Иброҳим фарзанди Торух фарзанди Ноҳур фарзанди Соруғ аст, чунончӣ дар Таврот омадааст, насаби вай ба Сом фарзанди Нуҳи Набӣ (а) мерасад. Қурони Карим номи падари эшонро “Озар” зикр мекунад. Ин мавзӯъ, баҳсу ҷадалҳоеро миёни муфассирин барангехта аст. Аз Зуҷоҷ дар Маҷмаъ-ул-баён чунин омадааст:
“Миёни уламои ансоб ихтилофе мабни бар ин матлаб нест, ки номи падари Иброҳим “Торух” буда аст. Ончӣ дар Қуръон омада далолат бар ин дорад, ки номи вай «Озар» аст. Гуфта шуда, ки лафзи «Озар» дар истилоҳи он давра ва дар назди қавми Иброҳим бар бадгӯӣ далолат дорад, гуё ки Иброҳим ба падараш чунин гуфта бошад: «Эй хаткор!». Дар ин сурат ҳукми эъробии он рафъ аст ва ҷоиз аст, ки васфе низ бошад барои падар. Гӯё, ки ба падари хатокораш ин васфро гуфта бошад». Саъид ибни Мусаййиб ва Муҷоҳид бар ин боваранд, ки «Озар» номи буте будааст. Ин инсироф ба маънои он аст, ки Озарро ҳамтарози бутҳо қарор додааст, то онро худои дигаре ба ҳисоб оварад. (Табарсӣ) дар китоби Маҷмаъ-ул-баён дар мавриди ин масъала чунин изҳори назар мекунад: «Ончиро, ки Зуҷоҷ гуфтааст назарияи он иддаро, ки мегӯяанд Озар падарбузурги модарии Иброҳим (а) ва ё амаки Ӯ будааст, қувват мебахшад. Зеро далели вай бар ин масъала, ки мегӯяд ниёкони паёмбар (с) то Одам (а) ҳама яктопараст будаанд сиҳҳат мегузорад».[1]
Натиҷаи ин бовар кофир будани Озар падарбузурги модарии Иброҳим (а) аст. Аз он ҷо, ки насаби Иброҳим ба ӯ муттасил аст, дар инҷо ин суол матраҳ мешавад, ки агар куфри насабӣ аз ҷонибии падар барои мақоми набувват қабеҳ ва мазмум аст, чаро қабоҳат аз ҷониби насаби модарӣ ворид набошад; зеро милоки қубҳ яке аст, ки ҳамон расидани паёмбар ба куффор аст, камо инки итлоқи лақаби падар бар амак дар оят зер бар асоси тағлиб сурат гирифтааст: »…,
« قالو نعبد الهك وإله ابائك ابراهيم واسماعيل واسحاق الها واحد »
Тарҷумаи оя:Гуфтанд: Худои ту ва Худои падаронат Иброҳим (а) ва Исмоил (а) ва Исҳоқ (а), Худованди якторо мепарастем ва мо дар баробари ӯ таслим ҳастем[2] ва аммо итлоқи лақаби падар бар ғайри падар ва падарбузург, ҷуз дар ҳолҳои маҷозӣ дар Қурон истиъмол нашуда аст. Аз ин рӯ шоҳиди бар бардошти зикр шуда бар татбиқ додани он бо Қурон вуҷуд надорад.
Валодат ва рушду парвариши Иброҳим (а)
Манбаҳои таърихӣ дар мавриди маҳалли таваллуди Ҳазрати Иброҳим (а) ихтилофи назар доранд, баъзе аз муваррихин бар ин боваранд, ки эшон дар Димишқ ва дар рустое ба номи «Барза», ки дар куҳи Қосиюн аст, мутаваллид гашт. Дар муқобил гурӯҳи дигаре бар ин ақидаанд, ки эшон дар минтақаи Бобул, ки сарзамини Кулдониҳо дар Ироқ аст, ба дунё омадааст. Назарияи қобили пазируфтан ин аст, ки эшон дар Бобул мутаваллид шудааст.
Инки баъзе гуфтаанд, ки эшон дар яке аз ноҳияҳои тобеи Димишқ мутаваллид шуда аз онҷо сарчашма мегирад, ки эшон барои кӯмак ва ёрирасондан ба фарзанди бародараш Лут роҳии ин минтақа гардида ва дар онҷо намоз хонда аст, ки ҳамин амр иддаеро ба ин ақида водошта, ки тасаввур кунанд эшон дар ин минтақа мутаваллид шудааст.
Иброҳим (а) пас аз онки падараш ба ҳафтоду панҷ солагӣ расид ба дунё омад. Вай фарзанди бузурги оилаи Озар буд.
Иброҳим (а) муддатеро дар минтақаи “Ҳаррон” гузаронд, дар ин муддат духтари амаки хешро, ки номаш “Соро” буд ба ҳамсарӣ гирифт. Рӯйгардонии қавми Иброҳим аз худопарастӣ шикофи миёни ӯ ва қавмашро бештар кард. Аз ин рӯ тасмим гирифт то аз ин минтақа муҳоҷират кунад, сухани ӯро Қуръон чунин меоварад:
“انى مهاجر الى ربى انّه هو العزيز الحكيم ”
“Ман ба сӯи Парвардигорам муҳоҷират мекунам, ки Ӯ соҳиби қудрат ва ҳаким аст”.[3]
Иброҳим (а) ва ҳамроҳони худ ба сӯи сарзамини Шом, ки дар он рӯзгор ба сарзамини Канъон маъруф буд, раҳсипор гашт. Вай муддати андакеро дар онҷо гузаронд, сипас ба ночор онҷоро ба ҳамроҳи ҷамъе аз мардуми он диёр, ки бар асари тангнои шадиди ба вуҷуд омада тарсу ваҳми он доштанд, ки гуруснагӣ ҳосил шавад, тарк намуд ва ба Миср ҳаракат намуд, вале боз онҷоро ба ҳамроҳи ҳамсараш Соро ва канизи ӯ, ки номаш Ҳоҷар буд, тарк кард ва ба Фаластин муҳоҷират намуд.
Иброҳим (а) ба ҳамроҳи падар ва ҳамасари худ аз сарзамини таҳти нуфузи Кулдониҳо ба минтақаи таҳти сайтараи Канъониҳо, ки сарзамини муқаддас аст, ҳиҷрат намуд. Ў ва ҳамроҳонаш дар минтақаи «Ҳаррон», ки дар наздикии Шом қарор дорад ва сокинони он ба парастиши ситорагон ва бутҳо мепардохтанд, сукунат карданд.
Бинобарин чаҳор ҳазор сол қабл, ин шахсияти илоҳӣ, дар сарзамини Ироқ, по бар арсаи вуҷуд ниҳод, ки барои абад дар таърихи башараят асари доимӣ аз худ ба ҷо гузошт ва башариятро ба нури имону растагорӣ роҳнамоӣ намуда ва қалбҳои ононро равшан намуд. Дар замоне, ки вай чашм ба дунё гушуд, ҳама ҷоро ширку бутпарастӣ дар бар гирифта буд. Хонадони шоҳ, ки ба хотири авлоди ин худоёни дурӯғин будан, бо иҷбору икроҳ, раҳбарони мардуми ин сарзамин, пазируфта шуда буданд. Дар хонаводае, ки вай ба дунё омад, аз рӯҳониёни ин қавм ба ҳисоб мерафт, ва ҳамин хонавода масъулияти ин қавмро ба душ дошт.
Дар чунин замоне ва дар байни чунин қавме ва дар чунин хонаводае, ин шахсият дида ба ҷаҳон гушуд. Агар ӯ шахси одӣ ва мисли омаи мардум мебуд, ба ҳамон роҳе мерафт, ки афроди хонаводааш ва мардуми сарзаминаш мерафтанд.
Дар зоҳир дар он ҳангом, ҳеҷ гуна равшание дар ҳеҷ нуқтае аз ҷаҳон вуҷуд надошт, то роҳнамои роҳи дигарон бошад. Шароити мавҷуд дар хонадонаш низ тақозо мекард, ки ӯ пайрав ва таблиғгари ин дин ва мазҳаб бошад, зеро зиндагии хонаводааш аз ин роҳ ба хубӣ таъмин буд ва хонаводааш аз пешвоёни ин равия буданд.
Аммо зеҳни кунҷков ва шуъӯри худододиаш ба Ӯ иҷозаи инро надод, ки пайрави куркуронаи равияи падарони худ бошад. Ӯ муҳити атрофи худро омӯхт ва баъдан ба ин масъала пардохт, ки оё ончи падаронаш ба он имон овардаанд, дуруст аст? Ба ҳамин хотир ба таҳқиқ ва пажӯҳиш дар ин замина пардохт.
Дар силсилаи ин таҳқиқ ва пажӯҳиши озодона, вай ҳама маъбудони қавми худ, чун офтоб, мохтоб, ситорагон ва ғайраро ки вай аз замони туфулият афсонаҳои худоии онҳоро шунида буд, мавриди арзёбӣ карор дод. Ҳар яки онхоро ҷудо ҷудо аз ҳамдигар, мавриди арзёбӣ карор дод. Аз қавми хеш мепурсид, ки кадоми инҳо воқеан сазовори парастиш ва худоӣ аст? Ҳатто як-яки онҳоро мухотаб қарор дода ва бо онҳо розу низ мекард ва дар ҳар кадоми он худоёни дурӯғин заъфе пайдо карда ва ба мардум гӯшзад мекард.
Натиҷаи ба чолиш кашидани ин маъбудҳои афсонаӣ он шуд, ки ҳеҷ кадоми онҳоро сазовори парастиш надонад. Иброҳим бар ин ақида буд, ки он зоте ки сазовори парастиш аст, холиқи тамоми замину осмон аст ва уфул кунанда ва аз байн раванда нест.
Ҳангоме, ки ин ҳақиқатро ба тамоми мардум фаҳмонд, дар баробари онон иқрор намуд, ки: «ман дар муқобили парвардигоре саҷда мекунам, ки офаринандаи замину осмон аст».
Бо таваҷҷӯҳ ба ин аъмоле, ки ҳазрати Иброҳим (а) дар муқобили ин мардуми нодон анҷом медод, ба ин натиҷа мерасем, ки барои фаҳмондани матлаб бояд бо дилу ҷон барои он вақт гузорӣ то кору фаолиятат ба марҳалаи иҷро дарояд ва ҳосили дилхлҳ диҳад. Яъне вақте бо кӯдакон ҳамсӯҳбат мешавӣ бояд забони кӯдакӣ бо худ дошта бошӣ.
Бинои каъба
Иброҳим (а) муддати дарозеро ба дур аз фарзандаш сипарӣ намуд. Сипас барои анҷоми кори бузурге ба Макка бозгашт. Худованд Мутаол ба Ӯ фармон дода буд, ки ба ҳамроҳи Исмоил (а) Каъбаро бисозад. Пас аз инки хастагии сафар аз тани Ӯ хориҷ шуд, иллати омадани худро бо Исмоил дар миён гузошт. Онон сохти Каъбаро бо кӯмаки якдигар оғоз намуданд, Иброҳим кори банноиро анҷом медод ва Исмоил (а) сангҳоро ба вай таҳвил медод. Иброҳим хост, то сангеро ба унвони нишона дар тарафе аз бано бигузорад. Ҷабраил ба ӯ суфориш намуд то Ҳаҷар-ул-асвадро дар ин макон бигзорад: »…
«واذ يرفع ابراهيم القواعد من البيت واسماعيل ربنا تقبل منا انك انت السميع العليم »
Ба ёд оваред ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаи Каъбаро боло мебурданд».[4]
Онон дар ҳангоми сохти Каъба ба ниёиши Худованд мепардохтанд ва чунин мегуфтанд: «Парвардигоро аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доноӣ. «Ҳамкорӣ миёни Иброҳим (а) ва Исмоил (а) то поёни сохти Каъба ва эҷоди деворҳои Каъба идома ёфт.
Ҳангоме ки бинои Каъба ба поён расид, Худованди Мутаол онро мавриди инояти хосси худ қарор дод ва ба Иброҳим (а) ва Исмоил (а) фармон дод, то Каъбаро барои тавофкунандагон ва эътикоф ва рукӯъу саҷдакунандгон покиза намояд. Иброҳим (а) дуо кард то Макка сарзамини амне бошад ва барои касоне, ки ба Худованди Мутаол ва рӯзи Қиёмат имон овардаанд, хайру рӯзии бешумор бибахшояд ва азоби худро бар касоне ки куфр варзиданд, пас аз инки муддати кӯтоҳе онҳоро дар осоиш бигузорад нозил намояд:
«(Ба хотир биёвар) ҳангоме ки хонаи Каъбаро маҳалли бозгашт ва маркази амну амон барои мардум қарор дорем. Ва (барои таҷдиди хотира аз мақоми Иброҳим ибодатгоҳе барои худ интихоб кунед ва мо ба Иброҳим ва Исмоил амр кардем, ки: Хонаи маро барои тавофкунандагон ва муҷовирон ва рукӯъкунандагон ва саҷдакунандакон, поку покиза кунед. (Ва ба ёд оваред) ҳангомеро ки Иброҳим арз кард: Парвардигоро! Ин сарзаминро шаҳри амне қарор деҳ ва аҳли онро (ононе ки ба Худо ва рӯзи Қиёмат имон оварданд) аз самароти гуногун рӯзӣ деҳ. Гуфт: Дуои туро иҷобат кардам ва мӯъминонро аз анвоъи баракот баҳраманд сохтам, аммо ба онҳое, ки кофир шуданд баҳраи каме хоҳам дод, сипас онҳоро ба азоби оташ мекашонам ва чӣ бад саранҷоме аст ва (низ ба ёд оваред) ҳангомеро ки Иброҳим (а) ва Исмоил (а) пояҳои хонаи Каъбаро боло мебурданд ва мегуфтанд: Парвардигоро! Аз мо қабул кун, ки ту шунаво ва доноӣ».[5]
Худованди Мутаол ба Иброҳим (а) вижагиҳо ва хусусиятҳои зиёде бахшид, ки дар камтар паёмбаре дида мешавад, Ӯ падари Паёмбарон аст ва ҷадди бузурги Паёмбари Акрам, Муҳаммади Мустафо (с) мебошад. Худованд қабл аз инки ӯро паёмбар қарор даҳад, ӯро банда қарор дод. Паёмбарии ӯро бо ростгӯӣ наздиктар намуд ва ӯ ба Сиддиқ (бисёр ростгӯ) маъруф гашт:
«واذكر فى الكتاب ابراهيم انه كان صدًيقاً نبي »
«Дар ин китоб Иброҳимро ёд кун, ки ӯ бисёр ростгӯ ва паёмбари Худо буд».[6] Ростгуӣ арзише аст, ки аз усулу пояҳое шумурда мешавад, ки паёмбарӣ бар он устувор аст. Худованд ӯро халил (дӯст)-и худ шумурд ва ба дараҷае аз муҳаббати Худованд расид, ки ӯро ба ин мақоми шариф ноил гардонд.
«واتخذ الله ابراهيم خليلا »
«Ва Худованд, Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид».[7]
Сипас бо он ҳама лаёқат ва шоистагие, ки Иброҳим (а) дошт, Худованд ба Ӯ мақоми волои Имоматро ҳадя намуда ва Ӯро ба унвони Имом ба уммати хеш ва умматҳои баъдӣ муаррифӣ намуд:
» واذ ابتلى ابراهيم ربًه بكلمات فاتمهنًَ قال انى جاعلك للناس اماما قال ومن ذريتى قال لا ينال عهدى الظالمين «
«(Ба хотир биёваред) ҳангоме ки Худованд Иброҳимро ба васоили гуногун озмуд ва ӯ ба хубӣ аз озмоиш сарбаланд баромад. Худованд ба ӯ амр фармӯд: Ман туро имому пешвои мардум қарор додам. Иброҳим арз кард: Аз насли ман (низ имомоне қарор бидеҳ) Худованд фармуд: «Паймони ман ба ситамгарон намерасад».[8]
Ба ин васила Иброҳим (а) тамоми вижагиҳоро ба икмол расонд, то шахсан уммати қунуткунандае ба даргоҳи Худованд ва ҳақгаро ва дарбардорандаи тамоми вижагиҳои фазилат бошад.
Курбонии аввал: Аввалин корд бар гулӯи тоғут
Ҳамзамон бо ин иқрор ва эътироф дар муқобили афроди қавм ва қабилаи худ, эълон кард, ки роҳи ман аз шумо ҷудост, ман дар ин ширк бо шумо ҳамроҳ намешавам. Ва ин аввалин қурбонии ин шахс буд ва аввлин корде буд, ки бар тақлиди кӯркӯронаи обву аҷдод, таъассуботи қавмӣ ва қабилавӣ ва бар ҳама заъфҳо ва хоҳишоти нафсонӣ бар кашид.
Ҳазрати Иброҳим, баъд аз ин эълон ва иқрор бо забон, хомӯш нанишаст. Вай ин ҳақиқатро дарк намуда буд, ки асли ҳақиқати коинот, тавҳид аст ва ширк як мавзуъи бе бунёд аст. Баъд аз дарки ин ҳақиқат, вай худаш низ дониста буд, ки ҳамаи инсонҳое, ки ба ҷои тавҳид, бунёди иморати мазҳаб, ахлоқ ва тамаддуни худро бар асоси ширк бино намудаанд, дар ҳақиқат бар шохи нозуке, ошёнае сохтаанд, ки сахт нопойдор ва бебунёд аст. Ин эҳсос, вайро ором нагузошт ва бо эҳсоси масъулият бархост, то қавми худро аз ширк боз дошта ва ононро ба суи Тавҳид даъват намояд. Ӯ медонист, ки ин таблиғи ошкоро ва мухолифат бо мазҳаби қавм ва қабилаи хеш ӯро аз мансаби пешвои рӯхонии қабила маҳрум хоҳад сохт. Инро ҳам медонист, ки агар хонаводаи вай аз мазҳаб ва ойини қавм ва қабилаи худ бар гарданд, он мақому манзалате, ки дар ин мамлакат ва сарзамин доштанд, хотима меёбад. Вай ҳамчунон медонист, ки асари ин мавзӯъ ва аз даст рафтани раҳбарии қавми обову аҷдодӣ, ки то он замон бар ӯҳдаи онон буд ва сардории қавм аз дасти хонадонаш, қаҳру ғазаби ҳамаи қабилаашро дар пай хоҳад дошт. Аз ин мавзӯъ низ бехабар набуд, ки ин гуна таблиғ ва даъват, вайро ба ғазаби хукумат рӯбарӯ хоҳад сохт, зеро асос ва бунёди иқтидори хонаводаи шоҳӣ дар ончо, рӯи ин назария устувор буд, ки ин афрод, фарзандони худоёнанд, ва ба ин далел, назарияи тавҳид, асосан бо назарияи бунёдии хукумат дар тазодд қарор мегирифт, вале бо вуҷуди донистани ин ҳама, вай чиҳати адои рисолат ва фаризаи хеш, ба по хест.
Вай падари худ, аъзои хонаводаи худ ва ҳатто подшоҳи замони хешро барои баргашт аз ширку бутпарастӣ ва пазируфтани назарияи тавҳид даъват намуд ва ба ҳар андоза, ки бо вай мухолифат сурат гирифт, ба ҳамон андоза саргармии вай бештар ва афзунтар гардид. Кор ба ҷое расид, ки аз як сӯ танҳо вай истода буд ва аз тарафи дигар подшоҳ, мамлакат, хонавода, ҳамаи қавм ва ҳатто падари худаш. Дар тамоми мамлакат ҳеҷ дӯсте надошт, ҳама ҷо душман ба назар мерасид, ҳатто як садои ҳамдардӣ низ дар ҳақки вай шунида намешуд.
Қурбонии дувум.
Вақте бо вуҷуди ин ҳама ҳиммату талош, эътимод ба нафси худро аз даст надод ва забонаш аз даъвати тавҳид боз наистод, онгоҳ Намруди золим ва мушовирони ӯ ба хулосае омаданд, ки ӯро дар пеши чашми ҳама зинда дар оташ афкананд то ибрате барои дигарон бошад. Аммо ин ҷазои ваҳшатнок, низ натавонист Халили Худоро аз гуфтани ҳақ ва даъват ба тавҳиду худопарастӣ боз дорад.
Ӯ пазируфт то ӯро дар оташ афкананд, вале напазируфт, ки аз ҳақиқате, ки Ӯ бар он имон оварда буд боз гардад, ё онро ҷуз ҳақиқати дигаре бихонад. Ва ин дуввумин қурбонии бузурги ин абармард буд, вале Худованд Ӯро аз сӯхтан дар оташ наҷот дод.
Худованди субҳон ба оташ амр кард, ки барои халили Ӯ сарду роҳат бошад. Оташе, ки табиъаташ сӯхтану нобуд кардан аст, бо фармони илоҳӣ сарду хомӯш гашт ва ҳезӯмҳое, ки барои нобудии Иброҳим (а) ҷамъоварӣ шуда буд, ба як ишораи Дӯст ба гулу гулзор мубаддал гашт ва Халилурраҳмонро дар оғӯши меҳрубониаш гирифт. Баъд аз ин ҳодиса, ки он ҳама халоиқ шоҳиду тамошогари он буданд, баъзеҳо бо Ӯ ҳамроҳ гаштанду дини Ӯро ихтиёр намуданд ва баъзе ҳам, ин амрро ба унвони сеҳру ҷоду қаламдод намуда ва аз пазируфтани даъвати Иброҳим (а) иҷтиноб намуданд. Духтари Намруд, ки назорагари ин ҳодисаи торихӣ буд, ба назди Ӯ рафт ва ба Ӯ ва Худои Ӯ имон овард ва шаҳодатро арза намуд ва ба ҷамъи ёрону дӯстони Иброҳими халил пайваст.
Баъди саломат мондани Иброҳим (а) аз ин вокеъа, зиндагӣ дар ин сарзамин барои вай номумкин шуд. Иброҳим (а) бо икроҳ ва иҷбор зиндагиро дар табъид ихтиёр кард, вале ҳама кишварҳои дуру наздик ва ҳамсояее, ки вай метавонист ба онҷо биравад дар он вақт ҳама бутпараст буданд, ҳатто як муҷтамаъи кӯчаке ҳам вуҷуд надошт, ки назарияи тавҳидро бипазиранд, то вай назди онҳо паноҳ бурда зиндагии ором ва осӯдае дошта бошад.
Дар чунин ҳолат танҳо роҳе, ки вуҷуд дошт, ин буд, ки вай баъд аз хориҷ шудан аз сарзамини худ забони худро аз даъват ба сӯи тавҳид боз медошт. Агар шахсе ба танҳоӣ пайрави мазҳабе бошад, мадуми дигар манотиқ барои чӣ ӯро озор ва азият кунанд, ҳатто далеле барои огоҳии дигарон аз дин ва мазҳаби вай низ вуҷуд надорад, вале ин бандаи мӯъмини Худованд дар соири мамолик низ хомӯш нанишаст. Ба ҳар маҳале, ки рафт ҳама бандогони Худоро ба сӯи ин амр даъват кард, ки бандагии соири бандагонро тарк кунед ва танҳо бандаи Худованди якто бошед, ки дар ҳақиқат Парвардигор ва маъбуди шумост.
Қурбонии севвум.
Натиҷаи ин даъват ва таблиғ чунин шуд, ки бо вуҷуди хориҷ шудан аз кишвар ва мамлакати худ низ дар ҳеҷ ҷое оромиш ва осоиш насибаш нагардад. Гоҳ дар Шом буд ва гоҳе дар Фаластин, гоҳе дар Миср ва гоҳе дар Ҳиҷоз.
Хулоса ин ки ҳамаи умрро дар саргардонӣ ва гаштугузори кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор сипарӣ кард. Дар талаби васоили рифоҳу осоиши зиндагии дунё набуд. Танҳо чизеро, ки Ӯ тақозо дошт, ин буд, ки калимаи Худованде, ки Ӯ бар он имон овардааст баланд бошад ва мардум гумроҳиро тарк намуда, ба роҳи рост ва мустақим бираванд. Роҳи мустақиме, ки дар он растагорӣ ва беҳбудии худи онҳо нуҳуфтааст. Ба ҳамин далел аз ин сарзамин ба он сарзамин мерафт ва аз баҳри роҳатӣ ва хушиҳои зиндагии худ гузашта буд. Ин севвумин қурбонии бузурги вай буд.
Бузугтарин қурбонӣ.
Дар ҳамин олами бе сару сомон ва хонабадуш, вақте ки умраш ба охир наздик шуд, Худованд ба вай писаре ба номи Исмоил (а) ато кард. Ин писарро тарбият карданд ва ба ҷое расонданд, ки метавонист ба падар ва модараш дар умури зиндагӣ кумак кунад. писари ягонае, ки дар даврони пиронсолӣ насиби касе шавад ва бо мушкилоти зиёд онро ба воя расонда бошад, барои касе пушида нест, ки дилкандан аз он чӣ кори душвору сахте аст. Ҳар кас метавонад дарк кунад, ки чунин писаре барои падару модар чӣ қадар азиз аст.
Вале таърифи мусалмон ин аст, ки назди вай ҷуз Парвардигор ва ризои Парвардигор чизи дигаре азиз намебошад. Ба ҳамин далел ин ҳама қурбониҳое, ки ин бандаи маҳбуби Худованд дар тӯли умр дар роҳи парвардигораш тақдим намуда буд, кофӣ шумурда нашуд. Баъд аз ҳамаи ин имтиҳонот, имтиҳони дигаре низ барои ин Паёғамбари илоҳӣ зарурӣ пиндошта шуд.
Охирин имтиҳони вай ин буд, ки оё ин бандаи мусалмон, азизтарин ҳастии худро низ дар роҳи муҳаббати Худованди мутаол, метавонад қурбонӣ кунад ё на?
Бинобарин Иброҳим (а) дар маърази ин имтиҳон низ қарор гирифт ва ҳамаи ҳастӣ мушоҳида кард, ки ин пирамард, на фақат дар баробари ҳукми сареҳи Худованд, балки дар баробари як ишораи Парвардигораш низ омода шуд, то писари ҷавони худро ба дасти худ забҳ намояд. Албатта ин ки парвардигораш дар ҳангоми забҳ ба ивази писари ҷавон, гусфандеро фиристод, мавзӯъи дигаре аст, чун Худованд хуни Исмоилро намхост, балки ҳадафаш имтиҳони муҳаббати падарӣ ва итоати Раббу маъбуд буд. Вале ин фарди мӯъмин фарзанди дилбанди худро низ ба ишораи Худованд, қурбонӣ сохт. Ин охирин ва бузургтарин қурбоние буд, ки Халили Худо, ҳазрати Иброҳим (а) барои исботи вафодории худ ба дин, ақида, имон ва Худои хеш, тақдим намуд ва дар муқобили ҳамин қурбонӣ Худованд ӯро ба рутбаи имомати ҳамаи инсонҳо сарафрозу муфтахар гардонид.
Бале дӯсти азизам! Дуруст фаҳмидаӣ! Ин достони ҳамон бузургмарди таърихи инсоният, Иброҳими Халил (а) аст. Ҳамон бузургмарде, ки ҳар сол мардуми мусулмон бо қурбонӣ кардани ҳайвоне хотираашро азиз дошта ва ёдашро зинда мекунанд ва пайрави Ӯ буданро ифтихор дониста ва густариши дини Ӯро аз даргоҳи илоҳӣ таманно доранд.
Пас барои мо чӣ дарсе дорад?
Ҳадаф аз таҷлили ин қурбонӣ ин аст, ки дар байни мусалмонон ҳамон рӯҳи қурбонӣ, ҳамон кайфияти имони Иброҳимӣ, ва ҳамон шаън ва шавкати муҳаббат ва вафодарӣ ба Парвардигор падид ояд. Агар шахсе танҳо бар гулӯи як ҷонвар корд мегузорад, вале рӯҳи ин қурбонӣ дар дилаш вуҷуд надошта бошад, пас ба ноҳақ хуни як ҷонварро мерезад.
Худованд ба хун ва гушти ҳайвон, ҳеҷ зарурат надорад, ончи дар ҳақиқат дар онҷо арзиш дорад ин аст, ки шахсе, ки бар калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» имон овардааст, ба гунае бандаи Худованд бошад, ки ҳеҷ гуна таъассуб, ҳеҷ гуна дилхӯшӣ, ҳеҷ гуна манфиъати шахсӣ, ҳеҷ гуна фишор ва тамаъ, ҳеҷ гуна хавф ва зиён, ҳеҷ гуна заъфи дохилӣ ва нерӯи берунӣ, натавонад ӯро аз роҳи ҳақ дур созад. Баъд аз эътироф бар бандагии Худованд, бандагии шахс ё чизи дигареро қабул нанамояд. Бояд тамоми васоилу неъматҳои дунёро ба осонӣ қурбон созад, вале бандагии Худовандро ҳаргиз қурбонӣ накунад. Ин гуна қурбонӣ, ҳақиқат ва асли асосии Ислом аст. Мусулмонон имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ниёз доранд, то ин ҳақиқат дар умқи вуҷудашон ҷой гирад. Зеро ҳар гоҳ мусалмонон захм хурдаанд дар ҳоле будааст, ки рӯҳ ва сираташон, холӣ аз ин ҳақиқат будааст.
Таҳияи Сайидолими Сироҷ