Дуои фарзанд 1

بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَىوَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُوَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِيإِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ[1]

Раббӣ авзиънӣ ан ашкура неъматакал латӣ анъамта алайя ва ало волидайя ва ан аъмала солиҳан тарзоҳу ва аслиҳ лӣ фӣ зуррийятӣ иннӣ тубту илайка ва иннӣ минал муслимин  

Парвардигоро!Маро тавфиқ деҳ, то неъматеро, ки бар ман ва бар волидайни ман лутф кардӣ шукргузорӣ кунам ва амали шоистае анҷом диҳам, ки ту онро биписандӣ ва фарзандонамро барои ман шоиста гардонӣ. Ҳамоно ман ба сӯи ту боз мегардам ва аз муслимин ва таслимшудагонам.

Пас онгаҳ сазад гӯяд ӯ бар Худо

Худоё ба ман неъмате кун ато

Ки бар хони неъмат, ки бикшодаӣ

Ману волидайни маро додаӣ

Шавам шокиру шукр гӯям мудом

Ба ҳамдат кушоям забон субҳу шом

Маро кун муваффақ ба кори гарон

Ки хушнудии туст дар он ниҳон

Худат фоли манро накӯкор соз

Ки бар ту маро ҳаст рӯи ниёз

Ки таслим гаштам ба оини ту

Мусулмон шудам дини ман дини ту

Паёмҳо

  1. Шукри илоҳӣ ба кӯмак ва тавфиқи Худованд ниёз дорад.
  2. Бахше аз неъматҳои инсон аз тариқи волидайн ва ниёкон аст.
  3. Ташаккури фарзанд аз неъматҳое, ки Худованд ба волидайни ӯ дода навъе эҳсон ба волидайн аст.
  4. Беҳтарин роҳи ташаккур аз неъматҳои Худованд кори нек кардан аст.
  5. Амали солеҳе арзишманд аст, ки холисона буда ва мавриди қабул ва ризои Худо қарор гирад.
  6. Насли солеҳ ифтихори волидайн аст.
  7. Беҳтарин дуо он аст, ки инсон ҳам ба волидайн ва ба фарзандон таваҷҷӯҳ дошта бошад.
  8. Дар баробари носипосиҳое, ки нисбат ба Худо ва волидайн доштаем тавба ва ҷуброн кунем.
  9. Мусулмон будан ва мусулмон мурдан дуои покон ва солеҳон аст.

 

 



[1]Аҳқоф 15

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...