Дуоҳои мӯъминони ростин

بسم الله الرحمن الرحيم

غُفْرَانَكَرَبَّنَاوَإِلَيْكَالْمَصِيرُ

Ғуфронака раббано ва илайкал масир

Парвардигоро! (Мо хоҳони) омурзиши ту ҳастем ва бозгашти (мо) ба сӯи туст.[1]

Бихоҳем омурзиш аз саргузашт

Ки  бар  сӯи ту  боз  хоҳем  гашт

Паёмҳо

  1. Бо имон ва амал бояд ба раҳмату мағфирати Илоҳӣ умедвор буд.
  2. Заминаи дарёфти мағфирати Илоҳӣ имону амал аст.
  3. Бахшиш аз корҳои ҳамешагии Парвардигор ва сабаби тарбияти бандагон аст.

 

بسم الله الرحمن الرحيم

رَبَّنَالاَتُؤَاخِذْنَاإِننَّسِينَاأَوْأَخْطَأْنَا

Раббано ло туохизноин насино ав ахтаъно

Парвардигоро! Агар (дар анҷом додани вазифаамон чизеро) фаромӯш ва ё хато кардем, моро сахт магир.[2]

Худоё ту бар мо уқубат магир

Бар ончи фаромӯш шуд аз замир

Уқубат маронӣ ба мо эй Худо

Агарчӣ    намудем    кори    хато

 

رَبَّنَاوَلاَتَحْمِلْعَلَيْنَاإِصْراًكَمَاحَمَلْتَهُعَلَىالَّذِينَمِنقَبْلِنَا

Раббано ва ло таҳмил алайно исран камо ҳамалтаҳу алаллазина мин қаблино

Парвардигоро! Барои мо вазифаи сангине надеҳ, мисли он вазифае, ки бар касоне, ки пеш аз мо буданд (ба хотири гуноҳ ва туғён карданашон), додӣ.

Ту  бар  дӯши  мо эй Худои ҷаҳон

Манеҳ бори таклиф беш аз тавон

Чунонки  ба  пешиниёни  билод

Чунин  бори  сангин ниҳоди зиёд

 

رَبَّنَاوَلاَتُحَمِّلْنَامَالاَطَاقَةَلَنَابِهِوَاعْفُعَنَّاوَاغْفِرْلَنَا

وَارْحَمْنَاأَنتَمَوْلاَنَافَانصُرْنَاعَلَىالْقَوْمِالْكَافِرِينَ

Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ ваъфу ъанно вағфир лано варҳамно анта мавлоно фансурно алал қавмил кофирин

Парвардигоро! Ончиро (аз муҷозот), ки тоқати таҳаммули онро надорем, бар мо таклиф накун. Ва аз мо даргузар ва моро биёмурз ва моро дар раҳмати худ қарор деҳ. Ту мавло ва сарпарасти моӣ. Пас моро бар кофирон пирӯз бигардон.[3]

Ҳар он чи ки моро бар он нест тоб

Махоҳу     маяфзой     бори     азоб

Бибахшу    биёмурз    бори    гуноҳ

Ба  раҳмат   бикун   назар  эй  Илоҳ

Туӣ     ёвару      ёру     мавлои     мо

Ба    нобудии    куфр    ёрӣ      намо

Нукта

 Дар ин оя, инсон тамоми марҳалаҳои лутф ва раҳмати Худовандро мехоҳад;

1.   Марҳалаи авф ва бахшиш, ки сабаби аз байн рафтани гуноҳ ва азоб аст.

2. Марҳалаи мағфират, ки сабаби аз байн рафтани осори гуноҳ аз рӯҳ аст.

3. Марҳалаи баҳрагирӣ аз раҳмати Парвардигор, ки сабаби  пирӯзӣ бар кофирон аст.

Паёмҳо

1. Дар ҳар ҳолва мақоме бошед боз ҳам набояд аз хато ва фаромӯшкории худ ғофил шавед, балки бояд бо нигаронӣ барои бахшиши он дуо кунед.

2. Ба таърихи гузаштагон ва ҳодисаҳои талхи онҳо нигоҳ кунед, то дарси ибрат гирифта, аз такрори он  ба Худо паноҳ баред.

3. Одоби дуо кардан он аст, ки аввал ба бечорагии худ эътироф намуда сипас ба бузургии Худованд гувоҳӣ диҳед

4. Яке аз хостаҳои доимии мӯъминон, пирӯзии Ислом бар куфр ва кофирон аст.



[1] Бақара 285.

[2] Бақара 286.

[3]Бақара 286.

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...