إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ[1]
Гиромитарин ва маҳбубтарини шумоназди Худованд ботақвотарини шумост.
Тақво ва парҳезкорӣ аз муҳимтарини сифотест, ки Қуръон ва ривоёт бисёр ба он ишора кардааст. Камоли инсон танҳо дар партави тақво муяссар аст. Ва агар инсон ин сифат ва ҳолати хештандор аз гуноҳро надошта бошад бадбахт аст.
Тақво дар луғат ба маънои ҳифз кардан, боз доштан ва нигаҳ доштан аст. Вале тақвои динӣ ва илоҳӣ яъне инки инсон худро аз ончи дин дар зиндагӣ муайян кардааст монанди гуноҳ, муҳаррамот, палидӣ, зиштиву ғайра ҳифз кунад ва муртакиби он нашавад.[2]
Дини Ислом бар ҳасабу насаб, молу сарват, қудрату нерумандӣ аҳамият намедиҳад, балки арзиш ва аҳамияти ҳар касро дар доштани тақво ва некукорӣ медонад.
Варзиш ва тақво
Варзиш дар Ислом як амри писандида аст ва зомини хубе барои саломатӣ ва саломати муқаддимаест барои анҷоми корҳои хуб ва солеҳ ва ҳамчунин адои таколифи динӣ.
Қудрат ва нерумандӣ, шуҷоат ва паҳлавонӣ аз сифатҳое ҳастанд, ки мавриди ситоиш қарор гирифтааанд. Ин сифот дар касе метавонад бошад, ки мавриди лутфу раҳмати Парвардигор қарор гирифта бошад.
Ҳазрати Алӣ(а)мефармояд: الشجتعت نصرة حاضرة و فضبلة طتهرة [3]
Шуҷоат ёр ва нусрат ҳозир ва фазилати ошкорест.
السخاء و الشجتعة عراءز شريفة يضع الله سبحانه في مناحبهوامتحنه[4]
Саховат ва шуҷоат фазилатҳои бартаре ҳастанд, ки Худованд субҳон он дуро дар ҳар касе, ки дӯст дошта ва ӯро озмуда бошад мегузорад.
Шуҷоат бо инки як сифати малтуб аст ба танҳои кофӣ нест. Аз тарафи дигар нерумандию шуҷоат замоне арзиш дорад, ки соҳиби он ботақво ва некукор бошад. Тақво ва ахлоқ барои як варзишкор монанди асоест, ки бо кӯмаки он ба қуллаҳои инсоният ва қаҳрамонӣ мерасад.
لا فضل بعربي علي عجمي و لا بعجمي علي عربي و لاالاسودعلي الاحمر ولاالاحمر علي ااسود الا بالتقوي[5]
Огоҳ бошед. ки ҳеҷ арабе бар аҷаме ва ҳеҷ аҷаме бар арабе ва ё сиёҳпӯст бар сурхпӯст ё сурхпӯст бар сиёҳпӯст фазилат ва бартарӣ надорад магар бо тақво.
Вақте ки меъёри афроди бартар тақво аст, қудрат ва тавоноии варзишкор бояд ба ҷое бирасад, ки амал ба арзишҳои инсориро барои худ вазифа ва сармашқи зиндагӣ бидонад.
Ташвиқ ба тақво ва некўкорӣ
Дар ин маврид оёт ва ривоёти бисёрее вуҷуд дорад, ки ба ба гунае варзишкоронро ба парҳезкорӣ ва некукорӣ ташвиқ мекунад. Чун тақво барои саодат ва камоли инсон ҷанбае решаӣ дорад. Дар Қуръон ва аҳодис беш аз ҳама чиз рӯи он такя шудааст. Қуръони Карим мефармояд: والتقوا الله و اعلموا انالله مع المتقين)[6]) Аз Худо бипарҳезед (ва зиёдаравӣ накунед) ва бидонед, киХудованд бо парҳезкорон аст. Ва дар ҷои дигар мефармояд:
(ياايها الذين آمنواانتتقوا يجعل لكم فرقانا و يكفر عنكم سيئاتكم و يغفر لكم)[7]
Эй касоне, ки имон овардаед агар аз Худо битарсед барои шумо василае барои ҷудо сохтани ҳақ аз ботил қарор медиҳем ва гуноҳонатонро мепӯшонем ва шуморо меомурзем.
Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:
اوصيكم عباد الله بتقو الله الذي البسكم الرياش و اسبغ عليكم المعاشي)[8])
Эй бандагони Худо шуморо ба тақвои Илоҳӣ супориш мекунам, ки либоси ороста бар тани шумо пушонида ва сабаби маошу зиндагии шуморо фароҳам сохтааст.
Алӣ (а)мефармояд:
لا قوي اقوي ممن قوي غلي نفسه فهلك لا عاجز اعجز ممن اهل نفسهفاهلكه)[9])
Зурмандтар аз касе, ки бар нафси хеш пирӯз шавад ва онро дар ихтиёр гирад вуҷуд надорад ва нотавонтар аз касе, ки нафси хешро вогузорад ва онро ба ҳалокат кашонад вуҷуд надорад.
Нишонаҳои парҳезкорон
Бузургони дин барои шинохти инсонҳои парҳезкор сифотеро муаяйн кардааанд, ки метавон бо онҳо афроди муттақӣ ва солеҳро шинохт. Варзишкорон аз ин қоида ҷудо нестанд ва аз онҳо таваққуи бештар меравад, ки худашонро бо ин сифот некӯ ороста созанд ва барои ҷавонон муаллим ва роҳнамо бошанд. Мутаассифона имрӯза варзишкорон ба ҷои инки сармашқи хубе барои ҷавонон бошанд боиси гумроҳӣ ва бадбахтии онҳо мешаванд. Ба ҷои ин ки даст аз гуноҳ бишӯянд ва аз корҳои паст ва рафтору кирдори ношоист дурӣ кунанд бо ифтихор ва ғурур даст ба чунин аъмол мезананд аз тарафи дигар рафтору кирдори инҳо барои инсонҳои аз Худо бехабар роҳу равиш мешавад.
Умедворем Худованд моро имон ва амали солеҳ ҳамроҳ бо бадани солим иноят намояд.