Дуои модари ҳазрати Марям(а)

بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ إِنِّي نَذَرْتُ لَكَ مَا فِي بَطْنِي مُحَرَّرًا فَتَقَبَّلْ مِنِّي إِنَّكَأَنتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ[1]

Раббӣ иннӣ назарту лака мо фӣ батнӣ муҳарраран фатақаббал миннӣ иннака антас  самиъул алим 

Парвардигоро! Ҳамоно ман назр кардаам ончиро дар шикам дорам барои ту озод бошад (ва ҳеҷ гуна масъулияте ба ӯ насупорам, то тамоми вақти худро сарфи хидмат дар Байтулмуқаддас кунад) пас аз ман қабул фармо, ки ба ростӣ ту шунавои доноӣ.

Зане, ки варо шӯй Имрон будӣ

Ба даргоҳи Яздон дуогӯ шудӣ

Ки Павардигоро бихурдам қасам

Ки тифле, ки дорам кунун дар шикам

Зи фарзандии хеш созам раҳо

Ки хидмат намояд туро эй Худо

Кунун пас ту ин аҳдро мепазир

Ки ҳаққо самиӣ, алимӣ, басир

Паёмҳо

  1. Афроди дурандеш қабл аз таваллуди фарзанд ба фикри ояндаи ӯ ҳастанд.
  2. Аз худ бигзарем ва танҳо дар роҳи Худо сарф кунем.
  3. Агар азизтарин ва маҳбубтарин чизҳоро медиҳед ба фикри қабулии он низ бошед.

 



[1]Оли Имрон 35

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *