Мудоро ва мардумдорӣ дар сираи Набавӣ(с) 2

Посухи бадии дигарон ба шевае некӯтар
Бино ба дастуроти Ислом бояд дар баробари бадиҳо хубӣ кард. Қуръони Карим мефармояд: “Бо рафтори беҳтар, рафтори бадеро дафъ кун. Дар ин сурат мебинӣ, ки ҳамон кас, ки миёни ту ва ӯ душманӣ буд, дӯсти самимии ту шудааст”.
Расули Худо(с) ба беҳтарин сурат ин дастурро амалӣ намуданд. Достони зер гувоҳи ин матлаб аст:
Рӯзе араби биёбонӣ вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад то аз Расули Худо симу заре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки ҳазрат(с) дар миёни анбӯҳе аз асҳоби худ машғули коре буд. Аъробӣ ҳоҷати хешро изҳор кард ва атое хост. Расули Акрам(с) чизе ба ӯ дод, вале ӯ қонеъ нашуд ва онро кам шумурд, ба илова сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон овард ва нисбат ба ҳазрат беадабӣ кард. Асҳоб сахт ба хашм омаданд ва наздик буд, ки озоре ба ӯ бирасонанд, вале Расули Худо(с) монеъ шуд.
Ҳазрат(с) баъдан аъробиро ба хона бурд ва миқдори дигар ба ӯ кӯмак кард. Аъробӣ аз наздик дид, ки вазъи Расули Худо(с) бо ҳокимоне, ки то кунун дидааст шабоҳат надорад ва зару зеваре ҳам барои худ ҷамъ накардааст. Аъробӣ розӣ шуду ташаккур кард. Расули Худо(с) ба ӯ фармуд: “Ту дирӯз сухани дуруште гуфтӣ, ки сабаби хашми ёрони ман шуд. Метарсидам, ки онҳо ба ту газанде бирасонанд, вале акнун дар ҳузури ман ташаккур кардӣ. Оё мумкин аст ҳамин ҷумларо дар ҳузури ҷамъият бигӯӣ то хашму нороҳатие, ки нисбат ба ту доранд, аз байн биравад?” Аъробӣ гуфт: “Монеъе надорад, мегӯям”.
Рӯзи дигар аъробӣ ба масҷид омад, дар ҳоле ки ҳама ҷамъ буданд. Расули Худо(с) рӯ ба ҷамъият карду фармуд: “Ин мард аз мо розӣ шуда, оё чунин аст?” Аъробӣ гуфт: “Оре, чунин аст” ва ташаккур кард. Асҳоб хандиданд. Расули Худо(с) фармуд: “Масали ман ва ин гуна афрод, масали мардест, ки шутураш рамиду гурехт, мардум ба хаёли ин ки ба соҳиби шутур кӯмак кунанд, фарёд карданду ба дунболи шутур давиданд. Шутур бештар рамиду дуртар рафт. Соҳиби шутур мардумро бонг заду гуфт, ки «хоҳиш мекунам касе ба шутури ман коре надошта бошад, ман худам беҳтар медонам, ки аз чӣ роҳ шутури хешро ром кунам». Ҳамин ки мардумро аз таъқиб боздошт, рафт ва як қабза алаф бардошт ва ором-ором аз пеши шутур берун омад ва алафро нишон доду пеш омад ва ба осонӣ лаҷоми шутурро гирифту рафт.
Агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бечора ба дасти шумо дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ кушта шуда буд, вале монеи дахолати шумо шудам ва худам бо нармӣ ва мулоимат ӯро ром кардам.
Аз Анас ибни Молик(рз) хидматгузори Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Назди Расули Худо будам ва он ҳазрат ҷомае бар дӯш доштанд, ки як тарафаш дурушту ноҳамвор буд. Аъробие омаду ҷомаро чунон сахт кашид, ки пӯсти гардани мубораки он ҳазратро харошид. Он гоҳ гуфт: Эй Муҳаммад, бар ин ду шутури ман аз моли Худо, ки наздат ҳаст, бор бигзор, ки на моли туст ва на моли падарат. Пайғамбар сукут кард ва сипас фармуд: Ҳама моли Худост ва ман ҳам бандаи ӯ ҳастам. Сипас афзуданд: Эй марди араб, оё ҳозирӣ ончиро, ки бо ман анҷом додӣ ҷуброн намоӣ? Марди араб гуфт: На. Ҳазрат фармуданд: Чаро? Гуфт: Зеро ту касе нестӣ, ки бадиро ба бадӣ ҷавоб диҳӣ, ту бурдборӣ ва дар баробари кори ношоиста муҷозот намекунӣ. Ҳазрат табассум карданду дастур доданд то бар ниёзашро бартараф карданд.

идома дорад.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.