Иттилооти динӣ

muammo

muammo1.         Савол: Чаро дар аввали ҳар коре “Бисмиллоҳ” гуфтан супориш шудааст?

Ҷавоб: “Бисмиллоҳ” орм ва нишонаи мусулмонӣ аст. Бояд ҳамаи корҳои як мусулмон ранги илоҳӣ дошта бошад. Ҳамон гуна ки маҳсулоти сохти як корхона, орм ва аломати он корхонаро дорад;

хоҳ ба таври ҷузъӣ бошад ё куллӣ. Масалан як корхонаи чинисозӣ (косасозӣ) аломати худро рӯи ҳамаи зарфҳо мезанад, хоҳ зарфҳои калон бошад, хоҳ зарфҳои хурд. Ё ин ки парчами ҳар кишваре ҳам бар болои идораҳо, мактабҳо ва пойгоҳҳои ҳарбии он кишвар аст ва ҳам бар болои киштиҳои он кишвар дар дарёҳо ва ҳам бар рӯи мизи кормандон.

2.         Савол: Чаро ҳар рӯз бояд беш аз даҳ бор дар намоз бигӯем: Иҳдинас сиротал мустақим. (Моро ба роҳи рост ҳидоят кун.)

Ҷавоб: Зеро инсон ҳам дар интихоби роҳи мустақим ва ҳам дар давом додани он низ бояд аз Худованд кӯмак бигирад. Монанди лампае, ки равшании худро ҳар лаҳза аз неругоҳи барқ мегирад. Ҳатто Паёмбар (с) низ собит ва боқӣ мондан дар роҳи ростро аз Худованд мехоҳад.

3.         Савол: Агар Қуръон бинобар ояти 185 сураи «Бақара» василаи ҳидояти мардум аст, чаро дар ояти 2–и ҳамин сура ҳидоятгари парҳезгорон баён шуда аст?

ذلِكَ الْكِتابُ لا رَيْبَ فيهِ هُدىً لِلْمُتَّقينَ

Он китоб, ки дар (ҳаққонияти) он ҳеҷ шакке роҳ надорад, ҳидояткунандаи парҳезкорон аст. (Бақара, ояти 2)

Ҷавоб: Бале, Қуръон василаи ҳидояти мардум аст; “ҳудан лин — нос” ҳамонанди офтоб бар ҳама метобад, вале танҳо касоне аз он баҳра меҷӯянд, ки фитрати пок дошта ва дар баробари ҳақ хозеъ ва фурӯтан бошанд; “ҳудан лил — муттақин”. Ҳамчунон ки нури офтоб, танҳо аз шишаи поку тоза мегузарад, на аз хишту лой. Бинобар ин фосиқон, золимон, кофирон, дилмурдагон, исрофкорон ва такзибкунандагон аз ҳидояти Қуръон баҳараманд намешаванд.

4.         Савол: Манзур аз ин ки Худо бемории мунофиқро зиёд мекунад чист?

في‏ قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ فَزادَهُمُ اللَّهُ مَرَضاً وَ لَهُمْ عَذابٌ أَليمٌ بِما كانُوا يَكْذِبُونَ

Дар дилҳои мунофиқон беморӣ аст, пас Худованд бемории ононро зиёд мекунд ва барои онҳо азоби дарднок аст, ба хотири он ки дурӯғ мегӯянд. (Бақара, ояти 10)

Ҷавоб: Масали мунофиқ, масали лоша ва мурдор (ҳайвони худмурда) – и бадбӯ аст, ки дар чоҳи обе афтода бошад. Ҳар чи об дар он бештар рехта шавад, фасодаш бештар шуда ва бӯи баду олӯдагии он зиёд мешавад. Нифоқ, ҳамчун мурдоре аст, ки агар дар рӯҳ ва дили инсон боқӣ бимонад, ҳар ояту ҳукме, ки аз тарафи Худованд нозил шавад, ба ҷои таслим шудан дар баробари он, тазоҳур ва риёкорӣ мекунад ва як қадам бар нифоқи худ меафзояд. Ин рӯҳи мариз, тамоми фикрҳо ва амалҳои ӯро риёкорона ва мунофиқона мекунад ва ин навъе аз зиёд шудани беморӣ аст.

Ин ҷавоб дар бораи ояти 36 сураи «Анбиё» низ ба кор меравад, ки кофирон бо дидани Паёмбар (с) пофишории бештаре мекунанд.

5.         Савол: Нифоқ чӣ навъ беморӣ аст?

Ҷавоб: Нифоқ, як мараз ва бемории рӯҳӣ ва мунофиқ бемор аст. Ҳамон тавр ки бемор, на солим аст ва на мурда, мунофиқ ҳам на муъмин аст ва на кофир. (дар дилҳои онҳо мараз аст).

6.         Савол: Дар ояти зерин омадааст: “Худованд бар ҳар чизе қодиру тавоно аст.” Ин бо маҳол будани баъзе корҳо чигуна қобили ҷамъ аст?

يَكادُ الْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصارَهُمْ كُلَّما أَضاءَ لَهُمْ مَشَوْا فيهِ وَ إِذا أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قامُوا وَ لَوْ شاءَ اللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَ أَبْصارِهِمْ إِنَّ اللَّهَ عَلى‏ كُلِّ شَيْ‏ءٍ قَديرٌ

Наздик аст, ки барқ, нури чашмонашонро бирубояд. Ҳар гоҳ ки (барқи осмон дар он саҳрои торик ва боронӣ) барои онон бидурахшад, дар он ҳаракат мекунанд, вале ҳамин ки торикӣ онҳоро фаро гирад меистанд ва агар Худованд бихоҳад, шунавоӣ ва биноии онҳоро (аз байн) мебарад, ҳамоно Худованд бар ҳар чизе қодиру тавоно аст. (Бақара, ояти 20)

Ҷавоб: Ҳар гоҳ гуфта мешавад: “Худованд бар ҳар коре қодир аст” мурод корҳои мумкин аст. Масалан агар бигӯянд: Фалонӣ риёзидон аст, маънояш он нест, ки битавонад 2 + 2 ро = 5 кунад, яъне ҳосили ду ҷамъи дуро панҷ биёварад. Зеро ин кор маҳол ва ғайримумкин аст, на он ки он шахс қодир нест ва наметавонад онро ҷамъ бикунад.

7.         Савол: Чаро имон бар амали солеҳ муқаддам шудааст?

Ҳамчуноне ки Худованд мефармояд:

وَ بَشِّرِ الَّذينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْري مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهارُ كُلَّما رُزِقُوا مِنْها مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقاً قالُوا هذَا الَّذي رُزِقْنا مِنْ قَبْلُ وَ أُتُوا بِهِ مُتَشابِهاً وَ لَهُمْ فيها أَزْواجٌ مُطَهَّرَةٌ وَ هُمْ فيها خالِدُونَ

Ва касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки барояшон боғҳое аст, ки наҳрҳо аз зери (дарахтони) он ҷорӣ аст, ҳаргоҳ мевае аз он (боғҳо) ба онон рӯзӣ шавад, гӯянд: Ин ҳамон аст, ки аз пеш рӯзии мо шуда буд, дар ҳоле ки ҳамонанди он неъматҳо ба онҳо дода шуда аст (на худи онҳо) ва барои онон дар биҳишт ҳамсарони поку покиза аст ва дар онҷо ҷовидонаанд. (Бақара, ояти 25)

Ҷавоб: Дар Қуръон маъмулан имон ва амали солеҳ дар канори ҳам матраҳ шуда аст, вале имон бар амали солеҳ муқаддам қарор гирифта аст. Бале, агар ҳуҷрае аз дарун нуронӣ шуд, шуои ин нур аз равзана ва панҷараҳо берун мебарояд. Имон, даруни инсонро нуронӣ ва қалби нуронӣ, тамоми корҳои инсонро нуронӣ мекунад.

Саид И.

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.