Дар ин рӯзҳои мубораки моҳи шарифи Рамазон ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки парҳезкору болутфу эҳсон бошем, иҷрои корҳои хайру савобро пеша намуда, бештар некӯкорӣ намоем, ки ин вазифаи мӯҳими мусулмонон аст.
Дар Қуръони карим ва ҳадисҳо моҳи Рамазон моҳи, пурфайзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омӯрзиши гуноҳҳон ва иҷобати дуоҳо гӯфта шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон карим нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд. Донистан ва ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот, дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз мӯҳимтарин вазифаи мусулмонон ба шумор меравад.
Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд:
شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ. هُدىً لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ
(Рӯза дар) моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст. Ҳидоятгари мардӯм бо далелҳои равшани ҳидоят ва ҷӯдокунандаи ҳақ аз ботил аст.
Ҳидоят ва тавфиқи анҷоми ибодат аз тарафи Худост. Худоро бояд барои ин роҳнамоӣ ва ҳидоят бузӯрг дошт ва такбир гӯфт. Аллоҳу акбар, ки мо тавфиқи рӯза ва меҳмонии Худо пайдо кардем.
Рӯза заминасози ҳидояти инсон ва сипосгузории ӯст. Инсони рӯзадор ба хеле аз неъматҳо огоҳ мешавад ва Худои меҳрубонро барои ин неъматҳо шукр мекунад. Яке аз ин неъматҳои муҳими ин моҳ аз баён рафтани ғафлат ва пайдо шудани огоҳӣ нисбат ба тоқати худамон аст. Худоё, шукрат, ки маро бо рӯза огоҳ кардӣ, ки чӣ қадар нотавонам. Ман, ки тоқати чанд соат нахӯрдану наёшомидан ва дурӣ ва контроли шаҳват ва ҳарорати дунёро надорам, чигуна бар инҳо дар сарои охират ва оташи фурӯзони дӯзах сабру тоқат мекунам. Пас бедор ва огоҳ шудам, ки бояд ба фикри он рӯз буд ва имрӯз бо кӯмак ба ниёзмандон ва дуову тиловати Қуръони Карим ва пайравии шоиста аз Расули Акрам (с) ва бандагии Худо хӯдро аз маҳурмияти он рӯз наҷот диҳам.
Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кӯмак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, хӯддорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва нерӯ бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, хӯдро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи хӯд ҳисобидан ва ба ҷомеа манфиат расонидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.
Инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳӯсни тафоҳӯм аз хусӯсиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳӯр меёбад. Аз ин рӯ, бар инсонҳо зарӯр аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрӯбонӣ ба пиронсолон, ҳӯсни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии хӯд созанд.
Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусалмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой бигирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад, агар ба таври хӯлоса гӯем, инсон дорои иродаи устӯвор бошад. Маҳз иродатмандӣ асосу решаи зиндагии поку беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Фазилати дигари Рамазон аст, ки инсонҳо ба тартибу низоми зиндагии хеш таҷдиди назар мекунанд ва зеҳну андешаи хӯдро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.
Лозим аст мусалмон дар ҳамаи шабҳои Рамазон ба намоз хондан, тавба, зикр, дуо, истиғфор ва дархости биҳишт ва раҳойи аз оташи ҷаҳаннам машғул бошад ва дар ростои ин аъмол саъйю талош кунад, ба умеди ин, ки Аллоҳ аз ҳама бипазирад ва тавбаи ҳамаи моро қабул намуда ва мо ва падару модари мо ва ҳамаи мусалмононро аз оташи ҷаҳаннам наҷот диҳад ва ба биҳишт дохил намояд.
Пайғамбари Акрам (с) мефармоянд:
رَغِمَ أَنْفُ رجلٍ ذُكِرْتُ عندَه ؛ فلم يُصَلِّ عَلَيَّ، ورَغِمَ أنفُ رجلٍ دخل عليه رمضانُ، ثم انسلخ قبل أن يُغْفَرَ له، ورَغِمَ أنفُ رجلٍ أدرك عنده أبواه الكِبَرَ، أو أحدُهما، فلم يُدْخِلاه الجنةَ
Зиёну ранҷ шахсерост, ки номи Ман наздаш зикр шавад ва бар Ман салавот нафиристад; зиёну нокомӣ шахсерост, ки моҳи Рамазон фаро расад ва сипарӣ шавад ва гуноҳони Ӯ омӯрзида нашаванд; зиёну нокомӣ шахсерост, ки падару модари пирашро дар ҳаёташон дарёбаду дохили биҳишт нашавад.[1]
Салавот гӯфтан бар Пайғамбари Акрам (с), рӯзаи моҳи Рамазонро бо ихлос доштан ва эҳтироми падару модар намудан сабаби дохил шудан ба биҳишт мегардад. Пайғамбари Акрам (с) зимни ин ҳадис фармӯда аст: Зиёну ранҷ дида аст, касе, ки номи Муҳаммад (с) дар маҷлисе гӯфта шавад ва ба Ӯ салавот нафиристад. Зиёну хасорат дидааст, касе, ки моҳи Рамазонро хӯб ва бо тоату ибодат нагӯзаронад ва фурсати ба биҳишт даромаданро аз даст диҳад. Зиёну хасорат дидааст, касе, ки падару модар ё яке аз онҳо ро дар ҳаёт дарёфтаву дӯои онҳоро нагирифта, дохили биҳишт нашудааст. Ин фӯрсатҳои хеле хубу муносиб барои ба даст овардани ризои Парвардигор аст.Яъне, қадри ин се неъматро надонист, дар ҳоле ки инҳо фӯрсату сабаби аз гӯноҳ пок шудан ва ворид шудани Биҳишт мебошанд.
Набояд фаромӯш кард, ки моҳи мубораки Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизост, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.
Ба мардӯми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муқаддас, қабл аз ҳама, зиндагии солим ва осудагии умр, тани сиҳату хотири ҷамъи наздикону пайвандонашон, ҳамчунин барои ҳар як хонаводаи тоҷик рушду такомул ва мувафақият таманно мекунем.
1 — Саҳеҳи Тирмизӣ ҳадиси 3545