Кина ва пиёз

Кина ва пиёз

Рӯзе ҳакиме ба шогирдонаш гуфт: Фардо ҳар кадоматон як линча биёваред ва дар он ба теъдоди одамҳое, ки дусташон надоред ва аз онҳо бадатон меояд пиёз қарор диҳед.

Рӯзи баъд ҳамаи шогирдон ҳамин корро карданд.

  Ҳаким гуфт: Ҳарҷо ки меравед ин линчаҳоро бо худ ҳамл кунед.

Шогирдон баъд аз чанд рӯз хаста шуда ва ба ҳаким шикоят карданд, ки :

Пиёзҳо ҳамаашон пӯсида ва вайрон шудаанд ва бӯи баде аз онҳо меояд ва моро азият мекунад.

Ҳаким посухи зебое дод:

Ин кор монанди ҳолате аст, ки шумо кинаи дигаронро дар дил нигоҳ доред, ин кина қалб ва дили шуморо фосид мекунад ва бештар аз ҳама худатонро азият хоҳад кард.

Пас бо бахшишу гузашт нисбати дигарон худатонро озод кунед, то озор ва азият нашавед!.

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *