Муҳаббат ба кӯдакон

koodakan 8545

koodakan 8545Бархе аз ёрон ва асҳоби Паёмбар(с) дар назди дари хонаи Паёмбра(с) буданд, то ҳамроҳи эшон хориҷ шаванд ва ба баъзе корҳо расидагӣ намоянд. Паёмбар(с) аз хонааш хориҷ шуданд, пас аз саломун алайк бо асҳоб тарафи мақсад ба роҳ даромаданд, аммо чанд қадаме нагузошта буданд, ки Паёмбар(с) истоданд ва сокит шуданд, сипас зуд аз роҳе, ки омаданд бозгаштанд. Ҳамроҳони эшон ҳайрон шуданд ва ба якдигар нигоҳ мекарданд. Аз якдигар иллати бозгаштани Паёмбар(с)-ро мепурсиданд, аммо ҳеч кас посухе барои он надошт. Онҳо баргаштанд, то сабабро биёбанд, аммо бо таъаҷҷуб диданд, ки Паёмбари Худо(с) ба тарафи хонаи худ нарафтанд, балки ба тарафи хонаи Фотима(р) рафтанд. Чизе ки асҳоб ва ёрони эшонро мутааҷҷиб ва ҳайрон карда буд, нигаронии Расули Худо(с) буд. Онҳо, ки ҳоло ба дари хонаи Фотима (р) расида буданд, садои мубораки Паёмбар(с)ро шуниданд ки, хитоб ба Фотима(р) мефармуданд: Оё намедони, ки гиряи ӯ манро меозорад?

   الا تعلمین ان بکائه یوذینی؟

Дар ин вақт буд, ки ҳамроҳон садои гиряи кӯдакеро шуниданд.

Оё Паёмбар(с) корҳои муҳимтари худро ба хотири шунидани гиряи як кӯдак ба ақиб андохта аст? Магар гиряи ӯ чӣ аҳамияте дорад?

Баъд аз чанд дақиқа Паёмбар(с) аз манзили ҳазрати Фотима(р) берун омаданд, асҳоб било фосила иллатро аз ҳазрат ҷӯё шуданд. Ҳамон тавре ки асҳоб ҳадс зада буданд,  Паёмбар(с) бо шунидани садои гиряи Ҳусайн зуд ба тарафи манзили онҳо рафтанд ва ӯро ором карданд.[1]

Бо ин рафтори Расули Худо(с) ёрони эшон фаҳмиданд, ки дилсӯзӣ барои кӯдакон ва таваҷҷӯҳ ба нороҳатиҳои онҳо натанҳо   нишонаи заиф будан нест, балки кори муҳим ва амри лозим аст. Ва аз тарафе падарон низ монанди модарон бояд таваҷӯҳ ва диққати худро ба ниёзҳои отифии фарзандони худ равона кунанд.


[1] Мулҳақоти эҳқоқул ҳақ, ҷ. 11, саҳ, 314 .

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.