بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدتَّهُم وَمَن صَلَحَ مِنْ آبَائِهِمْ وَأَزْوَاجِهِمْ وَذُرِّيَّاتِهِمْ إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ وَقِهِمُ السَّيِّئَاتِ وَمَن تَقِ السَّيِّئَاتِ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمْتَهُ وَذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Раббано ва адхилҳум ҷанноти адниниллатӣ ваъадтаҳум ва ман салаҳа мин обоиҳим ва азвоҷиҳим ва зурриётиҳим иннака антал азизул ҳаким ва қиҳимус сайиоти ва ман тақиссайиоти явмаизин фақад раҳимтаҳу ва золика ҳувал фавзул азим
Парвардигоро! Ва ононро бо ҳар кас аз падарон, модарон ва фарзандонашон, ки салоҳият доранд ба боғҳои иқоматӣ, ки ба эшон ваъда додаӣ ворид кун. Ҳамоно ту ҳамон Худои Азизу Ҳакимӣ.[1]
Даровар ту эшон ба боғи адан
Ки ваъда бидодӣ ту андар сухан
Ҳар он кас накӯ буд биншон бараш
Зи обоу фарзанду аз ҳамсараш
Ҳамоно ту ҳастӣ Ҳакими Азиз
Ки беҳад бувад иқтидори ту низ
Ҳама мӯъминонро дар ин сарнавишт
Нигаҳдор бош аз амалҳои зишт
Ки онро, ки дорӣ ту боз аз гуноҳ
Ба раҳмат кунӣ низ дар вай нигоҳ
Ки фавзи азим аст ҳаққо ҳамин
Ки ваъдабидодӣ худат пеш аз ин
Паёмҳо
- Даромадан ба биҳишт шоистагӣ мехоҳад.
- Якҷо будани хешовандон дар биҳишт неъмат аст.
- Худованд ато мекунад ва атои ӯ ҳакимона аст.
4. Иззат махсуси Худованд аст.