Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист?

Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки:

Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои мо муҳим аст, вале агар номаеро муаллим ва падарамон бароямон бинависад муҳимтар аст.

Ҳоло номае аз тарафи Худованд барои мо фиристода шуда ва оварандаи он нома Паёмбари Акрам (с) аст. Ин нома ҳамаи ончиро, ки барои ҳидояти мо лозим аст дорад ва роҳи расидан ба биҳишт ва саодати абадиро ба мо ёд медиҳад ва ҳамаи роҳҳои шақоват ва бадбахтиро ба мо нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки Қуръон муҳимтарин китоб ва беҳтарин барномаи зиндагӣ аст.

Арзиши хосси Қуръони Карим дар чист?

Арзиши хосси Қуръон дар ҳидоятгарии он аст. Бархе аз чизҳое, ки ба назар мерасад барои инсон хеле муҳим аст, иборатанд аз: саломатӣ, дороӣ, доноӣ, оқибатбахайрӣ, зиндагии роҳат ва ғайра. Ин арзишҳо агар доимӣ бошад беҳтар аст ё муваққатӣ ва барои муддати кӯтоҳ? Оё шумо дӯст доред ҳамеша дар саломатӣ, роҳатӣ, озодагӣ ва ғайра ба сар бибаред ё ба таври муваққат ва кутоҳмуддат. Ҷавоб равшан аст. Агар китобе шуморо ба роҳатӣ, шодобӣ озодии доимӣ ҳидоят кунад, оё он китоб бароятон муҳим нест?

Қуръон чунин китобест. Аз ҷониби Худованд барои шумо нур ва китоби равшане омадааст. Худованд ба баракати он касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад. Онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун мебарад ва онҳоро ба роҳи рост, роҳнамоӣ менамояд.[1]

 

Ҳамоно ин (Қуръон) ба роҳе, ки устувортарини роҳҳост ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне, ки корҳои нек анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест.[2]

Чаро мо Қуръонро биёмӯзем?

Ҳатман шумо то ҳозир василаи нав монанди телевизион ё яхдон ё радио ва ғайра харидаед. Агар диққат кунед, мебинед, ки корхонаи созандаи ин васоил, дафтарчае ҳамроҳи он ба харидорон медиҳад, ки ба он дафтарчаи роҳнамо мегӯянд. Дар он дафтарча равиши истифодаи дуруст аз васоил  тавзеҳ дода шудааст ва аз мавориди зиёновар ҳушдор дода шудааст.

Худованди меҳрубон низ барои инсонҳо китоби роҳнамое ба воситаи Паёмбараш (с) фиристодааст, ки ҳамаи чизҳое, ки моро ба саодати абадӣ ва биҳишти ҷовидон наздик мекунад ва аз ҷаҳаннам ва оқибати бади он пешгирӣ мекунад дар он омадааст.

Қуръон моро ба куҷо роҳнамоӣ мекунад?

Аз назари Қуръони Карим (ояти сиюми сураи Бақара) инсон ҷонишини Худо дар рӯи замин аст ва ин мақом ин қадар боарзиш аст, ки малоика дар он тамаъ доштанд. Бинобар ин мақоми инсон аз малоика болотар аст. Албатта бояд шароити ҷонишиниро бишиносад ва ба он амал кунад.

Роҳи расидан ба ин мақом чигуна аст?

Аз Қуръони Карим меомӯзем, ки;

бояд танҳо Худои азизро бипарастем ва намозро ба хотири ёди Ӯ ба по дорем,[3]

ба падару модари худамон некӣ кунем,[4]

ба Паёмбар (с) ва хонадонаш муҳаббат дошта бошем ва аз онҳо итоат кунем,[5]

ба бародарони динии худ кӯмак кунем ва душманони золим ва ёрони мазлум бошем,[6]

бо ҳам меҳрубон бошем,[7]

якдигарро масхара накунем,[8]

ҳамдигарро таън назанем ва айбҷӯӣ накунем,[9]

бо лақабҳои зишт якдигарро ёд накунем,[10]

ва дастурҳои дигаре, ки ҳамаи инҳо роҳи расидан ба мақоми ҳақиқии инсон аст.

Ёсин

 


[1]. Моида, ояти 15-16.

[2]. Исро, ояти 9.

[3]. Тоҳо, ояти 14.

[4]. Бақара, ояти 83.

[5]. Шуро, ояти 23; Моида, ояти 10.

[6]. Ҳуҷурот, ояти 10.

[7]. Фатҳ, ояти 29.

[8]. Ҳуҷурот, ояти 11.

[9]. Ҳуҷурот, ояти 11.

[10]. Ҳуҷурот, ояти 11.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.