اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وانصُرْنَا
عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ[1]
Парвардигоро! Гуноҳон ва зиёдаравиҳо дар корҳоямонро бибахш
ва қадамҳои моро устувор дор ва моро бар кофирон пирӯз гардон.
Нагуфтанд чизе ба якто Илоҳ,
Ҷуз ин ки биёмурз моро гуноҳ.
Гар исроф кардем дар кори хеш,
Худоё ба мо лутфи худ ор пеш.
Нигаҳ дор моро ту собитқадам,
Ки ронем куффорро бар адам.
Паёмҳо:
1. Яке аз иллатҳои шикаст дар набарди ҳақ бо ботил, гуноҳ ва исроф кардан аст. Аз ин рӯ муборизони мухлис бо истиғфор, ин монеаҳои пирӯзиро аз байн мебаранд. « ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا»
2. Шикасти худро ба қазо ва қадар ва ё дигарон нисбат надиҳем, балки ба кӯтоҳиҳои худ низ диққат кунем.« ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا»
3. Аввал бояд аз Худо талаби бахшиши гуноҳон кунем, баъд аз он пирӯзӣ бихоҳем. « ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا»
4. Мардони Худо нусрат ва ёрии Худоро барои нобудии куфр мехоҳанд, на барои касби ифтихори худ.« وانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ»
5. Ба лутф ва ёрии Худованд такя кунем, на ба теъдоди нафар ва имконоти худ. «ربَّنَا وانصُرْنَا»
[2]… رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلاً سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
Парвардигоро! Ин ҷаҳони ҳастиро ботил ва беҳудаву беҳадаф наёфаридаӣ, ту (аз кори беҳуда) пок ва муназзаҳ ҳастӣ, пас моро аз азоби оташи дӯзах ҳифз кун.
Бигӯянд к-эй Кирдигори Ҷалол,
Ҷаҳоне чунинро ба ҳадди камол.
Накардӣ ту беҳуда онро дуруст,
Ки поку муназзаҳ туӣ аз нахуст.
Ту моро аз оташ кунун дур дор,
Касе нест ёвар ба рӯзи шумор.[3]
Паёмҳо:
1. Офариниши Худованд беҳуда нест, ҳарчанд мо ҳамаи асрори онро дарк накунем ва нафаҳмем.
رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلاً
2. Агар ҷаҳони ҳастӣ ботил ва беҳуда нест, мо ҳам набояд ботил ва беҳуда бошем.
« رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلاً سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ»
3. Ҳастӣ ҳадафдор аст, пас ҳарчи аз ҳадафи Илоҳӣ дур шавем ба дӯзах наздик мешавем. « فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ»
4. Қабл аз дуо Худоро ситоиш кунем.« سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ»
5. Аввал андеша ва аз ақл истифода кардан, сипас имон ва ирфон, он гоҳ дуо ва муноҷот. « رَبَّنَا فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ»[4]
Худоё ба мо тавфиқи дуо кардан ва қабул шудани онро иноят намо!
Таҳия ва танзими Саломуддин Муҳаммадамин ва Ҳалимҷон Саидов