Лашкаре ки бо Қайсари Рум меҷангад лашкари Язид аст ё лашкари Суфён ибни Авф!

Оё Язид тибқи ҳадиси Паёмбар(с), ки мефармояд: Лашкаре, ки бо Қайсари Рум меҷангад, гуноҳони онҳо бахшида мешавад, мағфурунлаҳ мебошад?

Ҷавоб:

 Дар Саҳеҳ Бухорӣ ҳадисеро аз Паёмбар(с)  ин гуна нақл кардаанд, ки мефармояд:

Аввалин лашкаре, ки аз уммати ман бо шаҳри қайсар (Қустантания-Туркия) меҷангад, гуноҳонашон бахшида мешавад.[1]

Дар мавриди ин ривоят чанд чизро бояд дар назар гирифт:

  1. Бухорӣ ин ривоятро нақл кардааст вале нагуфтааст, ки ин ривоят дар бораӣ Язид мебошад.
  2. Аввалин касе, ки гуфтааст ин ривоят дар бораӣ Язид аст, Муҳаллаб ибни Аҳмади Андулусӣ (м 435 ҳ.қ) шореҳи саҳеҳ Бухорӣ мебошад, ки дар ин бора ваӣ мегӯяд:

 Аввалин касе, ки бо Қайсари Рум ҷангид, Язид буд. Ва ин кор барои Язид        фазилат мебошад.[2]

  1. Дар мавриди соли ин ҷанг байни донишмандон ихтилоф аст. Инби Ҳаҷари Асқалонӣ(м 852 ҳ.қ) ҷанги Язидро соли 52 ҳиҷрӣ медонад[3]  ва дигарон низ ҳамин солро гуфаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Ибнулвардӣ (м 749 ҳ.қ) онро дар соли 48 ҳиҷрӣ[4] ва Ибни Туғрӣ (м 874 ҳ.қ) онро дар соли 49 ҳиҷрӣ[5] ва Билозарӣ (м 279 ҳ.қ)  ва ибни Халдун (м 808ҳ.қ) онро дар соли 50 ҳирӣ[6] донистаанд.
  2. Тибқи ахбор ва гузоришоте, ки донишмандон нақл кардаанд  Муовия лашкаре бо фармондеҳии  Суфён ибни Авф (м 52 ҳ.қ) барои ҷанг бо Рум ба тарафи он сарзамин фиристод ва Язид на ба унвони фармондеҳ балки таҳти фармони Суфён ибни Авф будааст.

Балозарӣ (м 279 ҳ.қ) менависад:

Муовия дар соли 50 ҳиҷрӣ лашкаре барои ҷанг бо Рум фиристод ва Язидро амр кард, ки дар ин ҷанг ширкат кунад вале Язид танбали кард ва намехост дар он ширкат кунад, Муовия аз фиристодани ӯ сарфи назар кард. Дар ин ҷанг лашкар дучори маризӣ ва гуруснагӣ шуд ва Язид дар ин бора шеъре хонд. Вақте, ки шеъри Язид ба Муовия расид қасам хӯрд, ки Язид бояд ба Суфён дар сарзамини Рум мулҳақ шавад то бирасад  ӯро он чизе, ки ба мардум расидааст агарчи бар асари он бимирад. Язид дар Баълаба ва Антокия ба Суфён мулҳақ шуд.[7]

  1. Дар баъзе аз гузоришҳо омадааст, ки Язид фармондеҳи лашкари Рум будааст ва саҳобаҳои бузург монанди: Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, абӯ Аюби Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Зубайр ва дигар бузургон зери фармони  ӯ будаанд.[8] Ба назар мерасад ин гузоришҳо бо баъзе аз хабарҳои торихӣ комилан мухолиф буда ва бархе аз донишмандон ин суханро аслан қабул надоранд.

Ибни Асир (м 630 ҳ.қ) мегӯяд:

Дар соли 50 ҳиҷрӣ Муовия лашкари бузурге барои ҷанг ба тарафи сарзамини Рум фиристод ва Суфён ибни Авфро фармондеҳи он қарор дод ва писараш Язид дастур дод то дар ин ҷанг (зери фармони Суфён) ширкат кунад. Ва дар ин лашкар (лашкари Суфён) ибни Аббос, ибни Умар, ибни Зубаӣр ва абӯ Аюуби Ансорӣ ва дигарон ҳузур доштанд.[9]

Бадриддини Айнии Ҳанафӣ (м 855 ҳ.қ) мефармояд:

قلت: الْأَظْهر أَن هَؤُلَاءِ السادات من الصَّحَابَة كَانُوا مَعَ سُفْيَان هَذَا وَلم يَكُونُوا مَعَ يزِيد بن مُعَاوِيَة، لِأَنَّهُ لم يكن أَهلا أَن يكون هَؤُلَاءِ السادات فِي خدمته.

Мегӯям воқеият ин аст, ки он бузургони саҳоба ҳамроҳи Суфён буданд на Язид ибни Муовия, чун Язид лаёқат ва шоистагии инро надорад, ки он бузургон дар хидмати вай бошанд.[10]

  1. Тақрибан ҳамаи шореҳони Саҳеҳ Бухорӣ ва шореҳони ин ҳадис, Язидро шомили омурзидагони (مَغْفُورٌ لَهُمْ) ин ҳадис намедонанд.

Аллома Абду Рауфи Мановӣ (м 1031 ҳ.қ) мефармояд:

(مغفور لهم) لا يلزم منه كون يزيد بن معاوية مغفورا له لكونه منهم إذ الغفران مشروط بكون الإنسان من أهل المغفرة ويزيد ليس كذلك لخروجه بدليل خاص.

Дар ҳақиқат  ғуфрон ва мағфирати ин ҳадис шомили Язид ибни Муовия намешавад чун лозима ва шарти ғуфрон ин аст, ки инсон аҳли мағфират бошад. Ва Язид аҳли мағфират нест, ба хотири далоили хос (фосиқ ва фосид будан), ки хориҷ аз ғуфрон ва мағфират мешавад.[11]

Бадриддини Айнии Ҳанафӣ (м 855 ҳ.қ) мефармояд:

قلت: أَي منقبة كَانَت ليزِيد وحاله مَشْهُور؟ فَإِن قلت: قَالَ، صلى الله عَلَيْهِ وَسلم، فِي حق هَذَا الْجَيْش: مغْفُور لَهُم. قلت: لَا يلْزم، من دُخُوله فِي ذَلِك الْعُمُوم أَن لَا يخرج بِدَلِيل خَاص، إِذْ لَا يخْتَلف أهل الْعلم أَن قَوْله، صلى الله عَلَيْهِ وَسلم: مغْفُور لَهُم، مَشْرُوط بِأَن يَكُونُوا من أهل الْمَغْفِرَة حَتَّى لَو ارْتَدَّ وَاحِد مِمَّن غَزَاهَا بعد ذَلِك لم يدْخل فِي ذَلِك الْعُمُوم، فَدلَّ على أَن المُرَاد مغْفُور لمن وجد شَرط الْمَغْفِرَة فِيهِ مِنْهُم.

Мегӯям: чӣ гуна ин ҳадис барои Язид фазилит ва манқабат мебошад, ки ҳол ва аҳволи ӯ маълум ва машҳур аст? Ва ҳадиси паёмбар(с) дар бораи ин лашкар, ки онҳо омурзида хоҳанд шуд, мегуям Язид бо далоили хос шомили ин ҳадис намешавад. Аҳли илм дар ин ки ҳадиси паёмбар(с) шомили касе мешавад, ки шоистагии мағфиратро дошта бошад, ҳеч ихтилофе надоранд.[12]

  1. Язид чӣ гуна шомили ғуфрон ва мағфирати ин ҳадис мешавад, ки уламои бузурги Аҳлисуннат ӯро лаън ва нафрин кардаанд.

Шаҳобиддини Олӯсӣ (м 1275 ҳ.қ) дар тафсири худ дар бораи Язид менависад:

لا توقف في لعن يزيد لكثرة أوصافه الخبيثة وارتكابه الكبائر في جميع أيام تكليفه ويكفي ما فعله أيام استيلائه بأهل المدينة ومكة.

Язидро ба хотири ахлоқи палид ва анҷоми гуноҳони кабирааш, ки дар ҳаёти худ анҷом додааст, бояд лаън кард. Далели он бархурди ӯ бо мардуми Макка ва Мадина дар замони ҳукуматаш мебошад.[13]

Тафтозонӣ (м 793 ҳ.қ) дар мавриди Язид мегуяд:

لا نتوقف في شأنه بل في إيمانه لعنة الله تعالى عليه وعلى أنصاره وأعوانه.

Мо дар мақом ва манзалати ӯ (ки одами фасиқ ва фосид аст) шак надорем балки дар имони ӯ (ки мусулмон аст ё кофир) шак дорем, лаънати Худо бар ӯ ва бар касоне, ки ӯро кумак ва пайрави кардаанд.[14]

Донишмандони дигари Аҳли Сунат монанди: Ибни Ҷавзӣ (м 593 ҳ.қ), Суюти (м 911 ҳ.қ), Абӯ Яълӣ, Ҷоҳиз ва дигарон Язидро лаън кардаанд.

  1. Язид одами бад ва арақхӯр буд, пас чӣ гуна шомили ин ҳадис мешавад?.

 

Заҳабӣ менависад:

قُلْتُ: كَانَ(یزید) قَوِيّاً، شُجَاعاً….. يَتَنَاوَلُ المُسْكِرَ، وَيَفْعَلُ المُنْكَرَ.

Мегуям Язид қавӣ ва шуҷоъ буд, арақ мехӯрд ва корҳои бадро анҷом медод.[15]

  1. Тибоқи оёти Қуръони карим Язид як одами дузахӣ ва ҷаҳанамӣ аст. Чун Қуръон золимон, фосидон ва фосиқонро ваъдаи ҷаҳаннам ва азоби сахт додааст. Ҳамчуноне ки Худованд мефармояд:

وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا.

“Ва ҳар касе, ки мӯъминеро амдан ва қасдан бикушад муҷозоти ӯ ҷаҳанам аст, ки дар он ҷавид хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм ва лаън кунад ва азоби бисёр шадид барои ӯ омода кунад”.[16]

Язид Имом Ҳусеӣн(а) ва кӯдакони он ҳазратро бегуноҳ кушт.

Язид мардуми Мадина ва саҳобагони Паёмбар(с)-ро бегуноҳ кушт ва ба занон ва духтарони онҳо беҳурматӣ кард.

Язид Каъба хонаи Худоро вайрон кард ва мардуми онро кушт.

Язид арақ мехӯрд, намоз намехонд ва корҳи хилофи дини Ислом анҷом медод.

Худованд мефармояд:

وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُ يُدْخِلْهُ نَارًا خَالِدًا فِيهَا وَلَهُ عَذَابٌ مُهِينٌ.

“Ҳар касе, ки нофармонии Худо ва Расули ӯро кунад ва аз аҳкоми Илоҳӣ таҷовуз намояд Худо ӯро дар ҷаҳанам, ки ҳамеша дар он аст, бияндозад ва ҳамеша дар азоби хоре хоҳад буд”.[17]

وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُبِينًا.

Ҳар кас нофармони Худо ва Расул кунад ҳақиқатан дар гумроҳии ошкор аст.[18]

  1. Ин қавл, ки Язид шомили мағфирати ҳадиси мазкур мешавад, бо суннати Паёмбар(с) мухолиф аст. Паёмбар(с) дар бораи Язид мефармояд:

لاَ يَزَالُ أَمْرُ أُمَّتِي قَائِمًا بِالْقِسْطِ حَتَّى يَكُونَ أَوَّلَ مَنْ يَثْلَمُهُ رَجُلٌ مِنْ بَنِي أُمَيَّةَ يُقَالُ لَهُ يَزِيدُ.

Ҳамвора кори умати ман бар асоси адл ва қист аст то инки шахсе аз бани Умая онро аз байн хоҳад бурд ва он шахсро Язид гуянд.[19]

Паёмбар(с) одами арақхӯр, фосиқ ва фосидро мазамат кардааст ва бидуни шак шомили Язид низ хоҳад буд. Бо ин ҳол чӣ гуна Язид ҷузъи мағфурунлаҳум аст?.

Ёсин



[1] .Саҳеҳ Бухорй,китоби ҷиҳод,боби мо қила фи қитолир рум,ин ривоят дар китобҳои дигар низ омадааст.

(أَوَّلُ جَيْشٍ مِنْ أُمَّتِى يَغْزُونَ مَدِينَةَ قَيْصَرَ مَغْفُورٌ لَهُمْ )

[2] . Фатҳул Борӣ шарҳи саҳеҳ Бухорӣ,ҷ6,с128,шарҳи саҳеҳ Бухорӣ, Ибни Баттол,ҷ6,с106,107.

(فِي هَذَا الْحَدِيثِ… َمَنْقَبَةٌ لِوَلَدِهِ يَزِيد لِأَنَّهُ أَوَّلُ مَنْ غَزَا مَدِينَةَ قَيْص)

[3] . Фатҳул Борӣ,ҷ6,с128.

[4]  . Торихи ибнул Варди,ҷ1,с160.

[5]  . Нуҷуму-з- Зоҳира,ҷ1,с54,55.

[6] . Торихи ибни Халдун,ҷ3,с12.

[7] .Ансобул Ашроф,ҷ5,с86, ал-Комил фит-Торих,ҷ3,с459.

أغزى معاوية الناس في سنة خمسين و عليهم سفيان بن عوف و أمر يزيد بالغزو فتثاقل و اعتلّ فأمسك عنه، و أصاب الناس في غزاتهم جوع و أمراض، فأنشأ يزيد…. فبلغ معاوية شعره، فأقسم عليه ليلحقنّ بسفيان في أرض الروم ليصيبه ما أصاب الناس و لو مات، فلحق به في فرس أنطاكية و بعلبكّ.

[8] .Умдатул қорӣ фи шарҳи саҳеҳул Бухорӣ,ҷ10,с243,244,Иршодуссорӣ фи шарҳи саҳеҳул Бухорӣ,ҷ6,с453,454.

[9] .Торихи ибни Асир,ҷ3,с458,459,торихи ибни Халдун,ҷ3,с12.

سنة خمسين، سيّرمعاوية جيشا كثيفاإلى بلادالروم للغزاة و جعل عليهم سفيان بن عوف وأمر ابنه يزيد بالغزاة معهم… وكان في هذا الجيش ابن عبّاس و ابن عمر و ابن الزّبير و أبو أيّوب الأنصاري و…

[10] . Умдатул қорӣ фи шарҳи саҳеҳул Бухорӣ,ҷ10,с243,244.

[11] .Файзул Қадир шарҳи ҷомеу-с-сағир,ҷ3,с109.

[12] . Умдатул қорӣ фи шарҳи саҳеҳул Бухорӣ,ҷ10,с243,244.

[13] .Рӯҳул Маъонӣ,ҷ19,с152.

[14] . Шарҳул Мақосид,ҷ

[15] .Сияру Аълому-н-Нубало,ҷ7,с38.

[16] .Сураи Нисо ояти, 93,сураи Ҷин ояти,23.

[17] . Сураи Нисо ояти,14.

[18] .Сураи Аҳзоб ояти,36.

[19] .Муснади Абӯ Яъли, ҷ.2, саҳ 176.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,