Даҳвуларз, таваллуди дубораи Замин

Даҳвуларз, мутобиқ бо бисту панҷуми моҳи Зилқаъда, рӯзе аст ки худованд бо назар ба курраи замин, ба ҷаҳони хокӣ ҳаёти дубора бахшид.

Замин, ки гаҳвораи зиндагии инсон ва тамомии маҷудоти ҳастӣ аст, нишонае аз нишонаҳоии Офаридгори бузург аст . « Даҳвуларз» ба маънои густариш аст ва баъзе низ онро ба маънои такон додани чизе аз маҳалли аслӣ тафсир кардаанд. Манзур аз густариш ва Даҳвуларз шудани замин, ин аст, ки дар оғоз, тамомии сатҳи заминро обҳои ҳосил аз боронҳоу селобҳои нахустин фаро гирифта буд, сипас хушкиҳо аз зери об сар бароварда ва рӯз  ба рӯз густардатар шуданд. Аз сӯи дигар, замин дар ибтидо ба сурати пастӣ ва баландӣ ва ғайриқобили сукунат буда ва баъдҳо боронҳо ва селобҳои мудовим борида ва иртифоъоти заминро шӯстанд ва дарраҳои гуногуне баъд аз ин ҳодиса густариш ёфтанд. Андак-андак заминҳои мусаттаҳ ва қобили истифода барои зиндагии инсон ва кишту кор ба вуҷуд омад. Ҳамаи ин ҳодисаҳое, ки боиси густарда шудани замин гаштро, « Даҳвуларз» номгузорӣ намуданд.

« Даҳвуларз» рӯзе аст, ки бар асоси ривоёт ворид шуда дар ин замина, замоне ки тамом рӯи заминро об фаро гирифта буд, дар ин рӯз, нахустин хушкиҳо аз зери об сари бароварданд ва мутобиқи баъзе аз ривоёт, нахустин ҷое, ки аз зери об беруни омад ва хушк шуд ва сипас хушкии замин аз онҷо густариш ёфт, сарзамини муборакаи «Маккаи мукаррама» ва ба хусус маҳали хонаи Худо, «Каъбаи муаззама» буда аст. Бинобарин Маккаи мукаррамаро «Уммулқуро» номиданд. Уммулқуро ба маънои модари ҳамаи ободиҳо мебошад.

Ба назари бархе аз муфассирону донишмандони исломӣ, ояи 30 сураи муборакаи Нозиъот дар ин бора нозил шуда аст, ки Худованд мефармояд:

وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَلِكَ دَحَاهَا ﴿۳۰﴾

Ва пас он Худованд заминро бо ғалтонидан бигустаронд.[1]

Дар шаби бисту панҷуми моҳи Зилқаъда низ бар асоси ривояте аз ҳазрати Ризо (рз) ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳазрати Исо (а) ба дунёи омадаанд ва ҳамчунин ҳаракати Расули акрам (с) аз Мадина ба ҳамроҳи ҳазорон ҳоҷӣ ба сӯии Маккаи мукаррама, ба қасди ҳаҷҷатулҷидоъ, дар ин рӯз буда аст. Дар ин сафари хайру хуши Расулуллоҳ (с) бо асҳобу уммати хеш, Амиралмӯъминин ва ҳазрати Заҳро (рз) ва бисёре аз асҳоби Паёмбар (с) низ эшонро ҳамроҳӣ мекарданд. Ва ҳамчунин бар асоси ривоёт ин рӯз ба унвони рӯзи қиёми имоми замон, Маҳдии ваъда дода шуда ба ин уммати мусалмон, ки ба лутфу раҳмати илоҳӣ дар охируззамон зуҳур мекунад, муаррифӣ шуда аст.

Рӯзи Даҳвуларз, рӯзи бисёр мубораке буда ва ҷузъи чаҳор рӯзи маъруфе аст, ки рӯзаи он подоши фаровоне дошта ва одоб ва аъмоли вижае низ дар ин рӯз ворид шуда аст аз ҷумлаи: рӯза доштан, ки савоби ҳафтод сол ибодатро дорад, эҳё ва шаб зиндадории шаби Даҳвуларз, ки баробар бо як сол ибодат аст, зикр ва дуъо, анҷоми ғусл ба нияти гиромидошти рузи Даҳвуларз ва намози махсуси он, хондани дуъои вижаи ин рӯз, дар бахше аз ин дуъо, ба масаълаи Даҳвуларз чунин ишора шуда аст: «Эй Худое, ки хонаи каъбаро густаронидӣ ва донаро шикофтӣ ва сахтиро бартараф сохтӣ, аз Ту мехоҳам дар ин рӯз аз рӯзҳое, ки ҳаққи онро бузург намудӣ, ҳар гирифторӣ ва мушкилеро бартараф созӣ» .

Бар асоси ривояте, ки  аз имом Ризо (рз) нақл шуда аст, рӯзи бисту панҷуми Зилқаъда, рӯзи Даҳвуларз аст, ки барои ин рӯз ва шаб, аъмоле нақл шуда аст, ки дар ин мухтасар ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

Аввал: дар ривояте аз Амири мӯъинон, ҳазрати Алӣ (кр) нақл шуда аст «аввалин раҳмате, ки аз осмон ва аз ҷониби илоҳӣ бар замин нозил шуд, дар ҳамин рӯзи бисту панҷуми Зилқаъда  буда аст. Бинобарин агар касе он рӯзро рӯза бигирад ва он шабро ба ибодати Парвардигор бипардозад, монанди касест, ки сад сол ибодату бандагии Худовандро намуда аст».

Ҳамчунин фармудаанд: ‌ дар он рӯз агар гурӯҳе ба зикри Худои якто бипардозанд, Худованд ҳоҷати ононро пеш аз онки мутафарриқ ва пароканда шаванд бароварда намуда ва мақсуду хостаи онҳоро иҷобат менамояд. Худованд дар ин рӯз ҳазорон-ҳазор раҳмат бар бандагонаш нозил мекунад, ки қисмате аз он шомили касонест, ки дар ин рӯз ба посу гиромидошти ин рӯзи ба ёд монданӣ ҷамъ гарданд ва ба зикр ва шукру сипоси Худои азиз машғул шаванд. Дар ин рӯз таъкид шуда аст, ки агар ин рӯзро дарк кардед, рӯзашро рӯза дошта ва шаби онро ба ибодати маъбудатон саҳар намоед.

Дуввум: мустаҳаб аст, ки дар оғози рӯз, ҳангоме ки офтоб каме баланд шуд, ду ракъати намоз ба ҷой оварад ва дар ҳар ракъаъати баъд аз сураи Ҳамд панҷ маротиба сураи Вашшамсро бихонад ва ғ.

Сайидолими Сироҷ


[1] Сураи Нозиъот, ояи 30 ва 31

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,