Илм ва имон

imon va ilm

imon va ilmИлм ва имон

  Робитаи илм ва имон

Робитаи инсонияти инсон ва ҳайвонияти ӯ, ба иборати дигар робитаи зиндагии фарҳангӣ ва маънавии инсонро  бо зиндаги моддии ӯ донистем. Равшан шуд, ки инсоният дар инсон асл ва мустақил аст ва илму имон ду рукни асосии инсонияти инсон аст. Акнун мехоҳем бидонем, ки ин ду рукн, чи робитае бо якдигар доранд.

Мутаассифона дар ҷаҳони масеҳият ба сабаби таҳрифҳои Аҳди қадим (Таврот) андешаи зиддияти илму имон дар зеҳнҳо ба вуҷуд омад. Аз ҷумла дар боби дувум, ояти шонздаҳ ва ҳабдаҳи “Сифри пайдоиш” дар бораи ҳазрати Одам(а) ва биҳишт ва дарахти мамнуа чунин омадааст: Худованд ба Одам амр кард, ки аз ҳамаи дарахтони боғ бихур, аммо ҳаргиз аз дарахти маърифати некӣ ва бадӣ нахур, зеро рӯзе, ки аз он бихурӣ ҳатман хоҳӣ мурд.

Дар оёти 1 то 8 аз боби сеюм омадааст: Ва мор аз ҳамаи ҳайвоноти саҳро, ки Худо офарида буд ҳушёртар буд ва ба зан (Ҳавво) гуфт: Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахуред? Зан ба мор гуфт: Аз меваи дарахтони боғ мехурем, лекин аз меваи дарахте, ки дар миёнаи боғ аст Худо гуфт: Аз он нахуред ва ба он даст назанед, мабодо бимиред. Мор ба зан гуфт: Қатъан нахоҳед мурд, балки Худо медонад рӯзе, ки аз он бихуред чашмони шумо боз мешавад ва монанди Худо неку бадро хоҳед шинохт. Ва чун зан дид, ки он дарахт барои хурдан некуст ва хушнамо, дилпазир ва донишафзост, пас аз мевааш гирифта хурд ва ба шавҳари худ низ дод ва ӯ ҳам хурд. Онгоҳ чашмони ҳардуи онҳо боз шуду фаҳмиданд, ки урёнанд. Пас баргҳои анҷирро духтанд ва аврати худро пушонданд.

Дар ояти 23 аз ҳамин боб мехонем: Ва Худо гуфт: ҳамоно инсон мисли яке аз мо шудааст ва неку бадро мешиносад. Инак мабодо дасти худро дароз кунад ва аз дарахти ҳаёт низ бихурад ва то ба абад зинда монад. (Пас бояд он дуро аз биҳишт берун кард.)

Матолибе, ки дар Тавроти кунунӣ аст робитаи Худо ва инсонро ингуна баён мекунад, ки Худо намехоҳад, ки инсон ба илму маърифат даст ёбад, балки инсонро аз расидани ба он манъ мекунад ва инсон бо нофармонӣ ва сарпечӣ аз дастури Худо ба қимати ронда шудан аз биҳишт ба огоҳӣ ва маърифат мерасад. Пас имон ва итоат аз Худо сабаби дур мондан аз илму маърифат мешавад.

Мо мусулмонон аз Қуръон омухтаем, ки Худованд ҳамаи ҳақоиқро ба Одам(а) омухт ва онгоҳ ба фариштагон амр кард, ки Одамро саҷда кунанд. Ҳамаи онҳо саҷда карданд, вале шайтон саҷда накард, аз ин рӯ аз даргоҳи раҳмати Худо ронда шуд. Суннати Паёмбари Аъзам(с) ба мо омухтааст, ки дарахти мамнуъа тамаъ, ҳирс ва чизе аз ин навъ будааст, (яъне чизе, ки ба ҳайвонияти одам марбут мешуд на ба инсонияти ӯ) ва шайтони васвасагар ҳамвора бар зидди ақл ва мутобиқи ҳавои нафси ҳайвонӣ васваса мекунад ва ончи дар вуҷуди инсон мазҳари шайтон аст нафси аммора аст на ақли одамӣ.

Таҳрифи Таврот сабаб шуд, ки таърихи тамаддуни Аврупо дар ҳазору панҷсад соли ахир ба асри имону асри илм тақсим шавад ва имлу имонро дар муқобили якдигар қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки таърихи тамаддуни исломӣ ба асри шукуфоии илму имон ва асри инҳитоти илму имон тақсим мешавад. Мо мусулмонон бояд худро аз ин бардошти ғалат, ки хасоратҳои ҷуброннопазир бар илму имон ва инсоният ворид кард барканор дорем ва куркурона тазоди илму имонро амри мусаллам надонем.

Акнун мехоҳем ин масъаларо олимона таҳлил кунем, ки оё воқеан илму имон ҳар кадом ба даврае ва асре тааллуқ дорад?

Дар робитаи илму имон аз ду ҷиҳат метавон сухан гуфт;

  1. Оё тафсир ва бардоште, ки имонзо ва ормонхез ва дар айни ҳол мавриди таъйиди мантиқ бошад вуҷуд дорад ё тамоми тафаккуроте, ки илму фалсафа ба мо медиҳад ҳама бар зидди имонҳо ва дилбастагиҳо ва умедҳо ва хушбиниҳост? [1]

2) Оё илм ба чизе даъват мекунад ва имон ба чизи дигаре зидди он? Илм моро ба гунае мехоҳад бисозад ва имон мухолифи он? Илм моро ба сӯе мебарад ва имон ба сӯи дигар? Ё илму имон мутаммим ва мукаммили якдигаранд, илм ними моро месозад ва имон ними дигарро ҳамоҳанги бо он? Пас бибинем илм ба мо чӣ медиҳад ва имон чӣ?

Илм ба мо рушноӣ ва тавоноӣ мебахшад ва имон ишқу умед ва гармӣ; илм абзор месозад ва имон мақсад; илм суръат медиҳад ва имон ҷиҳат; илм тавонистан аст ва имон хуб хостан; илм менамоёнад, ки чи ҳаст ва имон илҳом мебахшад, ки чи бояд кард; илм инқилоби берун аст ва имон инқилоби дарун; илм ҷаҳонро ҷаҳони одамӣ мекунад ва имон равонро равони одамӣ; илм вуҷуди инсонро ба сурати уфуқӣ густариш медиҳад ва имон ба шакли амудӣ боло мебарад; илм табиатсоз аст ва имон инсонсоз; ҳам илм ба инсон неру медиҳад ва ҳам имон; аммо илм нерӯи мунфасил медиҳад ва имон неруи муттасил; илм зебоӣ аст ва имон ҳам зебоӣ аст; илм зебоии ақл аст ва имон зебоии рӯҳ; илм зебоии андеша аст ва имон зебоии эҳсос. Ҳам илм ба инсон амният мебахшад ва ҳам имон; илм амнияти берунӣ медиҳад ва имон амнияти дарунӣ. Илм дар муқобили ҳуҷуми бемориҳо, селҳо, зилзилаҳо, туфонҳо эминӣ медиҳад ва имон дар муқобили изтиробҳо, танҳоиҳо, эҳсоси бепаноҳиҳо, пучгароиҳо. Илм ҷаҳонро бо инсон созгор мекунад ва имон инсонро бо худаш.

Ниёзи инсон ба илму имон бо ҳам диққати андешмандонро чи мазҳабӣ ва чи ғайри мазҳабӣҷалб кардааст. Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд: Башарияти имрӯз ба се чиз ниёзманд аст; таъбири рӯҳонӣ аз ҷаҳон, озодии рӯҳонии фард ва усули асосӣ ва дорои таъсири ҷаҳонӣ, ки такомули иҷтимои башариро бар мабнои рӯҳонӣ тавҷеҳ кунад. Шак нест, ки Аврупои ҷадид, дастгоҳҳои андешаӣ ва мисолӣ дар ин риштаҳо таъсис кардааст, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳақиқате, ки аз роҳи ақли маҳз ба даст ояд наметавонад он ҳарорати эътиқоди зиндаеро дошта бошад, ки танҳо бо илҳоми шахсӣ ҳосил мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки ақли маҳз чандон таъсире дар навъи башар накарда, дар сурате, ки дин, пайваста мояи иртиқои афрод ва тағйири шакли ҷомеаҳои башарӣ будааст. Мисолигарии Аврупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он наёмада ва натиҷаи он “ман”-и саргардон аст, ки дар миёни демократҳои носозгор бо якдигар ба ҷӯстуҷӯи худ мепардозад, ки кори онҳо мунҳасиран баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Аврупо имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқии башарият аст. Аз тарафи дигар, мусулмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои мутлақ, мабнӣ бар ваҳй мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳад. Барои фарди мусулмон шолудаи рӯҳонии зиндагӣ амри эътиқодӣ аст ва барои дифоъ аз ин эътиқод ба осонӣ ҷони худро фидо мекунад.[2]

Вилдуронт, нависандаи маъруфи Таърихи тамаддун,[3] менависад:

Ихтилофи дунёи қадим бо дунёи мошинии ҷадид фақат дар васоил аст на дар мақосид…. чи хоҳед гуфт агар ҳамаи пешрафтҳои мо танҳо ислоҳи равишҳо ва василаҳо бошад на беҳбуди ғоятҳо ва мақсадҳо?.[4]

Ҳам ӯ мегӯяд;

Сарват хастагиовар аст, ақлу ҳикмат нури заифу сарде аст, аммо ишқ аст ки бо додори[5] хориҷ аз ҳудуди баён, дилҳоро гарм мекунад.[6]

Имрӯз ғолибан дарёфтаанд, ки “Сиёнтисм” (илмгарои маҳз) ва тарбияти илмии холис, аз сохтани инсони тамом нотавон аст. Тарбияти илмии холис, нима инсон месозад на инсони тамом (маҳсули ин тарбият, моддаи хоми инсон аст на инсони сохташуда), инсони тавоно ва қудратманд месозад на инсони бо фазилат, инсони так соҳатӣ месозад на инсони чанд соҳатӣ.

Имрӯз ҳама дарёфтаанд, ки асри илмии маҳз ба поён расидааст ва як халаъи ормонӣ ҷомеаҳоро таҳдид мекунад. Бархе мехоҳанд ин халаъро бо фалсафаи маҳз пур кунанд; баъзе даст ба домани адабиёт ва ҳунар ва улуми инсонӣ шудаанд. Дар кишвари мо низ каму беш пешниҳоди фарҳанги инсонгаро ва махсусан адабиёти ирфонӣ аз қабили адабиёти Мавлавӣ ва Саъдӣ ва Ҳофиз барои пур кардани ин халаъи маънавӣ ва ормонӣ матарҳ аст, ғофил аз инки ин адабиёт руҳу ҷозибаи худро аз маҳаб (ва дин) гирифтааст. Рӯҳи инсонгроии ин адабиёт ҳамон рӯҳи мазҳаби исломӣ аст, вагарна чаро бархе адабиёти навини имрӯзӣ бо ҳамаи тазоҳур ба инсонгароӣ ин ҳама сарду беруҳ ва беҷозиба аст?! Муҳтавои инсонии адабиёти ирфонии мо аз навъе тафаккур дар бораи ҷаҳон ва инсон нашъат гирифтааст, ки ҳамон тафаккури исломӣ аст. Агар рӯҳи исломиро аз ин шоҳкорҳои адабӣ бигирем туфолае ва андоми мурдае беш, боқӣ намемонад.

Вилдуронт аз касоне аст, ки ин халаъро ҳис мекунад ва адабиёт ва фалсафа ва ҳунарро барои пур кардани он пешниҳод мекунад, мегӯяд;

Зарар ва хусроне, ки мутаваҷҷеҳи мадорис ва донишгоҳҳои мост, бештар аз назарияи тарбиятии “Испенсер”[7] аст, ки тарбиятро созгор кардани инсон бо муҳити худ таъриф кардааст. Ин таъриф мурда ва меконикӣ аст ва аз фалсафаи “бартари меконик” бархостааст ва ҳар зеҳну рӯҳи халлоқ аз он мутанаффир аст. Натиҷа ин шудааст, ки мадориси мо аз улуми назарӣ ва меконикӣ пур шудааст, ва аз мавзуоти адабиёт, таърих, ва фалсафаву ҳунар, ки ба қавли худашон бефоида аст холи мондааст… тарбияте, ки фақат илмӣ бошад маҳсулаш ҷуз абзор чизе нест, шахсро аз зебоӣ бегона месозад ва уро аз ҳикмат ҷудо мекунад. Барои дунё беҳтар он буд, ки Испенсер китобе наменавишт.[8]

Аҷабо бо инки Вилдуронт эътироф мекунад, ки халаъи мавҷуд дар дарҷаи аввал як халаъи ормонӣ аст, халаъе аст дар ноҳияи мақсадҳо ва ғоятҳо ва ормонҳо, халаъе аст, ки ба пучигароӣ мунтаҳӣ шудааст; бо инки тасдиқ мекунад, ки ин халаъ, халаъи навъе тафаккур ва навъе имон ба мақосид ва аҳдофи инсонӣ аст, бо ҳамаи инҳо мепиндорад, ки бо ҳар навъ маънавияте ҳарчанд аз ҳудуди қувваи тахаюл таҷовуз накунадчора пазир аст; мепирдорад саргармӣ ба ҳар таъриху ҳунар ва зебоӣ ва шеъру мусиқӣ қодир аст чунин халаъеро, ки аз умқи фитрати ормонхоҳ ва камоли матлубҷӯии инсон нашъат мегирад, пур кунад.


Ҷонишинии илм ва имон

Донистем, ки илм ва имон на танҳо бо якдигар зид нестанд балки мукаммил ва мутаммими якдигаранд. Акнун пурсиши дигаре матраҳ аст; оё мумкин аст ин ду, ҷои якдигарро пур кунанд?

Пас аз онки шинохтем нақши илм чист ва нақши имон чист, ниёзи чандоне ба тарҳу посухи ин пурсиш нест. Бадеҳӣ аст, ки на илм метавонад ҷонишини имон гардад ки илова бар рушноӣ ва тавоноӣ, ишқу умед бибахшад, сатҳи хостаҳои моро иртиқо диҳад ва илова бар инки моро дар расидан ба мақосид ва ҳадафҳо ва дар паймудани роҳ ба сӯи он мақосид ва аҳдоф мадад медиҳад, мақосиду ормонҳо ва хостаҳое аз моро, ки ба ҳукми табиат ва ғариза бар меҳвари фардият ва худхоҳӣ аст аз мо бигирад ва дар иваз, мақосиду ормонҳое ба мо бидиҳад бар меҳвари ишқу алоқаҳои маънавӣ ва рӯҳонӣ, ва илова бар инки абзоре аст дар дасти мо ҷавҳару моҳияти моро дигаргун созад ва на имон метавонад ҷонишини илм гардад, табиатро ба мо бишносонад, қавонини онро бар мо кашф кунад ва худи моро ба мо бишиносонад.

Таҷрибаҳои таърихӣ нишон додааст, ки ҷудоии илму имон хасоратҳои ғайри қобили ҷуброн ба бор овардааст. Имонро дар сояи илм бояд шинохт; имон дар рушноӣ илм аз хурофот дур мемонад. Бо дур уфтодани илм аз имон, имон ба ҷумуду таассуби кур, ва бо шиддат ба даври худ чархидан ва роҳ ба ҷое набурдан табдил мешавад. Онҷо, ки илму маърифат нест, имони муъминони нодон василае мешавад дар дасти мунофиқони зирак, ки намунаашро дар хавориҷи садри Ислом ва дар давраҳои баъд ба шаклҳои мухталиф дида ва мебинем.

Илм бидуни имон низ теғе аст дар кафи зангии маст; чароғе аст дар нимаи шаб дар дасти дузд барои гузидатар бурдани коло. Ин аст, ки инсони олими беимони имрӯз, бо инсони ҷоҳили беимони дирӯз, аз назари табиат ва моҳияти рафторҳо ва кирдорҳо кучактарин фарқе надорад. Чи тафовуте ҳаст миёни Черчилҳо, Чонсунҳо, Нексунҳо ва Сталинҳои имрӯз бо Фиръавнҳо, Чингизҳо ва Отилоҳои дирӯз?.

Мумкин аст гуфта шавад магар на ин аст, ки илм, ҳам рушноӣ аст ва ҳам тавоноӣ? Рушноӣ ва тавоноӣ будани илм ихтисос ба ҷоҳони берун надорад, ҷаҳони даруни моро низ бар мо равшан мекунад ва ба мо менамоёнад ва дар натиҷа моро бар тағйири ҷаҳони дарун низ тавоно месозад; пас илм, ҳам метавонад ҷаҳонро бисозад ва ҳам инсонро; пас ҳам кори хешро анҷом медиҳад (ҷаҳонсозӣ) ва ҳам кори имонро (инсонсозӣ). Посух ин аст, ки ҳамаи инҳо саҳеҳ аст, аммо нуктаи асосӣ ин аст, ки қударат ва тавоноии илм, аз навъи қудрату тавоноии абзор аст; яъне бастагӣ ба ирода ва фармони инсон дорад. Инсон дар ҳар ноҳия бихоҳад коре анҷом диҳад бо абзори илм беҳтар метавонад анҷом диҳад. Ин аст, ки мегӯем илм беҳтарин мададкори инсон аст барои расидан ба мақосиду паймудани роҳҳое, ки инсон барои тай кардан интихоб кардааст.

Аммо сухан дар ҷои дигар аст. Сухан дар ин аст, ки инсон пеш аз онки абзорро ба кор андозад максадро дар назар гирифтааст. Абзорҳо ҳамвора дар тариқи мақсадҳо ба кор бурда мешаванд. Мақсадҳо аз куҷо пайдо шудааст? Инсон ба ҳукми инки аз рӯи табъ ҳайвон аст ва ба сурати иктисобӣ инсон, яъне истеъдодҳои инсонии инсон тадриҷан дар сояи имон бояд парвариш ёбад, ба табъи худ ба сӯи мақосиди табии ҳайвонии фардии моддии худхоҳонаи худ ҳаракат мекунад ва абзорҳоро дар ҳамин тариқ мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад; аз инрӯ ниёзманди нерӯе аст, ки абзори инсон ва мақсади инсон набошад, балки инсонро монанди абзоре дар ҷиҳати худ ҳаракат диҳад; ниёзманд ба нерӯе аст, ки инсонро аз дарун мунфаҷир созад ва истеъдодҳои ниҳонии ӯро ба феълият расонад; ниёзманд ба қудрате аст, ки битавонад инқилобе дар замираш эҷод кунад, ба ӯ ҷиҳати тоза бидиҳад. Ин коре аст, ки аз илму кашфи қавонини ҳоким бар табиат ва бар инсон, сохта нест. Ингуна таъсир мавлуди тақаддус ёфтан ва гаронбаҳо шудани бархе арзишҳо дар рӯҳи одамӣ аст ва он худ мавлуди як силсила гароишҳои мутаъолӣ дар инсон аст, ки он гароишҳо ба навбаи худ аз бардошти хос ва тарзи тафаккури хос дар бораи ҷаҳон ва инсон нашъат гирифтааст, ки на дар лабараторияҳо ва на аз муҳтавои қиёсҳо ва исотидлолҳо метавон ба он даст ёфт. Он бардоштҳо ҳамонҳо аст, ки дар оянда тавзеҳ хоҳем дод, ки аз дастрасии илм берун аст.

Таърихи гузашта ва ҳол нишон додааст, ки ҷудо кардани илму имон аз як дигар чи натиҷаҳое ба бор меоварад. Онҷо, ки имон буда ва илм набудааст кушишҳои башардустонаи афрод сарфи корҳое шудааст, ки натиҷаи зиёд ва эҳёнан натиҷаи хуб ба бор наёвардааст ва гоҳе маншаъи таассуб ва ҷумудҳо ва эҳёнан кашмакашҳои зиёнборе шудааст. Таърихи гузаштаи башар аз ин гуна корҳо пур аст.

Онҷо, ки илм буда ва ҷои имон холӣ мондааст монанди бархе аз ҷомеаҳои асри ҳозир тамоми қудрати илмӣ сарфи худхоҳиҳо ва худпарастиҳо, афзунталабиҳо, бартариталабиҳо, истисморҳо, истибдодҳо, найрагҳо ва найрангбозиҳо шудааст.

Ду се қарни гузаштаро метавон давраи пасрастиши илм ва гурез аз имон донист. Донишмандони бисёре муътақид шуданд, ки ҳамаи мушкилоти башар бо сарангушти илм гушуда хоҳад шуд, вале таҷриба хилофи онро собит кард. Имрӯз дигар андешаманде ёфт намешавад, ки ниёзи инсонро ба навъе имон, агарчи имони ғайри мазҳабӣ ки ба ҳар ҳол амри моварои илм аст- инкор кунад. Росел бо онки гароишҳои моддӣ дорад эътироф мекунад, ки:

Коре, ки манзури он фақат даромад бошад, натиҷаи муфиде (ба) бор нахоҳод овард. Барои чунин натиҷае бояд коре пеша кард, ки дар он имон ба як фард, ба як маром, ба як ғоят нуҳуфта бошад.[9]

Имрӯз материялистҳо ҳам ночоранд муддаӣ шаванд, ки мо аз ҷанбаи фалсафӣ, мотериялист ва аз ҷанбаи ахлоқӣ, идиолист мебошем; яъне аз ҷанбаи назарӣ, моддӣ ва аз ҷанбаи амалӣ ва ормонӣ, маънавӣ ҳастем.[10] Инки чигуна мумкин аст инсон назаран моддӣ бошад ва амалан маънавӣ, мушкиле аст, ки худи моддийин бояд ба он посух бигӯянд.

Ҷурҷ Сортен, донишманди машҳури ҷаҳон ва нависандаи китоби маъруфи Таърихи илм, дар китоби “Шаш бол”, норасоӣ ва нотавонии илмро дар инсонӣ сохтани равобити башар ва ниёзи фаврии инсонро ба нерӯи имон чунин баён мекунад;

Илм дар баъзе заминаҳо тарақиёти азиму шигифте кардааст, вале дар заминаҳои дигар, масалан сиёсати миллӣ ё байналмилалӣ, ки марбут ба равобити афроди инсон бо якдигар аст, ҳанӯз худро ришханд мекунад.

Ҷорҷ Сортен эътироф дорад, ки имоне, ки мавриди ниёзи инсон аст, имони динӣ ва мазҳабӣ аст. Вай дар бораи ниёзи инсон ба мусъаласи “ҳунар, дин ва илм” чунин мегӯяд;

Ҳунар зебоиро ошкор месозад ва ҳамин ҷиҳат мояи шодии зиндагӣ мешавад. Дин муҳаббат меоварад ва мусиқии зиндагӣ аст. Илм бо ҳақ ва рости ва ақл сару кор дорад ва мояи ҳушёрии навъи башар мешавад. Ба ҳар сеи инҳо ниёзмандем; ҳам ба ҳунар, ҳам ба дин, ҳам ба илм. Илм ба сурати мутлақ барои зиндагӣ лозим аст, вале ҳаргиз ба танҳоӣ кофӣ нест.[11]

Муртазо Мутаҳҳарӣ


 


[1]Ин масъаларо баъдан таҳти унвони ҷаҳонбинӣ баҳс хоҳем кард.

[2] Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, тарҷумаи Аҳмади Ором, саҳ 203.

[3]Бо инки як фарди ғайри мазҳабӣ аст.

[4]Лаззоти фалсафа, саҳ 292.

[5]Офаринанда

[6] Ҳамон, саҳ 135.

[7] Файласуфи маъруфи инглисӣ қарни нуздаҳум.

[8]Лаззоти фалсафа, саҳ. 206.

[9] Заношуи ва ахлоқ.

[10] Жорж Пулитсер, Усули муқаддамоти фалсафа.

[11] Шаш бол, саҳ. 305.

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...