ВАЗОИФИ ПАДАРУ МОДАР НИСБАТ ФАРЗАНДОН(1)

Муқаддима

Падару модари мусулмон ба иқтизои диндории худ аз ҳамон лаҳзаҳои аввали таваллуди фарзанд бояд корҳоеро ба унвони сунан ва одоби исломӣ анҷом диҳанд, ки дар сохтан ва шаклгирии шахсияти фарзанд хеле муассир ҳастанд.

Дар сурати анҷоми корҳо савоб ва тарки он танбеҳ хоҳанд шуд. Ҳатто омӯзиши фарзанд, ки махсуси диндорон нест агар падару модари мусулмон онро ба қасди итоат аз фармони Худо, ки хеле ба он таъкид намудааст анҷом диҳанд  савоб ҳам мебаранд. Барои ошноӣ бо ин умур ба баҳсу баррасии он мепардозем.

1) Гуфтани азон ва қомат дар гӯши фарзандон

Аввалин коре, ки Расули Худо(с)  ва пешвоёни уммат ба он хеле супориш намудаанд ин аст, ки падару модар пас аз таваллуди навзодашон, дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯянд. Ин амал осори бисёр муфиди рӯҳӣ дар вуҷуди навзод хоҳад дошт, зеро бешак гуфтани ҷумлаҳои:«اللهُ أَكْبَرُ»، «أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ»، «أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمّداً رَسُوْلُ اللهِ»  аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ, гӯши тифлро бо нидои тавҳид ва рисолати тавҳидӣ ошно хоҳад кард ва саҳифаи пок ва нуронии рӯҳи кӯдак, ин паёмҳоро дар худ мунъакис хоҳад намуд.

Оре, паёмҳои тавҳидӣ ҳамчун оби ҳаёт, фитрати илоҳиашро сероб карда ӯро барои ҳаракат дар шоҳроҳи саодат омодатар мекунад ва ҳамчунон ки илми равоншиносии имрӯзӣ собит кардааст, рӯҳи кӯдак дар шаш соли аввали зиндагӣ бисёр қабулкунанда, ҳассостар ва нақшпазиртар аз давраҳои дигари зиндагиаш аст ва ончиро, ки дар худ ҷазб мекунад, ба сахтӣ метавонад осори мусбат ё манфии онҳоро дар бузургсолӣ аз хештан бизудояд. Дар ҳоле ки бар асоси тасаввури омиёнаи бисёре аз мардум, кӯдак дар ин син чизе намефаҳмад. 

Олимони динӣ дар баҳси тарбиятпазирии кӯдак гуфтаанд:

Инсоне, ки ба дунё омадааст, «حديث العهد بالربّ», яъне тоза аз ҳузури зоти поки Худованд поин омада ва ба Худо аҳди тавҳидии рубубӣ баста ва ба ёди ӯст, Худоро хуб мешиносад ва ба маводе, ки бар асоси он ба Худо аҳди тавҳиди рубубӣ бастааст, огоҳ аст ва бо сармояи илҳом ва огоҳӣ [1] فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَ تَقْواها   ба

дунё омада ва ҳанӯз ранги тираи табиат ӯро рангин накарда ва қобили тараққӣ ва рушд аст.

 Агар дастури дин ин аст, ки аввалин сухане, ки кӯдак мешунавад азон дар гӯши рост ва қомат дар гӯши чапи ӯ бошад, барои он аст, ки кӯдак воқеан ин суханҳоро мефаҳмад. Ҳамон тавр ки  [2]أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ -ро шуниду фаҳмид ва посухи дурусте дод, ҷумлаи «أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَ اَشهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً رَسُولُ الله»-ро ҳам ба хубӣ мефаҳмад ва ба тавҳиду рисолат шаҳодат медиҳад ва намоз ва растгорӣ ва амали хайр ва такбирро ба хубӣ мефаҳмад ва мепазирад.

Баракоти азон ва қомат

Сабаби дурии Шайтон аз навзод

 Дар ривояте имом Содиқ(а) аз қавли Паёмбар(с) фармуданд:

[3] مَنْ وُلِدَ لَهُ مَوْلُودٌ فَلْيُؤَذِّنْ فِي أُذُنِهِ الْيُمْنَى بِأَذَانِ الصَّلَاةِ وَ لْيُقِمْ فِي أُذُنِهِ الْيُسْرَى فَإِنَّهَا عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيْمِ

«Касе, ки соҳиби фарзанд шавад, дар гӯши росташ азон бигӯяд ва дар гӯши чапаш қомат, зеро ин амал фарзандро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда муҳофизат мекунад».

Дар ривояте имом Алӣ(к) ин суннатро аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуданд: [4]فَإِنَّ ذَلِكَ عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ وَ الْإِفْزَاعُ لَهُ . «Ин амал (гуфтани азон ва қомат дар гӯши навзод) сабаб мешавад то кӯдак аз бадиҳои шайтон дар амон монад ва дар хоб натарсад».

Ҳамчунин Паёмбари Акрам(с) ба ҳазрати Алӣ(к) чунин супориш мефармояд:

[5]يا عَلِىُّ اِذا وُلِدَ لَكَ غُلامٌ اَو جارِيَۀٌ فَاَذِّنْ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى وَ اَقِمْ فِى اْليُسْرى فَاِنَّهُ لايَضُرُّهُ الشَّيْطانُ اَبَدا 

«Эй Алӣ! Вақте соҳиби писар ё духтар шудӣ, дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯ, ки барои ҳамеша аз газанд ва зарари шайтон дар амон хоҳад буд«. 

-           Гирифтор нашудан ба бемории уммуссибён

Имом Ҳусайн(а) аз Паёмбари Аъзам(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд: مَن وُلِدَ لَهُ وَلَدٌ فَاَذّنَ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى و اَقامَ فِى اُذُنُهِ اْليُسْرى لَم تَضُرّهُ اُمُ الصِّبْيانِ

«Ҳар касе, ки соҳиби фарзанд шавад ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯяд, ҳаргиз ба бемори уммуссибён гирифтор нахоҳад шуд».[6]

Азони Паёмбари Худо(с) дар гӯши имом Ҳасан ва имом  Ҳусайн(а)

Нақл шудааст, ки «Паёмбар(с) дар гӯши имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусейн(а) азон гуфт ва ба чунин коре супориш фармуд. «[7]

إِنَّ اْلنَّبِيَّ أَذَّنَ فِيْ أُذُنِ اْلحَسَنِ وَ اْلحُسَيْنِ حِيْنَ وُلِدَا وَ أَمَرَ بِهِ

Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шудааст, ки Паёмбар(с) фармуд:

 .أَمَرَ أَنْ يُفْعَلَ ذَلِكَ بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ وَ أَنْ يُقْرَأَ مَعَ الْأَذَانِ فِي أُذُنِهِمَا فَاتِحَةُ الْكِتَابِ وَ آيَةُ الْكُرْسِيِّ وَ آخِرُ سُورَةِ الْحَشْرِ وَ سُورَةُ الْإِخْلَاصِ وَ الْمُعَوِّذَتَانِ 

«Дар гӯши Ҳасанайн азон ва қомат гуфта шавад ва илова бар он, сураи Ҳамд  ва Оятулкурсӣ ва ояти охири сураи Ҳашр ва сураҳои Ихлос ва Нос ва Фалақ ба ҳамроҳи азон хонда шавад».[8]

2) Бардоштани коми навзод[9]

Дуввумин суннате, ки бояд падарон ва модарони азиз ҳангоми таваллуди фарзанди худ риоят кунанд, бардоштани коми навзод аст, ки аз суннатҳои исломӣ ва равиши пешвоёни дин ва аз супоришоти онон аст. Он бузургворон, коми фарзандони худро бо чизҳое мисли хурмо мебардоштанд. Бардоштани коми навзод бо ин маворид осори хубе рӯи фарзанд мегузорад.[10]  Масалан Абубасир аз имом Содиқ(а) ва эшон аз ҳазрати Алӣ(к) чунин нақл мекунанд, ки он ҳазрат фармуд:

بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ حَنِّكُوا أَوْلَادَكُمْ بِالتَّمْرِ

[11]فَكَذَا فَعَلَ رَسُولُ اللَّهِ.

«Коми фарзандони худро бо хурмо бардоред, зеро Паёмбари Акрам(с) коми Ҳасан ва Ҳусайнро бо хурмо бардоштанд.»

3- Хатна кардани писарон

Сеюмин суннате, ки бояд дар ҳафтаи аввали таваллуди навзоди писар риоят кард, хатна кардани ӯст, ки пешвоёни дин супориши зиёде доштаанд ва рӯзи ҳафтуми таваллудро барои он муайян карда ва ҳикматҳое низ барои он баён фармудаанд, ки ба ду ривоят ишора мешавад:[12]

Имом Алӣ(к) аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки фармуд:

[13]اخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ فَإِنَّهُ أَطْهَرُ وَ أَسْرَعُ لِنَبَاتِ اللَّحْمِ و اَرُوحُ لِلْقَلْبِ

«Фарзандони худро дар рӯзи ҳафтум хатна кунед, зеро ин амал барои навзод покизатар ва дар суръати рушд ва нумувви ҷисмонии ӯ муассиртар ва мояи таровати бештари рӯҳ аст.»

Ҳамчунин ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

[14]«اِخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ وَ لايَمْنَعُكُمْ حَرٌّ وَ لابَرْدٌ فَاِنَّهُ طُهْرٌ لِلْجَسَدِ»

«Фарзандони худро рӯзи ҳафтуми таваллуд хатна кунед ва ҳеҷ гоҳ гармо ё сармо шуморо аз ин амал боз надорад, зеро хатна мояи таҳорат ва покии ҷисм аст».



[1] .«Ва бадкорӣ ва порсоиашро ба ӯ илҳом кард» Шамс/8.

[2] .«Оё Парвардигори шумо нестам?» Аъроф/ 172.

[3] . Мустадрак, ҷ.4, саҳ.62.

[4] . Ҳамон, ҷ.15, саҳ.138.

[5] . Туҳаф-ул-уқул, саҳ .10.

[6] . Ҷалолуддини Суютӣ, Ҷамъ-ул-ҷавомеъ ав ҷомеъ-ул-кабир, ҷ.7, с.90, «Бемори уммуссибён навъе бемори саръ  аст, ки хосси бачаҳои навзод мебошад ва сабаби ғаш мегардад.» Аҳмади Сайёҳ, Фарҳанги бузурги ҷомеъ, ҷ.1, саҳ.45.    

[7] . Канз-ул-уммол, ҷ.16, саҳ.837. 

[8] . Мустадрак, ҷ.15, саҳ.137.   

[9] . Мақсуд тар кардани ангушти сабоба бо хурмо ё… ва сипас бардоштани он  ба коми навзод аст.

[10] . Муҳаммадҷаводи Мураввиҷӣ, Ҳуқуқи фарзандон дар мактаби Аҳли Байт(а), саҳ.27.

[11] . Васоил, ҷ.21, саҳ.407.

[12] . Содиқи Эҳсонбахш, Нақши дин дар хонавода, ҷ.2, саҳ.124.

[13] . Мустадрак, ҷ.15, саҳ.149, Канз-ул-уммол, ҷ.16, саҳ.587. 

[14] . Туҳаф-ул-уқул, саҳ.124. 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...