ЗИНДАГИНОМАИ ҚОРӢ АБДУЛБОСИТ АБДУСАМАД

» Тамоми муваффақиятҳое, ки насиби ман гардида ба ҳурмати  оятҳои Қуръони маҷид аст, ки садои маро дар назари мардум дилнишин кардааст ва дар асл, ин нуфузи каломи Илоҳӣ аст, ки боиси рӯй овардани ғайри мусулмонон ба сӯи Ислом шудааст» (Қорӣ Абдулбосит).

  Қорӣ Абдулбосит дар соли 1951 м. ҳамроҳи падараш ба зиёрати хонаи Худо меравад. Аввалин бор дар  шаҳри Ҷидда тиловати ӯ забт ва аз  радиои он ҷо пахш гардид. Вай баъди баргаштан аз зиёрати хонаи Худо дар Қоҳира монд.

 Қорӣ дар 19 солагӣ бо духтари амакаш хонадор шуд. Натиҷаи ин издивоҷ чор фарзанди писар ба номҳои Ҷамол, Муҳаммад, Ториқ ва Холид мебошад. Дар байни фарзандонаш Ториқ Абдулбосит, ки афсари пулис мебошад, ба унвони идомадиҳандаи роҳи устод шинохта шудааст ва акнун наворҳои тартили ӯ дар Миср забт ва таксир шудааст.

Оқибат устод Абдулбосит дар соли 1367ҳ.ш. даъвати ҳақро лаббайк гуфта, рӯҳаш қафаси хокии танро раҳо сохта ба диёри боқӣ шитофт. Ишон аз худ ганҷинаҳои бисёр пурарзише аз тиловатҳои зебои Қуръониро ба ёдгор гузошт.

Мегӯянд: Устод аз назари зоҳирӣ  рухсору чашмони басе ҷаззоб, қади баланд, сурати гандумранги ҳамроҳ бо хандае, ки ҳамеша бар лаб буд, доштанд. Фурӯтании хоссаш сабаби афзун шудани ҷазабаи устод назди мардум мегардид. Дар ҳақиқат ин ҳолатҳо натиҷаи нури Қуръон аст, ки дар асари тиловати Каломуллоҳ дар вуҷуди одамӣ афканда мешавад. Ба хотири ҳамин, падар натиҷаи заҳамоти худро дар садои дилнишини фарзандаш ёфт ва ҳамеша аз доштани чунин фарзанде Худоро ситоиш намуда  бар худ меболид.

  Марҳум Абдулбосит, устоди моҳир ва яккатози  илми қироат ва тиловати Қуръони Маҷид дар ним асри ахир мебошад. Ӯ дар заминаи қироатҳои ҳафтгона ва даҳгона тасаллути комил дошт ва бо садои зебо ва нафаси дароз, ҳамроҳ бо қудрати аҷиб дар адои ҳарфҳо ва калимаҳо, бо садои дилнишинаш ҳамаро ба таҳсину ташвиқ бармеангехт. 

Гӯш кардани овози хуш ва садои дилнишини устод ҳамроҳ бо таваҷҷӯҳ ба мафоҳим ва маънои Қуръони Карим, ки бо лаҳни зебо ва шоиста баён мешуд, вайро ба унвони наводири замон ва дорои ҳанҷараи тиллоӣ машҳур сохтааст. Ингуна буд, ки дар байни алоқамандони тиловатҳои ӯ гоҳ ҷамъе аз яҳудиён ё масеҳиёнро мебинем, ки бо мафоҳими густардаи Ислом ошно шуда, ба  дини Ислом пайвастаанд. Борҳо садои шаҳодатайни онон дар ин ҷаласот ба гӯш расида буд. Ҳарчанд ин асари каломи Илоҳӣ буд, ки аз варои садои хуши устод шунавандагонро дигаргун месохт.

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, дар тафсири сураи «Таквир» дар  бораи садои устод мефармояд: «Аз сураҳое, ки устод онҳоро хеле олӣ ва зебо тиловат карда, сабаби тарвиҷи онҳо шуда ва инсофан хеле зебою олӣ аст, яъне лаҳн бо маънои оёт хеле муносиб аст, метавон ҳамин сураро ном бурд”.

  Аллома шаҳид Мутаҳҳарӣ,  дар китоби «Ҳамосаи Ҳусайнӣ» дар бораи садои дилнишини устод ва ба кор бурдани анвои қироатҳо дар ҳангоми тиловати Қуръони Карим мефармояд: “Чаро тиловати Қуръони Абдулбосит ба ин андоза дар кишварҳои исломӣ густариш пайдо кардааст? Барои ин ки Абдулбосит Қуръонро бо садо ва лаҳни олӣ ва бо донистани анвои қироатҳо ва лаҳнҳо ва шинохтани ин ки ҳар сураеро бо чӣ лаҳне бояд тиловат намуд, мехонад. Фарз кунед сураи «Шамс» ё «Зуҳо» бо чӣ лаҳне муносиб аст. Бинобар ин ӯ кӯшиш мекунад, ки маъно ва мафҳуми оётро дар ҳангоми тиловат барои шунавандагон ба сурати айнӣ ва малмус дароварад”.

Қорӣ Абдулбосит борҳо  ба кишварҳои арабӣ, африқоӣ, амрикоӣ ва осиёӣ мусофират карда аз худ хотироти ҷолиб ва омӯзандаеро ба ёдгор гузоштааст, ки ба чанде аз он ишора мекунем.

1. Ҳиҷоз. Устод мегӯяд: “Боре дар Мадинаи Мунаввара,  дар канори равзаи шарифи набавӣ, сураи «Муззаммил-«ро тиловат мекардам. Дар ин ҳангом эҳсос кардам, ки дар боғе аз боғҳои биҳишт Қуръон мехонам ва наҳрҳои зебои биҳиштӣ дар атрофам ҷорӣ ҳастанд. Ҳолати аҷибе доштам. Ба ёди ҳадиси ҳазрати Расули Акрам(с) афтодам, ки фармуданд:» Байни меҳроб ва минбари ман бӯстоне аз боғҳои биҳишт аст».

2. Ироқ. Дар соли 1330 ҳ.қ. шайх Абдулбосит ба даъвати шиаёни Ироқ, ҳамроҳ бо қориёне чун  Абулъайнайн Шуайшаъ, Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ ва Иброҳим Шаъшоӣ ба ин кишвар мусофират карданд. Онҳо дар саҳни ҳарами Козимайн ба мудати се рӯзи паёпай, дар ҳузури ҷамъи зиёде аз мусулмонон ба тиловати Қуръон пардохтанд. Дар ин макони муқаддас устод ояи “Нур”-ро бо як нафас қироат карданд, ки сабаби таҳсин ва тааҷуби ҷамъияти ҳозир шуд.

   Устод се бор ба ин шаҳр мусофират карданд ва ҳар бор се рӯз паёпай ҳангоми аср ба қироати Қуръон пардохт. Дар ин ҳангом се саҳни мутаҳҳар, ки ба номҳои Қурайш, Бобулқибла ва Барка машҳур аст, барои шунидани тиловати устод пур аз ҷамъияти васфнопазир мешуд. Устод дар ҷавоби ин савол, ки чаро ин тиловати шумо вижагии хоссе дорад ва инсонро дар ҳолати маънавӣ ва малакутӣ қарор медиҳад гуфт: “Аз он ҷо, ки тиловат дар макони муқаддасе чун боргоҳи мутаҳҳари ҳарам сурат гирифт, худам ҳам дар ҳангоми тиловат бисёр мутаассир шудам”.

    Аз ҷумла тиловатҳое, ки устод дар саҳни мутаҳҳари Козимайн тиловат кардаанд, оёте аз сураи Ҳашр, Таквир ва Фаҷр мебошад, ки бо лаҳни дилнишин ва қироати бисёр устодона тиловат шудааст.

3. Фаластин. Устод мегӯяд: Дар соли 1963 буд, ки ба Масҷид-ул-ақсо сафар кардам. Ба ман гуфтанд: Мардуме аз манотиқи мухталиф ба ин макон меоянд, то барои зиндагии худ чизе ба даст оранд ва барои адои намози аср  ба ин ҷо меоянд. Ин танҳо ҷоест, ки метавон дар ҳузури ҷамъи зиёде аз мардум тиловат кард. Ман қабул кардам ва ҳар рӯз аср дар Масҷидулақсо тиловати Қуръон мекардам. Шабҳо низ ҳамон тиловатро соати 9 аз радио пахш мекарданд. Ҳатто яке аз шабҳо ин тиловат дар радиои тамоми кишварҳои арабӣ дар соати 9 пахш гардид.

 4. Покистон. Устод мегӯяд: Cафари 9 рӯза ба Покистон доштам ва ҳар шаб дар яке аз шаҳрҳо ва вилоятҳои Покистон ба тиловати Қуръон машғул будам. Ин сафар ҳам аз сафарҳои фаромӯшнашуданӣ аст, зеро маросимҳои  садҳо ҳазор нафарӣ ташкил мешуд ва васоили нақлия муслиминро барои шунидани қироати Қуръон ба мақсад мерасонданд. Издиҳоми ҷамъият ба ҳадде мешуд, ки  масоҷиди он ҷо зарфияти гунҷоиши онро надошт. Бинобар ин онҳо дӯст доштанд, ки маросими тиловати Қуръон дар майдонҳо баргузор шавад ва бо шавқ  гӯш кунанд. Ҳангоме ки мехоҳанд аз касе таҷлил кунанд фарёд мезананд: “Зинда бод! Зинда бод!”, ки намедонам барои таҷлил ва такрим аст ё дуруду салом.

    Устод вақте, ки ба кишвари Покистон рафтанд, тамоми Қуръонро ба равиши қироати Варш тиловат карданд.

5. Африка. Устод ҳудуди ду моҳ ба Африкаи Ҷанубӣ сафар карда  Қуръон дарс дод. Ӯ бо тиловатҳои худ тавонист фитрати худоҷӯии мардуми он диёрро бедор кунад. Дар ин сафар 24 нафар тавфиқи ошноӣ бо шариати муқаддаси Ислом ва мусулмон шуданро пайдо карданд.

Устод ба хотири вуҷуди табъизи нажодӣ дар Африкаи Ҷанубӣ ояи

» يا ايها الناس انا خلقناكم من ذكر وانثي وجعلناكم شعوبا وقبائل لتعارفوا «-ро[1]  тиловат кард ва паёми Қуръонро ба гӯши онон расонд.

6. Угондо. Устод чунин мегӯяд: Дар Угондо як зани  гӯяндаи телевизон ҳамроҳи ман буд ва дар охирин рӯз хост дасти маро бибӯсад, ки ман мутаассир шуда  қабул накардам. Пас он хонум номашро иваз кард ва  номи Оминаро барояш интихоб кардам. Яке аз гӯяндагони телевизион, ҳам ки муртад шуда буд назди ман омад ва бисёр гиря кард ва дубора мусулмон шуд.

Ҳамчунин  92 нафари дигар ба Ислом рӯй оварда мусулмон шуданд. Мардуми шаҳри Комполо пас аз тиловати устод, маблағи нақдии зиёде барои кӯмак ба марокизи исломӣ ҳадя карданд, ки  тақвияти онҳо хостаи  устод буд.

 8. Америка. Устод ба Америка низ сафарҳое доштанд, ки дар Лос-Анҷелес пас аз шунидани тиловати устод, теъдоде мусулмон шуданд.[2]

Ҳарчанд устод дигар дар миёни мо нест, вале то замоне, ки бонги Қуръони Карим побарҷост ёду хотираи эшон ҷовидона аст.

 Рӯҳаш  шод бод.

Таҳияи Ҷамшед Абдусамад.



[1] . Ҳуҷурот, 13.

[2] . Нармафзори Алмоида-2.

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,