурӯғгӯён қарор диҳем», Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) Алиро ба унвони нафси хӯд Фотимаро аз занҳо, Ҳасану Ҳусайнро ба унвони фарзандон барои мӯбоҳила ҳозир намуданд ва фармӯданд: Худоё инҳо Аҳли Байти ман ҳастанд».5
Пас аз нозил шудани ин оятҳо, Паёмбари Акрам(с) фармӯд: «Худо ба ман дастӯр додааст, ки агар пайрави дини Ислом нашавед, бо шумо «мӯбоҳила» кунам».
Онон гӯфтанд: Дар ин бора фикр мекунем. Он гоҳ ба ҷойгоҳи хӯд бозгашта, дар ҷамъи хӯд ба машварат пардохтанд. Усқуф ва бузӯрги гурӯҳ ба онҳо ҳӯшдор дод, ки Муҳаммад(с) фиристодаи Худост ва дар сурати мӯбоҳила бо Ӯ дӯчори азоби Худо мешавед ва ҳалок мегардед. Аммо онҳо зери бор нарафтанд ва бар мӯбоҳила пойфишорӣ карданд. Қарори мӯбоҳила барои фардои он рӯз буд, дар ин ҳангом Усқуф ба ҳамроҳони хӯд гӯфт: Бибинед фардо Муҳаммад(с) чӣ гӯна ба мӯбоҳила ҳозир мешавад? Агар бо фарзандон ва аъзои хонаводааш биёяд, аз мӯбоҳила бо Ӯ хӯддорӣ кунед, (зеро нишонаи ин аст, ки ба гӯфтаҳои хӯд имон дорад ва ҳозир аст дар ин роҳ на танҳо ҷони хӯд, балки ҷони гиромитарин ашхоси хонадонашро низ ба хатар андозад). Ва агар бо ёрону пайравонаш ҳозир шаванд, бо ӯ мубоҳила кунед ва бидонед иддаоҳои ӯ беасос аст ва бо овардани ин ашхос, шукӯҳи зоҳирии хӯдро ба мо нишон медиҳад».6
Фардои он рӯз Паёмбар(с) бо азизону наздикони худ барои Мубоҳила бо намояндагони Наҷрон ба маҳалли қарор рафтанд. Масеҳиён вақте диданд, ки ҳазрати Муҳаммад(с) фарзандаш Имом Ҳӯсайн(а) ро дар оғӯш дорад ва дасти Имом Ҳасан(а) ро дар даст гирифта ва домоду бародараш ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб(а) ва дӯхтараш ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) ҳамроҳи Паёмбаранд ва ба онҳо сафориш мекунад, ки ҳаргоҳ ман дӯо кардам, шумо омин бигӯед.7 Усқуф бо мушоҳидаи ҳамроҳони Паёмбар(с), пурсид: Инҳо киёнанд? Гӯфтанд: Ин писари амаки вай ва ин дӯхтараш ва ин ду писарони ӯ ҳастанд.8 Усқуф ба ҳамроҳони хӯд гӯфт: Ман чеҳраҳоеро мушоҳида мекунам, ки агар аз Худо дархост кунад, ки кӯҳро аз ҷой барканад, ҳатман аз ҷо канда хоҳад шуд. Бо инҳо мубоҳила накунед, вагарна ҳалок мешавед ва дар рӯи замин як нафар масеҳӣ боқӣ намемонад. Бо ҳӯшдори Усқуф, ҷамъ ва ҳайъати масеҳиён аз мӯбоҳила мунсариф шуд.9
Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки Паёмбари Ислом(с) нисбат ба идаои хӯд имони комил дорад ва медонад, ки чӣ кор кунад. Агар Паёмбар(с) ба гӯфтаҳои хеш ва дине, ки барои башарият оварда аст имон надошта бошанд, азизону наздикони хӯдро дар маърази хатари осмонӣ ва илоҳӣ қарор намедоданд. Бинобарин онҳо аз иқдом ба мӯбоҳила намудан бо Паёмбари Ислом(с) хӯддорӣ карданд ва ҳозир ба мусолиҳа ва пазириш қавонини иҷтимоъии ҳукумати исломӣ шуданд. Бо Паёмбари Ислом(с) қарордод ва муоҳидае бастанд ва муваззаф ба пардохтани ҷизя шуданд, ки тафсили он дар китобҳои ҳадисӣ10, тафсирӣ ва таърихӣ омадааст.11
Воқеаи Мӯбоҳила бо номаи Паёмбар(с) ба масеҳиёни Наҷрон ва даъвати онон ба Ислом шурӯъ шуд ва дар ниҳоят бо ақибнишастани Наҷрониён ва имон наовардан иддае аз онон поён ёфт.
Имрӯза дар ҳамон макон масҷидеро бино намудаанд ва ба гиромидошти он рӯзи муқаддасу муборак исми он масҷидро Мӯбоҳила номгузорӣ намудаанд.
Чунон ки бузӯргони тафсиру ҳадис гӯфтаанд, ки ин ҳодиса нерӯмандтарин далел бар фазилати ҳамроҳони ӯ аз Аҳли Байти Паёмбари Ислом(с) ва бурҳони ошкоре бар ҳаққонияти Паёмбари Ислом (с) аст. 12
Манбаъҳо:
[1]Ибн Касир. Ал-бидоя ван-ниҳоя.ҷ 5, с52–53.Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ70-71.
[2] Сураи Оли Имрон, ояти 59
[3] Сураи Оли Имрон, ояти 60
[4] Сураи Оли Имрон, ояти 61
[5] Саҳеҳи Муслим ҷ.2.саҳ.360
[6] Биҳоруланвор, ҷ 21, саҳ 319-355
[7] Ҳалабӣ, Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 236. Зайнӣ Даҳлон, Сираи Набавия, ҷ 2, саҳ 144.
[8] Ибни Возеҳ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 72
[9] Замахшарӣ, Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193. Фахри Розӣ, Мафотеҳулғайб (Тафсири Кабир), ҷ 8, саҳ 82. Олусӣ, Тафсири Руҳул Маонӣ, ҷ 3, с. 167
[10] Саҳеҳи Муслим, ҷ 7, саҳ 120. Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 596.
[11] Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 191. Тафсири Кабир, ҷ 8, саҳ 182.
[12] Тафсири Байзовӣ, , ҷ 1, саҳ 163. Тафсири Кашшоф, ҷ 1, саҳ 193