КУДАКИ БО ЗАКОВАТ

Рузе Муҳаммадалӣ подшоҳи Миср аз кўчае мегузашт, дар сари роҳи худ писари нўҳсолаеро дид ва ба ў гуфт:

Савод дорӣ?

Писарак ҷавоб дод:

Қуронро хондаам ва «Инно фатаҳно»-ро ҳифз кардаам. Ин ҳарфи писарак подшоҳро хушҳол кард ва як динори тилло ба ў бахшид. Писарак сиккаро бўсид ва сипас гуфт :

Аз қабули ин маъзурам. Подшоҳ бо тааҷҷуб пурсид : Чаро?

Писарбачча гуфт : Падарам маро танбеҳ хоҳад кард , зеро мепурсад, ин сиккаро аз куҷо овардаӣ ? Агар бигўям, ки султон ба ман лутф, кардааст мегўяд бахшиши султон камтар аз ҳазор динор нест.

Подшоҳ бисёр хушҳол шуд ва аз ҳушу заковати ў дар тааҷҷуб монд, падарашро хост ва махориҷи таҳсили кудакро таъмин кард.

 

 

 

 

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *