Даҳвуларз рӯзи тақдирсозӣ ва раҳмати илоҳӣ

Даҳвуларз, мутобиқи бисту панҷуми моҳи Зилқаъда, рӯзе аст, ки Худованд бо назар ба курраи замин, ба ҷаҳони хокӣ ҳаёти дубора бахшид.

Замин, ки гаҳвораи зиндагии инсон ва тамоми маҷудоти ҳастӣ аст, нишонае аз нишонаҳои Офаридгори бузург аст. «Даҳвуларз» ба маънои густариш аст ва баъзе низ онро ба маънои такон додани чизе аз маҳалли аслӣ тафсир кардаанд. Манзур аз густариш ва «Даҳвуларз» шудани замин ин аст, ки дар оғоз тамоми сатҳи заминро обҳои ҳосил аз боронҳо ва селобҳои нахустин фаро гирифта буд. Сипас, хушкиҳо аз зери об сар бароварда ва рӯз ба рӯз густардатар шуданд. Аз сӯи дигар, замин дар ибтидо ба сурати пастӣ ва баландӣ ва ғайриқобили сукунат буд ва баъдҳо боронҳо ва селобҳои мудовим борида, иртифоъоти заминро шӯстанд ва дарраҳои гуногун баъд аз ин ҳодиса густариш ёфтанд. Андак-андак заминҳои мусаттаҳ ва қобили истифода барои зиндагии инсон ва кишту кор ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳое, ки боиси густариши замин гаштанд, «Даҳвуларз» номгузорӣ шуданд.

«Даҳвуларз» рӯзе аст, ки бар асоси ривоятҳо ворид шудааст. Дар ин замина, замоне ки тамоми рӯи заминро об фаро гирифта буд, дар ин рӯз нахустин хушкиҳо аз зери об сар бароварданд. Мутобиқи баъзе аз ривоятҳо, нахустин ҷое, ки аз зери об берун омад ва хушк шуд ва сипас хушкии замин аз онҷо густариш ёфт, сарзамини муборакаи «Маккаи мукаррама» ва ба хусус маҳали хонаи Худо, «Каъбаи муаззама» буд. Бинобарин, Маккаи мукаррамаро «Уммулқуро» номиданд. Уммулқуро ба маънои модари ҳамаи ободиҳо мебошад.

Ба назари бархе аз муфассирон ва донишмандони исломӣ, ояи 30 сураи муборакаи Нозиъот дар ин бора нозил шудааст, ки Худованд мефармояд:

وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَلِكَ دَحَاهَا ﴿۳۰﴾
Ва пас аз он, Худованд заминро бо густариш бигустаронд.[1]

Дар шаби бисту панҷуми моҳи Зилқаъда низ бар асоси ривояте аз ҳазрати Ризо (рз), ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳазрати Исо (а) ба дунё омадаанд. Ҳамчунин, ҳаракати Расули акрам (с) аз Мадина ба ҳамроҳи ҳазорон ҳоҷӣ ба сӯи Маккаи мукаррама, ба қасди ҳаҷҷатулвидоъ, дар ин рӯз будааст. Дар ин сафари хайру хуши Расулуллоҳ (с) бо асҳобу уммати хеш, Амиралмӯъминин ва ҳазрати Заҳро (рз) ва бисёре аз асҳоби Паёмбар (с) низ эшонро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамчунин, бар асоси ривоятҳо, ин рӯз ба унвони рӯзи қиёми имоми замон, Маҳдии ваъда дода шуда, ба ин уммати мусалмон, ки ба лутфу раҳмати илоҳӣ дар охируззамон зуҳур мекунад, муаррифӣ шудааст.

Рӯзи Даҳвуларз рӯзи бисёр мубораке буда ва ҷузъи чаҳор рӯзи маъруфе аст, ки рӯзаи он подоши фаровоне дошта ва одоб ва аъмоли вижае низ дар ин рӯз ворид шудааст. Аз ҷумла:

  • Рӯза доштан, ки савоби ҳафтод сол ибодатро дорад.
  • Эҳё ва шаб зиндадории шаби Даҳвуларз, ки баробар бо як сол ибодат аст.
  • Зикр ва дуъо.
  • Анҷоми ғусл ба нияти гиромидошти рӯзи Даҳвуларз.
  • Намози махсуси он.
  • Хондани дуъои вижаи ин рӯз.

Дар бахше аз ин дуъо, ба масаълаи Даҳвуларз чунин ишора шудааст:

«Эй Худое, ки хонаи Каъбаро густаронидӣ ва донаро шикофтӣ ва сахтиро бартараф сохтӣ, аз Ту мехоҳам дар ин рӯз аз рӯзҳое, ки ҳаққи онро бузург намудӣ, ҳар гирифторӣ ва мушкилеро бартараф созӣ.»

Бар асоси ривояте, ки аз имом Ризо (рз) нақл шудааст, рӯзи бисту панҷуми Зилқаъда, рӯзи Даҳвуларз аст, ки барои ин рӯз ва шаб аъмоле нақл шудааст. Дар ин мухтасар ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

Аввал: Дар ривояте аз Амири мӯъминон, ҳазрати Алӣ (кр) нақл шудааст:

«Аввалин раҳмате, ки аз осмон ва аз ҷониби илоҳӣ бар замин нозил шуд, дар ҳамин рӯзи бисту панҷуми Зилқаъда буд. Бинобарин, агар касе он рӯзро рӯза бигирад ва он шабро ба ибодати Парвардигор бипардозад, монанди касест, ки сад сол ибодату бандагии Худовандро намудааст.»

Ҳамчунин фармудаанд:

«Дар он рӯз агар гурӯҳе ба зикри Худои якто бипардозанд, Худованд ҳоҷати ононро пеш аз он ки мутафарриқ ва пароканда шаванд, бароварда намуда ва мақсуду хостаи онҳоро иҷобат менамояд. Худованд дар ин рӯз ҳазорон-ҳазор раҳмат бар бандагонаш нозил мекунад, ки қисмате аз он шомили касонест, ки дар ин рӯз ба посу гиромидошти ин рӯзи ба ёд монданӣ ҷамъ гарданд ва ба зикр ва шукру сипоси Худои азиз машғул шаванд.»

Дар ин рӯз таъкид шудааст, ки агар ин рӯзро дарк кардед, рӯзашро рӯза дошта ва шаби онро ба ибодати маъбудатон саҳар намоед.

Дуввум: Мустаҳаб аст, ки дар оғози рӯз, ҳангоме ки офтоб каме баланд шуд, ду ракъати намоз ба ҷой оварад ва дар ҳар ракъат, баъд аз сураи Ҳамд, панҷ маротиба сураи Вашшамс-ро бихонад.

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *